|

Пайдоиши низоъҳои иҷтимоӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2015-10-30

Мавҷудияти гурӯҳҳои бисёри иҷтимоие, ки ҳар яке манфиатҳои худро дунболгирӣ доранд, нобаробарии даромад, ширкат дар идоракунии ҳокимият, мавқеъ ва мақоми гуногун дар ҷомеа, мавҷудияти баъзе имтиёзҳо барои табақаи муайян манбаи низоъҳои иҷтимоӣ мебошад. Даъвои соҳиб шудан ба ин ё он имтиёз низ яке аз манбаъҳои асосии низоъҳо аст. Кишварҳои имрӯза, аз ҷумла ҷомеаи Тоҷикистон низ аз низоъҳо холӣ нестанд, зеро мавҷудияти низоъ ҳодисаи муқаррарии ҳаёти ҳар як ҷамъияти инсонӣ маҳсуб меёбад.
Мафҳумҳои «зиддиятҳои объективии иҷтимоӣ» ва «низоъҳои иҷтимоӣ» ба ҳам наздик бошанд ҳам, як нестанд. Зиддиятҳои иҷтимоӣ дар натиҷаи бархӯрди манфиатҳои гурӯҳи калони одамон, табақаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд меоянд. Низоъҳои иҷтимоӣ бошанд, бо дарки субъективии зиддияти манфиатҳои аъзоёни ин ё он гурӯҳҳои иҷтимоӣ алоқаманд аст.    
Мафҳуми «низои иҷтимоӣ» нисбат ба «зиддияти иҷтимоӣ» хеле маҳдуд аст. Он бештар аз муносибатҳои тарафайни одамон, гурӯҳҳо сар мезанад.
Низоъ ин бархӯрди мақсадҳои мутақобила, мавқеъ, афкор ва нуқтаи назари ду ё якчанд шахси ҳариф мебошад. Олими англис Э. Гидденс оид ба низоъ чунин ақида баён намудааст: «Ман зери мафҳуми низоъ муборизаи воқеиро байни ду шахс ё гурӯҳи амалкунанда, новобаста аз сарчашма, тарз ва воситаҳое, ки онҳо истифода мекунанд, дар назар дорам».
Таърихи инсоният собит месозад, ки ягон ҷомеа аз низоъҳо орӣ нест. Чунин ҳолат ба вуҷуд омадани соҳаи махсуси донишҳои иҷтимоӣ – низоъшиносӣ (конфликтология)-ро тақозо намуд.
Дар ин фан як қатор саволҳо, аз ҷумла саволи «Оё низоъҳо натиҷаи халалдор гаштани раванди  объективии рушди ҷомеа, рафтору кирдори одамон, гурӯҳҳои иҷтимоианд,  ё ҳодисаи муқаррарии ҷомеа мебошанд?» баррасӣ мешаванд.
Кулли олимон бар ин ақидаанд, ки низоъҳо ҳодисаи муваққатӣ буда, онҳо ҳатман бартараф карда мешаванд. Зиёда аз ин, чунин ҳолатҳо муяссар мегарданд, ки онҳо боиси умуман аз байн рафтани низоъҳо мешаванд.
Баробари ин бояд таъкид намуд, ки як қатор олимон доимӣ будани низоъҳоро дар ҷомеа эътироф намуда, онҳоро такондиҳандаи рушди ҷомеа меҳисобанд. Ба ақидаи онҳо низоъ ҳодисаи ғайримуқаррарӣ набуда, балки падидаи табиӣ, унсури зарури муносибати ҳаёти иҷтимоӣ мебошад. Ин андеша бештар дар таълимоти ҷомеашиносон Г. Зиммел, Р. Дарендорф, Л. Козер баррасӣ гаштааст.

Дидан карданд: 3623

Мавзӯъҳои монанд:

Тарзи таҳлил ва тафсири ахбору иттилооти бадастомада

Усул ва равишҳои ҷамъоварии ахбори иҷтимоӣ

Барномаи тадқиқоти иҷтимоӣ

Тадқиқоти иҷтимоӣ ва шаклҳои он

Тадқиқоти мушаххаси иҷтимоӣ

Ташкилотҳои байналхалқии исломӣ

Хусусияти хоси дини ислом ҳамчун институти иҷтимоӣ

Ташаккули дин ҳамчун институти иҷтимоӣ

Симои иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии корманд

Инсон ҳамчун омили субъективии рушди иқтисодиёт

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: