|

Шеърҳо аз Лоиқи Шералӣ, Ситораҳо

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Сино Эгамбердиев

Санаи дохилгардида: 2013-01-29

Шумо гувоҳ будаед
Зи рафтагони бонишон.
Шумо худ озмудаед
Ҳама вафову сидқашон.

Ситораҳо, ситораҳо,
Ба саҳни беканораҳо
Зи ишқҳои рафтагон
Шарораҳо, шарораҳо.

Чу модарони мо ҳама
Барои мо фидо шуданд,
Нарафта зери хоки тар,
Ситораи само шуданд.

Ситораҳо, ситораҳо,
Ба саҳни беканораҳо
Зи дидагони модарон
Назораҳо, назораҳо.

Кунун ба зери осмон
Насиби мост зиндагӣ.
Насиби ахтаре шудан,
Насиби офарандагӣ.

Ситораҳо, ситораҳо,
Ба саҳни беканораҳо
Ба сӯи ҷовидонаҳо
Ишораҳо, ишораҳо...


[1984]

 

 

Лоиқи Шералӣ

Дидан карданд: 2621

Мавзӯъҳои монанд:

Ифтихор

ҚИЁМАТ

МАНУ ТУ

Шеърҳо аз Мӯмин Қаноат, Ману шабҳои бехобӣ

Шеърҳо аз Мӯмин Қаноат, Бузургӣ ва хоксорӣ

Шеърҳо аз Лоиқи Шералӣ, Ворисон

Шеърҳо аз Лоиқи Шералӣ, ДАР ҚАТОРИ ҚУЛЛАҲОИ ТОҶИКИСТОН

Шеърҳо аз Лоиқи Шералӣ, Ситораҳо

Шеърҳо аз Лоиқи Шералӣ, Ишқи Ман аз Лоиқ Шералӣ

Шеърҳо аз Лоиқи Шералӣ, Пазмонӣ

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: mirnazarzodamehrovar@evail.ru
Санаи дохилгардида: 2018-10-09

кори курси


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: