|

Буддизм ҳамчун ҷараёни идеологияи динӣ.

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2015-10-02

Нақша:
1. Заминаҳои таърихӣ ва фалсафии пайдоиши ва инкишофи идеологияи дини Буддоӣ.
2. Ҷараёнҳои асосии идеологияи дини Буддоӣ.
3. Алоқамандии идеологияи дини Буддоӣ бо дигар мдеологияҳои сиёси замони муосир.

1. Заминаҳои таърихӣ ва фалсафии пайӣдоиш ва инкишофи идеологияи дини Буддоӣ.
Дар қатори масеҳият ва ислом Буддоия бо доираи динҳои ҷаҳонӣ дохил мешавад. Буддоия аслан дар мамолики Осиёи Ҷанубӣ – Шарқӣ ва баъзе вилоятҳои Шарқи Дури Россия интишор ёфтааст. Буддоия асрҳои V – VI то мелод дар қисми Шарқи Ҳинд пайдо шудааст. Пайдоиши Буддоия як навъ эътироз ба муқобили ҳиндуия ва тақсимоти синфию коставии браҳманҳо буд. Асосгузори Буддоия шоҳзодаи Ҳинд Ситхарта Гауттама буд.
Дар чуни муҳите асосгузори Буддоия шоҳзода ҳаёт мегузорад. Ситхарта Гауттама дар сини 20 – солгӣ аз зиндагии шоҳона ва дарбор даст кашида. Роҳи биёбон, дарвешӣ ва тарки костаҳои нафсониропеш мегирад. Рӯзе дар маконе бо номи Б-дҳа Гая расид ва даруни беша рафта зери дарахте бинишаст ва ба тафаккуру муроқиба пардохт ва аҳд намуд, ки за зери ин дарахт нахезад, то вақте ки ҳақиқатро дарнаёбад. Ниҳоят пас аз ҳафта ба мартабаи саодати маҳз -  -«ишроқ»- -и комил ноил гашт. Ин воқеа дар сини 35 – солагиаш роҳ дод. Сипас ӯ бо худ гуфт, ки олитарин6 маратабаи ҳаётро дарёфтам ва таклифи рӯҳонии худро ба поён расонидаам, дигар манн он Гауттамаи собиқ нестам. Аз ин пас «Буддо» шуд, яъне мунаввар бо нури илми ҳақиқат гардид. Буддо баъди 45 –соли оварагардии доимӣ ва таълими шогирдон дар ҳудуди соли 480 дар сини 80 – солагӣ аз олам чашм пӯшид.
Дар қарни 5 – уми пеш аз милод ду оини навин тавассути Буддо ва маҳовира ба вуҷуд омад. Буддо чуни гуфт: «Дар худ се оташ – таманно, кина ва ҷаҳлро хомӯш кун, он гоҳ ба нирвана. Ки хомӯш кардани майл, кина ва нодонӣ аст, хоҳӣ расид». Ин ҳамон, марҳилаи фанои маҳз буд, ки он вориди тасаввур шудааст. Буддо ҳаргиз даъвои паёғамбарӣ накард, баки ӯ мутафаккире буд, ки як силисила оқоиди фалсафӣ вазъ намуда, шарита ва тариқати дастури «дҳарма» - ро бунёд ниҳод. Чуни шариату тариқат баъдҳо  ба тасаввур таъсири судбахш расолнидааст. Буддо дар зери дарахти анҷир ба ҳақиқат роҳ ёфт ва аз ҳамин ҷост, ки он дарахтро дарахти дониш номидаанд. Вале дар они Буддо аз вуҷуди эзидӣ баҳс нанамудааст, балки рафта – рафта пайравони ӯ роҳбари худро ба мақоми илоҳиёт расонидаанд ва ҷаҳонро аз муҷассамаву тасвирҳои ӯ пур сохтанд.
Муҳимтарин таълимоти Буддо дар китобе бо унвони «Сутрос» дарҷ ёфтааст ва пайравони ӯ гуфтаҳбояшонро дар маҳмӯае таҳти номи «Се сабади ақлу хирад» ё «Топика» гирд овардаанд. Буддо дар бистари марг чунин гуфтааст: «Танҳо ба шунидан қаноат накунед. Оину ақоиди бостониро бовар намоед. Ба танҳоӣ гуфтори мақомоти рӯҳонӣ ва дунявиро бипазиранд».
Ба андешаи Буддо комёбу пирӯзии инсонӣ аз нерӯи ботинии худи у пайдо мешавад ва рӯҳи инсон аст, ки ба мартабаи камол рассад. Буддо минкури қурбонӣ, дуо ва таъсири ин аъмол дар сарнавишти инсон буд. Одамӣ бояд аз маҳлову тамаъкориро шаҳвати худро фурӯ нишонад то ба мартабаи наравна, яъне фанои мутлақ бирасад.
2. Ҷараёнҳои асосии идеологияи дини Буддоӣ.
Буддоия милси тамоми динҳо ба равияҳо фирқаҳо ҷудо шудааст.
Маъмултарин равияҳои Буддоӣ Хинояна ва Махояна мебошад. Дар Буддоия Хинояна маънои роҳи танги наҷотро дорад. Яъне ҳар шахс метавонад нафси худро танҳо аз роҳи роҳибӣ муайян намояд. Махояна бошад, маънои роҳи васе наҷотро дошта, ҳар як фарди буддоӣ метавонад тапвассути корҳои ҷамъиятӣ ва иҷрои расму таомули динӣ ва наҷоти нафси хеш умед банда.
Моҳияти таълимоти Буддоия дар дарёфти 4 ҳақиқат зоҳир мегардад:
1. зиндагӣ ранҷу алам аст ва ин ранҷу алам дар тавли, пирӣ, беморӣ ва ранҷи ҳаёт зоҳир мегардад.
2. сабаби тавлид хоҳишу майли инсон ба лаззат ва бақои зиндагӣ вобаста аст.
3. Раҳоӣ аз азобу кулфат. Раҳоӣ аз хоҳишу орзуст.
4. Ягона воситаи раҳоӣ ва мвйлу хоҳиш аз зиндагӣ даст кашидан аст.
Инчунни дар Буддоия таълимоти ҳаштгонаи қоидаҳо маъмул аст. Ин талаботҳо чунинанд: ҷонваронпро гаозоред, дӯздӣ накунед, зинно накунед, дуоӯғ нагуед, ғайбат ва айбҷӯӣ накунед, худхоҳиро аз дил дурр созедю, ки кинаи касеро дар дил нагиред, дили худро аз ҷанги ҷоҳилию нодонӣ пок созед ва нафси худро дар зевари маърифати ҳақ биёред. Ҳар як фарди Буддоӣ бояд назари рост, нияти рост, каломи рост, кридори рост, маоши рост, саъю амал дар роҳи ростӣ ва андешаву тафаккур дар роҳи ростӣ дошта бошад. Ҳар касс, ки молики ин сифати ахлоқӣ бошад, наҷоти ҳақиқӣ насибаш мегирад ва бо ҳолати ниривана мерасад.
Тавре, ки дар боло зикр гардид, китоби муқаддаси Буддоиён «Топика» буда, ба маънои «Се сабади ақлу хирад» ро дорад. «Топика» аз се қисм иборат аст:
1. Винноя пика. Дар Виноя пика қоидаҳои ташкили ҷамоаи роҳибон, қоидаҳои рафтор, зиндагии мӯминон, инчунни меъёри ҷазо барои қоидаҳои муайяншуда сухан рафтааст.
2. Суттапика   -ба масоили ибодати Буддоия бахшида шудааст.
3. Абҳидомпика  - он аз 7 китоб иборат аст. Ақидаи динию фалсафӣ аз ахлоқию баён мекунад, ки гӯё худи Буддо гуфтааст.
Мувофиқи таълимоти Буддоия се олам вуҷуд дорад:
1. Олами ҳиссӣ. Ин олами инсон, ҳайвонот ва арвоҳ аст. Да ин олам нафси инсон ба нафси ҳайвонӣ ва бо арвоҳ дар робитаи доимӣ буда. Аз чигунагии рафтор, гуфтор ва аъмоли мавҷудоти ин олам ба олами дуюм хабар мерасонад.
2. Олами афлок дар он худоҳо зиндагӣ мекеунанд.
3. Олами холиқи мутлақ. Дар он танҳо Буддо зиндагӣ дорад.
Мувофиқи таълимоти Буддоия ду олами аввал муваққатӣ ва гузаронанд. Танҳо олами холиқи мутлақ – олами Буддо абадӣ ва тағйирнопазир аст. Дар Буддоия бар хилофи ҳиндуия ва бараҳмания наҷоти нафс ба кӯшишу роағбати худи шахс вобаста аст. Дар Буддоия мансубият ба коста, эътиқод ва яздонии сершумор, маросиму анъанаҳои серҳаҷм моҳияти худро гумм кардаанд.
Бо вуҷуди он ҳамчун идеологияҳои ҷамъияти ғӯломдорӣ Буддоия ғуломон ва шахсони тобеъро пайравони Буддо намедонист буддоия дорои ҷамоаҳои зиёди роҳибӣ, ки санкҳӣ ном дорад, мавҷуданд. Гӯё аввалин Санкҳӣ аз тарафи худи Буддо таъсис шудааст. Дар Буддоия кибру ғурӯр, манъ аст. Истеъмоли машрубот, истифодаи ҷавоҳироти артиёт низ манъ аст. Тӯҳфаи чизҳои тиллогӣ ва нукрагӣ мамнӯъ аст. Роҳибон бояд танҳо ба ибодату гадоӣ р\згузаронӣ намоянд.
3. Алоқамандии идеологияи дини Буддоӣ бо дигар идеологияҳои сиёсии замони муосир.
Дар ҷаҳони имрӯза мисли тамоми динҳои дигар ақоиду миаросимҳои буддоӣ низ хело тағйир ёфтаанд ва бисёр рукнҳои қадима танҳо риояи рӯҳониёни олимартаба ҳамтӣ дониста мешавад. Масалан аз 8 – талабот барои диндорони оддӣ танҳо роияи нисфи онҳо кофист. Ҳангоми зуҳур Буддоия ҷомеаи ҳиндӣ ба чаҳор табақаи аз ҳам ҷудо тақсим шуда буд:
1. Бараҳманҳо – рӯҳониён;
2. Кшатрияч – сурхпӯстон;
3. Фамисия зардҳо;
4. Кудра ё шудре  - бозаргони сиёҳ аз қавмҳои бумӣ.
Дар дини Буддоӣ сарчашмаи амали солеҳ ва наҷот расидан ба нирвана – саодати маҳз паноҳ бурдан ва ё пайравӣ аз се ҳақиқат: Буддо. Дхарма, ва Сангха мебошад, ки гавҳари қиматбаҳо номида шудаанд. Мувофиқи эътиқоди суннати Буддоиён Буддо дорои баъзе ҷумла, ӯ дорои чашми ақл дар пешонӣ буда, ки ба ӯ имконият додани гузашта, ҳозира ва ояндаи ҳар як вуҷуди воқеӣ, тасаввурӣ ва шуури соф дорад. Нахустин бор Буддо усули асосиитариқату мазҳаби худро дар мавзе маъруф ба «Боғи ғазолон» баён кардааст.
«дар ин олам тамоми ашёро ду ҳадди ирфот бипарҳезад. Масалан, зиндагонии саросар айшу нӯ шва шаҳват низ нописанду зишту фарӯмоя аст, ҳамчунин зиндагонии саросар фикру ранҷу риёзат, пур аз сахтиву заҳмат ни зноматлуб ва беҳуда мебошад». Аз ин рӯ, марди солеҳ ва толиби ҳақиқат аз ин сарҳад бодя канораҷӯӣ куна два нуқтаи мобайниро, адолати ҳақиқӣ аст, ба даст оварад, ки дар он нуқта нури маърифат тобиш мекунад ва гавҳари илм ва саодат ва осоишу иштиёқ дар он ҷост.
Дхарма – тасдиқ, назария дар буддизм яке аз мафҳумҳои ссермаънӣ буда, ҳадди ақа, дар фалсафаи Буддоӣ дорои маъноҳои:
1. Таълимоти муназзами Буддо;
2. Тарзи рафтор, адолат ва қонун;
3. Шароит, иллату маъмул;
4. Даҳр сохтори муназзами олами падидаҳо.
5. Воқеияти олӣ – лаҳзаҳои ҳастӣ мебошад.
Тариқаи Буддо роҳи мобайнӣ аст. Ва аз ифроту тафриқҳоиҳарду тараф, онҳо, ки мехоҳанд ҳамагуна майлу хоҳишҳои табиии инсонро нест кунанд, канораҷӯӣ кардааст. Ин роҳи мобайнӣ роҳи наҷот ва тазкияи нафсро роҳи ориёнӣ номидаанд, ки ибтидоӣ онро Зардушт бар се зинаи камоли ахлоқӣ гузошта ва Буддо бошад, онро 8 – зина тавсия бахшидааст:
1. Пиндори нек; 2. гуфтори нек; 3. рафтори нек; 4. муҷодилаи нек; 5. нигоҳи нек; 6. таақули нек; . 7. укасбу кор нек. 8. идроки нек;
Дар баробари ин ақидаҳо маълум мегардад, ки чуни фикрҳои дар боло зикргардида идеологияи Буддоӣ дар дигар идеологияҳои динӣ низ то андозае инъикоси худр ёфтаанд. Из ин рӯ, идеологияи буддоӣ бо дигар ҷараёнҳои идеологӣ дар алоқамандӣ арзи ҳастӣ намудааст.

Дидан карданд: 1381

Мавзӯъҳои монанд:

Таърихии инкишофи идеологӣ дар ҷомеаи муосир

Идеологияи радикалӣ ё радкализм.

Идеологияи утопистон.

Идеологияи дини масеҳӣ.

Буддизм ҳамчун ҷараёни идеологияи динӣ.

Ҷараёнҳои асосии идеологияҳои динии замони муосир.

Идеологияи миллии замонри муосир.

Фашизм ҳамчун ҷараёни идеологӣ. Неофашизм.

Моҳияти идеологияи коммунистӣ.

Сотсиалимз ҳамчун ҷараёни идеологияи сиёсӣ.

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: