|

Ақидаҳои таҳаввулгароӣ ва инқилобгароии рушди ҷомеа

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2015-10-30

Тағйирёбии иҷтимоӣ ва назарияи инкишофи ҷомеа, механизм ва равандҳои он яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеашиносӣ мебошад. Мафҳуми «таҳаввули иҷтимоӣ» маънии хеле умумӣ дорад.
Тағйирёбии иҷтимоӣ ин гузариши низомҳои иҷтимоӣ, институтҳо ва  ташкилотҳо аз як ҳолат ба ҳолати дигар мебошад. Мафҳуми «тағйирёбии иҷтимоӣ» тавассути мафҳуми «инкишоф» маънии нисбатан мушаххас пайдо менамояд. Инкишоф раванди бебозгашти тағйирёбии объектҳои моддию маънавӣ, тағйирёбиро аз поён ба боло, аз содда ба мураккаб ифода менамояд.
Одатан ҷомеашиносон якчанд шакли тағйирёбии иҷтимоӣ ва инкишофро ҷудо мекунанд. Тағйирёбии иҷтимоии таҳаввулӣ (эволютсия – лот.: ташаккул), инқилобӣ (револютсия – лот.: табаддулот), инкишоф (лот.: болоравӣ), таназзул (лот.: пастравӣ), тақлидӣ (лот.: тақлид) ва инноватсионӣ (навоварӣ) аз қабили онҳост.
Тағйирёбии таҳаввулӣ ва инқилобӣ одатан чун шаклҳои тағйирёбии ба ҳам зид баррасӣ мегардад. Тағйироти иҷтимоии таҳаввулӣ равандест, ки объектҳо зина ба зина ба таври табиӣ ва тадриҷан аз як ҳолат ба ҳолати дигар мегузаранд. Дар тағйироти инқилобӣ бошад, дигаргуниҳои куллии сифатӣ бо суръати тез ба амал меоянд.
Таълимоти таҳаввулгароии иҷтимоӣ мекӯшад, ки раванди таърихро чун ҷузъи ҷараёни беҳудуд, рангоранг ва фаъоли таҳаввулоти кайҳон, замин, фарҳанг тасаввур кунад. Намояндаи барҷастаи назарияи таҳаввулгароӣ ҷомеашиноси англис Г. Спенсер мебошад. ӯ нақшаи нисбатан мукаммали раванди таҳаввулотро эҷод кард, ки он якчанд нуктаи муҳиму аслиро дарбар мегирад. Санги маҳаки ин нақшаро раванди дифференсиатсия (лот.: тафриқа) ва интегратсияи (лот.: истиқрор) ҳодисаҳои иҷтимоӣ ташкил медиҳад. Ба ақидаи Спенсер таҳаввули иҷтимоӣ ҷузъи таркибии таҳаввулоти ҳамаҷониба мебошад. Он аз шаклҳои мураккабгардидаи ҳаёти иҷтимоӣ, дифференсиатсия ва интегратсияи он иборат аст. Дар таълимоти Г. Спенсер мазмуни ақидаҳои ҷомеашиносони таҳаввулгарои асри Х1Х, ки мавҷудияти зинаҳои таърихии ҷамъияти инсониро эътироф доштанд, ба таври мураттаб ифода ёфтааст. Мувофиқи он таърихи инсоният аз шаклҳои содда ба мураккаб,  аз шакли анъанавӣ ба ақлонӣ, аз бедонишӣ ба маърифатнокӣ ва ниҳоят аз дифференсиатсия ба сӯи интегратсия, ваҳдату ягонагии ҳаёти иҷтимоӣ ҳаракат менамояд.
Охирҳои асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ дар радифи таълимоти таҳаввулгароии Г. Спенсер назарияҳои «ҷамъияти саноатӣ ё индустриалӣ» ва «ҷомеаи баъдииндустриалӣ» ташаккул ёфтанд.
Таълимоти ҷомеашиносони таҳаввулгаро байни дигар назарияҳои иҷтимоӣ мақоми афзалиятнок ишғол мекард. Вале, баробари ин, назарияи инқилобгароии тағйирёбии иҷтимоӣ низ вуҷуд дошт. Эҷодгарони ин назария асосгузорони таълимоти марксистӣ К. Маркс ва Ф. Энгелс буданд. 
Таълимоти марксистии рушди ҷомеа дар маънидоди таърихи инкишофи тамаддуни инсонӣ ба назарияи тараққиёти форматсионӣ (лот.: шакл) такя менамояд.
Тибқи ин таълимот инсоният панҷ зинаи асосии тараққиёт: ҷамъияти ибтидоӣ, ғуломдорӣ, феодалӣ, капиталистӣ ва коммунистиро аз сар мегузаронад. Гузариш аз як зинаи тараққиёт ба зинаи дигар фақат тавассути инқилоби иҷтимоӣ рух медиҳад.

Дидан карданд: 1503

Мавзӯъҳои монанд:

Тарзи таҳлил ва тафсири ахбору иттилооти бадастомада

Усул ва равишҳои ҷамъоварии ахбори иҷтимоӣ

Барномаи тадқиқоти иҷтимоӣ

Тадқиқоти иҷтимоӣ ва шаклҳои он

Тадқиқоти мушаххаси иҷтимоӣ

Ташкилотҳои байналхалқии исломӣ

Хусусияти хоси дини ислом ҳамчун институти иҷтимоӣ

Ташаккули дин ҳамчун институти иҷтимоӣ

Симои иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии корманд

Инсон ҳамчун омили субъективии рушди иқтисодиёт

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: