|

Идеологияи утопистон.

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2015-10-02

Нақша:
1. Заминаҳои пайдоиш ва инкишофи идеологияҳои утопиявӣ.
2. Ақидаҳои утопиявӣ дар эҷодиёти мутафаккирони Шарқ.
3. Алоқамандии идеологияи утопиявӣ ба дигар ҷараёнҳои идеологӣ.
1. Заминаҳои пайдоиш ва инкишофи идеологияҳои уттопиявӣ.
Мафҳуми «утопия» аз калимаи юнонӣ буда, бамаънои  - «ӯ» -нест ва «топос» ҷо – ҷой нест. Утопия дар сиёсат ҳамин хел орзӯест, ки ба вуҷуд оварданаш ҳеҷ мумкиннест на ҳозир ва на баъд. Ин орзӯ ба қувваи ҷамъият такя мекунад. Дар адабиёти фалсафӣ ва иҷтимоии муосир мафҳуми утопияро ба маънии гуногун истифода мебаранд. Баъзеҳо дар утопия орзӯи ҳеҷ вақт иҷронашавандаи инсониятро дар бораи «асри тилоӣ» мебиннад, дигарон бошан баръакс, вайро чун принсипи реалӣ маънидод мекунанд, ки дар ҳар лаҳзаи фаъолияти маънавию амалии инсон ба амал бароварда мешавад. Баъзеҳо утипияро ҳамчун як шакли тафаккури пеш аз илми байни илму дин маънидод мекунанд.
Аввалин утопияҳо дар дунёи антиқа баён шуда буданд. Масалан, файласуфи бузурги Юнони қадим Афлотун дар асараш «Давлат» фикри зеринро баён намудааст: «Шаҳрвандҳо аз серию пурӣ, баробарии молу мулкӣ ва маънавӣ умумияти воситаю ҳуқуқ лаззат мебаранд». Хоҷагии хусусии оила манзили хусусӣ вуҷуд надорад. Оила ҳам нест. Инҷо ба ҷои зану шавҳари покдоман занҳо озоди ба тамоми мардҳо таалуқ дошта зиндагӣ мекунанд.
Давлати комил дар инсон таносуби ҷони танро тарбия мекунад. Онро коллегияи кӯҳансолони оқили боадорлат идора менамояд. Ҳокимияти олӣ дар ихтиёри онест, ки аз ҳама боақлтару ахлоқан нисбатан боақлтар нисбатан бо дигаон мукаммалтар бошад, мақсади асосии зан ҷорӣ намдуни ахлоқ, хусусан боадолатию некӣ мебошад одамон дар ин давлат чун дар ҷазираҳои хушбахтиҳо умр ба сар мебаранд.
Идеяҳои хаёлпарастӣ дар ин навъи идеология чун эътирози зидди зулму истимори сахт ба вуҷуд омадаанд. Аз он давра, ки моликияти хусусӣ чун сабаби ҷудо шавии одамон бо бою канбағал, истисморкунанда ва истисморшавнда ба вуҷуд омада, мустаҳкам гардид кӯшиши барҳамзадани зулму истисмор ба миён омад ва муборизаи зидди он якҷоя бо орзӯю омор, баҳри беҳбудии оянда пайдо шуд.
Истилоҳи «утопия»аввалин бор тавассути асари маъруфи сотсиалистӣ хаёлии барҷастаи англис Томас Мор (1478 – 1535) машҳур гардид. Т. Мор асари машҳураш «утопия» - ро соли 1516 бо усули мусоҳибаи байни худашу дусташ инсонпарвари машҳӯр Пётр Эгидий ва маллоҳи навакак аз сайёҳати дурру дарози замину давлатҳоои бисёр баргашта навиштааст.
Ба гуфти Гитлодей «утопия» ҷазираест, ки ба 54 округи баробар тақсим шуда, ҳар кадомашонро шаҳре сарварӣ мекунад. Ба ҳар як округ ҳудуди муайяне тобеъ мебошд, ки моликияти ҷамъиятӣ утопиявигиҳо бошад. Аз ҳар як шаҳр соле се шаҳрқвандикӯҳансолу дорои таҷрибаи дар ҳамон муҳит, ки шаҳри умдатаринӣ маркази ба ҳама баробар ҷойгираст, ҷамъ омада, масоили ҷазираро муҳокима менамоянд.
Замину хонаҳо ҳам баробар тақсим шуда, ягон истиқоматкунанда кӯшиш намекунад, ки онро васеътар намояд, зеро онҳо худро на ба соҳиби худ,  балки посбони он мешуморанд. Шаҳрвандони ҷомеаи ормонӣ ҳосили дастранҷи хешро дар анбори муштаракенигоҳ дошта, мувофиқи ниёзаш аз он истифода мебаранд. Дар ҷомеаи ормонии Т.Мор пул вуҷуд надорад, тилло баорои сохтани ашёи судманде чун зарфҳои хонагӣ истифода мешавад. Шаҳрвандони ҷомеаи ормонӣ ва гуруснагӣ ташвиш намекашанд, вале ҳақ надоранд, ки ба ҳосили заҳмати дигарон ба чашми нафрат нигаранд, ё аз ҳисоби онҳо зиндагӣ кунанд.
Дар ҷазираи утопитя тамом масоили муҳимро пешакӣ дар ҳар як оидла муҳокима намуда, таклифи худро ба санъат мешниҳод менамоянд. Ҳамин тавр ва халқ бавоситаи намояндагони худ доимо фаъолияти сенатро ба назорат мегирад. Ашхоси дорои вазифаи олӣ ва худи ҳоким ҳадар ҷомеаи ормонӣ таҷассум орзӯҳои инсонпарварони созмони оқилонаи ҷамъиятӣ буда, ба ақидаи Т. Мор танҳо маърифат роли ҳалкунандаи олимон дар идораи давлатӣ тантанаи хирадро аз болои ҷаҳолату таасуб ва беҳбудии корҳои дунявию таъмин карда метавонанд. Ҳокимон бояд олимону олимон ҳоким бошанд. Ҳамин нуқтаро ҳанӯз файласуфи Юнони қадим Афлотун тасдиқ карда буд: «Давлатҳо танҳ дар он сурат хушбахт мешавнд, ки агар шоҳияшонро файласуфон адо кунанд».
Олими дигар Т. Компанелла дар асари худ «Шаҳри офтобӣ» мамлакатеро тасвир намдуааст, ки дар он ба шарофати умумияти мамлакат на сармоядору на камюағал вуҷуд дошта, меҳнат ҳамчун вазифаи муқаддаси куллӣ шаҳрвандон пурра бо қонеъ гардонии сокинонаш нигаронида шудааст.
«Шаҳри офтобӣ» дар теппаи баланде ҷойгир буда, ба ҳафт доираи васеъ тақсим шудааст, ба ҳар кадомаш номи яке аз ҳафт сайёра дода шудааст. «Шаҳри офтоби» - ро шахси хирадманду рӯҳонии аввалине сарварӣ мекунад, ки дар забони сокинонаш  номи «офтоб» -ро гирифтаасту ба забони маҳаллӣ онро метафизик меноманд. Вай сарвари тамоми даҳриёну рӯҳониён буда, доир ба тамоми масъалаҳо ҳукми қатъӣ мебарорад. Ин шахси шаҳрро тавассути идеяҳои: қудрат, хирад ва муҳаббат идора мекунад. Ба ӯҳдаи қударт тамоми масоли ҷанг ва сулҳ, санъати ҳарбӣ дар ҷанг, идораи кадрҳои ҳарбию таъминоти артиш, таҷҳизоти ҳарбӣ гузошта мешавад.
Ба ӯҳдаи хирад бошад, санъати озод ҳунармандӣ, вазифаи мувофиқи олимон, омӯзишгоҳҳои таълимӣ гузошта мешавад.
Муҳаббат бошад, асосан ба тавлиди фарзандону издивоҷи марду марду назорат мекунад, то ки аз онҳо солиму беҳтарин гирифта шавад. Тарбияи навзодон табобат, тайёр кардани дорувор, кишту кори ғунодориши ҳосил, зироаткорӣ, бо ихтиёри муҳаббатҳ гузошта мешавад. Тамоми масъалаҳои ҷумҳуриро ин чор шахс муҳокима намуда, ба фикри офтоб бо маслиҳати якҷоя ҳама розӣ шуда, қувваи қонунӣ ва ҳатмияти иҷроиш пайдо мекунад.
2. Ақидаҳои утопитявӣ дар эҷодиёти мутафаккирони Шарқ.
Қайд кардан лозим аст, ки ақидаҳои утопиявӣ «хаёлпарастӣ» дар таълимоти мутафаккирони Шарқ низ равшан ифода ёфтаанд. Ба монанди Абунаср Муҳаммади Фарробӣ (870-950), Абулқосим Фирдавсӣ (934-1020), Низомии Ганҷавӣ (1141-1209), Низомулмулк (1018-1092), Убайди Зоконӣ (1270-1370), Абдураҳмони Ҷомӣ (1414-1492), Алишер Навоӣ (1441-1501) ва дигарон. Фарробӣ дар китоби роҷеъ ба ақидаи сокинони шаҳри накӯкор менависад: «Ҷамъияти иноснӣ ба ду тақсим мешавад: комил ва нокомил. Ҷамъияти комил аз бузург миёна ва хурд иборат аст. Ҷамъияти бузург -  маҷмӯи ҷамъияти барои одамони маскунии замин, миёна – ин ҷамъияти як халқи алоҳида, хурд – сокинони шаҳр. Ҷамъияти нимкомил сокинони деҳа, маҳалла, кӯча ё ҳавлии алоҳида мебошанд».
Шакли ташакулёфтаи ҷамъият шаҳр ба ҳисоб меравад. Шаҳре, ки намунаи идракунист ва бо одамон хушбахти мебахшад шаҳри накӯкор аст. Дар сари шаҳри накӯкор шхсе истад, ки дорои сифатҳои махсус ва нек бошад Вай бояд шахси комил, фозил бошад ва бо сифатҳои алоқии худ аз дигар шаҳрвандон фарқ кунад. + бояд дорои 12 хислати фитрӣ бошад: узвҳои такомулёфта, фаросат, хотираи хӯб, зеҳни тез ва дурандеш будан, фикри худро амиқ гуфта тавонистан, ах хӯроки нӯшоки зиёд парҳез карда тавонистсн, ҳақиқат ва тарафдрони онро дуст доштан, дуррӯғ ва дуррӯғгуиҳоро бад дидан, қалби пурифтихор ва ҳурмати худро нигоҳ доштан, пул ва дигар василаҳои ҳаёти дунявиро бад дидан, ҳақиқат ва пугштибонҳои онро дуст доштан, душманӣ, беадолатӣ ва зулму истибдод будан,
Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» - и образи шоҳи одилро офарид. Ба фикри Фирдавсӣ ба шоҳ ват ахти ӯ чунин хусусиятҳо зарар меаварад. Агар вақте ки шоҳ зӯровариро ба кор мебарад ё ин ки шахси ношоистаро дуст медорад ва пулу мол, пайдо мекунад.
Асари дигаре, ки хусусияти хаёлпарастӣ дорад, «Сиёсатнома» - и Низомулмулк ба ҳисоб меравад. Низомулмулк таъкид мекунад, ки тамоми амалдорони давлат, ҳатто вазир бояд зери назорати доимии шоҳ бошанд. Хусусан аз болои фаъолияти уммол, яъне маҳз бо андозгирӣ муттасаддӣ бояд сахт назорат бурда шавад, зеро ӯ ба омми васеъи андоздиҳанедагон сару кор дорад. Низомулмулк чунин меҳисобад, ки аз кори уммол доимо бохабар шудан лозим аст, зеро оромию тавоноию мамлакат аз ӯвобаста аст. Нисбати вазирони Низомулмулк чунин менависад: «Ва аз авҳоли вазирони мутамаддон ҳамчунин дар сир мебояд пурсиданд, то шӯғлҳо ба ваҷҳ мерасонанд ё на, ки салоҳу фасоду подшоҳу мамкалакат ба ӯ вобаста аст, ки чунин вазир некравиш набувад. Дар мамлакат ҳалол таваллуд кунад, ки дарк натавон ёфт ва ҳамеша подшоҳ маргардону ранҷурдил ва вилоят мустариб».
Мутафаккири машҳури шарқ Абдураҳмони Ҷомӣ низ ақидаҳои зиёди утопиявӣ дорад. Ҷомӣ адлро манбаи некӣ меҳисобаду зулмро мабдаи ба дин. Адл заминро ба масофаи 1000 фарсанг мунаввар мекунаду зулм 1000 фарсангро бо торикӣ меғӯтонад. Ҷомӣ дар «Баҳористон» менависад:
Чу гардад шоҳи олам адлпеша,
Шавад осоиши кеҳ – меҳ ҳамеша.
Чӣ нолад бедиле аз синарешӣ,
Бувад як сарзаниш з-ӯ зулмкешӣ.
Халосиро зи даҳри печ дар печ,
Зӣ шоҳон адл мебояд дигар ҳеҷ.
Давлатро Ҷомӣ бо кишт нисбат медиҳаду адлро бо абри боронӣ. Чунон ки кишт об мехоҳад ва бе об маҳкуми ҳалокат аст, давлат ҳам бе адл наметавонад равнақ ёбад. Ба ақидаи Ҷомӣ подшоҳи хӯб бояд золимонро ҷилавгарӣ кунаду тухми некӣ корад, сузанони ӯ бояд ба хирад ва дин асос ёфта бошанд. Шоҳ бояд дили раҳмин дошта бошад, фурутан ва бекина бошад қобилияти худдорӣ кардан ва зуд пас шинонидани оташи ғазабро дота бошад.
Ҷомӣ кӯшиш мекард, ки ба ҳокимони ҳамзамони худ ақидаеро дар бораи он талқин кунад, ки одамон табиатан баробаранд ва шоҳу гадо аз ҷиҳати меҳнати аслии худ, аз якдигар фарқияте надоранд. Аз ин рӯ одаме, ки аз қазо ба сари ҳокимият омадааст, инро дар ёд дошта бошад ва ба зулму беадолатии нисбати худашбарин одамон набояд роҳ диҳад. Одамони оддӣ гарчӣ дар силсилаи ҷамъиятӣ дар зинаи пасттар мебошанд ва аз он неъматҳое, ки шоҳ истифода мебарад, бенасибанд вале онҳо ҳам мисли шоҳ инсонанд ва муносибати инсонӣ сазоворанд.
3. Алоқамандии идеологияи утопиявӣ бо дигар ҷараёнҳои идеологӣ.
Дар маҷмӯи идеологияи утопиявӣ бо назардошти фикру ақидаҳое, ки дастнорас ҳам бошанд, ҳамчун якеазқӣвваҳои ҳаркатдиҳандати идеявии ҷомеа барои бунёди ҷамъияти солим равона шудааст. Дар баробари пайдоиш ва инкишофи худ идеологияи утопиявӣ бевочсита бо дигар ҷараёнҳои идеологӣ алоқамандӣ дар он зоҳир менамояд, ки идеяҳои пешқадам гарчсанде, ки амалӣ нашаванд ҳам, вале аз нав пайдо шуда меистад, ки ин бевосита ба идеологияҳои пешқадами замон манфиат мерасонад. Азбаски меҳвари идеологияпро маҷмӯи ғояҳо эътиқод андешаҳо арзишҳо ташкил менамояд, ки ба масъалаҳои сохтори ҷомеа ва аз навсозии он марбут будааст. Чунин идеяҳо дар идеологияи утопиявӣ амалӣ нагардида бошанд ҳам, вале бо таври назариявӣ ё хаёлӣ ба вуҷуд омадааст. Моҳиятан идеология пдидаи сиёсӣ буда, кӯшишҳои ин ё он гуруҳҳои иҷтимоии аҳолиро оид ба идоранамоии ҷомеа дар заминаи идеологияи утопиявӣ ба шакли системавии назарияҳо таҷассум менамояд.

Дидан карданд: 971

Мавзӯъҳои монанд:

Таърихии инкишофи идеологӣ дар ҷомеаи муосир

Идеологияи радикалӣ ё радкализм.

Идеологияи утопистон.

Идеологияи дини масеҳӣ.

Буддизм ҳамчун ҷараёни идеологияи динӣ.

Ҷараёнҳои асосии идеологияҳои динии замони муосир.

Идеологияи миллии замонри муосир.

Фашизм ҳамчун ҷараёни идеологӣ. Неофашизм.

Моҳияти идеологияи коммунистӣ.

Сотсиалимз ҳамчун ҷараёни идеологияи сиёсӣ.

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: