|

Ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, ширкати комил ва ширкати ба боварӣ асосёфта

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2015-10-24

1) Ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ.
2) Ширкати комил
3) Ширкати ба боварӣ асосёфта
1. Ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ ташкилотҳои тиҷоратие мебошанд, ки сармояи оинномавиашон ба ҳиссаҳои муассисон (иштирокчиён) тақсим шудааст.
Амволи аз ҳисоби пасандозҳои муассисон ҳосилшуда, инчунин аз ҷониби ширкату ҷамъияти хоҷагидорӣ дар ҷараёни фаъолияти он истеҳсол ё харидашуда моликисти ҳаққонии он аст.
Ҷамъияти хоҷагидорӣ мумкин аст аз ҷониби як шахс таъсис дода шавад ва ӯ иштирокчии ягонаи он мегардад.
Ширкатҳои хоҷагидорӣ мумкин астдар шакли ширкати комил ё ширкати ба боварӣ асосёфта (командитӣ) таъсис дода шаванд.
Ҷамъяитҳои хоҷагидорӣ метавонанд дар шакли ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд ва иловагӣ таъсис дода шаванд.
Соҳибкорони инфиродӣ ва (ё) ташкилотҳои тиҷоратӣ метавонанд иштирокчиёни ширкатҳои комил ва шарикони комили ширкатҳои ба боварӣ асосёфта бошанд.
Мақомоти давлатӣ ҳуқуқи иштирокчиёни ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ ва саҳмгузорони ширкатҳои ба боварӣ асосёфта буданро надоранд.
Иштироки гурӯҳҳои алоҳидаи шаҳрвандон дар ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ маҳдуд карда мешавад, (прокурор, судя, раиси шаҳр, ҳоким, ва ғайра)
Иштирокчиёни ширкат ё ҷамъияти хоҷагидорӣ доранд, ки:

  1. дар идораи корҳои ширкат ё ҷамъият иштирок намоянд;
  2. дар бораи фаъолияти ширкат ё ҷамъият маълумот гирифта, бо дафтарҳои муҳосибавию аскоди дигари он шинос шаванд;
  3. дар тақсимоти фоида иштирок намоянд;
  4. дар сурати барҳам додани ширкат ё ҷамъият қисми амволи пас аз ҳисоббаробаркунӣ бо кредиторони боқимонда ё арзиши онро гиранд.

Иштирокчиёни ширкат ё ҷамъияти хоҷагидорӣ вазифадоранд, ки:

  1. мувофиқи тартиб, андоза, усул ва мӯҳлатҳои пешбининамудаи ҳуҷҷатҳои таъсис саҳмгузоранд.
  2. маълумоти махфиро дар хусуси фаъолияти ширкат ё ҷамъият ______ накунанд.

Дигар ҳуқуқу ӯҳдадориҳои иштирокчиёни ширкат ё ҷамъият метавонанд дар ҳуҷҷатҳои таъсис инъикос ёфта бошанд.
2. Ширкати комил дониста мешавад, ки иштирокчиёни он (шарикони комил) мутобиқи шартномаи байнашон _________  аз номи ширкат ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуда, аз рӯи ӯҳдадориҳои он нисбати тамоми амволи ба онҳо таалуқдошта масъулият бар дӯш доранд.
Шахс иштирокчии танҳо як ширкати комил Буда метавонад.
Номи фирмавии ширкати комил бояд инҳоро дар бар гирифта бошад:
Номи (унвонӣ) ҳамаи иштирокчиёни он, инчунин калимаҳои « ширкати комил» ё номи (унвони) як ё якчанд иштирокчӣ бои лова кардани калимаҳои «ва компания».

    1. Шартномаи таъсиси ширкати комил

Ширкати комил дар асоси шартномаи таъсис бунёд гардида, амал мекунад ва ин шартнома вазифаи оинномаи ширкати комилро низ анҷом медиҳад.
Шартномаи таъсиси ширкати комил бояд шартҳоро дар бораи андоза ва таркиби фонди оинномавӣ, дар бораи андоза ва тартиби таъғир додани ҳиссаи ҳар иштирокчӣ дар фонди оинномавӣ, андоза, таркиб, мӯҳлат ва тартиби саҳмгузории он дар бораи масъулияти иштирокчиён барои вайрон кардани ӯҳдадориҳои саҳмгузории онро дар бар гирифта бошад.

    1. Идоракунӣ дар ширкати комил

Идоракунии фаъолияти ширкати комил бо мувофиқаи тамоми иштирокчиён сурат мегирад.
Дар шартномаи таъсис мушки ласт ҳолатҳое, пешбинӣ карда шаванд, ки қарор бо аксарияти овози иштирокчиён қабул мегардад.
Агар дар шартномаи таъсис тартиби дигари муайян намудани шумораи овозҳои иштирокчиён пешбинӣ нагардида бошад, ҳар иштирокчии ширкати комил як овоз дорад.
Ҳар иштирокчии ширкат, сарфи назар аз он, ки барои пешбурди корҳои умумӣ ваколатдор аст ё ки ҳақ дорад, шахсан бо тамоми ҳуҷҷатҳои марбут ба пешбурди кори ширкат шинос шавад. Рад кардани чунин ҳуқуқ ё маҳдуд кардани он, аз ҷумла дар асоси созишномаи иштирокчиёни ширкат, эътибор надорад.
1.3. Идораи кори ширкати комил.
Ҳар иштирокчии ширкати комил ҳуқуқ дорад, ки аз номи ширкат амал кунад, агар дар шартномаи таъсис муқаррар нагардида бошад, ки ҳамаи иштирокчиёни ширкат идораи корро якҷоя анҷом медиҳад ё пешбурди кор ба иштирокчиёни алоҳида супорида шудааст. Дар сурати идораи муштараки корҳои ширкат аз ҷониби иштирокчиёни он, барои анҷом ҳар аҳд риозияти ҳамаи иштирокчиёни ширкат зарур аст.
Агар пешбурди кори ширкатро иштирокчиёни он ба зиммаи як ё баъзеи иштирокчиён гузошта бошад иштирокчиёни боқимонда барои аз номи ширкат анҷом додани аҳдҳо бояд ваколатномаи иштирокчиро дошта бошанд, ки пешбурди корҳои ширкат ба зиммааш гузошта шудааст.
Ваколати пешбурдани кори ширкат, ки ба як ё якчанд иштирокчиён дода шудааст, мумкин аст аз тарафи суд бо талаби як ё якчанд иштирокчиёни дигари ширкат, дар мавриди ҷойдоштани асосҳои ҷиддӣ, аз ҷумла дар ҳолати аз тарафи шахси (шахсони) ваколатдор дағалона вайрон кардани ӯҳдадориҳои он (онҳо) қатъ гардонида шавад.
1.4. ӯҳдадориҳои иштирокчии ширкати комил.
Иштирокчии ширкати комил вазифадор аст, мутобиқи шартҳои шартномаи таъсис дар фаъолияти он иштирок намояд ва то лаҳзаи қайдгирии ширкат на камтар аз нисфи саҳми худро ба фонди оинномавии он гузорад. Қисми боқимондаро иштирокчӣ бояд дар мӯҳлати муқаррар намудаи шартномаи таъсис гузорад. Дар сурати иҷро накардани ин ӯҳдадорӣ иштирокчӣ вазифадор аст, ки ба ширкат зиёни расонидаро ҷуброн намояд.
Иштирокчии ширкати коми лбе ризоияти иштирокчиёни боқимонда аз ном ва ба манфиати худ баранҷоми аҳдҳое, ки мутобиқи аҳдҳои моҳияти фаъолияти ширкатро ташкилкунанда ҳуқуқ надорад. Дар сурати вайрон кардани ин қоида ширкат ҳақ дорад, ки бо хотири худ аз чунин иштирокчӣ ҷуброни зиёни ба ширкат расонида, ё ба ширкат супурдани тамоми фоидаи аз чунин аҳдҳо ба даст овардаашро талаб намояд.
1.5. Тақсими фоида ва зиёни ширкати комил.
Агар дар шартномаи таъсис ё созишномаи дигар иштирокчиён тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад фоида ва зиёни ширкати комил байни иштирокчиёнаш мутаносибан ба ҳиссаи онҳо дар фоиди оинномавӣ тақсим карда мешавад.
Агар дар натиҷаи расонидани зиён ба ширкат арзиши активҳои софи он аз андозаи фоиди оинномавиаш камтар шавад, фоидаи ба даст овардаи он то замоне, ки арзиши активҳои нақд аз андозаи фоидаи оинномавӣ зиёдтар нашавад,фоида байни иштирокчиён тақсим карда намешавад.

1.6. Масъулияти иштирокчиёни комил аз рӯи ӯҳдадориҳо.
Иштирокчиёни ширкати комил байни худ муштаракона аз рӯи ӯҳдадориҳои ширкат бо тамоми амволи худ масъулияти субсиадорӣ доранд..
Иштирокчии аз ширкат хориҷшуда аз рӯи ӯҳдадориҳои ширкат, ки то хориҷшавии ӯ ба миён омадаанд, аз санаи тасдиқи ҳисобот дар бораи фаъолияти ширкат дар соли аз ширкат хориҷ шуданаш баробари иштирокчиёни боқимонда дар мӯҳлати се сол масъулият дорад.
Иштирокчии ширкати комил ҳақ дорад бо ризоияти иштирокчиёни боқимондаи он  саҳми худро дар амволи ширкат, ки ба саҳми ӯ дар фонди оинномавӣ мутобиқ аст, ё як қисми онро ба иштирокчии дигари ширкат ва ё шахси бегона супорад.

1.7. Аз ҳайати ширкати комил баромадани иштирокчӣ.
Иштирокчии ширкати комил ҳақ дорад, ки дар хусуси даст кашиданаш аз иштирок дар ширкат арз намуда, аз ҳайати он барояд. Иштирокчӣ дар хусуси даст кашидани аз иштирок дар ширкати комиле, ки бе ишораи мӯҳлат таъсис гардидааст, бояд на камтар аз шаш моҳӣ то воқеан аз ҳайати ширкат баромданаш арз намояд. Пеш аз мӯҳлат даст кашидан аз иштироки дар ширкати комили барои мӯҳлати  муайян таъсисгардида танҳо бо сабаби узрнок иҷозат дода мешавад.

1.8. Аз ҳайати ширкати комил хориҷ кардани иштирокчӣ. 
Дар сурати бедарак, ғоиб,ғайри қобили амал ё дорои қобилияти маҳдуди амал эътироф гардид. Яке аз иштирокчиёни ширкати комил, ӯ метавонад бо қарори якдилонаи иштирокчиёни боқимондааз ҳайати ширкат хориҷкарда шавад.
Дар сурати ҷойдоштани сабабҳои асоснок аз ҷумла дағалона вайрон кардани ӯҳдадориҳо ё надоштани қобилияти ошкоргардидаи пешбурди оқилонаи кор иштирокчиёни ширкати комил________доранд, ки бо тариби судӣ аз ҳайати ширкат хориҷ кардани яке аз иштирокчиёнро бо қарори якдилонаи иштирокчиёни боқимонда талаб намоянд.
1.9. Барҳам додани ширкати комил.
Ширкати комил бо сабабҳои барҳам додани шахси ҳуқуқӣ (8 сабаб) ва инчунин дар сурати боқӣ мондани танҳо як иштирокчӣ дар ширкат барҳам дода мешавад. Ин иштирокчӣ ҳуқуқ дорад, ки дар давоми шаш моҳи пас аз иштирокчии ягонаи ширкат шуданаш чунин ширкатро ба ҷамъияти хоҷагидорӣ табдил диҳад.

  1. Ширкати ба боварӣ асосёфта

Ширкати ба боварӣ асосёфта (ширкати командидтӣ) он ширкате дониста мешавад, ки дар он баробар иштирокчӣ як ё якчанд шарики комил боз як ё якчанд иштирокчии саҳмгузоре (командистон) ҳастанд, ки таваккали зиёни марбут ба фаъолияти ширкатро дар доираи маблағи саҳмгуриашон бар ӯҳда дошта, дар татбиқи фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби ширкат иштирок намекунанд.
Мавқеи шарикони комиле, ки дар ширкати ба боварӣ асосёфта иштирок доранд ва масъулияти онҳо аз рӯи ӯҳдадориҳои ғиркат мувофиқи қоидаҳо дар хусуси иштирокчиёни ширкати комил муайян карда мешавад.
Номи фирмавии ширкати ба боварӣ асосёфта бояд аз номи (номгӯи). ҳамаи шарикони комил ва ё аз номи (ногмгӯи) на камтар аз як шарики комил ба иловаи калимаҳои «… ва шариконаш» ва калимаҳои « ширкати ба боврӣ асосёфта» иборат бошад. Агар ба номи фирмавии ширкати ба боварӣ асосёфта номи саҳмгузор дохил шуда бошад, чунин саҳмгузор ба шарики комил табдил меёбад.
 Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои саҳмгузорӣ ширкати ба боварӣ асосёфта.
Саҳмгузори ширктаи ба боварӣ асосёфта вазифадор аст, ки ба сармояи муштарак саҳм гузорад.
Гузаштани саҳмро «шаҳодатномаи иштирок» - и аз ҷониби ширкат ба саҳмгузор додашуда тасдиқ менамояд.    
Саҳмгузори ширкати ба боварӣ асосёфта ҳуқуқ дорад, ки :

  1. мувофиқи тартиби пешбининамудаи шартномаи таъсис қисми фоидаи ширкатро барои ҳиссааш дар сармояи муштарак гирад;
  2. бо ҳисоботу баланси солонаи ширкат шинос шавад;
  3. баъди анҷоми соли молиявӣ аз ҳайати ширкат баромада, мувофиқи тартиби пешбининамудаи шартномаи таъсис саҳми худро гирад;
  4. ҳиссаи худро дар сармояи муштарак ё қисми онро ба саҳмгузори дигар ё шахси бегона диҳад.

2.2 Барҳам додани ширкати ба боварӣ асосёфта.

Ширкати ба боварӣ асосёфта дар сурати хориҷ гардидани ҳамаи саҳмгузорони дар он иштирокдошта барҳам дода мешавад.
Вале шарикони комил ҳуқуқ, доранд, ки ширкати ба бовари асосёфтаро барҳам надода онро ба ин ширкати комил табдил диҳанд.
Ҳангоми барҳамдиҳӣ, аз ҷумла муфлисшавии ширкати ба боварӣ асосёфта саҳмгузориро барои гирифтани саҳм аз амволи пас аз қонеъ гардонидани талаботи кредиторон боқимондаи ширкат нисбат ба шарикони комил ҳуқуқи афзалиятнок доранд.   
Ширкати ба боварӣ асосёфта инчунин тибқи асосҳои барҳамдиҳии ширкати комил (п. 1.9.) барҳам дода мешавад. Ваде, агар дар ҳайати аққалан як шарики комил ва як саҳмгузор монад, ширкати ба боварӣ асосёфта нигоҳ дошта мешавад. Агар дар шартномаи таъсис ё созишномаи шарикони комилу саҳмгузорон тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад, амволи боқимондаи ширкат дар байни шарикони комил ва саҳмгузорон__________ҳиссаи онҳо дар сармояи муштараки ширкат тақсим карда мешавад.

  1. Командити саҳҳомӣ

 Ширкати командити саҳҳомӣ дониста мешавад, ки дар он дар баробари як ё якчанд шарикони комил инчунин иштирокчиёне ҳастанд, ки дар ташаккул додани қисми фонди оинномавии дар саҳмияҳо гузошташудаи ширкат иштирок карда, таваккали зиёни вобаста ба фаъолияти ширкатро дар доираи арзиши саҳмияашон тааллуқдошта ба зима мегиранд (саҳҳомони коммандитӣ).

    1. Ҳуқуқу ӯҳдадории иштирокчиёни командити саҳҳомӣ.

Мавқеи шарикони комили командити саҳҳомӣ ва масъулияти онҳо аз рӯим ӯҳдадориҳои ширкат мувофиқи қоидаҳо дар хусуси иштирокчиёни ширкати комил муайян карда мешавад.
Саҳмгузорони командитӣ дар татбиқи фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби ширкат иштирок намекунанд. Дар ҳолатҳои дигар чуқуқу ӯҳдадориҳои саҳҳомони командитӣ тибқи қоидаҳо дар хусуси иштирокчиёни ҷамъияти саҳҳомии пӯшида муайян мегарданд.

Дидан карданд: 1774

Мавзӯъҳои монанд:

МОҲИЯТ ВА ШАКЛҲОИ СОҲИБКОРӢ

Шаклҳои ташкилию хуқуқии сохибкорӣ

Ширкатҳои дорои масъулияти махдуд (ШДММ)

Таъминот бо захираҳо

Омилҳои муайянкунандаи амалиётҳои фаъолияти сохибкори

Муҳити берунаи сохибкорӣ. Бозор – мухити мавҷудияти сохибкорон

Мохияти мухити сохибкори, озодии иқтисоди – унсури пешбарандаи мухити сохибкори

Фаъолияти сохибкори дар бозорҳои қоғазҳои қимматнок ва хизматрасониҳои бонки.

Таснифоти сохибкори. Шаклҳо ва намудҳои сохибкори

Вазифаҳои сохибкори

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: