|

Оила – муҳимтарин институти иҷтимоӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2015-10-30

Оила намунаи оддӣ ва таърихии институти иҷтимоӣ мебошад. Он, як навъ, иттиҳоди одамон аст, ки ба никоҳ ва хешовандии хунӣ дар ҳаёти муштарак ва ҷавобгарии тарафайни онҳо асос меёбад.
Ҳанӯз дар ибтидо асоси оиларо никоҳ ташкил медод. Никоҳ шакли таърихии муносибатҳои тағйирёбандаи иҷтимоии байни зану мард буда, ҳаёти ҷинсӣ, ҳуқуқу вазифаҳои заношӯиро таъйин ва танзим менамояд.
Оила чун институти иҷтимоӣ якчанд зинаҳоро аз сар мегузаронад. Одатан чунин зинаҳо муайян гаштаанд: а) ба никоҳ даромадан – ташкили оила; б) ибтидои фарзанддоршавӣ – тавлиди кӯдаки аввал; в) хотимаи тавлид – соҳиби фарзанди охирин гаштан; г) «лонаи холӣ», яъне ба никоҳ даромадан ва оилаи алоҳида ташкил намудани фарзандон; ғ) қатъи мавҷудияти оила – фавти зан ё шавҳар.
Оила вазифаҳои гуногун ва муҳими иҷтимоиро иҷро мекунад, ки аз ҷумлаи онҳо тарбиявӣ, маишию рӯзгордорӣ, иқтисодӣ, назорати иҷтимоӣ, муоширати маънавӣ, мақоми иҷтимоӣ, ташкили истироҳат, равонӣ ва ғайра мебошанд.

Саволҳо барои санҷиши дониш
  1. Институти иҷтимоӣ чист?
  2. Кадом институтҳои иҷтимоӣ вуҷуд доранд?
  3. Таърифи институти иҷтимоиро медонед?
  4. Асосгузорони равияи мактаби институтсионалӣ киҳоанд?
  5. Иҷтимоигароӣ чист?
  6. Дисфунксияи институти иҷтимоӣ чӣ маънӣ дорад?
  7. Оила кадом вазифаҳои иҷтимоиро иҷро мекунад?

Дидан карданд: 4466

Мавзӯъҳои монанд:

Тарзи таҳлил ва тафсири ахбору иттилооти бадастомада

Усул ва равишҳои ҷамъоварии ахбори иҷтимоӣ

Барномаи тадқиқоти иҷтимоӣ

Тадқиқоти иҷтимоӣ ва шаклҳои он

Тадқиқоти мушаххаси иҷтимоӣ

Ташкилотҳои байналхалқии исломӣ

Хусусияти хоси дини ислом ҳамчун институти иҷтимоӣ

Ташаккули дин ҳамчун институти иҷтимоӣ

Симои иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии корманд

Инсон ҳамчун омили субъективии рушди иқтисодиёт

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: