|

Расидани Молу Воситаҳои Нақлиёт Ба Қаламрави Гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тартибдиханда: Раҷабов Р.К., Шомирсаидов Ш., Самиев Ф.Б., Ҷаборов А.И., Ҳикматов С., Сатторов Қ.

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2015-12-07

Дар раванди иҷро намудани расмиёти гумрукӣ маҳал ва вақти расидани мол ва воситаҳои нақлиёт ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон роли калонро мебозанд. Расидани мол ва воситаҳои нақлиёт ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузаргоҳҳо аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, дар вақти кории мақомоти гумрук (моддаи 466 КГҶТ), иҷозат дода мешавад. Дар маҳалҳои дигар мол ва воситаҳои нақлиёт ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шаванд.
Барои расидани намудҳои моли алоҳида ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон нуқтаҳои гузаргоҳҳоро аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Баъди гузаштан аз сарҳади гумрукӣ интиқолдиҳанда вазифадор аст мол ва воситаҳои нақлиёти овардаи худро дар нуқтаи гузаргоҳ ё маҳалҳои дигари дар қисми 1 моддаи 69 КГҶТ (маҳали расидан) зикршуда расонад ва онҳоро ба мақомоти гумрук пешниҳод кунад. Дар айни замон тағйири ҳолати мол ё вайрон кардани бастабандии онҳо, инчунин тағйирдиҳӣ, барҳамдиҳӣ, нобудсозӣ ё вайронкунии тамғаю мўҳрҳо ва воситаҳои дигари ҳаммонандсозӣ иҷозат дода намешавад.
Мақомоти гумрук вазифадоранд дар шакли оммафаҳм оид ба нуқтаҳои гузаргоҳҳо аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳдудиятҳои муқарраршуда ва вақти кори мақомоти гумрук маълумот пешниҳод намоянд.
Бояд қайд намоем, ки муқаррароти моддаи 69 КГҶТ нисбати моле, ки тавассути нақлиёти дарёӣ ё ҳавоӣ аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе таваққуф дар бандар ё фурудгоҳи дар қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбуда убур мекунанд, татбиқ намегардад.
Дар Тоҷикистон тадбирҳои хеле ҷолиб ҳангоми садама ва таъсири қувваи рафънопазир ё дигар ҳолатҳо андешида мешаванд. Агар молрасонӣ аз маҳали убури сарҳади гумрукӣ ба маҳали расидан қатъ гардад, инчунин агар киштиҳои дарёӣ ва ҳавопаймо ночор таваққуф кунанд ё фуруд оянд ё дар қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи садама ва таъсири қувваи рафънопазир ё ҳолатҳои дигари барои боррасонӣ монеашаванда таваққуф ва фуруд дар маҳалҳои муайяншуда номумкин бошад, интиқолдиҳанда вазифадор аст барои ҳифзи молу воситаҳои нақлиёт тамоми тадбирҳоро андешад ва фавран дар бораи ин ҳолатҳо ва маҳали ҷойгиршавии молу воситаҳои нақлиёт ба наздиктарин мақоми гумрук хабар диҳад, инчунин молро ба наздиктарин мақоми гумрук интиқол диҳад (агар воситаи нақлиёти ў зарар дида бошад) ё интиқоли онҳоро ба ҳама гуна ҷойи дигар, ки мақоми гумрук нишон додааст, таъмин намояд.
Бояд қайд намоем, ки мақомоти гумрук хароҷоти интиқолдиҳанда ва дигар шахсонро, ки вобаста ба риояи талаботи ҳамин модда ба миён омадааст, ҷуброн намекунанд.
Дар раванди гузаронидани расмиёти гумрукӣ огоҳонидани пешакии мақомоти гумрук дар бораи расидани мол ва воситаҳои нақлиёт ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хосро ишғол менамояд. Маъмурияти дидбонгоҳи гузаргоҳ аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (роҳбарияти фурудгоҳ, аэродром, бандарҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан, стансияҳо) мақоми гумрукро қаблан дар бораи маҳал ва вақти расидани воситаҳои нақлиёт дар нуқтаҳои гузаргоҳ аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби бо маъмурияти гузаргоҳи мазкур ва мақоми гумрук тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқашуда огоҳ менамояд.
Ҳангоми расидани мол ва воситаҳои нақлиёт ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолдиҳанда вазифадор аст ба мақомоти гумрук ҳуҷҷатҳо ва маълумоти пешбининамудаи моддаҳои 73 - 76 КГҶТ-ро вобаста ба навъи нақлиёте, ки дар он ҳамлу нақли байналмилалӣ амалӣ мегардад, пешниҳод намояд.
Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ҳуқуқ дорад рўйхати маълумоти дар моддаҳои 73 - 76 КГҶТ пешбинишударо ихтисор намояд. Мақоми гумрук ҳуқуқ надорад аз интиқолдиҳанда пешниҳоди маълумоти дигарро талаб намояд.
Агар ҳуҷҷатҳои дар моддаҳои 73 - 76 ҳамин модда пешбинишуда дорои маълумоти зарурӣ набошанд, интиқолдиҳанда вазифадор аст ба мақоми гумрук маълумоти нокифояро бо роҳи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дигари иловагии ба таври озод таҳияшуда хабар диҳад.
Интиқолдиҳанда ҳуқуқ дорад ба мақоми гумрук ҳуҷҷатҳо ва маълумотро то воқеан расидани мол ва воситаҳои нақлиёт ба қаламрави гумрукии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Ба ғайр аз ин интиқолдиҳанда ҳуқуқ дорад ҳуҷҷатҳоро (қисми ҳуҷҷатҳоро) тибқи КГҶТ ва тибқи тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дар шакли ҳуҷҷатҳои электронӣ пешниҳод намояд.
Ҳангоми аз ҷониби интиқолдиҳанда пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳо бо забони хориҷӣ мақомоти гумрук ҳангоми зарурат ҳуқуқ доранд танҳо тарҷумаи маълумоти пешбининамудаи моддаҳои 73 - 76 КГҶТ -ро ба забони давлатӣ ё забони муоширати байналмилалӣ талаб намоянд. Аз номи интиқолдиҳанда ҳуҷҷатҳо ва маълумотро метавонад шахсе, ки бо супориши вай амал мекунад, пешниҳод намояд.
1. Ҳуҷҷатҳо ва маълумоте, ки ҳангоми ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ пешниҳод карда мешаванд

Ҳангоми ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ интиқолдиҳанда ба мақоми гумрук маълумоти зеринро хабар медиҳад:
1) дар бораи қайди давлатии воситаҳои нақлиёт;
2) ном ва суроғаи интиқолдиҳандаи мол;
3) номи давлати ирсолкунанда ва давлати таъиноти мол;
4) ном ва суроғаи фиристанда ва гирандаи мол;
5) дар бораи фурўшанда ва қабулкунандаи мол мувофиқи ҳуҷҷатҳои тиҷоратие, ки интиқолдиҳанда дорад;
6) дар бораи миқдори ҷойҳои бор, маркировкаи онҳо ва навъи бастабандии мол;
7) номгўй, инчунин рамзи (коди) мол мувофиқи талаботи байналмилалии тавзеҳ ва кодгузории мол дар сатҳи на камтар аз 4 рақами аввал;
8) вазни умумии мол (бо кг) ё ҳаҷми мол (бо метри мукааб) ба истиснои моли калонҳаҷм;
9) дар бораи мавҷудияти моле, ки воридоташон ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ ё маҳдуд карда шудаанд;
10) дар бораи маҳал ва таърихи таҳияи борхати нақлиётии байналмилалӣ;
2. Интиқолдиҳанда маълумоти дар қисми 1 моддаи 73 зикршударо бо роҳи ба мақоми гумрук пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зерин хабар медиҳад:
1) ҳуҷҷатҳо ба воситаи нақлиёт;
2) борхати нақлиётии байналмилалӣ;
3) ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ ба моли интиқолшаванда, ки интиқолдиҳанда дорад.

2. Ҳуҷҷатҳо ва маълумоте, ки ҳангоми ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти дарёӣ пешниҳод карда мешаванд

Ҳангоми ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти дарёӣ интиқолдиҳанда ба мақоми гумрук маълумоти зеринро хабар медиҳад:
1) дар бораи қайди киштӣ ва мансубияти миллии он:
2) номгў ва тавсифи киштӣ:
3) ному насаби капитан:
4) ному насаб ва суроғаи агенти киштӣ:
5) дар бораи теъдоди мусофирони киштӣ, ному насаби онҳо, шаҳрвандӣ (табаият), таърих ва маҳали таваллуд, бандари таваққуф ва фуруд:
6) дар бораи теъдод ва ҳайати экипаж:
7) номгўи бандари сафар ва бандари даромади киштӣ
8) номгўй, теъдоди умумӣ ва тавсифи мол:
9) дар бораи теъдоди ҷойҳои бор, маркировкаи онҳо ва навъи бастабандии мол:
10) номгўи бандари боргирӣ ва бандари борфарорӣ:
11) рақами коносаментҳо ё дигар ҳуҷҷатҳое, ки мавҷудият ва мазмуни қарордоди интиқоли баҳриро барои моли дар бандари мазкур холишаванда тасдиқ менамояд;
12) номгўи бандарҳои фаровардани моли дар киштӣ боқимонда,
13) номгўи бандарҳои аввалаи ирсоли мол;
14) номгўи захираҳое, ки дар киштӣ мавҷуданд ва нишон додани теъдоди онҳо;
15) тавзеҳи ҷойгиркунии мол дар киштӣ;
16) дар бораи мавҷуд будани (мавҷуд набудани) муросилоти почтаҳои байналмилалӣ дар киштӣ;
17) дар бораи мавҷуд будани (мавҷуд набудани) моле, ки ворид кардани онҳо ба қаламрави гумрукии Тоҷикистон манъ ё маҳдуд аст, аз ҷумла асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арзишҳои асъорӣ, ки ҳайати экипаж бо худ дорад, доруворӣ, ки дар таркибашон воситаҳои нашъадор, маводи сахттаъсир, моддаҳои психотропӣ ва заҳрнок мавҷуд аст;
18) дар бораи мавҷуд будани (мавҷуд набудани) моли хатарнок, аз ҷумла яроқу лавозимоти ҷангӣ.
2. Интиқолдиҳанда маълумоти дар қисми 1 моддаи 74 зикршударо бо роҳи ба мақоми гумрук пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зерин хабар медиҳад:
1) декларатсияи умумӣ;
2) декларатсияи бор;
3) декларатсияи захираҳо дар киштӣ;,
4) декларатсия дар бораи ашёи шахсии ҳайати экипажи киштӣ;
5) таъиноти киштӣ;
6) рўйхати мусофирон;
7) ҳуҷҷате, ки Конвенсияи умумиҷаҳонии почта тақозо менамояд;
8) коносаментҳо ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки мавҷудият ва мазмуни қарордоди интиқоли дарёиро тасдиқ мекунанд.

3. Ҳуҷҷатҳо ва маълумоте, ки ҳангоми ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти ҳавоӣ пешниҳод карда мешаванд

Ҳангоми ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти ҳавоӣ интиқолдиҳанда ба мақомоти гумрук маълумоти зеринро хабар медиҳад:
1) зикри аломати мансубияти миллӣ ва аломати бақайдгирии ҳавопаймо;
2) рақами рейс, зикри самти парвоз, нуқтаи парвоз, ҷойи фуруди ҳавопаймо;
3) номи истифодабарандаи ҳавопаймо;
4) теъдоди ҳайати экипаж;
5) дар бораи теъдоди мусофирон, ном ва насаби онҳо; номгўи маҳалҳои саворшавӣ ва фурудоии онҳо;
6) зикри навъи мол;
7) рақами борхат, миқдори ҷой дар ҳар як борхат;
8) номи нуқтаи боргирӣ ва борфарорӣ;
9) дар бораи миқдори захираҳои киштӣ, ки ба он бор карда ё фароварда мешаванд;
10) дар бораи мавҷуд будани (мавҷуд набудани) муросилоти почтаҳои байналмилалӣ дар киштии ҳавоӣ;
11) дар бораи мавҷуд будани (мавҷуд набудани) моле, ки ворид кардани он ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ ё маҳдуд аст, аз ҷумла асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арзишҳои асъорӣ, ки ҳайати экипаж бо худ дорад, доруворӣ, ки дар таркибашон воситаҳои нашъадор, маводи сахттаъсир, моддаҳои психотропӣ ва заҳрнок мавҷуданд, инчунин аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ.
Интиқолдиҳанда маълумоти дар қисми 1 моддаи 75 КГҶТ зикршударо бо роҳи ба мақоми гумрук пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зерин хабар медиҳад:
1) ҳуҷҷати муқаррарии (стандартии) интиқолдиҳанда, ки мувофиқи созишномаи байналмилалӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ (декларатсияи генералӣ) пешбинӣ шудааст;
2) ҳуҷҷати дорои маълумот дар бораи моли тавассути ҳавопаймо интиқолшаванда (борхат);
3) ҳуҷҷати дорои маълумот дар бораи захираҳои ҳавопаймо,
4) борхати бори ҳавопаймо;
5) ҳуҷҷати дорои маълумот оид ба интиқоли мусофирон ва бағоҷи онҳо (рўйхати мусофирон);
6) ҳуҷҷате, ки Конвенсияи умумиҷаҳонии почта тақозо менамояд.

4. Ҳуҷҷатҳо ва маълумоте, ки ҳангоми интиқоли байналмилалӣ тавассути нақлиёти роҳи оҳан пешниҳод карда мешаванд

Ҳангоми ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти роҳи оҳан интиқолдиҳанда ба мақоми гумрук маълумоти зеринро хабар медиҳад:
1) номгў ва суроғаи ирсолкунандаи бор;
2) номгў ва суроғаи қабулкунандаи бор;
3) номгўи истгоҳи ирсолкунанда ва истгоҳи таъиноти мол;
4) дар бораи теъдоди ҷойи бор, оид ба маркировкаи он ва навъи бастабандии мол;
5) номгў, инчунин коди мол тибқи Системаи ҳамоҳангшудаи тасниф ва кодгузории мол ё Номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, дар сатҳи на камтар аз 4 рақами аввал;
6) вазни умумии мол (бо кг);
7) рақамҳои ҳаммонандсозии контейнерҳо.
2. Интиқолдиҳанда маълумоти дар қисми 1 моддаи 76 КГҶТ зикршударо бо роҳи нишон додани ҳуҷҷатҳои зерин хабар медиҳад:
1) борхати роҳи оҳан;
2) ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ барои интиқоли мол, ки дар ихтиёри интиқолдиҳанда мавҷуданд.
Баъди расидани мол ва ба мақоми гумрук пешниҳод намудани ҳуҷҷату маълумоти дахлдор молро метавон фаровард, ба дигар воситаи нақлиёт бор кард (моддаи 78), дар анбори муваққатӣ ҷой кард (боби 12 КГҶТ), ба низоми муайяни гумрукӣ ё транзити дохилии гумрукӣ арзшуда ворид намуд (боби 10).
Аз лаҳзаи пешниҳоди мол ба маҳали боррасонӣ чунин мол статуси таҳти нигаҳдошти муваққатӣ қарордоштаро мегирад. Бо анҷом ёфтани мўҳлати ниҳоии нигаҳдории муваққатӣ (моддаи 103 КГҶТ) мақомоти гумрук моли мазкурро тибқи боби 57 КГҶТ ихтиёрдорӣ менамоянд.
Агар мақомоти гумрук санҷиши молеро анҷом диҳанд, ки нисбати воридоти он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнўият ва маҳдудиятҳо муқаррар шудаанд ва таъмини риояи онҳо инчунин таҳти салоҳияти дигар мақомоти давлатӣ низ мебошад, мақомоти гумрук ҳамоҳангсозии ин амалиёт ва баробар анҷом додани онҳоро таъмин менамоянд.
Воситаҳои нақлиёт бояд тибқи боби 36 КГҶТ ба расмияти гумрукӣ дароварда шаванд.
Дар ин раванд борфарорӣ ва азнавборкунӣ дар маҳали расидани мол мавқеи хосро ишғол менамояд. Аз ин рў борфарорӣ ва азнавборкунии мол аз воситаҳои нақлиёте, ки ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст, дар маҳали расидан ва дар вақти кори мақомоти гумрук, дар маҳали махсус барои чунин мақсадҳо пешбинигардида анҷом дода мешавад.
Дар ҷойҳои дигар ва (ё) дар вақти ғайрикории мақоми гумрук борфарорӣ ва азнавборкунии мол бо иҷозати мақоми гумрук, ки бо дархости шахси манфиатдор тибқи моддаҳои 465 ва 466 КГҶТ дода шудааст, анҷом дода мешавад.
Ҷойи борфарорӣ ва азнавборкунии он минтақаи назорати гумрукӣ ҳисобида мешавад. Ҷойи мазкур бояд тарзе сохта ва муҷаҳҳаз гардад, ки ҳифзи молро таъмин намояд ва имконияти ба он дохилшавии шахсоне, ки дар борфарорӣ ва борбардорӣ иштирок наменамоянд, истисно карда шавад.
Бо дархости шахсе, ки дар бандарҳо амалиётро бо мол анҷом медиҳад, мол метавонад дар ҷойҳои борфарорӣ ва азнавборкунӣ бе ҷойгиркунонӣ дар анборҳои нигаҳдории муваққатӣ дар мўҳлати барои иҷрои амалиёт зарурӣ, вале дар доираи мўҳлати муайяннамудаи моддаи 103 КГҶТ, нигоҳ дошта шаванд.
Ҳангоми гум кардани мол ё бе иҷозати мақомоти гумрук додани он ба шахсони сеюм масъулият барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз мутобиқи КГҶТ ба зиммаи шахсе мебошад, ки ин амалиётро анҷом медиҳад.
Фаровардани моле, ки воридоти он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ шудааст, иҷозат дода намешавад.

Дидан карданд: 1201

Мавзӯъҳои монанд:

Идоракунии кормандон дар Мақомоти гумрук

Банақшагирии ташкили дар идоракунӣ дар Мақомоти гумрук

Ташкил ва танзим ҳамчун вазифаи идоракунӣ

Қабули қарорҳои идоракуни дар раванди идоракунӣ

Раванди идоракуни дар Мақомоти гумрук

Сохтори идоракунӣ дар Мақомоти гумрук

Хусусияти хоси идоракуни дар Мақомоти гумрук

Ташкили системаи идоракунӣ дар Мақомоти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақсад ва вазифаҳои фанни “Идоракуни ва ташкили фаъолияти гумрук”

Хироҷҳои гумруки ва намудҳои онҳо

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: