|
youtaj

Ташкилотҳои байналхалқии исломӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2015-10-30

Ташкилотҳои динӣ дар шакли мутараққӣ низоми мураккаби мутамарказ ва тобеият тибқи мартабаву мансабро мемонанд. Масалан, дар дини масеҳӣ ибодатхонаҳо (калисо), дар дини ислом муфтиёт, қозиёт, масҷид, дар дини буддоӣ бутхонаҳо ташкилотҳои динии асосӣ ҳисобида мешаванд. Ташкилотҳои динии муосир аз иттиҳоди коҳинон бо ин ҷиҳат фарқ мекунанд, ки онҳо ба қисми таркибии дастгоҳи давлат дохил намешаванд. Ташкилотҳои муосири динӣ ба оммаи мӯътақид чун заминаи иҷтимоӣ такя намуда, якҷоя бо дигар қувваҳои мафкуравӣ ва сиёсӣ дар ҷомеа амал мекунанд. Муносибати ташкилотҳои динӣ ва давлат тавассути Конститутсия ва дигар қонунҳо танзим мегардад.
Дар замони ҳозира барои танзими ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсию фарҳангӣ ташкилотҳои байналхалқии мусулмонӣ вуҷуд доранд, ки аз ҷиҳати таркиб, мақсад ва шаклҳои фаъолият аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
1. Ташкилоти исломии байнидавлатие, ки дар сатҳи ҳукумат намояндагони мамлакатҳои аъзо, роҳбарони давлат ё ҳукуматро фаро мегирад. Қарорҳо дар сатҳи давлат қабул ва амалӣ гардида, риояи онҳо барои тамоми мамлакатҳои аъзо ҳатмист. Ҳоло танҳо як ташкилоти мусулмонӣ дар сатҳи давлат фаъолият мекунад, ки он Ташкилоти конфронси исломӣ ном дорад.
2. Ташкилоти байнидавлатӣ дар сатҳи ғайриҳукуматӣ: роҳбарони ташкилотҳои ҷудогонаи динӣ, арбобони барҷастаи ҷамъиятию сиёсӣ ва дар баъзе ҳолатҳо намояндагони ҳукумат намояндагии мамлакатҳоро ташкил медиҳанд. Лигаи олами исломӣ, ташкилоти умумиҷаҳонии исломӣ, Конгресси умумиҷаҳонии исломӣ, Ташкилоти минтақавии мамлакатҳои Ҷанубу Шарқи Осиё ва Уқёнуси Ором бонуфузтарини онҳо мебошанд.
3. Бонки исломии рушд (БИР) соли 1974 таъсис ёфта, ҳоло 39 кишвар ва Ташкилоти озодихоҳии Фаластин узви он мебошанд. Ҳадафи умдаи БИР ҳамкорӣ баҳри «пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ»-и мамлакатҳои исломист.
4. Конгресси умумиҷаҳонии исломӣ (КУИ) соли 1926 таъсис ёфта, аз соли 1949 фаъолият дорад. Намояндагони 36 мамлакатро мутаҳҳид намуда, ҷамъомади он ҳар сол баъд аз маросими ҳаҷ сурат мегирад. Дар ҷамъомад, дар қатори масъалаҳои хоси дин, муаммоҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии байналхалқӣ баррасӣ мегарданд. КУИ дорои марказҳои тадқиқотӣ ва ВАУ мебошад.
5. Лигаи олами ислом (ЛОИ) соли 1962 таъсис ёфта, асосан ба таблиғи дин ва масъалаҳои ташкили маросими ҳаҷ машғул аст.
6. Ташкилоти исломии Афроосиёӣ соли 1964 ташкил шуда, соли 1970 ба Ташкилоти умумиҷаҳонии исломӣ табдил ёфтааст.
7. Шӯрои аврупоии исломӣ (ШАИ) соли 1973 таъсис ёфта, ба он 12 мамлакати Аврупо шомил мебошанд. Ҳадафҳои он аз таблиғи дини ислом, омӯзиши муаммоҳои таърихи ислом, аз баррасии масъалаҳои рӯзмарраи иҷтимоию иқтисодӣ иборат мебошад.
Ғайр аз ин, ташкилотҳои дигар, амсоли оҷонсиҳо, марказҳои тадқиқотӣ, телевизион ва радиошунавонии ислом низ амал мекунанд.
Ислом динест, ки чунин ташкилотҳо ва марказҳои азимро дорост ва онҳо дар низоми иҷтимоии ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши муҳим мебозанд. Ҷомеашиносӣ дар омӯзиши ислом чун институти иҷтимоӣ ба масъалаи таносуби робитаи он ба давлату сиёсат эътибор медиҳад.
Дин дар кишварҳои исломӣ дар идоракунии давлат бевосита ширкат меварзад, дар мамлакатҳои дунявӣ бошад, вай аз давлат ҷудо аст.
Тоҷикистон давлати дунявист. Ин санад дар Конститутсияи Ҷумҳурӣ ифода гардидааст.
Дар замони муосир падидаҳои номатлуб, ба монанди терроризм, экстремизм, бунёдгароии динӣ, исломӣ пайдо шудаанд. Вале онҳо аслан ба табиату сиришти динҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла ислом бегонаанд.

Саволҳо барои санҷиши дониш

  1. Э. Дюркгейм ва ҳаммаслакони он ба сифати хосияти асосии дин чиро эътироф мекунанд?
  2. Дин кай ва бо кадом сабабҳо пайдо шудааст?
  3. Динҳои ҷаҳонро номбар карда метавонед?
  4. Оиди пайдоиши ташкилотҳои динӣ чӣ медонед?
  5. Кадом равияҳои асосии дини ислом вуҷуд доранд?
  6. Шумо ташкилотҳои байналмилалии исломро медонед?
  7. Дин кадом вазифаҳои иҷтимоиро иҷро мекунад?

Дидан карданд: 2103

Мавзӯъҳои монанд:

Тарзи таҳлил ва тафсири ахбору иттилооти бадастомада

Усул ва равишҳои ҷамъоварии ахбори иҷтимоӣ

Барномаи тадқиқоти иҷтимоӣ

Тадқиқоти иҷтимоӣ ва шаклҳои он

Тадқиқоти мушаххаси иҷтимоӣ

Ташкилотҳои байналхалқии исломӣ

Хусусияти хоси дини ислом ҳамчун институти иҷтимоӣ

Ташаккули дин ҳамчун институти иҷтимоӣ

Симои иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии корманд

Инсон ҳамчун омили субъективии рушди иқтисодиёт

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: 987221921
Санаи дохилгардида: 2015-11-16

Танизим муносибат?ои мерос дар ?Т


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: