|

Шакл ва вазифаҳои институти иҷтимоӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2015-10-30

Ҳар як институт вазифаи хоси иҷтимоии худро иҷро менамояд. Маҷмӯи инҳо вазифаҳои умумии институти иҷтимоиро ташкил медиҳад. Ҷомеашиносон вазифаҳои гуногуни институти иҷтимоиро нишон додаанд. Маъмултарин вазифаҳои институти иҷтимоӣ инҳо мебошанд: а) бақои аъзоёни ҷамъият; б) иҷтимоигароӣ, яъне аз як насл ба насли дигар ирсол кардани қоидаҳои одобу рафтор, арзиш ва тарзи фаъолият; в) истеҳсолот ва тақсимот; г) идоракунӣ  ва назорат.
Институтҳои иҷтимоӣ аз ҳамдигар бо чунин хусусиятҳо низ фарқ мекунанд: а) институтҳои иҷтимоию иқтисодӣ шакли моликият, табодул, пул, бонкҳо, иттиҳодияҳои хоҷагии гуногун ва ғайраро фаро мегиранд; 2) институтҳои сиёсӣ давлат, ҳизбҳо, созмони ҷавонон, иттифоқи касаба ва ғайраро ташкил медиҳанд; 3) институтҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва тарбиявӣ вазифаи азбаркунӣ ва эҷоди арзишҳои мадании иҷтимоиро иҷро карда, одамонро ба фавқулфарҳанги муайян ҳидоят мекунанд, тавассути таълиму тарбия иҷтимоигароии шаҳрвандонро амалӣ мегардонанд; г) институти меъёриву ҳидоятӣ, ки бо афкор, қонуну қоида ва арзишҳои ахлоқию маънавӣ сарукор дорад, дар ҷомеа, созмону иттиҳодияҳо арзишҳои маънавии умумибашарӣ, ойинҳои махсус ва одоби муоширатро пешкаш ва талқин менамояд; ғ) институти меъёрию тасвибӣ ташкилоти қонунбарор, прокуратура, суд муассисҳои қудратиро фаро мегирад, қонуну меъёрҳо эҷод намуда, онҳоро дар санадҳои маъмуриву ҳуқуқӣ акс гардонда, ба таври ҳатмиву маҷбурӣ амалӣ намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро танзим мекунад; д) институти маросимию рамзӣ ва вазъиятию конвенсиалӣ дар заминаи қабули меъёрҳои конвенсионалӣ (тариқи шартнома), истиқрори он ба таври расмӣ ва ғайрирасмӣ ташкил мегардад.
Ин меъёрҳо вохӯрӣ ва равобити ҳаррӯза, асноди гуногуни фаъолияти гурӯҳӣ ва байнигурӯҳиро танзим менамоянд

Дидан карданд: 1882

Мавзӯъҳои монанд:

Тарзи таҳлил ва тафсири ахбору иттилооти бадастомада

Усул ва равишҳои ҷамъоварии ахбори иҷтимоӣ

Барномаи тадқиқоти иҷтимоӣ

Тадқиқоти иҷтимоӣ ва шаклҳои он

Тадқиқоти мушаххаси иҷтимоӣ

Ташкилотҳои байналхалқии исломӣ

Хусусияти хоси дини ислом ҳамчун институти иҷтимоӣ

Ташаккули дин ҳамчун институти иҷтимоӣ

Симои иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии корманд

Инсон ҳамчун омили субъективии рушди иқтисодиёт

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: