|

Биосфера ва таъсири фаъолияти хоҷагидории инсон

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2015-10-27

Ба акидаи табиатшиноси маъруфи асри 20 В.И. Вернад-ский инсоният кодир аст, ки бо меҳнат ва заковати худ био-сфераро тағйир диҳад, ба манфиати инсони озодфикри рӯи замин қабати моддии наверо бунёд кунад, ки онро ноосфе-ра ё сфераи хирад гӯянд. Инсон соҳаи геологии ҳаётро ди-гаргун карда, ба суръати раванди геологӣ таъсир мекунад. Муҳити геологӣ як кисми қишри зери таъсири инсонбудаи замин ва ҷузъи муҳити атрофии мост. Оянда дар натиҷаи қувваи истеҳсолкунандаи ҷамъият будани илм фаъолияти инсон аз ҳадди локаливу минтақавй то глобалӣ васеъ ме-шавад. Вале ҳоло дар фаъолияти меҳнатии худ одамон ни-зоми гардиши биологиву биокимиёвии моддаҳоро пурра риоянамекунанд. Сабаби ин иетифодаи нопурраи микдори хеле зиёди захираҳои моддй ва мувофиқан партовҳои зиёди истеҳсоливу технологианд, ки табиат аз ӯхдаи коркарди такрории онҳо баромада наметавонад, яъне табиат аз суръ-ати ҳирси болоравандаи одам қафо монда истодааст.
Масалан, маҳсулнокии солонаи ҳамаи ҷангалҳои Авру-по 282 млн. м3 чӯб аст, вале аз с. 1958 сар карда, ҳаҷми ис-теҳсоли он ба 309 млн. м3 расидааст. Барои нашри фақат як (!) шумораи рузномаи «Монд» (Фаронса) афзоиши солонаи (!) маҳсулоти чубии 160 гектар арчазор сарф мешавад. Ин-гуна мисолҳоро аз соҳаҳои дигари фаъолияти инсон низ овардан мумкин аст, вале ёдовар шудан шояд кофӣ бошад, ки ҷангалзорҳо ҳамаги 38%- и хушкии сатҳи сайёраро ишғол карда, 92%- и биомассаи тамоми набототи рӯи За-мин ва 46%- и маҳсули солонаи фотосинтезро медиҳанд. Фаъолияти саноатии мо ба биосенозҳо то андозае зарар мерасонад, ки беихтиёр ба бӯҳрони экологй меорад. Чунин биосфераеро, ки одамон маъюбу хароб кардаанд, сфераи хирад ё ҳаёти нав номидан таҳқир аст. Тақдири ояндаи биосфера аз кобилияти одамон вобаста аст, ки то чи андоза ва кай ба ҷорй кардани технологияи бепартов мегузаранд,яъне истифодаи камплексии ашёи хому партовҳоро ёд ме-гиранд. Усулҳои қобили қабули истифодаи захираҳоро аз худи табиат омӯхтан зарур аст.
Дар ҳама давраҳо тамоили нигохдории мувозинати зуҳуроти дилхоҳи табиат мушоҳида мешавад. Мавҷудоти фавтида «масолеҳи бинокорӣ»- и мавҷудоти нави тавлид-шаванда аст. Ба туфайли гардиши доимӣ моддаи органикӣ фақат аз як сатҳи трофикй ба дигараш мегузарад. Ин аст, ки биомассаи умумии сатҳи сайёра ҳамеша доимй мемонад.
Қисман вайроншавй ва аз ҳисоби он тавлиди биомассаи нав ҳамдигарро мувозинат мекунанд. Ҳатто элементҳои биогении таркиби биосфера алоҳида- алоҳида микдоран доимӣ мемонанд. Моддаҳои органикии кӯҳнашуда (умра-шон ба поёнрасида) партовҳои табиианд, вале онҳо чун ғизои микроорганизмҳо, ҳашароту ҳайвонот пурра исти-фода мешаванд, ки ин ҳалқаи охирини занҷири сарбастаи низоми биосфераи сайёра аст. Инро дар асоси тадқиқоти ҷиддии қонуниятҳои инкишоф ва сохти системаи табиию техногенй амалӣ кардан мумкин аст.
Ҳатто аз назари сатҳӣ пинҳон намемонад, ки дар ҳудуди биосфера истеҳсоли такрориву мунтазами табиат натиҷаи истифодаи сарфакоронаву сарбастаи ҳамон як маҷмӯи элементҳои кимиёвист. Онҳо масолеҳи сохтмонии ҳама таркибҳои биосфераи имрӯзаанд ва миллиард сол қабл ҳам ҳамин тавр буд, вале ин чунин маъно надорад, ки танҳо муҳити атроф сабабгори таҳаввулоти ҳаёти зами-нист. Симои сайёра бо қабатҳои ҳаво, об, хок, қишри За-мин зери таъсири кулли мавҷудоти зинда дар тӯли фосилаи зиёди замонӣ ташаккул ёфтааст. Дарки пурраи ин масъа-лаҳо талаби таъхирнопазири айём аст.
Масалан дар масофаҳои гуногун аз корхонаи саноатӣ таркиби намудҳо ва маҳсулнокии организмҳо комилан фарқ мекунад. Инро аз мушоҳидаи флораи маҳалҳои ҳамсояи комбинати семент (ш.Душанбе), заводи алюминий (ш. Турсунзода) ё обанбори Қайроққум фаҳмидан душвор нест. Хатти технологии корхона ва истеҳсолоти он бояд ба кисми фаъоли экосистема табдил дода шаванд. Ҳудуди таъсири тарафайни корхонаву муҳити атрофро ба воситаи нишондиҳандаҳои сифатию м?5кдорй муайян кардан зарур аст. Ба мувозинати устувори параметрҳои истеҳсолот ва муҳит муваффак шуда, маҳсулнокии баланди биосеноз ва шароитҳои оптималии фаъолияти инсонро таъмин кардан мумкин аст.
Пас, барои идора карда тавонистани ҳолати муҳити ат-роф (ё гузариш ба ноосфера) зарур аст, ки нишон-диҳандаҳои истеҳсолии корхонаҳо дар робита ба маҳсулнокии соҳаи аграрии алоқаманд ва ҳолати санитарӣ-I игиении муҳити табиӣ (инчунин бунёди зонаҳои ис-теҳсолӣ, истикоматй, истироҳатӣ) муайян карда шаванд.
Саволҳо

  1. Соҳаи геологш ҳаётро дигаргун кардани инсон чӣ маънӣ до-рад?
  2. Оид ба истифодаи нопурраи ашёи хом мисолҳо биёред.
  3. Дар фаъолияти конструктор ба табиат тақлид кардан мушоҳида мешавад?
  4. Партови истеҳсолӣ чист? Партови технологӣ чист?
  5. Дар асоси каркарди саноатии пахта мафҳуми «технологияи бапартов»- ро шарҳ диҳед.
  6. Нишондиҳандаи истеҳсолии корхонаро аз нигоҳи экологӣ чӣ тавр бояд муайян намуд.

Дидан карданд: 4320

Мавзӯъҳои монанд:

Экология - асоси назариявии ҳифзи муҳити зист

Сарватҳои табиӣ ва истифодаи онҳо

​Шароитҳои табиӣ ва таъсири фаъолияти

Шакли баҳисобгирии муҳосиби чист?

Омилҳои экологӣ. Биосфера. Тавсифи умумии биосфера

Ҳолати ҳозираи мухити зист. Манбаҳо ва сарчашмаҳои ифлосшавии атмосфера.

Экология ва саломатии инсон

Таъсири ифлосшавии мухити зист барои саломатии одам.

Проблемаҳои глобалии экалогӣ. Принипҳои самаранок истифода барии захираҳои табии.

Инкишофи техногенез ва омилхои ба он таъсиркунанда дар Точикистон

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: