|

Ташкил, таъинот ва вазифахои макомоти гумруки ЧТ

Тартибдиханда: Раҷабов Р.К., Шомирсаидов Ш., Самиев Ф.Б., Ҷаборов А.И., Ҳикматов С., Сатторов Қ

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2015-12-08

Моҳи маи 1989 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Шўравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ҳайати шахсии он аз 41 нафар иборат буд. Роҳбарии гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Саридораи назорати давлатии гумрукии ИҶШС ва шўрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон ба амал бароварда мешуд.
Ба зиммаи гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои вазифаҳои зерин гузошта шуд:

    1. таъмини риояи қонунҳои гумрукӣ дар қаламравӣ гумрукии
    2. ҶШС Тоҷикистон;
    3. таъмини истифодаи самарабахши чораҳои танзими гумрукию- тарифӣ;
    4. ташкил ва амалӣ гардонидани мубориза алайҳи қочоқ ва вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ;
    5. мусоидат ба инкишофи робитаҳои иқтисодии хориҷии

Иттиҳоди ҶШС ва ҷумҳурӣ, фаъол сохтани фаъолияти
иқтисодии хориҷии ташкилоту корхонаҳо;

    1. мусоидат ба тиҷорати наздисарҳадӣ бо давлатҳои ҳамзавор.

Худи ҳамон сол дар шаҳри Ленинобод пости гумрукӣ ташкил карда шуд.
Гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳияи як қатор асноди қонунию меърии танзимкунандаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва фаъолияти гумрукӣ оғоз намуд. Дар ин асно мутобиқи қарори Шўрои Вазирони ИҶШС аз 7-марти соли 1989 №203 «Дар бораи тадбирҳои танзими давлатии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ» ташкилоту корхонаҳо ва кооперативҳое, ки молро содир ва ворид месохтанд, мебоист шартҳои нави низоми танзими давлатии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ (Ф.И.Х.) аз ҷумла иҷрои расмиёти муқарраршудаи назорати гумрукиро ба роҳбарӣ мегирифтанд. Тибқи ин қарор аз ҷумла муқаррар шуда буд, ки молу ашёи дигари аз сарҳади давлатии ИҶШС интиқолшаванда бояд ҳатман бо роҳӣ ба мақомоти назорати гумрукӣ пешкаш намудани декларатсияи гумрукии борӣ намунаи муқарраршуда эълон карда шаванд.
Ташкилоту корхонаҳое, ки фаъолияти иқтисодии хориҷиро анҷом медоданд ё ташкилотҳои дигар декларант буда метавонистанд. Зимнан ҳуқуқӣ декларант буданро гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон медод. Борӣ нахуст барои барасмиятдарории бор ба андозаи 15рубл боз муқаррар карда шуд. Яке аз шартҳои асосии тартиби нави интиқолӣ бор тавассути сарҳад ба сифати иштирокчии ФИХ ба қайд гирифтани декларант буд.
Ҳанўз солҳои 1988-1989 «Тоҷиквнешторг» ба анҷоми амалиёти содироту воридот бо фирмаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Демократии Афғонистон, Ҷумҳурии федеративии Германия, Ҷумҳурии халқии Хитой, Япония, Ҳиндустон ва ғайра оғоз намуд.
Соли 1991 Саридораи назорати давлатии гумрук ба кумитаи гумрукӣ ИҶШС табдил шуд, кодекси гумрукӣ ИҶШС дар мавриди ташаккул ва рушду хадамоти миллии гумрук қарорҳои муҳим қабул гардиданд, аз ҷумла қарор дода шуд, ки
- Тамоми даромадҳои гумрукӣ дар ҷумҳуриҳои иттифоқи гузошта
шаванд.
- Хадамоти гумрукӣ миллӣ таъсис дода шаванд. Моҳи январи соли
1991 тибқи қарори Девони Вазирони ҶТ № 14 Саридораи назорати
гумрукии назди девони Вазирони Тоҷикистон таъсис дод.
Мутобиқи ҳамин қарор таъминоти Саридора ва мақомоти маҳаллии он аз ҳисоби буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирифт. Тамоми маблағҳои даромади гумрукӣ ба буҷети Ҷумҳурӣ гузаронида мешуд. 8- январи соли 1992 бо қарори №7 Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст ставкаҳои аксиз барои намудҳои алоҳидаи мол тасдиқ карда шуданд.
17- апрели соли 1992 тибқи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон махсуси назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робитаҳои иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ таъсис дода шуд.
10 – июни соли 1992 бо қарори №221 Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал гардид. Низомномаи Саридораи назорати гумрук ва сохтори дастгоҳи марказии он тасдиқ карда шуд. Шумораи кормандони ин мақом то 242 нафар зиёд шуд.

Бо қарори № 228 Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъалаҳои кумитаи давлатии гумрук», ки 22 июни соли 1993 қабул гардид, низомномаи кумитаи давлатии гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав тасдиқ карда шуд.
25-январи соли 1994 бо қарори №27 «Дар бораи чораҳои беҳбуд бахшидани фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Вазорати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати савдо ва захираҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дод, ки якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор балансӣ талаботро нисбати молҳои асосии озуқа ва ғайри озуқа барои соли 1994 таҳия намуда, онро ба ҳукумат пешниҳод намоянд.
Аз 1-январи соли 1994 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 55-номгўи гурўҳҳои маҳсулоту ашёи хомеро муайян намуд, ки ба содиротӣ онҳо монополияи давлатӣ муқаррар шуда буд.
Солҳои 1992-1994 муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои аъзои ИДМ дар асоси бастани созишномаҳои ҳарсолаи дуҷонибаи байниҳукуматии тиҷоратию иқтисодӣ ба роҳ монда мешуд.
Мутобиқи моддаи 8-Кодекси гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти гумрукиро мақомоти гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ месозанд, ки мақомоти гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ месозанд, ки мақомоти ҳарбикунандашудаи ҳифзи ҳуқуқ буда, системаи ягонаеро ташкил медиҳад, ки ба он мақомоти зайл дохил мешаванд:
- кумитаи гумрукӣ (КГ) назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- идораи минтақавии гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- гумрукҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- постҳои гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Кумитаи гумрукии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгоҳи Марказии идора, идораҳои минтақавии зерини гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст. Идораи кумитаи гумрукӣ аилояти Суғд, идораи кумитаи гумрукии вилояти Хатлон, идораи кумитаи гумрукии вилояти Бадахшони Кўҳӣ, идораи кумитаи гумрукии Турсунзода ва Душанбе. Ғайр аз ин ҳайати он 26 – гумруки дохилӣ ва 57 постҳои гумрукие дохиланд, ки сарҳадоти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Вазифаҳои мақомоти гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мутобиқи моддаи 10-Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти гумрукӣ ҶТ – вазифаҳои зеринро иҷро мекунанд:
- дар таҳияи сиёсати гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ин сиёсатро дар амал тадбиқ мекунанд;

    1. риояи қонунҳое, ки назорати иҷрои онҳо ба зиммаи мақомоти гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст, таъмин менамоянд;
    2. баҳри ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳангоми ба амал баровардани фаъолияти гумрукӣ тадбирҳо меандешанд;
    3. дар доираи салоҳияти худ бехатарии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон -ро, асоси мустақилияти иқтисодии ҶТ мебошад, таъмин менамоянд;
    4. манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон –ро ҳимоя мекунанд;
    5. аз воситаҳои танзими гумрукии муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ истифода менамоянд;
    6. боҷи гумрукӣ, андозҳо ва пардохтҳои дигари гумрукиро меситонанд;
    7. дар таҳияи тадбирҳои сиёсати иқтисодӣ нисбат ба молҳое, ки аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода мешаванд, иштирок намуда, ин тадбирҳоро дар амал татбиқ менамоянд;
    8. риояи тартиби иҷозатдиҳии интиқоли молу воситаҳои нақлиётро аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд;
    9. бар зидди қочоқ, вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ ва қонунгузории андоз, ки ба молҳои аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолёбанда дахл дорад, мубориза мебаранд, мубодилаи ғайриқонунии маводи нашъаовар ва маҳҳушкунанда, силоҳ, ашё ва осори дорои аҳамияти бадеи, таърихию бостоншиносии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, объектҳои моликияти зеҳнӣ, намудҳои ҳайвоноту набото, ки ба онҳо хатари нобудшавӣ таҳдид менамяод қисмҳо ва маҳсули онҳо ва молҳои дигарро аз тариқи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ мекунанд, инчунин дар муборизаи зидди терроризми байналхалқӣ мусоидат менамоянд;
    10. омори гумрукии тиҷорати хориҷӣ ва омори махсуси гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон -ро амалӣ менамоянд;
    11. номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷиро таҳия менамоянд;
    12. барои инкишофи робитаҳои иқтисодии хориҷии минтақаҳои ҷумҳурӣ, инчунин корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон мусоидат менамоянд;
    13. ба содироти маводи стратегӣ ва маводи дигари барои манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаётан муҳим назорат менамоянд;
    14. дар доираи салоҳияташон назорати асъорро анҷом медиҳанд;
    15. мувофиқи тартиби муқарраргардидаи Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми дигари муассисаҳо ва шаҳрвандонро доир ба масъалаҳои гумрукӣ бо маълумот таъмин менамяонд;
кумитаи гумрук дар заминаи асноди зикргардида фармону дастурҳо мебароранд, дар мавриди такмили қоидаҳои молу воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ, ситонидани боҷу хироҷи гумрукӣ, ба амал баровардани барасмиятдарории гумрукӣ, назорати гумрукӣ, назорати гумрукӣ ва асъор, пешбурди омори гумрукӣ ва номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ низомномаю дастурамалҳо тартиб медиҳанд.

Дидан карданд: 3073

Мавзӯъҳои монанд:

Идоракунии кормандон дар Мақомоти гумрук

Банақшагирии ташкили дар идоракунӣ дар Мақомоти гумрук

Ташкил ва танзим ҳамчун вазифаи идоракунӣ

Қабули қарорҳои идоракуни дар раванди идоракунӣ

Раванди идоракуни дар Мақомоти гумрук

Сохтори идоракунӣ дар Мақомоти гумрук

Хусусияти хоси идоракуни дар Мақомоти гумрук

Ташкили системаи идоракунӣ дар Мақомоти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақсад ва вазифаҳои фанни “Идоракуни ва ташкили фаъолияти гумрук”

Хироҷҳои гумруки ва намудҳои онҳо

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: