|

Мафҳуми соҳибкорӣ.

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2015-10-24

  1. Мафҳуми соҳибкорӣ.
  2. Фаъолияти соҳибкории шаҳрвандон.
  3. Соҳибкорӣ инфиродӣ.

1. Соҳибкорӣ фаъолияти мустақили ба таваккали худ амалшавандаи шахсоне ба чунин сифат  бо тартиби муқарраркардаи қонун ба қайд гирифташудае мебошад, ки барои мунтазам ба даст даровардани фоида аз истифодаи молу мулк, фурӯши мол, иҷрои кор ё расонидани хизмат равона карда шудааст.

2. Фаъолияти соҳибкории шаҳрвандон.
Шаҳрвандон метавонанд аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шаванд, ки онҳоро соҳибкорони инфиродӣ меноманд.
Қайди давлатии соҳибкорони инфиродӣ хусусияти озод дошта, дар бақайдгирӣ ба сифати «соҳибкори инфиродӣ» ифода меёбад.
Нисбати фаъолияти соҳибкории шаҳрвандон мутобиқан қоидаҳое истифода мешаванд, ки фаъолияти шахси ҳуқуқии ташкилотҳои тиҷоратӣ бударо танзим менамоянд.
Шаҳрванодони зерине, ки фаъолияти соҳибкории зайлро бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд, аз бақайдгирии давлатӣ озод карда мешаванд.

  1. дар ҳайати хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ);
  2. шаҳрвандоне, ки дар асоси шартномаи қудрат ва шартномаҳои дигари ҳуқуқӣ граҷданӣ корҳои якдафъинаро анҷом медиҳанд;
  3. шаҳрвандоне, ки дар баробари шабакаи савдои яклухту чакана бо фурӯши амволи ба онҳо таалуқдошта, инчунин маҳсулоти истеҳсолкарда, коркард, харидашуда, аз ҷумла молҳои саноатӣ, озуқаи воридотӣ дар ҷойҳои махсус барои ин мақсад ҷудогардида ё аз тариқи моғозаҳои комиссионӣ машғуланд;
  4. шаҳрвандоне, ки даромади аз анҷоми кор ва хизматрасонӣ бадастовардаашон дар як сол аз бист маоши ҳадди ақал зиёд нест.

  Шаҳрвандони мазкур ба сифати андозсупоранда ва тартиби андозбандии 
онҳо мутобиқи қонунҳои андоз ба қайд гирифта мешаванд.
3. Соҳибкорони инфиродӣ дар асоси патенти харидаашон ё «шаҳодатномаи соҳибкор» амал мекунанд, ки ҳамзамон шаҳодатномаи ба сифати соҳибкор ба қайди давлатӣ гирифта шудани шаҳрванд ва иҷозатнома (литсензия) – е мебошанд, ки барои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкории дар онҳо пешбинигардида ҳуқуқ медиҳад.
Тартиб додани патент ва маблағи боҷи патентро ҳукумати ҶТ муайян менамояд. Ҳангоми фаъолият намудан бо воситаи «шаҳодатномаи соҳибкор», андоз ба буҷа аз рӯи даромади ба дастовардаи соҳибкори инфиродӣ ба амал бароварда мешавад ва 20% фоидаи софи соҳибкорро ташкил медиҳад, ки онро  чунин муайян менамоянд:

Ф = Д – Нарх – Х – С, сомони дар ин ҷо:
Ф – фоидаи софи соҳибкор, сомони;
Д – даромади умумии соҳибкор;
Х - Ҳамаи хароҷотҳое, ки бо ҳуҷҷат тасдиқ шудаанд;
С – пардохт ба сармояи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон.
С =0,25м
М – маоши коргароне, ки бо соҳибкор мутобиқи шартномаи меҳнатӣ фаъолият дорад.
Пас аз пардохти андоз аз фоидаи соф, соҳибкор ба сармояи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон низ маблағи зеринро пардохт менамояд;
Сс = 0,2 Фб, сомонӣ.
Фб = 0,8 Ф – фоидаи боқимондаи соҳибкор пас аз пардохти С;

Дидан карданд: 2080

Мавзӯъҳои монанд:

МОҲИЯТ ВА ШАКЛҲОИ СОҲИБКОРӢ

Шаклҳои ташкилию хуқуқии сохибкорӣ

Ширкатҳои дорои масъулияти махдуд (ШДММ)

Таъминот бо захираҳо

Омилҳои муайянкунандаи амалиётҳои фаъолияти сохибкори

Муҳити берунаи сохибкорӣ. Бозор – мухити мавҷудияти сохибкорон

Мохияти мухити сохибкори, озодии иқтисоди – унсури пешбарандаи мухити сохибкори

Фаъолияти сохибкори дар бозорҳои қоғазҳои қимматнок ва хизматрасониҳои бонки.

Таснифоти сохибкори. Шаклҳо ва намудҳои сохибкори

Вазифаҳои сохибкори

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: