|

Низоми пулӣ ва ҷузъҳои таркибии он

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Сино Эгамбердиев

Санаи дохилгардида: 2015-10-03

Нақша:

  1. Низоми пулӣ ва намудҳои он.
  2. Қоидаҳо ва унсурҳои низоми пулӣ.
  3. Низоми пулии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Рӯйхати адабиётҳо:
1. Г.Н. Оймаҳмадов «Молия» Нодир, Душанбе 2005.-304с.
2. Ш. Раҳимзода «Муомилоти пулӣ ва қарз» ЭР-граф, Душанбе 2008.- 450с.
3. Ғ.Д. Ашуров. Ш.Ҳ Азизмуродов. Баҳисобгирии амалиёт дар бонкҳои тиҷоратӣ. Душанбе: «Комбинати полиграфии ш. Душанбе», 2009. – 305с.
4. Хонҷонов Абдулҳамид. Фаъолияти бонкӣ. Душанбе: 2010. 392с.

  1. Низоми пулӣ ва намудҳои он.

Тартиби ба қонунҳо асосёфтаи ташкилу танзими муомилоти пулиӣ аз ҷониби давлат низоми пулӣ ном дорад.
Пул, ки ҷузъи асосии низоми пулӣ мебошад, пайдоишу аз як шакл ба шакли дигар гузаштани он низоми пулиро низ тагйир додааст. Дар рафти таърих одамон аз истифодаи пулҳои моли (теша, табар, биринҷ ва  ғайра) ба пулҳои филиззй (тилло,нуқ ра, мис ва  ғайра), аз онҳо ба пулҳои когазию филиззй (пулҳои когазию тангаҳо) гузаштаанд. Акнун дар кишварҳои пешрафта ҷойи пулҳои когазию филиззиро пулҳои электронй гирифта истодааст, зеро истифодаи онҳо камхарчу ба мақ сад мувофиқ  аст.
Сарфи назар аз ин, ҳар як кишвар низоми пулиашро ба таврӣ барояш мувофиқ  ташкил менамояд.
Низоми пулии мамлакати алоҳида ин тартиби ташкилу танзими муомилоти пулии он аст, ки ба анъанаҳои таърихии бонкдорию пулдориаш асос ёфта қ онунан қ абул шудааст.
Мувофиқи сарчашмаҳои илмӣ то ба имруз намудҳои зерини низомҳои пулӣ истифода шудааст:

    1. низоми пулии молӣ
    2. низоми пули филиззӣ
    3. низоми пули фидусиарӣ

      Низоми пулии филиззӣ дар навбати худ ба 2 намуд ҷудо мешавад:

  1. Низоми пулии филиззии монометаллӣ (як).
  2. Низоми пулии филиззии биметаллӣ (ду)

Дар баробари худ низоми биметаллизм чунин намудҳо дорад:

  1. системаи арзии паралеллӣ(бозор муайян мекунад);
  2. системаи арзии дугоник(таносуби онро ҳукумат муайян мекунад);
  3. системаи арзии ланганда;

Шакли асосии монометаллизм дар давраҳои зерин пайдо шудаанд:

  1. Дар Рими Қадим тангаи мисин асри 3 пеш аз мелод.
  2. Тангаи нуқрагин дар Россия с. 1843-1852, Ҳиндустон с. 1852-1893, Шветсия, Норвегия, Дания с. 1873, Франсия с.1876, Австрия с. 1892, Япония с.1897, Америка с.1900.

Дар соли 1864 давлатҳои Франсия, Белгия, Италия ва Шветсария дар иттиҳоди пули лотинӣ дар системаи биметаллизм чунин таносуби байни тилло ва нуқ раро муқ аррар намуданд. 1/15,5.
Дар давраҳои Ҷанги якуми Ҷаҳон ҳамаи мамлакатҳо оҳиста-оҳиста ба системаи монометалии тиллоӣ гузаштанд. Дар протсесси ҷоришавии он ин система аз се шаклҳоигуногун иборат буд:

  1. стандартҳои тангаи тиллоӣ, яъне дар гардиш ва муомилот танҳо тангаҳои тиллоӣ иштирок мекарданд. Оҳиста-оҳиста тангаҳои тиллоӣ, аз гардиш баромада ба хазинаи шахсони доро гузаштан гирифт, бинобар ин заруримяти шакли нав ба амал омад.
  2. Стандарти тиллоии хӯлавӣ дар гардиши муомилоти воридоту содироти байни давлатҳо, хӯлаҳои тиллоии 12,5 гр истифода мебурдагӣ шуданд, локин азбаски иқтисодиёти бисёр мамлакатҳо рӯ ба тараққӣ ниҳода, истеҳсоли тилло ба муомилот намерасид, бинобар ин зарурияти шакли нави стандарт ҷорӣ кардан ба миён омад.
  3. Стандарти аломаташ тиллоӣ давлатҳое, ки захираи кофии тиллоӣ надоштанд, аз он ҷумла Германия, Дания, Норвегия ва Австрия стандартҳои аломаташ тиллоиро ҷорӣ намуданд, яъне ба ҷои тилло намояндагони он пулҳои қоғазин, ки қурби онҳо ба миқдори муайяни тилло иваз карда мешуд, бароварда шуд. Масалан 1 рубли ИҶШС (СССР) ба 0,987412 гр. 1 унсия тилло (31,1)гр. тилло 35 доллар.

Соли 1944 дар шаҳри Бретонлутский ШМА фонди байналхалқии Асъор ташкил карда шуда, дар он доллари ШМА ва фунтстерлинги Англия ҳамчун пули ҷаҳонӣ дониста шуда, ҳама қурбҳои пули дигар бо воситаи он пулҳои ҷаҳонӣ чен карда мешавад. Аъзоёни иттиҳодияи иттифоқи Европа аз солҳои 80-уми асри гузашта сар карда, ба ташаккул додани системаи арзии Европа машғул шуданд. Соли 1992 21 аъзоёни иттиҳодияи иқтисодии Европа ба системаи пули ягона Евро гузаштанд. Аъзоёни иттиҳод давлатҳои Англия, Шветсия, Дания ва Юнон ба пули Евро нагузаштанд.

2. Низоми  пулӣ ва элементҳои асосии он.

Низоми пули аз чузвхои алохида иборат аст, ки ташкили дурусти онхо дар якчоягї гарави самаранокии низоми пулї мебошад. Ин чузвхо чунинанд:

  1. Номи вохиди пулӣ. Дар кисми зиёди кишвархо номи пули миллиашон таърихан муайян шудааст. Масалан, номи рубли Русия аз замонхои кадим омадааст ва то ба имруз вучуд дорад. Дар даврахои алохида сарварони давлат метавонанд ба пули миллиашон номи дигар диханд. Масалан, хангоми ба кудрат омадани Наполеон дар Фаронса пулро «наполеондор» номиданд, вале баъдан он иваз карда шуд.
  2. Тартиби таъмини вохидхои пули. Ҳар як давлат конунан тартиби таъмини вохидхои пулии дар муомилоташ бударо муайян менамояд. Дар давраи хозира аслан захирахои зерини давлату бонкхо барои таъмини вохидхои пули истифода мешаванд: захирахои моли, тиллой ва филизхои дигари киматбахо, асъорхои дар бозори чахонй озод табдилшаванда, когазхои киматнок, гаравномаи хукумат, бонкхо ва ташкилотхои молиявй. Бонки марказй, ки пулро танхо бо рохи карздихй ба хукумату бонкхои тичоратй ба муомилот мебарорад, хангоми ичрои ин амал аз онхо гаравро дар шакли коғазхои киматнок талаб мекунад.
  3. Механизми эмиссонй. Ин тартиби ба муомилот баровардану аз муомилот гирифтани пули миллй аст, ки мувофики дастурамалхои бонки мар­казй амалй мегардад. Ба муомилот баровардани пулхои гайринакдй аз чониби бонкхои тичоратй бо рохи додани карз ба мизочон ва пулхои накд аз чониби бонки марказй бо рохи додани онхо ба                                    

Банақшагирии гардиши пул бо максади пешбинии вазъи иқтисодии кишвар. Идораи амалиёти кассавии Бонки миллии Точикистон дар асоси маълумоти аз бонкхои тичоратй гирифта накшаи гардиши кассавиро тартиб медихад, ки барои муайян намудани сохтори асосноки хачми пули дар муомилотбуда ва таъмини ичрои нишондихандахои дар барномаи иктисодии мамлакат пешбинишуда зарур аст.
Механизми танзими муомилоти пулию қарзй. Бонки миллии Точикистон дар асоси талаби конунхо оид ба Бонки миллии Точикистон ва бонкхою фаъолияти бонкй воситахои зерини идоракунии муомилоти пулию карзиро ба монанди: каму зиёдкунии фоизи карз, кабули меъёрхою назорати риояи онхо, махдудкунии хачми карз ва гай­ра истифода мебарад.
Тартиби муайян намудани курби пулли миллӣ. Аз чанд тартиби муайян намудани курби пули миллй (нисбати асъори алохида, масалан, евро; нисбати сабади 'асъорхо, курби озод шинокунанда ва гайра) Бонки миллии Точикистон рохи дар бозори озод муайян намудани курби сомониро нис­бати доллари амрикой интихоб намудааст. Ин курб шинокунанда аст, ки маънои бо талаби конуни талаботу пешниход дигар шудани онро дорад, яъне он метавонад пайваста, хатто дар давоми як соат чандин бор дигар шавад. Аз аввали воридоти сомонӣ ба муомилот (30 октябри соли 2000) то аввали соли 2008 курби он аз 2,2 то ба 3,46 сомонй барои як доллар поён рафтааст.
- Риояи тартиботи кассавӣ дар хоҷагии халқ . Коидахои истифода ва назорати гарди­ши пул ба воситаи касса дар Чумхурии Точикистон аз чониби идораи амалиёти кассавии Бонки миллии Точикистон муайян шудааст.
Хулоса, максади ташкили дурусти низоми пули рох надодан ба болоравии нарххо дар бозор ё дар сатхи муайян нигох доштани таваррум аст.

3. Системаи пули Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Системаи пулӣ дар замони иқтисоди бозоргонии ҳозира аз чунин қисмҳо ё элементҳо иборат аст:

  1. Номи воҳиди пулӣ, ин ба тариқи қонунӣ муқаррар намудани воҳиди пулӣ барои чен намудани нархи молҳо ва хизматҳо мебошад. Мувофиқи қонуни ҶТ соли 1994 дар қаламрави Тоҷикистон пули милли мо рубли тоҷикӣ ҷорӣ карда шуд. Аз соли 2000-ум бошад, пули милли мо сомонӣ ва дирам муқаррар карда шуд.    
  2. Масоҳати нарх ин бо воситаи пул муқаррар намудани арзиши мол мебошад.
  3. Намудҳои пул ва аломатҳои пулū ин шаклҳои қонунии аз тарафи давлат баровардашудаи пулҳои қоғазини давлатū ва дигар қоғазҳои бонкию қарзū мебошад. Масалан, дар Тоҷикистон пулҳои қоғазин 1;3:5;10;20;50;100 200 500 сомона. Пулҳои тангаи 5;10;20; ва1;3;5 сомона.
  4. Таркиби барориш ва характери таъминотии аломатҳои пулū, системаи эмисонū, мувофиқи қонуниятҳои мавҷудаи Тоҷикистон дар ҷумҳурии мо Бонки миллū – Бонки марказū – Бонки эмисонū мебошад. Эмиссия ин барориши пулҳои қоғазин мебошад.
  5. Усулҳои ба танзим даровардани гардиши пулū ин як силсила чорабиниҳо аз тарафи давлат дидашаванда мебошад, ки бо воситаи он миқ дори пуле, ки барои тарақ қ иёти иқ тисодиёти мамлакат зарур аст, муайян мекунад.

Яке аз усулҳои ба танзим даровардани гардиши пулū ин бо роҳи мултиплакатор бонкū мебошад.
Мултиплакатори бонкū ё пулū ин протсесси зиёд шудани пул дар суратҳисоби депозитивии дархостии мизоҷон дар бонкҳои тиҷоратū дар давраи ҳаракати онҳо аз як бонки тиҷоратū ба дигар бонк мебошад, онро бо формулаи зерин ишора мекунад:
1+у(1-а-в)                                                                     
Mg = ----------------- ;
а+в(1-у)(1-а);
дар ин ҷо:
а - захираи ҳатмии нормативии бонкҳои тиҷоратū;
в – нормативи бақияи пулҳои нақд дар хазинаҳои бонкии тиҷоратū;
у – ҳиссаи пулҳои нақд дар маблағҳои умумии пули бонкҳои тиҷоратū;
Дар натиҷаи мултипликатсия, дар муддати муайян дар суратҳисобҳои депозитивии дархостии мизоҷон миқ дори пул зиёд мешавад.
Бонкҳои Милли ҶТ инчунин талаботро барои миқ дори пулū барои гардиш лозим бударо муайян мекунад. Ин талаботи пулиро бо формулаи зерин ифода намудан мумкин аст:
Mg = (1/h)*PV+L(r);
дар ин ҷо:
h – суръати гардиши пул;
V – даромад;
L – бозори пул;
r – нормаи фоизи қ арзū
Mg – миқ дори пули барои гардиш лозим буда;
ҶТ дар солҳои авали истиқ лолият расман барои гардиш воҳиди пули Россия рублро қ абул карда буд. Соли 1994 мувофиқ и қ арори Шӯрои Олии ҶТ барои гардиши пули миллū рубли тоҷикиро қ абул карда шуд, ки ин пулҳо дар Эрон чоп карда шуда буданд. Оҳиста – оҳиста баъди торафт тарақ қ и кардани иқ тисодиёти ҷумҳурū дар охири соли 1999 бо қ арори Маҷлиси Олū ва фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воҳиди нави пули сомон ва пулҳои майда дирам гузаштем. Ин пулҳои мо дар Германия чоп карда шудааст.
Системаи пули ҶТ ва ташкили он ба зиммаи бонки Милли ҶТ вогузошта шудааст.
Бонки Милли ҶТ аз рӯи принсипҳои зерин системаи пулиро ташкил, идора ва назорат мекунанд:

    1. Принсипи идораи марказонидашудаи системаи пулū;
    2. Принсипи ба танзим даровардан ва ба нақ шагирии гардиши пул;
    3. Принсипи устувор нигоҳдоштани гардиши пул;
    4. Принсипи таъминотӣ доштани пулҳои барои гардиш баровардашуда;
    5. Принсипи тобеъ будани бонки миллӣ ба  Маҷлиси Олӣ ва ба ҳукумат тобеъ набудани он;
    6. Принсипи ба ҳукумат танҳо ба тариқ и қ арз додани пул;
    7. Принсипи ба таври комплексӣ истифода бурдани фишангҳои танзими сиёсати молию пулū;
    8. Принсипи назорати аз болои гардиши пул;
    9. Пинсипи бемаҳдуд ва бемамоният дар ҳудуди ҷумҳурū барои муомилот ва пардохт, истифода бурдани молҳои миллū.

Дидан карданд: 5321

Мавзӯъҳои монанд:

Шакл ва намудҳои қарз

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити иқтисоди бозоргонӣ

Моҳият ва вазифаҳои молия дар шароити иқтисодиёти бозоргонӣ

Бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити иқтисодӣ бозоргонӣ

Шакл ва намудҳои қарз

Низоми қарзӣ ва ташкили он

Моҳият, зарурият ва вазифаҳои қарз

Оқибатҳои иқтисодӣ-иҷтимоии таваррум ва танзими он

Таваррум ва намудҳои он

Гардиши пулӣ ва тартиби ташкили он

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: