|
youtaj

Тадқиқоти мушаххаси иҷтимоӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2015-10-30

Масъалаи илми назарӣ ё амалӣ (таҷрибавӣ) будани ҷомеашиносӣ ҳамеша мавриди баҳсу мунозираи олимони соҳа қарор дорад. Солҳои охир аз ҷониби қисми зиёди олимон ҷомеашиносӣ ҳам илми назариявӣ ва ҳам илми амалӣ (таҷрибавӣ) эътироф гаштааст. Вақте ҷомеашиносиро ҳамчун илм дар бораи рафтору кирдори фардҳо чун намояндаи ин ё он гурӯҳи иҷтимоӣ, мақому нақши шахс дар ҷомеа, қонуниятҳои умумии ташаккул ва рушди сохтори иҷтимоӣ, институти иҷтимоии ҷомеа маънидод мекунанд, онро, бешак, илми амалӣ (таҷрибавӣ) меҳисобанд. Аммо, вақте ҷомеашиносӣ ҷомеа ва моҳияти инсонро тавассути арзишҳои иҷтимоиву фарҳангӣ меомӯзонад, онро чун илми башардӯстӣ эътироф менамоянд.
Назария ва амалия ду зинаи маърифати ҳастӣ буда, дар ҳар як зина паҳлӯҳои хосаи ҳастӣ, аз ҷумла ҳастии иҷтимоӣ маърифат карда мешавад. Дуруст аст, ки амалия пеш аз ҳар гуна назария вуҷуд дорад. Амалия инсонро водор месозад, ки оиди паҳлӯҳои гуногуни ҳаёту зиндагӣ ва сирру асрори ҷомеа андеша ронда, онро дар шакли ғоя ва ақидаҳо баён кунад. Инсон дар фаъолияти истеҳсолӣ ва меҳнатиаш на ин ки аз илм ва олами мавҷудот фақат чизҳои даркориро гирифта, истифода мекунад, балки вай инчунин тавассути ақлу хирад, донишу таҷрибаи ҳосилкардааш онҳоро дигаргун месозад.
Раванди ташаккулу такомули ҷомеашиносӣ ҳамчун фан хеле муракккаб аст. Он баҳсу мунозираҳои илмии доманадорро дарбар гирифта буд. Вобаста ба ин ташаккулу ғанӣ гаштани услубиёт ва усулҳои тадқиқоти иҷтимоӣ низ дар рафти бархӯрди ғояҳои гуногуни иҷтимоӣ сурат гирифтааст. Дар зинаҳои аввали пайдоиш тарзу усулҳои тадқиқоти иҷтимоӣ аз дигар фанҳо, яъне аз фалсафа, таърих, ҳуқуқ қариб фарқ намекарданд. Вале ҷомеашиносӣ тадриҷан бо усулҳои маърифати хеш, хусусан, дар соҳаи тадқиқоти таҷрибавӣ бой мегардад. Омӯзиш ва таҳлил собит месозанд, ки солҳои 20-уми асри ХХ барои фанни ҷомеашиносӣ даврае буд, ки усулҳои махсуси илм, тартиб, усул, техникаи гузаронидани тадқиқоти иҷтимоӣ ташаккул ёфта, тавассути онҳо таҳлили хосаи ҳуҷҷатҳо, варақаҳои пурсиш, мусоҳиба, таҳлили ҳуҷҷатҳо сурат гирифт. Ташаккули усулҳои илмии ҷомеашиносӣ имкон дод, ки ҳодисаву тамоюли иҷтимоӣ ҳаматарафа, ба таври комил ва махсус омӯхта шаванд. Ин бошад,  дар навбати худ мақоми илми ҷомеашиносиро аз нуқтаи назари илмӣ ва амалӣ хеле боло бардошт.
Тадқиқоти иҷтимоӣ раванди ниҳоят мураккаб аст. Он низомест, ки унсурҳои ба ҳам мантиқан алоқаманд, ба монанди унсури услубиёт, усули ташкилию техникиро фаро мегирад. Мақсади асосии тадқиқоти иҷтимоӣ ба даст овардани ахбору далелҳои аниқ оид ба ҳодисаи омӯхташаванда, равиши тағйирёбӣ ва инкишофи он, зиддиятҳои иҷтимоӣ мебошад. Маълумоту донишҳои наве, ки ба воситаи тадқиқот ба даст меоянд, барои рушди ҳаёти иҷтимою иқтисодӣ, муносибатҳои гуногуни ҷамъиятӣ аҳамияти калон доранд.
Тадқиқоти иҷтимоӣ зинаҳои паиҳамро дарбар мегирад, ки ба онҳо коркарди барнома ва техникаи гузаронидани тадқиқот, ҷамъоварии ахбор, омода намудани мавод барои коркард, таҳлили ахбори бадастомада, ҷамъбасти онҳо,  хулоса ва тавсияҳои илмӣ дохил мешаванд.
Ҳангоми гузаронидани тадқиқоти иҷтимоӣ аз усулҳои зерини назариявӣ, аз ҷумла усули сохторию вазифадорӣ, муқоисавӣ, таърихӣ, маънидод (интерпретатсия) ва ғайра истифода мебаранд.

Дидан карданд: 1838

Мавзӯъҳои монанд:

Тарзи таҳлил ва тафсири ахбору иттилооти бадастомада

Усул ва равишҳои ҷамъоварии ахбори иҷтимоӣ

Барномаи тадқиқоти иҷтимоӣ

Тадқиқоти иҷтимоӣ ва шаклҳои он

Тадқиқоти мушаххаси иҷтимоӣ

Ташкилотҳои байналхалқии исломӣ

Хусусияти хоси дини ислом ҳамчун институти иҷтимоӣ

Ташаккули дин ҳамчун институти иҷтимоӣ

Симои иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии корманд

Инсон ҳамчун омили субъективии рушди иқтисодиёт

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: