|

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд (ҶДММ)

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2015-10-24

Ҷамъияти аз ҷониби як ё якчанд шахс таъсис гардидае ҷамъияти дорои Масъулияти маҳдуд дониста мешавад, ки сармояи оинномавии он ба ҳиссаҳои баробар, ба андозаи муайян  намудаи ҳуҷҷатҳои таъсис, тақсим шудааст.
Иштирокчиёни ҶДММ аз рӯи ӯҳдадориҳои он масъулият надорад ва зиёни таваккали марбут ба фаъолияти ҷамъиятро дар доираи арзиши саҳми гузаштаашон бар дӯш дорад.
Номи фирмавии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд бояд номи ҷамъият ва ибораи «дорои масъулияти маҳдуд» - ро дошта бошад.

    1. Иштирокчиёни ҶДММ

Шумораи иштирокчиёни ҶДММ набояд набояд аз 30 нафар зиёд бошад. Дар акси ҳол, агар шумораи иштиркочиёни он то ҳаддии муқарраргардида кам карда нашавад, он бояд дар давоми сол ба ҷамъияти саҳҳомӣ табдил ёбад ва баъди гузаштани ин мӯҳлат бошад, бо тартиби судӣ  бояд барҳам дода шавад.
ҶДММ ҷамъияти хоҷагидории дигарро, ки аз як шахс иборат аст, ба сифати иштирокчии ягона дошта наметавонад.

    1. Ҳуҷҷатҳои таъсиси ҶДММ

Ҳуҷҷатҳои таъсиси ҶДММ шартномаи таъсиси аз ҷониби муассисони он имзогардида ва оинномаи тасдиқнамудаи онҳо ба ҳисоб меравад. Агар ҷамъиятро як шахс таъсис диҳад, ҳуҷҷати таъсиси он оиннома меборшад.
Шартномаи таъсиси ҶДММ бояд маълумотҳо ва шартҳои зеринро дар бар гирифта бошад:

  1. Маълумоти пурра дар бораи муассисони ҷамъият (маълумотҳои шиносномаи шахсӣ, манзили зист ва ғайра);
  2. ном, маҳалли ҷойгишавӣ, мӯҳлат ва намудҳои фаъолияти ҷамъият;
  3. ҳаҷми сармояи оинномавии ҷамъият бо назардошти ҳиссаи ҳар як иштирокчӣ;
  4. тартиби таъғир додани ҳаҷми ибтидоии сармояи оинномавӣ ва ҳиссаи ҳар як иштирокчӣ ё имконпазир будани тағъирот;

Сармояи оинномавии ҶДММ

Сармояи оинномавии ҶДММаз арзиши саҳмия иштирокчиёни он иборат аст ва ҳадди ақаллӣ амволи ҷамъиятро муайян мекунад, ки манфиати кредиторони онро кафолат медиҳад. Андозаи сармояи оинномавӣ аз маблағи муайяннамудаи қонун др бораи ҶДММ камтар Буда наметавонад (400 х Мха ӯ 40 х 20 ӯ 8000 сомонӣ).
Озод кардани иштирокчиёни ҶДММ аз ӯҳдадории саҳмгузорӣ ба сармояи оинномавии ҷамъиятӣ, аз ҷумла бо роҳи ба ҳисоб гирифтани талабот ба ҷамъият, роҳ дода намешавад.
Дар лаҳзаи бақайдгирии ҶДММ аз ҷониби иштирокчиёни он бояд на камтар аз нисфи сармояи оинномавии ҷамъият пардохта шавад. Қисми пардохтанашудаи сармояи оинномавӣ бояд дар давоми як соли фаъолияти ҷамъият аз ҷониби иштирокчиёнаш пардохта шавад.
Дар сурати вайрон кардани ин ӯҳдадорӣ ҷамъият бояд дар хусуси кам кардани сармояи оинномавии худ эълон карда, онро мувофиқи тартиби муқарраргардида аз қайд гузаронад ва ё фаъолияти худро бо роҳи барҳамдиҳи қатъ намояд.
Агар баъди анҷоми соли дуюм ва ҳар соли минбаъдаи молиявӣ арзиши активҳои нақди ҶДММ нисбат ба сармояи оинномавӣ камтар гардад. Ҷамъият вазифадор аст, ки дар хусуси кам кардани сармояи оинномавии худ эълон дошта, камшавии онро аз гузаронад. Агар арзиши акивҳои нақди ҷамъият андозаи ҳадди ақали дар қонун муайянкунанда сармояи оинномавӣ камтар шудан гирад, _________ бояд барҳам дода шавад.
Кам кардани сармояи оинномавии ҶДММ танҳо пас аз огоҳ сохтани тамоми кредиторони  он иҷозат дода мешавад. Дар ин ҳолат кредиторон ҳуқуқ доранд, ки қатъ ё иҷрои пеш аз мӯҳлати ӯҳдадориҳои дахлдор  ва ҷуброни зиёнашонро талаб намоянд.
Ба зиёд кардани сармояи оинномавии ҷамъият пас аз саҳмгузории пурраи тамоми иштирокчиёни он иҷозат дода мешавад. Бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки бо аксарияти овози аз се ду ҳиссаи (67%) тамоми иштирокчиёни ҷамъият қабул шудааст, мумкин аст ӯҳдадори онҳо дар мавриди мутаносибан ба ҳиссаҳосшон дар фонди оинномавии ҷамъият дохил намудани саҳми иловагӣ муқаррар карда шавад.

  1. тартиби тақсими фоида;
  2. мақомоти роҳбарикунандаи ҷамъият;
  3. бақайдгирии ҷамъият аз тарафи шахси масъул;
  4. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ҷамъият;
  5. Ҳаллу фасли мубоҳисаи марбут ба фаъолияти ҷамъият.

Шартномаи таъсис дигар шартҳоро низ дар бар гирифта метавонад.
Оинномаи ҶДММ бояд маълумотҳоро дар бораи андоза таркиб, мӯҳлат ва тартиби саҳмгузории иштирокчиёни онҳо барои вайрон кардани ӯҳдадориҳо дар мавриди саҳмгузорӣ: дар бораи андозаи фонди оинномавии ҷамъият; дар бораи ҳайат ва салоҳияти мақомоти идораи ҷамъият ва тартиби қарор қабул кардани онҳо аз ҷумла доир ба масъалаҳое, ки аз рӯи онҳо қарорҳо бо як овоз (якдилона) ё бо аксарияти мутлақи овозҳо қабул карда мешавад, инчунин дигар маълумоти пешбининамудаи қонунро дошта бошад.
Ҳамчун мисол тартиби Оинномаи яке аз ҷамъиятҳо дида мебароем:

  1. Номгӯй, суроға ва муддати фаъолият;
  2. муассисони ҷамъият;
  3. мақсад ва вазифаҳои фаъолияти ҷамъият;
  4. ҳуқуқҳои ҷамъият;
  5. иштирок дар ҷамъият;
  6. сармояи оинномавии ҷамъият;
  7. маблағи иштирокчиёни ҷамъият;
  8. ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои иштирокчиён;
  9. масъулияти иштирокчиён;
  10. сармояҳои ҷамъият;
  11. тақсимоти фондҳои ҷамъият;
  12. моликияти ҷамъият;
  13. ҳифзи ҳуқуқии моликияти ҷамъият;
  14. нарх ва нархгузорӣ;
  15.  соли молиявӣ;
  16. бурдани ҳисобот;
  17.  маҷлиси умумии иштирокчиён;
  18. ҷамъомади маҷлис;
  19.  салоҳияти махсуси маҷлис;
  20.  директор;
  21. комиссияи тафтишотӣ;
  22. кормандони ҷамъиятӣ;
  23.  азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ҷамъият;
  24. ҳаллу фасли муноқишаҳое, к ба фаъолияти ҷамъият дахл дорад;
  25. тағъирот ва иловаҳо ба оиннома;
  26. эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардани оиннома;

4.4. Идораи ҶДММ
Мақоми олии идораи ҶДММ маҷлиси умумии иштирокчиёни он мебошад.
Дар ҶДММ мақоми иҷроия (дастҷамъи ё инфиродӣ) таъсис дода мешавад, ки роҳбарии ҷориро ба фаъолияти он анҷом дода, ба маҷлиси умумии иштирокчиёни он ҳисобот медиҳад. Мақоми идораи инфиродии ҷамъият метавонад на аз ҷумлаи иштирокчиёни он низ интихоб гардад.
Салоҳияти мақоми идораи ҷамъият, инчунин тартиби қарор қабул намудан ва аз номи ҷамъият амал кардани онҳо мутобиқи кодекси граҷдании ҶТ, қонун дар бораи ҶДММ ва оиннамаи ҷамъият муайян карда мешавад.
Ба салоҳияти мустаснои маҷлиси умумии иштирокчиёни ҶДММ инҳо дохил мешаванд.

  1. Таъғир додани оинномаи ҷамъият ва андозҳо сармояи оинномавии он;
  2. таъсис додани мақомоти иҷроияи ҷамъият ва пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколатҳо онҳо;
  3. тасдиқ кардани ҳисоботи солона ва баланси муҳосибавии ҷамъият бо тақсимоти фоидаю зиёни он;
  4. қабул кардани қарор дар бораи аз навташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ҷамъият;
  5. интихоб намудани комиссияи тафтишотчии ҷамъият; 
  6. муайян кардани самтҳои асосии фаъолияти ҷамъият;
  7. тасдиқи нақшаҳои он ва ҳисобот дар бораи иҷроиши онҳо;
  8. қабул ва озод намудани иштирокчиёни ҷамъият;
  9. баровардани қарор дар бораи ҷавобгарии молу мулки шахсони масъули ҷамъият;
  10. тасдиқи санадҳои дохилии ҷамъият, муайян намудани сохтори ташкилоти ҷамъият;
  11. тасдиқи нақшаи штатӣ, шартҳои пардохти музди кори шахсони масъули ҷамъият; филиалҳо ва намояндагиҳои он;
  12. ташкил, азнавсозӣ ва барҳамдиҳии филиалҳо ва намояндагиҳо, тасдиқи дастурҳо дар бораи онҳо.

Ба салоҳияти мустаснои маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият мумкин аст, инчунин ҳалли масъалаҳои дигар низ мансуб дониста шавад.
Ҳалли масъалаҳои ба салоҳияти мустаснои маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъиятро мансубро вай ба мақоми иҷроияи ҷамъият супурда наметавонад.
Ҷиҳати тафтиш ва тасдиқи дурустии ҳисоботи солонаи  молиявии ҶДММ ҷамъият ҳуқуқ дорад, ҳар сол аудитории касбии бо ҷамъият ё иштирокчиёни он манфиати амволӣ надошта (аудитории беруна) – ро ҷалб намояд. Ҳисоботи солонаи молиявӣ инчунин метавонад бо талаботи ҳар яке аз иштирокчиёни он тафтиши аудиторӣ карда шавад.
Тартиби тафтишии аудитории ҷамъият тибқи қонун ва оинномаи ҷамъият муайян карда мешавад.
Аз ҷониби ҷамъият ба табъ расонидани маълумот дар бораи натиҷаи идораи корҳои он (ҳисоботи кушод) зарур нест.

Дидан карданд: 4921

Мавзӯъҳои монанд:

МОҲИЯТ ВА ШАКЛҲОИ СОҲИБКОРӢ

Шаклҳои ташкилию хуқуқии сохибкорӣ

Ширкатҳои дорои масъулияти махдуд (ШДММ)

Таъминот бо захираҳо

Омилҳои муайянкунандаи амалиётҳои фаъолияти сохибкори

Муҳити берунаи сохибкорӣ. Бозор – мухити мавҷудияти сохибкорон

Мохияти мухити сохибкори, озодии иқтисоди – унсури пешбарандаи мухити сохибкори

Фаъолияти сохибкори дар бозорҳои қоғазҳои қимматнок ва хизматрасониҳои бонки.

Таснифоти сохибкори. Шаклҳо ва намудҳои сохибкори

Вазифаҳои сохибкори

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: Умед leito_x@mail.ru
Санаи дохилгардида: 2017-01-29

асалому алейкум ако! ман мехостам ки ЧДММ кушоям фаъолият "маркази хизматрасони Диллери TCELL" барои налоговый комитет оиннома зарур будас ое хамин оинномаатон мешад е не?? рахмат


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: