|

Тағйирёбандаҳо ва доимиҳо. Намуди маълумотҳо

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Сино Эгамбердиев

Санаи дохилгардида: 2015-11-19

Нақша:

  • Хислат ва истифодабарии иттилоот
  • Намудҳои технологияи коркарди маълумот

3.  Намуди маълумотхо

          Дар таълимоти барномавии компютери фардӣ тағирёбандаҳо ва доимиҳо яке аз нақшҳои асосиро мебозад. Умуман тагирёбанда гуфта – ҳамин гуна объектро меноманд, ки вай қиммати гуногун соҳиб мешавад ( яъне ҳар вақт қиммати вай тағир меёбад). Вобаста аз қимматаш намуди тағирёбанда тағир ёфта метавонад. Масалан: агар киммати тағирёбандаи А=10 бошад, пас ин гуна тағирёбандаро тағирёбандаи ададӣ меноманд. Ба ҳамин тариқ тағирёбанда метавонад матнӣ, ададӣ, рамзӣ (символӣ), мантиқӣ ва ғайра бошад.
Мисол:
1. А=100                  2. А= «100»                  3.  А1= «кит»     
В=2                           В= «2»             А2= «об»
Т=А+В                     Т=А+В                         В= А1+А2
Т=102                        Т= «1002»                      В= «китоб»
4. Group «1-25.01.08»
5. I= «0605»
6. R=365
Барои осон шудани раванди ҷустуҷӯ ва коркарди иттилоот маълумот дар компютери фардӣ ва барномаҳои он ба намудҳо ҷудо мешаванд. Вобаста аз масъалаи коркард шуда маълумотҳо метавонанд фақат як намуд ё якчанд намудро фаро гиранд. Аммо новобаста ба ин асосан чунин намуди маълумотҳо истифода бурда мешаванд.
1. Ададӣ – маълумоте, ки қимматро аз 0-9 соҳиб мебошанд ба ин намуд шомил мешаванд. Маълумоти намуди адади дар навбати худ ба якчанд намудҳои дигар ҷудо шуда метавонанд. Маслан: ададҳои бутун, ададҳои ҳақиқӣ, ададҳои манфӣ ва ғайра.
2. Матнӣ – чунин намуди маълумотҳое, ки аз рамзҳои гуногун иборат ҳастанд, ба ин намуд дохил мешавад.
3. Мантиқӣ – маълумотҳое, ки қиммати онҳо ҳамагӣ аз ду қиммат иборат аст ба ин гурӯҳ дохил карда мешавад ва қиммати онхо мувофиқан ба ададҳои 1 ва 0 иваз карда мешавад. Масалан: шуъбаи рӯзона, ғоибона, забони таҳсил: русӣ, тоҷикӣ ва ғайра.
4.Сана ва вақт – дар ин майдон, таърихи рӯзро ҷойгир кардан мумкин аст.
5. Поле MЕMO – матни ҳаҷмаш зиёдро ҷойгир кардан мумкин аст.
6. Навъи ҳисобкунак (счётчик) – барои номератсия гузоштан
7. Навъи OLЕ – ягон расм ҷойгир кардан мумкин аст.
8. Навъи пулӣ – дар ин майдон намуди пулҳоро муайн кардан мумкин аст.

Технологияи иттиолоти коркарди маълумотҳо барои ҳалли масъалаҳое, ки маълумотҳои аввала ва алгоритми маълум ва дигар проседураҳо иборат аст, истифода бурда мешавад.
Ин технология дар ҳудуди истифодабарандагони квалификатсияашон паст барои автоматикунонии баъзе амалиётҳои кӯҳнаи сарфаи вақт бисёр талаб кунанда истифода бурда мешавад.
Бинобар ин аз худ кардани технологияи иттилоотӣ ва система барои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва ихтисори коркунон оварда мерасонад.
Дар ҳудуди фаъолияти амалиётҳо, ҳалли масъалаҳои  зерин дида баромада мешавад:

  • Коркарди маълумотҳо оиди амалиётҳои ширкат;
  • Сохтани ҳисоботҳои контролӣ оиди холати ширкат;
  • Гирифтани ҳисоботҳо ва ба ҳуҷҷатҳои қоuазнок нишон додани ҳисобот;

Мисоли амалиётҳои пешина:

  • амалиётҳои тафтиш дар ҳудуди нормативҳое, ки маҳсулоти дар анбор бударо  нишон медиҳад. Дар ҳолати кам будани маҳсулот дар анбор буда, чӣ қадар маҳсулот лозим аст нишон додан ва  талб кардани он:
  • амалиёти фурӯши маҳсулот аз тарафи ширкат, дар натиҷаи ҳуҷҷатҳои натиҷавӣ тайёр карда мешавад, барои харидорон дар намуди чек ё квитансия.

Мисоли ҳисоботи контролӣ: ҳисоботи ҳаррӯза оиди гирифтан ё додани пулҳои нақт аз банк, бо мақсади контрол намудани баланси пулҳои нақт.
Мисоли дархост: дархост ба базаи маълумоти кадрҳо, барои гирифтани маълумотҳои ҷои холигии кадрҳо.
Якчанд намудҳои технологияи коркарди маълумот мавҷуд аст:

  • масъалаи иҷроиш оиди коркарди иттилоот.  Ҷар як ширкат мувофиқи қонуни ташкил карда, уҳдадор аст,  бояд оиди фаъолияти корхона маълумотҳоро нигаҳ дошта тавонад. Бинобар ҳамин ҳар як ширкат бояд системаи иттилоотии худро дошта бошад ва ба он  технологияи коркарди иттилоот мавҷуд аст;
  • коркарди алгоритм барои ҳалли  масъала;
  • иҷроиши коркарди ҷараёни стандартӣ;
  • иҷроиши ҳаҷми асосии кор дар реҷаи автоматикунонӣ бо иштироки ками истифодабаранда:
  • истифодабарии маълумотҳои ҷудогона;
  • дастгирии минималӣ барои ҳалли муамоҳо аз тарафи ихтисосмандони дигар корхона.

Ҷамъоварии маълумот. То ҳадде, ки ширкат маҳсулот истеҳсол мекунад.

Коркарди маълумот. Барои сохтан аз маълумотҳои омада, барои нишондодани фаъолияти ширкат, чунин амалиётҳо истифода бурда мешавад:

  • Гурӯҳбанди кардан. Маълумотҳои аввала ҳамчун код мебошанд, як ё якчанд символҳо дорад.

Мисол,  Дар  вақти  ҳисобу  китоби  музди  меҳнат  ҳар як маълумот код  (рақами табелӣ) дорад,  коди шӯъба, ки дар ҳамон ҷо кор мекунад ва uайра, ки бо он код ҳар гунна гурӯҳбанди карда мешавад.

  • Сортировка, бо ёрии он ҳамаи навиштаҷотро ба тартиб оварда мешавад:
  • Махкамкунӣ, барои кам кардани миқдори маълумот дар намуди ҳамагӣ, ё ки қимати миёна.
  • Ҷисобкунӣ, амалиётҳои мантиқи ва арифметикӣ дорад. Ин амалиётҳо бо маълумотҳо (ададҳо) кор карда мешавад ва дар натиҷа маълумотҳои дигар ҳосил мешавад.

Нигаҳдории маълумот. Бисёрии иттилоотро барои фаъолияти ширкат сабт кардан лозим меояд, барои истифодабари дар оянда, бинобар он базаи маълумот сохта мешавад.
Сохтани ҳисобот (ҳуҷҷат). Дар технологияи иттилоотии коркарди маълумот бояд ҳуҷҷат барои роҳбарият ва коркунони ширкат сохта шавад, бинобар ин ҳуҷҷатҳо бо дархост, ё ки барои амалиётҳои ширкат дар охири ҳар моҳ, ё ки дар хар як семоҳа, ё ки дар охири сол месозанд.

Дидан карданд: 2876

Мавзӯъҳои монанд:

Тағйирёбандаҳо ва доимиҳо. Намуди маълумотҳо

Мафҳуми иттилоот ва объектҳои иттилоот

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: Amrulloh
Санаи дохилгардида: 2017-11-13

Бисёр сайти хуб сохтаед ташпккур барои онхое ки ин сайтро сохтаанд.


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: