|

Тарзи таҳлил ва тафсири ахбору иттилооти бадастомада

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2015-10-30

Марҳилаи ниҳоии тадқиқоти иҷтимоӣ ин коркард, таҳлил ва тавсифи ахбори бадастомада, хулосабарорӣ ва пешниҳоди тавсияҳои илм мебошад. Коркарди маводи таҷрибаи ҷамъшуда унсурҳои зеринро дарбар мегирад: а) таҳрир ва рамзигардонии ахбор; б) тағйир додани гузориши баъзе саволҳо бо мақсади гирифтани ҷавоби аниқ; в) таҳлили омор.
Вобаста ба усули ҷамъоварии ахбори иҷтимоӣ усулҳои гуногуни коркард ва таҳлили онҳоро истифода мебаранд. Масалан, агар тадқиқотчӣ маълумотро асосан аз ҳуҷҷатҳои расмӣ ба даст оварда бошад, дар ин ҷо ду усул истифода мешавад: ғайрирасмӣ (анъанавӣ) ва расмӣ (контент-таҳлил).
Таҳлили анъанавӣ тибқи мақсади тадқиқот асосан ба идрок, фаҳмиш ва шарҳи мазмуни ҳуҷҷатҳо такя менамояд.
Таҳлили расмӣ (контент-таҳлил, яъне таҳлили мазмун) бо ёрии ақлу ҳадс, фаросат аз байни маводу ҳуҷҷатҳои бисёр ҷудо карда гирифтани ахбори зарур мебошад. Ин усули таҳлил, пеш аз ҳама, ба омӯзиши паҳлӯи омории матн нигаронида шудааст.
Таҳлили анъанавӣ ба стандартикунонии тарзи ҷустуҷӯ, муайян намудани воҳиди ҳисоб дар матн, ки дар он калимаҳои алоҳида (мафҳумҳо, номҳои ҷуғрофӣ, ному насаби сиёсатмадорон ва ғайра), муҳокимаҳо, ибораҳо, ҷумлаҳо, сархатҳо, намунаҳо аз матн ва маводи чопшудаи гуногун вуҷуд доранд, нигаронида шудааст. Воҳиди ченак вобаста ба мақсадҳои дар пеши худ гузоштаи тадқиқотчӣ муайян карда мешавад.
Ҳангоми коркард ва таҳлили ахборе, ки тавассути пурсиш ба даст меояд, усулҳои таснифи мавод аз рӯи аҳамиятнокӣ (ранжирование), пайдарҳамӣ (шкалирование), мувофиқатсозӣ (коррелятсия) ва ғайра ба таври васеъ истифода мешавад.
Баъди ҷамъоварии ахбори иҷтимоӣ онро ба танзим медароранд. Агар мавод ҳаҷман кам бошад, онро ба тариқи дастӣ, агар бисёр, онро тавассути технологияҳои махсус ба тариқи мошин танзиму таҳқиқ менамоянд. Баъди омӯзиш онро ҷамъбаст ва хулоса мекунанд. Ниҳоят, дар заминаи он ҳисоботи илмӣ ё мақолаи илмӣ менависанд, ки дар он андеша, тавсияву пешниҳодҳои мушаххас бо санаду ҳуҷҷат ва рақамҳои аниқ асоснок карда мешаванд.

Саволҳо барои санҷиши дониш

  1. Тадқиқоти таҷрибавии иҷтимоӣ чанд марҳиларо дарбар мегирад?
  2. Усулҳои ҷамъоварии ахбори иҷтимоӣ кадомҳоанд?
  3. Усули пурсиш чист?
  4. Истифодаи усулҳо оё аз объекти тадқиқот вобаста аст?
  5. Баъди ҷамъоварии ахбор кадом корҳо пеш меоянд?
  6. Агар ахборро аз ҳуҷҷати расмӣ гирифта бошанд, онро бо кадом роҳ таҳлил менамоянд?
  7. Тадқиқоти таҷрибавии иҷтимоӣ бо чӣ анҷом меёбад?

Дидан карданд: 3329

Мавзӯъҳои монанд:

Тарзи таҳлил ва тафсири ахбору иттилооти бадастомада

Усул ва равишҳои ҷамъоварии ахбори иҷтимоӣ

Барномаи тадқиқоти иҷтимоӣ

Тадқиқоти иҷтимоӣ ва шаклҳои он

Тадқиқоти мушаххаси иҷтимоӣ

Ташкилотҳои байналхалқии исломӣ

Хусусияти хоси дини ислом ҳамчун институти иҷтимоӣ

Ташаккули дин ҳамчун институти иҷтимоӣ

Симои иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии корманд

Инсон ҳамчун омили субъективии рушди иқтисодиёт

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: akmal@DTT. com
Санаи дохилгардида: 2016-10-19

Матн


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: