|

Фашизм ҳамчун ҷараёни идеологӣ. Неофашизм.

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2015-10-02

Нақша:
1. Моҳият, мафҳум ва заминаҳои барқароршавии идеологияи фашистӣ.
2. Фашизм ҳамчун радикализм.
3. Неофашизм ва идеологияи замони муосир.

1. Моҳият, мафҳум ва заминаҳои барқароршавии идеологияи фашистӣ.
Мафҳуми «фашизм» аз забони итолиёви гирифта шуда, маънои иттиҳодро дорад. Он шакли реҷими сиёсии тоталитарй, идеологият зӯроварии муташаккил аст, ки аз ҷиҳати назариявӣ ташакул ёфта, аз ҷиҳати сиёсӣ дар амалияи таърихии як қатор мамлкатҳои воқеи гардондида шудааст. Идеологияи фашистӣ яке ах хусусиятҳои асосии тоталитарӣ, идеология изӯроварии матшаккил аст, ки ахз ҷиҳати назариявӣ ташаккул ёфта ва аз ҷиҳати сиёсӣ дар амалияи таърихии як қатор мамлакатҳо воқеӣ гардонида шудааст. Идеологияи фашистӣ яке аз хусусиятҳои асосии ҷаҳонбинӣ ва нишони ҳодисаҳою равандҳои ҷомеаи сиёсии асри 20 мансуб меёбад. Инкишофи он ва тарзи таъсир ба равандҳои дигари ҳаёти ҷомеа дар мамлкатҳои гуногуни муносибат ба сиёсти пешгирифтаи ин ҷараёни идеологӣ маънидод мешаванд.
Фашизм ба реҷимҳои гуногунии тоталитарӣ ва миллатгароии канора ташбеҳ дода мешавад. Муҳаққиқи фрасавӣ С.Пейн фашимзро «шакли ултранатсионализми инқилобӣ» меҳисобад. Олими немис А.Миллер бошад, онро «шакли инфиродии тоталитаризм» мемонад. Нуқтаи назари коршиноси дигари франсавӣ П.Милза низ диққатҷалбкунанда мебошад. ӯ дар инкишофи фашизм давраҳои гуногунро мушоҳида менамояд.
Дар маҷмӯъ ин авъи идеология яке аз ҷараёнҳои асосии идеологияит сиёсии замони муосир ба ҳисоб меравад, ки за дигар шаклҳои идеологияи сиёсии замони муосир ба куллӣ фарқ мекунад. Агар аксари идеологияҳои иҷтимоӣ рӯ оварда бошанд, фашизм ба ғояи афзалияти наҷодӣ, бартарии миллӣ фикрҳо ва ақидаҳоро гирд меоварад. Идеологияи сиёсии фашистӣ дар шакл ва сатҳи гуногун дар мамлкатҳои зиёде арзи ҳастӣ намудааст.
2. Фашизм ҳамчун радикализм.
Идеологияи сиёсии фашистӣ дар шакл ва сатҳи гуногун дар мамлкатҳои зиёде арзи ҳастӣ намудааст. Фашизм дар Италия, дар Германия, дар Испанияи франкистии солҳои 20-30-юми асри 20, дар Япония солҳои 30-40-уми асри 20, дар Португалия, дар Аргентина, дар Юнон охири солҳои 60 – уми асри 20, дар давораҳои алоҳидаи таърихи навини Африқои Ҷанубӣ, Уганда, Бразилия, Чили ва ғайраҳо вуҷуд дошт.
Асосгузори идеологияи фашистӣ собиқ сарвари сотсиалистони чапи Италя Б.Муссолини бошад ҳам, назарияи фашистии ӯро ғояҳои элитарии Афлотун, Гегел ва таълимоти «давлати органикӣ» ташкил медиҳанд. Фашизми Муссолини дар заминаи миллатгароии канора, идориа номаҳдуди давлат амал намуда, ҷангу сиёсати экспансионистиро тавсиф менамуд.
Фашизми гитлерӣ бештар хосияти интернатсионализми иртиҷоиро ба худ гирфта буд. Натсионал – сотсиалистони Германия идеологияи сиёсии худро барои тақвияти ғояи афзалияти ҳуқуқҳои халқии «ориёӣ» дар заминаи ғояҳои афзалияти наҷодии А.Гобино, баъзе нуқтаҳои фплсафаи И.Фихте, Г.Трейчик, А.Шопенгауер, Ф. Нитсше истифодҷа намудаанд. Тамоми одамонро ба се гуруҳ тақсим менамудаанд: «наҷоди бунёдгари маданият», халқҳое, ки маданиятро ҷонибдорӣ менамуданд», «наҷоди маҳвкунандагони маданият», ки бояд аҳли онҳо нобуд карда шавад.
Дар таълимоти фашизм нақши давлат паст зада шуда, мақоми барҷастаро наҷодҳо ишғол менамояд.
Умуман, фашизм ҳамчун шакли реҷими тоталитарӣ буда дар сиёсат ва ҳокимият даҳогариро дар ҷои аввал мегузорад. Дар ин нави идеалогияи системаи якҳизбӣ амал намуда, ҳизб дар атрофии доҳи муттаҳид мегардад. Ҳизби сиёси аз давлат боло гузошта мешавад. Барои таъини тартибот ва муътадилии инкишоф аз ҳамаи воситаҳои зурй истифода менамояанд.
Дар адабиёти сиёсӣ В. Ядов ҳусусиятҳои фашизмро бо таври зайл нишон додаст:
1. бартарии манфиатҳои миллӣ нисбати манфиатҳои дига;
2. барқарор намудани кодекси милли ахлоқӣ;
3. истифодаи зӯрӣ;
4. демагогия ҳамчун тарзи ташвиқот;
5. парастиши шахсият, доҳигарӣ:

3. Неофашизм ва идеологияи замони муосир.
Дар шароити ҳозира фаҳми гуногуни фашизм мавҷуд аст. Баъзан, фашизмро идеологияе меҳисобанд, ки мазмуни ғоявии муайян надорад. Он метавонад новобаста ба маон ва замон  бо мақсади ғасби ҳокимият ва таъкибу нобудсозии равандҳои демократӣ ба вуқӯъ ояд. Истифодаи зӯрӣ ва террор воситаи асосии истифодаи ҳокимият мегардад.
Ҳамин тариқ, асоси идеологияифашистиро эътирофи принсипи афзалияти ин ё он гурӯҳои наҷодӣ, этникӣ, синфӣ, маҳаллӣ ничбати дигарон ташкил медиҳад. Аз ин хотир, ҳар ташкилот ё иттиҳодияе, ки чуни принсипро мепазирад ва онро ба роҳбарӣ мегирад ва метавонад хусусиятҳои фашизмро ба худ гирад.
Фашизми муосит идеология ва фаъолияти тамоюлоти рости хосияти доҳигароӣ дошта мебошад, ки аз мавқеи миллатчигии инфиродӣ, зиддисиметӣва наҷодпарастӣ баромад менамояд.дартаълимот ва амалияи неофафашизм тасаввурот дар бораи мессианигароии этникӣ вуҷуд надорад. Аммо дар илова ба он фалсафаиинфиродиятро низ рад менамояд. Таваҷҷӯҳи асосӣ ба ғояи «замина» - и халқ ватандӯстӣ, ки ба заминаи «давлати табиӣ» бо «ҳукумати бетараҳҳум» бунёд нардидааст, дида мешавад.
Дар муборизаи сиёсӣ зӯроварӣ ва терорро бештар истифода намуда, зидди қувваҳои сулҳҷӯ фаъолият менамояд. Дар шароити олами муосир нерӯҳои демократӣ низ аз тамоми воситаҳо истифода намуда, мавқеи онҳоро дар сиёсати локалӣ васиёсатмадори касбию оммавӣ маҳдуд маҳдуд градониданӣ мешаванд. Аммо амали мазкур натиҷаҳои мусбат ва дилхоҳ меоранд. 
Неофашизм ҷараёне мебошад, ки ҳаракатҳои  иртиҷоии муосирро муттаҳид намудааст ва аз лиҳози ғоявӣ ва сиёсӣ ифодагари фашизми анъанавӣ мебошанд. Дар ин маврид доктринаи хеш ва ғряҳои идевиро тағйир надодаанд ва фақат қисман мазмуни хешро дигар намудаанд, дар бархе ҳолатҳо тоқатпазирӣ нисбати яҳудиҳо ва сионизмро ба онҳо байни яҳудиҳои Исроил ва яҳудиҳои мамлкатҳои дигар тафовут мегуғаронанд. Ба сифати барандаи сионизм яҳудиёни Исроилро медонанд. Аксари ненатсистон антиглобализм ва сепаратизм ва сафелпӯстонро ташвиқу тарғиб менамоянд, ки он бар хилофи ҳадафҳои ипериявии натсионал – сотсиализми анъанавӣ қарор дорад. Дар шароити медиократия принсипи фюрерӣ аз байн бардошта мешавад. Ненатсистон одатан пешвроёни худро намоён намесозандва Гитлерро ба сифати пешвои рамзӣ медонанд.

Дидан карданд: 946

Мавзӯъҳои монанд:

Таърихии инкишофи идеологӣ дар ҷомеаи муосир

Идеологияи радикалӣ ё радкализм.

Идеологияи утопистон.

Идеологияи дини масеҳӣ.

Буддизм ҳамчун ҷараёни идеологияи динӣ.

Ҷараёнҳои асосии идеологияҳои динии замони муосир.

Идеологияи миллии замонри муосир.

Фашизм ҳамчун ҷараёни идеологӣ. Неофашизм.

Моҳияти идеологияи коммунистӣ.

Сотсиалимз ҳамчун ҷараёни идеологияи сиёсӣ.

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: