|

Шеърҳо аз Лоиқи Шералӣ, Суруди некӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Сино Эгамбердиев

Санаи дохилгардида: 2013-01-28

СУРУДИ НЕКӢ
Дунёи савдо бигзарад,
Андӯҳи дилҳо бигзарад,
Ҳам навбати мо бигзарад,
Аммо ба зери осмон
Ҳамчун замини бекарон
Некӣ бимонад ҷовидон.

Сад баҳр хушкад дар назар,
Сад боғ гардад бесамар,
Сад роҳ монад беасар,
Аммо ба сад рамзу нишон
Чун офтоби дурфишон
Некӣ бимонад ҷовидон...

Чандин макон дигар шавад,
Чандин замон дигар шавад,
Чандин ҷаҳон дигар шавад,
Аммо ба ёди одамон
Чун қуллаи Боми Ҷаҳон
Некӣ бимонад ҷовидон.


[1984]

 

Лоиқи Шералӣ

Дидан карданд: 2035

Мавзӯъҳои монанд:

Ифтихор

ҚИЁМАТ

МАНУ ТУ

Шеърҳо аз Мӯмин Қаноат, Ману шабҳои бехобӣ

Шеърҳо аз Мӯмин Қаноат, Бузургӣ ва хоксорӣ

Шеърҳо аз Лоиқи Шералӣ, Ворисон

Шеърҳо аз Лоиқи Шералӣ, ДАР ҚАТОРИ ҚУЛЛАҲОИ ТОҶИКИСТОН

Шеърҳо аз Лоиқи Шералӣ, Ситораҳо

Шеърҳо аз Лоиқи Шералӣ, Ишқи Ман аз Лоиқ Шералӣ

Шеърҳо аз Лоиқи Шералӣ, Пазмонӣ

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: Пулод
Санаи дохилгардида: 2014-10-18

Офтоби дурфишон нею офтоби нурфишон дуруст аст.


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: