|

Вазифаҳои ҷомеашиносӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2015-10-30

Гуногуншаклии дараҷаҳои донишҳои иҷтимоӣ ва алоқамандии онҳо бо ҳаёти ҷамъият вазифаҳои ин фанро муайян менамоянд. Яке  аз вазифаи қаблии ҷомеашиносӣ чун дигар фанҳо маърифатомӯзонӣ мебошад. Ҷомеашиносӣ дарку фаҳмиши илмии моро оид ба ҳаёти иҷтимоӣ бо  донишҳои нав мукаммал мегардонад. Ин вазифаро ҳам тадқиқоти бунёдӣ, ҳам амалӣ ва ҳам ҳандасаи иҷтимоъ  анҷом медиҳанд.
Ҷомеашиносӣ якчанд вазифаҳои амалиро, монанди назорати иҷтимоӣ, пешгӯӣ, нақшагирӣ, мафкуравӣ, башардӯстӣ, иҷро мекунад, зеро қисми зиёди тадқиқоти иҷтимоӣ ба ҳалли масъалаҳои мушаххас равона гардидааст. Тадқиқоти иҷтимоӣ ҳамеша нисбати вазъу воқеияти ҳаёти ҷамъият ба мо иттилоот медиҳад, ки барои назорати он аҳамияти калон дорад. Бе чунин маълумот дар ҳастии ҷомеа муташанниҷӣ, бӯҳронҳо ва низоъҳо пайдо мегарданд.
Ҷомеашиносӣ, ҳамчунин, вазифаи пешгӯиро иҷро мекунад.
Ба туфайли тадқиқоти иҷтимоӣ равандҳои инкишофи ҷомеаро муайян намудан мумкин аст. Дар ин соҳа ҷомеашиносӣ имкониятҳои зеринро доро мебошад:
– доираи имкониятҳои эҳтимолии иштирокдорони ҳодисаҳо дар зинаи муайяни таърих равшан карда мешавад;
– шаклҳои хостории (алтернатива) рушди саҳнавии ҳодисаҳоро маълум мегардонад;
– оқибат надоштани инкишофи баъзе тамоилҳои иҷтимоиро муайян месозад.
Ҷомеашиносӣ ба тадқиқоти мушаххаси пешакӣ дар таҳияи нақшаҳои дурнамои тараққиёт барои давлат ва ташкилоту институтҳои иҷтимоӣ хидмат менамояд.
Ҷомеашиносӣ вазифаи башардӯстиро иҷро мекунад, барои ба ҳам наздикшавии одамон, гурӯҳу табақаҳои гуногун, таҳкими рафоқату дӯстиии онҳо кӯмак мерасонад. Он барои солим гаштани муҳити иҷтимоӣ, дар заминаи қоидаҳои одамдӯстӣ ба роҳ мондани муносибатҳои ҷамъиятӣ хидмат менамояд.

Аёният барои мавзӯъ ва вазифаҳои ҷомеашиносӣ

Дараҷаи таҳлили иҷтимоӣ

Дараҷа

Унсур

Мисолҳо

Робитаҳои байнишахсӣ

Ҳамкориҳои намунавӣ
(аз рӯи қоида)
Рафтор тибқи нақша
Мартабаи иҷтимоӣ
Муносибатҳои
байнишахсӣ

Бозии футбол

Мураббӣ-бозингар
Адвокат-мулкдор
Донишҷӯёни донишкада

Гурӯҳӣ

Гурӯҳи хурд
Ташкилот
Муносибатҳои гурӯҳӣ

Гурӯҳи рафиқон
Беморхона
Меҳнат – идоракунӣ

Иҷтимои миқёс

Институт
Тартиботи иҷтимоӣ
Синф ва табақа
Шаҳр ва умумият

Дин
Ҳокимияти мутлақ
Айёну ашроф
Душанбе – сокинон

Низомҳои ҷаҳонӣ

Муносибатҳои байналхалқӣ
Созмонҳои байналмилалӣ
Институти ҷаҳонишавӣ
Вобастагии ҳамдигарии
ҷаҳонӣ

СММ
Гринпис
Ислом
Истеҳсоли нафт

Саволҳо барои санҷиши дониш

  1. Ҷомеашиносӣ ҳамчун илм чиро меомӯзад?
  2. Доираи мавзӯъ ва масъалаи ҷомеашиносӣ кадомҳоанд?
  3. Мафҳуми «иҷтимоъ» чӣ маъно дорад?
  4. Ҷомеашиносӣ бо дигар илмҳои ҷамъиятӣ чӣ алоқамандӣ дорад?
  5. Сохтори ҷомеашиносиро ҷомеашиносон ба кадом дараҷаҳои тадқиқот ҷудо кардаанд?
  6. Ҷомеашиносии бузург ва хурд (макро- ва микросотсиология) чист?
  7. Вазифаҳои асосии ҷомеашиносиро номбар карда метавонед?

Супоришҳо барои машғулияти амалӣ

  1. Мавзӯъ  ва объекти маърифати илми ҷомеашиносӣ
  2. Алоқамандии ҷомеашиносӣ бо дигар фанҳои ҷамъиятӣ
  3. Сохтор ва вазифаҳои ҷомеашиносӣ

Мавзӯъ барои кори мустақилона бо роҳбарии устод

  1. Хусусияти хоси фанни ҷомеашиносӣ, умумият ва фарқияти он аз дигар илмҳои ҷамъиятӣ
  2. Моҳият ва мазмуни мафҳуми иҷтимоъ дар илми ҷомеашиносӣ

Дидан карданд: 2062

Мавзӯъҳои монанд:

Тарзи таҳлил ва тафсири ахбору иттилооти бадастомада

Усул ва равишҳои ҷамъоварии ахбори иҷтимоӣ

Барномаи тадқиқоти иҷтимоӣ

Тадқиқоти иҷтимоӣ ва шаклҳои он

Тадқиқоти мушаххаси иҷтимоӣ

Ташкилотҳои байналхалқии исломӣ

Хусусияти хоси дини ислом ҳамчун институти иҷтимоӣ

Ташаккули дин ҳамчун институти иҷтимоӣ

Симои иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии корманд

Инсон ҳамчун омили субъективии рушди иқтисодиёт

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: