|

Идеологияи дини масеҳӣ.

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2015-10-02

Нақша:
1. Заминаҳои таърихӣ ва фалсафқаи пайдоиш ва инкишофи идеологияи масеҳӣ
2. Таълимоти асосии идеологияи дини масеҳӣ.
Дини насронӣ – яке аз динҳои ҷаҳони замони муосир ба шумор меравад, ки дар оғози солшумории мелодӣ ба вуҷуд омадааст. Ин дин дар ибтидо ҳамчун як фариқа аз дини яҳудия зуҳур кард. Дар бораи пайдоиш ва шахсияти Исои Масеҳ, ки асосгузори идеологияи ин дин маҳсуб мешавад, дар сарчашмаҳо ва тадқиқотҳои олимони диншинос аз як тараф ба рӯҳонияти насронӣ аз тарафи дигар ихтиолфоти ақидаҳои гуногун ҷой дорад.
Яке аз сарчашмаҳои асосӣ барии шарҳи ҳол ва таълимоти Исои Масеҳ чор китоби «ИНҷил» мебошад, ки он иборат аст ва инҷилҳои Матто, Маркус, Луҳо ва Юҳанно. Таълимти Исои Масеҳ баъд аз сари ӯ аз тарфи шогирдаонаш ҷамъоварӣ шудааст. Дини Насронӣ дар шароите ба вуҷуд меояд, ки Фаластин ва канорҳои Баҳри Миёназамин дар таҳти истило ва салтанати румиён қарор дошт. Яке аз муҳимтарин ҳодисаи таваллуди Исо он аст, ки Марям – модари ӯ на аз шавҳараш Юсуф, балки аз «Руҳулқудс»  - рӯҳи муқаддас, яъне Худо ҳомила мешавад. Дар инҷили Юҳанно аз сар то охир калимаи «Падар» ва «Писар» ба маънии хос , танҳо ба нисбати Худо ва Исо ба кор рафтааст. Як маънии тозае, ки дар инҷо пайдо мекунем, ташбеҳи истиори Исо ба нур аст. ИСО мефармояд: «Ман нур ҳастам, ки ба ҷаҳон омадам, то ҳар кӣ ба ман имон оварад, дар торикӣ намонад». Дар оғози ҳаминкитоб Исо чун нури маърифати ҳақиқӣ мешавад:
«Он нури ҳақиқӣ, ки ҳар як одамро мунаввар мегардонад, ба ҷаҳон омаданӣ буд, ӯ дар ҷаоҳ буд ва ҷаҳон ба воситаи ӯ ба вуҷуд омад ва ҷаҳон ӯро шинохт» таълимоти  - доктринаи китоби «Бибилия» аз чунин матлабҳо иборат аст:
- дар бораи навиштаҷоти
- дар бораи Худо;
- дар бораи рӯҳулқудус;
- дар бораи инсон;
- дар бораи пок намудани гуноҳон ва наҷот;
- дар бораи калисо, фариштаҳо ва шайтон.
«Бибилия» яке аз сарчашмаҳои муҳими таърихӣ, мазҳабӣ ва бадинаи инсоният мебошад. Аз назари фарҳангӣ бошад, он яке аз ёдгориҳо шоҳкориҳои маданияти башарист. Вай дар худ ҷаҳонбинӣ ва тасаввууроти инсонҳоро дар бораи пайдоиши олам, инсон ва маънои ҳастӣ, зиндагӣ ва ақлиёт инъикос гардидааст. Тибқи таълимоти насронӣ Худо воҳид ва якто буда, дар се симо: Падар, Писар, Рӯҳулқудус зоҳир мешавад. Ин тасавууротҳо дар диншиносӣ таълимоти тамсилӣ меноманд.
Таълимти масеҳият дар мавриди инсон чунин аст. Дар рӯзи шашуми офариниш, пас аз офаридани ҳайвоноти ваҳшӣ, чорпоён ва хазандагон парвардигор даст ба офаридани одам мезанад. Ва Худо гуфт: «Одамро ба сурати мо биофарем ва онҳо бар моҳиёни наҳр ва бар тамоми замин бисиришт ва ба биншини вай рӯҳи ҳаёт дамид ва одам ҷони зинда шуд.
2. Таълимоти асосии идеологияи дини масеҳӣ.
Асоси фалсафаи таълими ахлоқии масеҳият ғалаба бар адовату хушунат аз тариқи муҳаббат аст. Ба кассе, ки мехоҳад аз ту қарз гирад, рӯ нагардон. Лекин манн ба шумоён мегӯям: «Душманони худро дуст бидоред ва лаънаткуннадагони худ баркат бихоҳед, ба нафраткуннадагони худ некӣ куне два баро озордиҳандагону таъкибкуннадагони худ дуо гуед. Дар муқобили душманӣ бо дустӣ, бо муҳаббат бо мадоро дар муқобили бадӣба некӣ ҷавоб гуфтан шаҳомату қаҳрамонист ва барҷастатарин сатҳи маънавии инсон аст». Идеалу ормони волое, ки дар ин ҳикматҳои пурарзиш ниҳон аст, инсониятро ба мадори нави арзёбии ахлоқӣ ва муносибати байниҳамдигарии инсонҳо бардошт.
Дар насронӣ ба се равияи асосӣ тақсим шудааст:
1. равияи католикӣ;
2. равияи православӣ;
3. протестантизм.
Равияи католикӣ – аз калимаи юнонӣ буда, маънояш умумиҷаҳнӣ мебошад. Яке аз шохаҳои асосии дини насронӣ буда, бештар дар қисмати ғарбии империяи Рум густариш пайдо кард. Калисоҳои католики Рум аз бузургтарин ва бонуфӯзтарин калисои наронӣ дар Ғарб ба шумор мерафт. Дар пок кардани инсонҳо аз барои нахустгӯноҳ католикҳо нақши асосиро ба калисо нисбат медиҳанд. Ин амлокро Поп чун ҷонишини Масеҳ дар замон анҷом медиҳад. Сарварии ин равияҳо Иоанно Павели « ба ӯҳда дорад.
Равияи православия ё клисоҳои Ортодоксии Шарқӣ бар хилофи католикҳо дорои як калисои марказӣ намебошанд. Вай дар тӯли таърихи таҳаввули худ ба 15 калисои мутақил: Искандария, Антокия, Иерусалим, Россия, Гурҷия, Сербия, Руминия, Кибризия, Элледия, Албания, Булғория, Лаҳистон, Чехословакия, Амрико тақсим мешаванд. Таълимоти провославиҳо чуни наст: «Мо бо Худои воҳид падари қодири мутлақи ҳама чизҳои диданӣ ва ғайридиданӣ ва ба Худованди воҳиди Исои Масеҳ писари Худо, ки аз падар беру номада, фарзанди ягона ва мавлуд аз ӯ зоти Падар аст имон дорем. Худо аз Худо, Нур аз Нур, Худои ҳақиқӣ аз Худои ҳақиқӣ мавҷуд аст., на махлуқ аз як зот бо Падар, ки ба василаи ӯ ҳама чиз вуҷуд ёфта. Он кӣ дар осмон нест ва барои хотири мо одамиён барои наҷоти мо нузул кард ва муҷассам шуд ва инсоне гардид ва ранҷ бур два рӯҳи саввум бархост ва ба осмон сууд кард ва боз хоҳад омад, то зиндагон ва мурдагонро доварӣ намояд.».
Протестантизм сеюмин равияи бонуфузи дини насронӣ буда, асри 16 ба вуҷд омадааст. Омили асосии пайдоиши ин ҷараёни нави насронӣ зуҳури табақаи нави иҷтимоӣ бо номи бурҷуазӣ ва по бо арсаи вуҷуд ниҳодани сохти нави ҷамъиятӣ, яъне сармоядорӣ буд. манфиати ин табақаи ҷадитд ва системаи иқтисодии он зарурати озодии маънавӣ ва соҳибихтиёрии бештари одамонро тақозо мекард. Назария ё ғояи асосии протестантӣ иборат аз он аст, ки ба наҷот танҳо бо як имони комил ба марги Исои Масеҳ ҷиҳати кафолати гуноҳони инсоният мушарраф шудан мумкин аст.
Рӯҳи муқаддас аз Худо-Падар офарида шудааст - католикҳо
Рӯҳи муқаддас аз Худо – Писар офарида шудааст – католикҳо.
Протестантӣу мазҳаби насронӣ, ки дар асри 16 пас аз ислоҳот чун масъули эътироз аз католизм ба вуҷуд омад.
Дар асоси гуфтаҳои боло маълум мегардда, ки идеологияи Масеҳӣ яке аз идеологияҳои ҷаҳоне ба ҳисоб меравад, ки ташвтқу тарғиботи ҷомеаи башарӣ барои тамоми наслҳо мебошанд.

Дидан карданд: 2072

Мавзӯъҳои монанд:

Таърихии инкишофи идеологӣ дар ҷомеаи муосир

Идеологияи радикалӣ ё радкализм.

Идеологияи утопистон.

Идеологияи дини масеҳӣ.

Буддизм ҳамчун ҷараёни идеологияи динӣ.

Ҷараёнҳои асосии идеологияҳои динии замони муосир.

Идеологияи миллии замонри муосир.

Фашизм ҳамчун ҷараёни идеологӣ. Неофашизм.

Моҳияти идеологияи коммунистӣ.

Сотсиалимз ҳамчун ҷараёни идеологияи сиёсӣ.

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: