|
youtaj

Симои иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии корманд

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2015-10-30

Симои имрӯзаи коргар аз дирӯза дида, ба куллӣ фарқ мекунад. Тадқиқоти иҷтимоӣ собит менамояд, ки агар корманд ҳарчӣ бештар ба идоракунии истеҳсолот, ҷараёни ҷустуҷӯи эҷодӣ, дарёфти захираҳои баланд бардоштани самаранокии меҳнат ҷалб гашта бошад, ҳамон андоза фаъол мегардад. Аммо, аз таҷриба маълум мешавад, ки ба таври воқеӣ ҷалб намудани кормандон ба идоракунии истеҳсолот роҳи дуру дароз ва душвор будааст. Дар давраи аввал соҳибони истеҳсолот ин омилро ба инобат нагирифтаанд. Ҳатто Ф. Тейлор чунин меҳисобид, ки корманд бояд ҷаҳонбинии сиёсӣ, динӣ, арзишҳои маънавию фарҳангии хешро дар беруни дарвозаи корхона монад. Вале тавре таҷриба нишон медиҳад, фаъолияти ҷамъиятии корманд ба баъзе ҷиҳатҳои манфии худ нигоҳ накарда, ба ҷараёни истеҳсолот ва идоракунии он таъсири муфид мерасонад.
Ақидаи ҷалб намудани кормандон ба идоракунии истеҳсолот аз андеша оиди нақши идоракунӣ дар равандии истеҳсолот оғоз ёфт. Ҷомеашиносон Г. Форд, Г. Эмерсон, А. Файол дар асарҳояшон исбот намуданд, ки идоракунӣ илм ва санъат аст, ки дар он манфиатҳои кулли корхона ба инобат гирифта мешаванд. Солҳои 20-уми асри ХХ давраи «инқилоби идоракунандагон» оғоз ёфт, ки онҳо чун намояндагони табақаи сармоядорӣ баромад мекарданд. Онҳо раванди истеҳсолотро аз худи сармоядор дида, беҳтар идора мекарданд. Ҳамин тариқ, идоракунӣ ба касби гурӯҳи муайяни одамон – менеҷерҳо табдил ёфт. Солҳои 30-юм – 50-ум мақоми онҳо чунон боло рафт, ки кулли муваффақиятҳои ҷамъияти индустриалиро марбут медонистанд. Маҳз аз ҳамон давр сар карда, сармоядор роҳҳои ҳалли масоили гуногуни ҷараёни истеҳсолотро дар якҷоягӣ бо кормандони худ ҷустуҷӯ менамуд. Дар байни коргарон ташкил шудани маҳфилҳо (дар Ҷопон), ба шӯрои директорон ворид намудани коргарон (дар Фаронса), имзо намудани шартномаи дастаҷамъӣ (дар Шветсия) воситаҳое буданд, ки тавассути онҳо коргарон ба ҷараёни идоракунӣ ҷалб мегаштанд.
Дар симои коргарон ташаккул додани фаъолияти эҷодӣ яке аз омилҳои муҳими ҷалби онҳо ба кори идоракунии истеҳсолот мебошад. Зеро дар истеҳсолот ҳамаи намуди фаъолият, новобаста аз обрӯю эътибори касб, фаъолияти эҷодиро талаб менамояд. Фаъолияти эҷодӣ, дар навбати худ, ба баланд гаштани дониш, маҳорату малака ва ҷаҳонбинии корманд сабаб мешавад. Дар кишварҳои мутараққӣ коргарон дар гурӯҳҳои навоварон ва кашфиётчиён фаъолона ширкат меварзанд.
Симои кормандро вобаста ба мавқеи шаҳрвандӣ ва синну сол олимони рус Ю. В. Волков, В. Х. Беленкий, В. Г. Мордкович, Е. А. Якубов, В. А. Ядов тадқиқ намудаанд. Тадқиқоти В. А. Ядов як тазоди аҷоибро нишон медиҳад. Шуурнокии корманд, воқеан, фақат дар синни 40-солагӣ мукаммал гашта, дар синни 45-солагӣ ба ҳадди баланд мерасад. Кормандони синни 25–30-сола бештар интизомро вайрон мекунанд, дар истеҳсолот ба нуқсу мусолиҳакорӣ роҳ медиҳанд.
Натиҷаи тадқиқоти иҷтимоии В. А. Ядов бори дигар собит сохт, ки ташаккули симои иҷтимоию сиёсии кормандон, пеш аз ҳама, аз мавқеи шаҳрвандии ӯ вобаста аст. Нафақат хатми мактаби миёна, ҳатто мактаби олӣ ҳам ҳоло исботи симои иҷтимоӣ-сиёсии ташаккулёфтаи корманд шуда наметавонад.
Симои иҷтимоӣ-сиёсии корманд, ҳамчунин, аз чунин арзишҳои маънавӣ, ба мисли виҷдон, ахлоқи касбӣ, меҳнатдӯстӣ, интизомнокӣ вобаста аст. Онҳо чунин арзишҳоеанд, ки бо чашми оддии инсон дида намешаванд. Дарёфт, таҳлили вазъи воқеии ин арзишҳо ва нишон додани роҳҳои ташаккули онҳо вазифаи асосии илми ҷомеашиносӣ мебошад.

Саволҳо барои санҷиши дониш
  1. Аз кадом давра муносибатҳои иқтисодӣ ва равандҳои рушди онҳо мавриди тадқиқоти иҷтимоӣ қарор дода шуданд?
  2. Дар таъмини рушди бемайлони иқтисодиёт кадом омилҳоро ба инобат гирифтан зарур аст?
  3. Заминаҳо ва зарурати пайдоиши ҷанбаҳои иҷтимоии меҳнатро шарҳ дода метавонед?
  4. Мазмун ва асоси тадқиқоту таҷрибаҳои Ф. Тейлор аз кадом ғоя иборат буданд?
  5. Зери мафҳуми симои иҷтимоию сиёсии корманд чиро мефаҳмед?

Дидан карданд: 1497

Мавзӯъҳои монанд:

Тарзи таҳлил ва тафсири ахбору иттилооти бадастомада

Усул ва равишҳои ҷамъоварии ахбори иҷтимоӣ

Барномаи тадқиқоти иҷтимоӣ

Тадқиқоти иҷтимоӣ ва шаклҳои он

Тадқиқоти мушаххаси иҷтимоӣ

Ташкилотҳои байналхалқии исломӣ

Хусусияти хоси дини ислом ҳамчун институти иҷтимоӣ

Ташаккули дин ҳамчун институти иҷтимоӣ

Симои иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии корманд

Инсон ҳамчун омили субъективии рушди иқтисодиёт

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: