|

Ситонидани Пардохтҳои Гумрукӣ

Тартибдиханда: Раҷабов Р.К., Ҷабборов А., Самиев Ф.Б.

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2015-12-07

Дар Тоҷикистон дар сурати дар мўҳлати муқарраршуда насупоридан ё пурра напардохтани боҷи гумрукӣ, андоз мақомоти гумрук боҷҳои гумрукӣ ва андозро маҷбуран, тибқи тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон меситонанд.
Ситонидани маҷбурии боҷҳои гумрукӣ ва андоз нисбати шахсони барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз масъул ё аз ҳисоби арзиши моле, ки боҷҳои гумрукӣ ва андози он супорида нашудааст, анҷом дода мешавад. Инчунин ситонидани маҷбурии боҷҳои гумрукӣ ва андоз аз шахсон бо роҳи ситонидани боҷҳои гумрукӣ ва андоз аз ҳисоби маблағҳои дар суратҳисобҳои дар бонкҳо будаи пардохткунанда ё аз ҳисоби амволи дигари пардохткунанда тибқи тартиби судӣ анҷом мегирад.
Мақоми гумрук пеш аз истифодаи чораҳои вобаста ба ситонидани маҷбурии боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба шахси масъули пардохткунандаи онҳо талаби супоридани пардохтҳои гумрукиро пешниҳод мекунад.
Дар Тоҷикистон ҳангоми дар мўҳлати муқарраршуда (гузаштани мўҳлат) напардохтани боҷҳои гумрукӣ ва андоз фоизҳо супорида мешаванд. Ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои 3 - 5 моддаи 393 КГҶТ барои ҳар рўзи гузаштани мўҳлати пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз аз рўзи дигари гузаштани мўҳлати пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз то рўзи иҷрои ўҳдадории пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ё то рўзи қабул шудани қарор дар бораи батаъхиргузорӣ ё тамдиди мўҳлат барои супоридани боҷҳои гумрукӣ ва андоз фоиз ҳисоб карда мешавад. Фоиз ба андозаи муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.
Ҳангоми ба кафил ё зомин пешниҳод кардани талабнома оид ба пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз фоизҳо барои на бештар аз се моҳи баъди рўзи гузаштани мўҳлати иҷроиши ўҳдадории бо кафолат ё замонати бонкӣ таъмингардида, ҳисоб карда мешаванд.
Инчунин ҳангоми пешниҳоди талабнома оид ба пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба шахси масъули пардохткунандаи фоизҳо то рўзи пешниҳоди талабнома ҳисоб карда мешаванд. Ҳангоми напардохтани боҷҳои гумрукӣ ва андоз дар мўҳлатҳои дар талабнома муқарраршуда фоизҳо мувофиқи талаботи қисми 2 ҳамин модда ҳисоб карда мешаванд.
Дар ҳолати вайрон кардани мўҳлати пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ ҳангоми дар анбори нигоҳдории муваққатӣ будани мол (боби 12 КГҶТ) барои давраи нигаҳдории муваққатӣ фоизи пардохтҳои гумрукӣ ҳисоб ва пардохт намешаванд. Фоизҳо, сарфи назар аз бақияпулиҳо, новобаста аз андешидани тадбирҳои дигари ҷавобгарӣ барои вайронкунии қоидаҳои гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд.
Инчунин фоизҳо дар баробари пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ё баъди пардохти ин маблағҳо, вале дар давоми як моҳи баъди супоридани боҷҳои гумрукӣ ва андоз пардохта мешаванд,
Додани ариза барои батаъхиргузорӣ ё тамдиди мўҳлат барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ҳисоб кардани фоизи бақияпулиро бознамедорад.
Супоридан, ситонидан ва баргардонидани фоиз тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи КГҶТ нисбати супоридан, ситонидан ва баргардонидани боҷҳои гумрукӣ ва андоз амалӣ карда мешаванд.
Талабномаи супоридани пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз
Бояд қайд намоем, ки талабномаи супоридани боҷи гумрукӣ ва андоз огоҳномаи мақоми гумрук аст, ки ба таври хаттӣ дар бораи дар мўҳлати муқарраршуда насупоридани маблағи боҷи гумрукӣ ва андоз, инчунин ўҳдадориҳои супоридани маблағи боҷи гумрукӣ, андоз ва фоизҳо дар мўҳлатҳои дар ин талабнома омадаро дар бар мегирад.
Талабномаи супоридани боҷҳои гумрукӣ ва андоз бояд маълумотро дар бораи маблағи пардохтшавандаи боҷи гумрукӣ ва андоз, андозаи фоизи дар рўзи пешниҳоди талабнома ҳисобшуда, мўҳлати супоридани боҷи гумрукӣ ва андоз мувофиқи КГҶТ, мўҳлати иҷрои талабнома, ҳамчунин тадбирҳои маҷбурии ситонидани боҷи гумрукӣ, андоз ва таъмини ситонидани онҳоро, ки дар сурати насупоридани боҷу андозҳои гумрукӣ аз тарафи пардохткунанда истифода мегарданд, инчунин дар бораи асосҳои пешниҳоди талабномаро дар бар гирад. Намунаи талабнома дар бораи супоридани боҷи гумрукӣ ва андоз аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар карда мешавад.
Талабнома дар бораи супоридани боҷи гумрукӣ ва андоз ба пардохткунанда бояд дар давоми 10 рўзи баъд аз ошкор шудани далели насупоридан ё пурра насупоридани боҷи гумрукӣ ва андоз фиристода шавад. Мўҳлати иҷрои шартҳои талабнома дар бораи супоридани боҷи гумрукӣ ва андоз на зиёда аз 20 рўзро аз рўзи қабули талабнома ташкил медиҳад. Ҳангоми иҷро накардани талабномаи мазкур мақомоти гумрук дар бобати маҷбуран ситонидани боҷи гумрукӣ ва андоз мувофиқи талаботи КГҶТ чора меандешанд.
Талабномаи супоридани боҷи гумрукӣ ва андоз ба роҳбар ё шахси ваколатдори намояндаи ташкилот ё шахси воқеӣ бо имзои шахсӣ ё ба тариқи дигар, ки далели гирифтан ва рўзи гирифтани онро тасдиқ менамояд, супорида мешавад. Агар шахсони мазкур аз гирифтани талабномаи мазкур саркашӣ намоянд, пас он тавассути почта бо мактуби фармоишӣ фиристода мешавад. Талабномаи супоридани боҷи гумрукӣ ва андоз баъд аз шаш рўзи фиристодани мактуби фармоишӣ дастрасшуда ҳисоб меёбад.
Ҳангоми дар мўҳлати дар қисми 4 моддаи 394 КГҶТ пешбинишуда иҷро накардани шартҳои талабномаи супоридани боҷи гумрукӣ ва андоз мақомоти гумрук тадбирҳои пешбининамудаи моддаи 395 КГҶТ -ро амалӣ менамоянд.
Талабномаи супоридани боҷи гумрукӣ ва андоз ба пардохткунанда сарфи назар аз ҷалби ў ба ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноятӣ фиристода мешавад.

Боздоштани амалиёти хароҷотӣ аз рўи ҳисобномаҳои шахс дар бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию кредитӣ, ҳабси амвол ва ситонидани маблағҳои ба шахс тааллуқдоштаро мақоми гумрук тибқи КГҶТ ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.  

БАРГАРДОНИДАНИ БОҶҲОИ ГУМРУКӢ,
АНДОЗ ВА МАБЛАҒИ ДИГАР

Мувофиқи тартиби муайяншуда маблағи барзиёд супорида ё барзиёд ситонидашудаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз маблағе мебошад, ки ба сифати маблағи боҷи гумрукӣ ва андоз воқеан супорида ё ситонида шуда, андозаи он аз маблағи мутобиқи КГҶТ ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтшаванда зиёдтар мебошад.
Аризаи баргардонидани маблағи барзиёд супурда ё барзиёд ситонидаи боҷҳои гумрукӣ ва андозро пардохткунанда ба мақоми гумруке, ки ў ин маблағро ба он супурдааст ё ҳамин маблағро дар ин мақом аз ў ситонидаанд, дар давоми се соли баъд аз супурдан ё ситонида шудани маблағ пешниҳод мекунад.
Дар сурати ошкор шудани пардохти барзиёд ё ситонидани барзиёди боҷҳои гумрукӣ ва андоз мақоми гумрук вазифадор аст дар давоми на дертар аз як моҳи баъд аз ошкор шудани чунин далел дар бораи маблағи барзиёд супурдашуда ё барзиёд ситонидашудаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба пардохткунанда хабар диҳад.
Баргардонидани боҷҳои гумрукӣ ва андози барзиёд супорида ё барзиёд ситонидашуда аз тарафи мақоми давлатии ваколатдор дар соҳаи молия бо қарори мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ анҷом дода мешавад. Мўҳлати умумии баррасии ариза дар бораи баргардонидан, қабул кардани қарор дар бораи баргардонидан ва баргардонидани маблағи барзиёд супорида ё барзиёд ситонидашудаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз набояд аз рўзи додани ариза дар бораи баргардонидан ва пешниҳоди ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ бештар аз як моҳ бошад. Ҳангоми вайронкунии мўҳлати мазкур ба маблағи барзиёд супорида ё барзиёд ситонидашудаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз, ки дар мўҳлати муқарраргардида баргардонида нашудааст, барои ҳар рўзи вайронкунии мўҳлати баргардонидан фоизҳо ба андозаи муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда мешавад. Агар пардохт ё ситонидани боҷҳои гумрукӣ ва андоз бо арзи хориҷӣ сурат гирифта бошад, фоизҳои ба маблағи барзиёд супорида ё барзиёд ситонидашудаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз, ки мутобиқи қурби Бонки миллии Тоҷикистон бо асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рўзи супоридан ё ситонидани барзиёд ҳисоб шудааст, ҳисобӣ карда мешаванд.
Маблағи барзиёд супорида ё барзиёд ситонидашудаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба суратҳисобе гузаронида мешавад, ки дар аризаи баргардонидан нишон дода шудааст. Боҷҳои гумрукӣ ва андози барзиёд супорида ё барзиёд ситонидашуда бо асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида мешаванд. Агар супоридан ё ситонидани боҷҳои гумрукӣ ва андоз бо арзи хориҷӣ сурат гирифта бошад, баргардонидани боҷи гумрукӣ ва андози барзиёд супоридашуда ё барзиёд ситонидашуда бо қурби Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рўзи супоридани барзиёд ё ситонидани барзиёд амал мекард, анҷом дода мешавад.
Бояд қайд намоем, ки ҳангоми баргардонидани боҷҳои гумрукӣ ва андози барзиёд супорида ё барзиёд ситонидашуда ҳамчунин бояд фоизҳо аз маблағи баргардонидашавандаи супорида ё ситонидашудаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз баргардонида шавад.
Баргардонидани боҷҳои гумрукӣ ва андози барзиёд супорида ё барзиёд ситонидашуда бо хоҳиши пардохткунанда метавонад ба шакли ҳисобӣ кардан ба ҳисоби иҷрои ўҳдадориҳои пардохтҳои гумрукии дигар, фоизҳо ва ҷаримаҳо анҷом дода шавад. Баҳисобгирии пардохтҳои гумрукии барзиёд супорида ё барзиёд ситонидашуда мутобиқи КГҶТ вобаста ба тартиби баргардонидан, бо назардошти муқаррароти муайяншуда амалӣ мегардад.
Боҷҳои гумрукӣ ва андози барзиёд супорида ё барзиёд ситонидашуда дар ҳолатҳои зерин баргардонида намешаванд:
1) дар сурати қарздории пардохткунанда оид ба супоридани пардохтҳои гумрукӣ дар ҳаҷми қарзи мазкур. Дар ин ҳолат мумкин аст боҷҳои гумрукӣ ва андози барзиёд супорида ё ситонидашуда ба ҳисоб гирифта шавад;
2) агар маблағи пардохтҳои гумрукии баргардонидашаванда камтар аз андозаи дукаратаи маоши ҳадди ақали муқарраркардаи қонун бошад, ба истиснои ҳолатҳои супурдани барзиёди пардохтҳои гумрукӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ё барзиёд ситонидани чунин пардохтҳо аз шахсони мазкур;
3) дар сурати додани ариза дар бораи баргардонидани маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз баъд аз гузаштани мўҳлати муқарраршуда.
Инчунин дар сурати мавҷуд будани қарз оид ба супоридани пардохтҳои гумрукӣ ва фоизҳо мақоми гумрук метавонад мустақилона онро аз ҳисоби маблағи барзиёд супорида ё барзиёд ситонидашудаи пардохтҳои гумрукӣ пўшонад. Мақоми гумрук вазифадор аст, пардохткунандаро дар бораи ҳисобӣ кардани қарзаш дар давоми 3 рўзи пўшонидани он ба хабар диҳад.
Ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 4 моддаи 396 КГҶТ дар сурати баргардонидани пардохтҳои гумрукӣ фоизи он пардохта намешавад, маблағҳо индексатсия карда намешаванд.
Дар Тоҷикистон инчунин баргардонидани боҷҳои гумрукӣ ва андоз инчунин дар ҳолатҳои зерин сурат мегирад:
1) агар декларатсияи гумрукии ба мақоми гумрук пешниҳодшуда мутобиқи КГҶТ пешниҳоднашуда ҳисоб карда шавад;
2) бозхонди декларатсияи гумрукӣ;
3) додани имтиёзоти тарифӣ дар шакли баргардонидани маблағи супоридашудаи боҷи гумрукӣ;
4) барқарор кардани низоми бештари мусоидаткунандаи миллӣ ё имтиёзҳои тарифӣ;
5) агар КГҶТ баргардонидани маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андози пардохтшударо ҳангоми баровардани моли хориҷӣ аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳангоми нобудкунии онҳо ё даст кашидан ба манфиати давлат ва ё ҳангоми реимпорти мол пешбинӣ карда бошад;
6) бо иҷозати мақоми гумрук тағйир ёфтани низоми гумрукии каблан арзшуда, агар маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андози ҳангоми қарор додани мол таҳти низоми гумрукии аз нав интихобшуда пардохтшаванда камтар аз маблағи боҷи гумрукӣ ва андозе бошад, ки дар низоми гумрукии аввал супорида шудаанд, ба истиснои ҳолати пешбининамудаи қисми 6 моддаи 212 КГҶТ;
7) дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тадбирҳои ҳифзи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни амалӣ намудани тиҷорати хориҷии мол нисбати боҷҳои махсуси муваққатӣ, зиддидемпингӣ ё ҷубронӣ.
Ариза дар мавриди баргардонидани боҷҳои гумрукӣ ва андоз дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 397 КГҶТ дар давоми на дертар аз як соли баъди рўзи фарорасии ҳолате, ки боиси баргардонидани маблағи пардохтшудаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз мутобиқи муқаррароти моддаи 396 КГҶТ гардидааст, пешниҳод карда мешавад. Дар ин ҳолат муқаррароти қисми 7 моддаи 396 КГҶТ истифода бурда намешавад.
Гарави пулӣ ба шарти иҷрои ўҳдадориҳои таъминшуда бо гарави пулӣ баргардонида мешавад, агар аризаи баргардонидани он ба мақоми гумрук дар ҷараёни се сол аз рўзи дигаре, ки баъди иҷрои ўҳдадориҳо фаро мерасад, дода шуда бошад. Баъди гузаштани мўҳлати мазкур маблағи гарави пулии талабнашуда ба буҷети давлат гузаронида шуда, баргардонида намешавад.
Инчунин гарави пулӣ ба мақоми гумруке, ки ба ҳисобнома ё кассаи он маблағи гарави пулӣ супорида шуда буд ё ба мақоми гумруке, ки дар он расмиёти гумрукӣ ё низоми гумрукие анҷом дода мешавад, ки ўҳдадории иҷрои онҳо бо гарави пулӣ таъмин гардидааст, баргардонида мешавад.
Ба ғайр аз ин гарави пулӣ дар сурати пешниҳод кардани забонхати гумрукӣ (қисми 5 моддаи 390 КГҶТ) бо асъори пардохт баргардонида мешавад. Дар сурати пардохти маблағи гарави пулӣ бо арзи хориҷӣ мақоми гумрук ҳангоми надоштани маблағи пулӣ бо ин арз, метавонад чунин гаравро бо арзи хориҷии дигар, ки қурби онро Бонки миллии Тоҷикистон муайян мекунад ё бо хоҳиши пардохткунанда бо асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонад. Барои баргардонидани арзи хориҷӣ ба асъори Тоҷикистон қурби Бонки миллии Тоҷикистон дар рўзи баргардонидани маблағи гарави пулӣ истифода бурда мешавад.
Агар гарави пулӣ ба кассаи мақоми гумрук нақд супорида шуда бошад, бо хоҳиши пардохткунанда мумкин аст баргардонидани гарави пулӣ ба тартиби ғайринақдӣ ба суратҳисоби нишондодаи пардохткунанда сурат гирад.
Дар сурати қарздории пардохткунанда вобаста ба супоридани пардохтҳои гумрукӣ фоизҳо дар ҳаҷми чунин қарзи гарави пулӣ баргардонида намешаванд. Мақоми гумрук метавонад гарави пулиро мутобиқи моддаи 394 КГҶТ ситонад. Ҳангоми баргардонидани маблағи гарави пулӣ фоизи он пардохт намешавад, маблағ индексатсия намегардад ва подоши комиссионӣ тибқи амалиёти бонкӣ аз ҳисоби маблағҳои интиқолшаванда пардохта мешавад.
Ба ақидаи мо омўзиши маводҳои дар боло овардашуда барои баланд бардоштани донишу малакаи донишҷўён ва кормандони мақомоти гумрукӣ роли калон бозида барои аз худ намудани раванди пур кардани буҷаи Тоҷикистон мавқеи хосро ишғол менамоянд.

Дидан карданд: 1196

Мавзӯъҳои монанд:

Идоракунии кормандон дар Мақомоти гумрук

Банақшагирии ташкили дар идоракунӣ дар Мақомоти гумрук

Ташкил ва танзим ҳамчун вазифаи идоракунӣ

Қабули қарорҳои идоракуни дар раванди идоракунӣ

Раванди идоракуни дар Мақомоти гумрук

Сохтори идоракунӣ дар Мақомоти гумрук

Хусусияти хоси идоракуни дар Мақомоти гумрук

Ташкили системаи идоракунӣ дар Мақомоти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақсад ва вазифаҳои фанни “Идоракуни ва ташкили фаъолияти гумрук”

Хироҷҳои гумруки ва намудҳои онҳо

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: