|

Тадқиқоти иҷтимоӣ ва шаклҳои он

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2015-10-30

Шаклҳои тадқиқоти иҷтимоӣ аз мақсад ва вазифаҳои он бармеоянд. Дар ҷомеашиносӣ якчанд шакли тадқиқоти иҷтимоӣ муайян гаштааст:
1. Тадқиқоти иктишофӣ (разведкавӣ). Дар баъзе ҳолатҳо мо бо тарзи тадқиқоти пилотӣ ё зондаҷӣ (ба маънои қаблан огоҳӣ пайдо кардан) вомехӯрем, ки он низ ба тадқиқоти иктишофӣ дохил мешавад. Тадқиқоти иктишофӣ омӯзиши ибтидоӣ буда, тавассути он мо фақат оид ба ягон ҳодиса ё тамоили иҷтимоӣ маълумоти қаблӣ пайдо карда метавонем. 
2. Тадқиқоти тавсифӣ-таҳлилии иҷтимоӣ нисбатан мураккаб буда, он ба мо дар бораи сохтор, унсурҳои ин ё он ҳодиса маълумоти нисбатан пурра медиҳад. Тадқиқоти тавсифӣ дар асоси барномаи васеи қаблан омодагашта ва дар заминаи технологияи санҷидашуда гузаронида мешавад. Шакли тавсифии тадқиқот одатан ҳангоми омӯзиши объектҳои калон, ки миқдори зиёди одамонро аз рӯи хусусиятҳояшон аз ҳамдигар фарқ мекунанд, истифода мешавад. Масалан, дар корхонаҳои азим одамон аз рӯи маълумот, касб, баромади иҷтимоӣ, синну сол, вазъияти оила аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Дар ин ҳолат омӯзиши яклухти онҳо дар рафти тадқиқоти иҷтимоӣ натиҷаҳои дилхоҳ дода наметавонад. Аз ин рӯ, онҳоро ба гурӯҳҳо ҷудо намуда, ҳолати воқеӣ, дараҷаи алоқамандии тарафайнро омӯхтан лозим аст.
3. Тадқиқоти иҷтимоии таҳлилӣ намуди нисбатан мураккаб буда, нафақат сохтори ҳодиса, балки дарки амиқи он, паҳлӯҳои миқдорию сифатиашро тақозо менамояд. Аз ҳамин сабаб тадқиқоти иҷтимоии таҳлилӣ аҳамияти калони илмию амалиро дорост.
4. Таҷрибаи иҷтимоӣ. Дар ҳолати гузаронидани таҷрибаи иҷтимоӣ ба таври сунъӣ шароитҳои воқеии вазъияти хосаи объекти тадқиқот ба вуҷуд оварда, сипас онро меомӯзанд, таҳлил, хулоса ва ҷамъбаст менамоянд.

Дидан карданд: 2099

Мавзӯъҳои монанд:

Тарзи таҳлил ва тафсири ахбору иттилооти бадастомада

Усул ва равишҳои ҷамъоварии ахбори иҷтимоӣ

Барномаи тадқиқоти иҷтимоӣ

Тадқиқоти иҷтимоӣ ва шаклҳои он

Тадқиқоти мушаххаси иҷтимоӣ

Ташкилотҳои байналхалқии исломӣ

Хусусияти хоси дини ислом ҳамчун институти иҷтимоӣ

Ташаккули дин ҳамчун институти иҷтимоӣ

Симои иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии корманд

Инсон ҳамчун омили субъективии рушди иқтисодиёт

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: