|

Барномаи тадқиқоти иҷтимоӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2015-10-30

Барномасозӣ зинаи муҳими тадқиқоти иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Барнома бояд зинаҳои назариявӣ, нуктаҳои услубиёт, тарзу усули таҳлили ҳодиса ё ҷараёни тадқиқшавандаро дарбар гирад. Дар барнома мақсаду вазифаҳои тадқиқот бояд ба таври аниқ муайян карда шаванд.
Барномае, ки аз нуқтаи назари услубиёт дуруст тартиб дода шудааст, муваффақияти ниҳоии тадқиқотро таъмин менамояд. Бино бар ин ҳам барномаи тадқиқоти иҷтимоиро ҳуҷҷати муҳимтарин меноманд.
Барномаи тадқиқоти иҷтимоӣ асосан аз се қисм иборат аст: услубиёт; услуб; таҳлили мантиқии мафҳумҳои асосӣ.
Қисмати услубиёти барнома ташреҳ ва асоснок намудани муаммо, мақсади тадқиқот, муайян кардни объект ва мавзӯи он, таҳлили мантиқии мафҳумҳои асосӣ, тасвияти фарзия, вазифаҳои тадқиқотро дарбар мегирад.
Қисми услубии барнома маҷмӯи ҳодисаҳои тадқиқшаванда, тавсифи услубиёти ҷамъоварии ахбори иҷтимоӣ, сохтори мантиқии усули он, нақшаҳои мантиқӣ ва тарзи коркарди риёзиро фаро мегирад. Қисмати таҳлили мантиқии мафҳумҳои асосӣ ба амал баровардани қоидаҳои алоҳидаи тадқиқотро дарбар мегирад. Бидуни онҳо истифодаи назарияи ягонаи тадқиқот усулҳои омӯзиш, иҷрои вазифаю мақсадҳо, санҷидани дурустии фарзинҳо амри маҳол мебошад.
Моҳияти ин қисмат ҷобаҷогузории дурусти мантиқии мафҳумҳои асосӣ аст, ки дар муайян намудани мавзӯи тадқиқот мақоми хоса дорад. Таҳлили мантиқии мафҳумҳо дар барнома аз он сабаб зарур аст, ки бисёрии онҳо дар дараҷаи шуури муқаррарӣ нодуруст дарк шуда, моҳияти масъаларо ба таври боистанӣ инъикос намекунад.
Ниҳоят, дар доираи мавзӯи мазкур боз ба як масъала диққат додан лозим аст. Ҳар як тадқиқоти иҷтимоӣ аз гузориши қазия оғоз мегардад. Қазия ҳамеша аз донистан ва надонистани ин ё он паҳлӯҳои ҳодисаҳо бармеояд. Қазия аз сарчашмаҳои зерин сар мезанад:
– ҳолатҳои омӯхтанашудаи ин ё он ҳодиса, яъне «доғи сафед» дар раванди маърифат;
– ба миён омадани зиддиятҳо дар фаҳмиши ҳодисаҳои иҷтимоӣ;
– ба ҳам зид омадани тасаввуроти одамон дар бораи воқеият;
– мавҷудияти якчанд нуқтаи назар ва назарияҳо, ки онҳо ба таври кофӣ омӯхта нашудаанд.
Тадқиқ, омӯзишу ҳалли ин қазияҳо маънои ба даст овардани донишҳои нав мебошад, ки дар фаъолияти рӯзмарраи одамон истифода мешаванд.
Қазия унсурҳои зеринро дарбар мегирад: а) моҳияти қазия; б) ҳудуди ҷуғрофӣ ва макон, яъне манзил дар куҷо ва байни киҳо мавҷуд аст; в) мутааллиқии муаммо – қазия, яъне он ба кӣ маълум аст ва манфиати киҳоро ифода  менамояд; г) паҳлӯи замонавии қазия, яъне он як бор ё якчанд бор такрор шуда истодааст.
Ҳамин тариқ, шаклҳои гуногуни дастури умуминазарӣ ва равишҳои мушаххаси тадқиқоти иҷтимоӣ мавҷуданд. Тадқиқоти иҷтимоӣ маҳз ба туфайли онҳо илмияти кофӣ касб намуда, натиҷаҳои матлуб ба бор меоварад, ки аҳамияти калони илмӣ ва амалӣ доранд.

Дидан карданд: 2117

Мавзӯъҳои монанд:

Тарзи таҳлил ва тафсири ахбору иттилооти бадастомада

Усул ва равишҳои ҷамъоварии ахбори иҷтимоӣ

Барномаи тадқиқоти иҷтимоӣ

Тадқиқоти иҷтимоӣ ва шаклҳои он

Тадқиқоти мушаххаси иҷтимоӣ

Ташкилотҳои байналхалқии исломӣ

Хусусияти хоси дини ислом ҳамчун институти иҷтимоӣ

Ташаккули дин ҳамчун институти иҷтимоӣ

Симои иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии корманд

Инсон ҳамчун омили субъективии рушди иқтисодиёт

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: