|

Шеърҳо аз Лоиқи Шералӣ, Ишқи Ман аз Лоиқ Шералӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Сино Эгамбердиев

Санаи дохилгардида: 2013-01-29

Эй ишқи ман, эй ишқи ман,
Дар осмон ҷустам туро.
Бигзаштам аз сад баҳру бар
Дар сад ҷаҳон ҷустам туро.

Пайдот кардам дар замин –
Дар чашми ёри маҳҷабин.

Эй ишқи ман, эй ишқи ман,
Ҳар ҷо нишонат кофтам.
Рафтам ба пушти кӯҳи Қоф,
Аз бекаронат кофтам.

Пайдот кардам дар замин –
Дар чашми ёри маҳҷабин.

Эй ишқи ман, эй ишқи ман,
Дар ҷустуҷӯят сӯхтам.
Бо номи ту дар осмон
Сад ахтаре афрӯхтам.

Пайдот кардам дар замин –
Дар чашми ёри маҳҷабин.

[1982]

 

 

Лоиқи Шералӣ

Дидан карданд: 7374

Мавзӯъҳои монанд:

Ифтихор

ҚИЁМАТ

МАНУ ТУ

Шеърҳо аз Мӯмин Қаноат, Ману шабҳои бехобӣ

Шеърҳо аз Мӯмин Қаноат, Бузургӣ ва хоксорӣ

Шеърҳо аз Лоиқи Шералӣ, Ворисон

Шеърҳо аз Лоиқи Шералӣ, ДАР ҚАТОРИ ҚУЛЛАҲОИ ТОҶИКИСТОН

Шеърҳо аз Лоиқи Шералӣ, Ситораҳо

Шеърҳо аз Лоиқи Шералӣ, Ишқи Ман аз Лоиқ Шералӣ

Шеърҳо аз Лоиқи Шералӣ, Пазмонӣ

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: Мархабошка
Санаи дохилгардида: 2013-03-14

Шеърба гап нест бачахо

Каментарй дохил кард: Бобочон
Санаи дохилгардида: 2017-02-22

шеър дар сатхи оли эъчод карда шудааст.

Каментарй дохил кард: Сангали sangali mirzo.98email
Санаи дохилгардида: 2017-06-04

Сарватхои табии бо забони англиси


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: