|

Усул ва равишҳои ҷамъоварии ахбори иҷтимоӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2015-10-30

Ҷомеашиносӣ бидуни ҷамъоварии ахбори иҷтимоӣ, масалан, доир ба афкори умум оиди ин ё он муаммои иҷтимоӣ, маишату рӯзгори одамон, обрӯю эътибори сиёсатмадорон, буҷети оила, миқдори бекорон ва ғайра вазифаи тақиқотиашро иҷро карда наметавонад. Тадқиқотчӣ, пеш аз ҳама, аз омори расмие, ки дар рӯзномаю маҷалаҳо, маҷмӯаҳои омор, маърӯзаҳо чоп мешаванд, истифода мебарад. Дар ҳолати нокифоя будани ахбори иҷтимоии зарурӣ тадқиқотчӣ пурсиши иҷтимоӣ мегузаронад. Ахбори иҷтимоии бадастомада омӯхта, ҳисоби миёнаи онҳо бароварда, ба таври нақшаву ҷадвалҳо инъикос гардонида, қонунияти рушди тамоили иҷтимоӣ муайян карда мешавад. Натиҷаҳои ниҳоии тадқиқоти бунёдӣ – назарияи илмӣ ва коркарди тавсияву пешниҳодҳо мебошад.  
Дар раванди гузаронидани тадқиқоти иҷтимоӣ тавсифи усул ва ташкили хусусияти тадқиқот хеле муҳим аст. Дар ин ҷо муайян ва асоснок намудани қазия хеле муҳим аст. Хусусияти қазия вазифа, мақсадҳои тадқиқот ва чигунагии объектро равшан месозад. Баъзан чунин ҳолат дучор мешавад, ки объекти омӯзиш калон аст, муҳаққиқ барои тадқиқи он қуввату имкониятҳои кифоя дорад ва метавонад, онро пурра фаро гирад.  Вале ба пуррагӣ фаро гирифтани объекти тадқиқот на ҳама вақт зарурат дорад, аз ин сабаб аз объекти том, як қисми муҳимтарини он интихоб карда, танҳо ҳамон мавриди омӯзиш қарор меёбад. Инро усули интихоб меноманд.
Дар барномаи чунин тадқиқот нуктаҳои зерин бояд ба таври аниқ нишон дода шаванд: а) объекти тадқиқи таҷрибаи иҷтимоӣ чӣ гуна аст; б) тадқиқот умумӣ ё ҷузъист; в) агар ҷузъӣ бошад, он ваколатнок аст, ё не; г) тадқиқотчӣ бояд дараҷа, тарзи интихоб ва суръати онро дар ҳар як дараҷа нишон диҳад; ғ) ҷудо намудани объект бо кадом тарз (тибқи рӯихат, картотека, харита) ба амал меояд; 6) воҳиди мушоҳида дар дараҷаи охири мушоҳида чӣ гуна аст?
Асоснок намудани усули ҷамъоварии далелҳои таҷриба қисми муҳими тадқиқоти иҷтимоӣ мебошад. Дар ин ҷо тадқиқотчӣ бояд ба таври мушаххас нишон диҳад, ки ӯ аз кадом манбаъҳо ва ҳуҷҷатҳо истифода мебарад, масалан, аз ҳисоботи омор, нақшаи дурнамои рушд, маърӯза ё дигар манбаъ.
Барои муайян намудани усули ҷамъоварии ахбор тадқиқотчӣ бояд нуктаҳои зеринро ба инобат гирад: а) фаврӣ ва сарфакорона будани тадқиқот бояд ба сифати ахбор таъсир нарасонад; б) бояд ба назар гирифт, ки ягон усул хусусияти ҳаматарафа надошта, доираи маърифати воқеии худро дошта бошад; в) эътимоднокии усул нафақат аз ҳисоби асоснокӣ,  балки аз рӯи риояи қоидаҳои истифодаи он муайян карда шавад.
Гузаронидани тадқиқоти иҷтимоӣ бо усули омӯзиши ҳуҷҷатҳо нисбатан осон ва камхарҷ мебошад. Баробари ин бояд эътироф намуд, ки ягон ҳуҷҷати расмӣ дараҷаи шуур, ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги кормандони корхонаро инъикос карда наметавонад. Аз ин рӯ, тадқиқотчӣ бояд ба усулҳои дигари ҷамъоварии ахбор: мушоҳида, пурсиши даҳонӣ, тест ва ғайра низ рӯ оварад. Дар ҷомеашиносӣ зери мафҳуми мушоҳида усули ҷамъоварии ахборро мефаҳманд, ки ба таври мақсаднок, мунтазам, дарки бевосита ва қайди санадҳои иҷтимоӣ сурат мегирад. Дигар аз усулҳои маъмули ҷамъоварии иттилоот пурсиш мебошад. Пурсиш ду шакл дорад: а) пурсиши шифоҳӣ, ки ба воситаи саволу ҷавоб, сӯҳбат, мусоҳиба ба амал меояд; б) пурсиши хаттӣ, бо саволнома (анкета) ё тест сурат мегирад.
Пурсиш метавонад, бевосита, рӯбарӯ бо объекти тадқиқот амалӣ гардад. Онро, ҳамчунин, метавон ба таври ғоибона, тавассути телефон, интернет, радиою телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо гузаронид. Чунин ҳолат бештар дар мавриди дар ҳуҷҷатҳои расмӣ мавҷуд набудани санадҳои  иҷтимоӣ истифода мешавад.
Баробари пурсиши анкетавӣ дар рафти тадқиқоти иҷтимоӣ таҳлили ҳуҷҷатҳои расмӣ, мушоҳида ва таҷрибагузаронӣ истифода мешаванд.

Дидан карданд: 2228

Мавзӯъҳои монанд:

Тарзи таҳлил ва тафсири ахбору иттилооти бадастомада

Усул ва равишҳои ҷамъоварии ахбори иҷтимоӣ

Барномаи тадқиқоти иҷтимоӣ

Тадқиқоти иҷтимоӣ ва шаклҳои он

Тадқиқоти мушаххаси иҷтимоӣ

Ташкилотҳои байналхалқии исломӣ

Хусусияти хоси дини ислом ҳамчун институти иҷтимоӣ

Ташаккули дин ҳамчун институти иҷтимоӣ

Симои иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии корманд

Инсон ҳамчун омили субъективии рушди иқтисодиёт

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: