|

Сотсиалимз ҳамчун ҷараёни идеологияи сиёсӣ.

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2015-10-02

Нақша:
1. Заминаҳо таърихӣ ва фалсафии барқароршавии сотсиалимз.
2. Ҷараёнҳои иқтисодӣ васиёсии сотсиализми муосир.
3. Барномаи идеологияи сотсиалистӣ дар Тоҷикистон.
1. Заминаҳои таърихӣ ва фалсафии барқароршавии сотсиализм.
Яке аз ҷараёнҳои бонуфузтарини замони имрӯза ин идеологияи сотсиалистӣ мебошад. Идеологияи сотсиалистӣ дар давраи нави таърихи нави тамаддуни инсонӣ ҳаматарафа инкишоф ёфт. Махсусан идеяи сотсиалистӣ дар асарҳои мутафаккирони сотсиализми хаёлӣ Томас Мор, Томас Компанелла, Роберт Оуен, Шарл Фуре, Адам Смит, Сен-Симон ҳаматарафа инкишоф дода шудааст. Дар инкишофи ин назария хизмат мутафаккир ва маорифпавари франсуз Ҷан Ҷак Руссо низ хеле калон аст.
Дар миёнаи асри Х1Х асосгузорони марксизим Карл Маркс ва Фридрих Энгелс кӯшиш ба харҷ доданд, ки таълимот дар бораи сотзиализмро аз хаёл ба илм табдил диҳанд. Дар натиҷаи идеологияи сотсиалистии асосноки илмӣ, к ибо номи марксизм машҳур мебошад, ташаккул ёфт. Ин идеология идеологияи синфи коргар буда, дар асоси таҷрибаи роли таърихи револютсиониисинфи коргар ба вуҷуд омад.
Дар аввали асри ХХ марксизм ба ду ҷараёи ба ҳам муқобил тақсим шуд: ленинизм (болшевизм) ва сотсиалдемократия. Ба ҳамин тариқ, дар асоси идеалогияи марксизм ду ҷараёни идеологии нав пайдо шуд. Идеалогияи сотсиалистӣ ва сотсиал – демократӣ.
Ин ду ҷараёнро як қатор арзишҳои идеалогии бо ҳам алоқаманд ба якдигар наздик менамояд. Масалан, идеяи баробарӣ – бародарии ҳамаи одамон, баробари иҷтимоӣ, вилояти манфиатҳои ҷамъиятӣ баъд шахсӣ, ба танзим андохтани тамоми муносибатҳои аз тарафи давлат. Дар байни барномаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии ленинизм (сотсиалистӣ) ва сотсиал – демократй дигаргунҳои ҷиддӣ вуҷуд дорад.
Ленинизм (сотсиалистӣ) таълимоте мебошад, ки дар давраи гузариш аз капитализм ба империализм ташаккул ёфт. Асоси идеалогияи ленинизмро марксизм ташкил медиҳад . В.И. Ленин мувофиқи шароти нав дар таълимоти      К. Маркс оид ба ғалабаи револютсияи сотсиалистӣ фикри нав дод. Агар К. Маркс ҷалабаи револютсияи сотсиалистиро дар як вақт дар ҳамаи мамлакатҳои капиталистӣ асоснок карда бошад, Ленин мувофиқи шароити нав ғалабаи револютсияи сотсиалистиро дар як ё якчанд мамлакати капиталистӣ асоснок кардааст. Натиҷаи ин нуқтаи назари Ленин ғалабаи революсияи сотсиалистии октябр (1917) дар Руссия шуд.
Дар зери таъсири Револютсияи октябр дар бисёр мамлакатҳои дигар револютсияҳои сотсиалистӣ, халқӣ – демократӣ ғалаба кардан два системаи ҷаҳонии сотсиализм ташаккул ёфт. Идеологияи сотсиалистӣ дар ҷаҳони ғайрисотсиалистӣ дар сатҳ ва равияи дигар инкишоф меёфт. Назариётчиёне пайдо мешуданд, ки модернизатсияи асосҳои назарияи идеологияи маркситиро ташвиқу тарғиб менамуданд. Масалан, маорксистони австрягӣ М. Адлер ва О. Бауэр кӯшидаанд, ки ғояҳои асосии коммунизм ва сосиал – демкратияро ба ҳам оранд. Ё худ Г. Петрович ва А. Шараф таълимоти марксизмро ба вуҷуд оварданд. Таълимоти  «сотсиализми насронӣ» ва «сотсиализми экалогӣ» ба амал омад.
Умуман, новобаста ба оне, ки идеологияи сотсиалитӣ дар шаклҳо ва сатҳи гуногун ба амал меояд ва он асосан, аз чорчӯбаи тамоюли инкишофи ҷаҳонӣ беру нест ва дар олами муосир таъсири сиёсии фаъол надорад . ба ҷумлаи сабабҳои асосии ҳолати мазкур инҳо дохил мешавад: Аввало, дар аксари маврид, идеологияи баъдан, идеологияи сотсиалистӣ ба реҷими Стали, Кастро,Чаушеский барин диктаторҳо ва ҷомеаи тоталитарӣ алоқаи ногусастанӣ дорад.
2. Ҷараёни иқтисодӣ ва сиёсии сотсиализми мосир.

Сотсиализм дар баробари сармоядори саноатӣ дар ибтидои асри Х1Х сар баровард. Аммо дар Британия метавон тахмин намуд, ки аз қарнҳои 14- ум гарчи мафҳуми сотсиалист вуҷуд надошта бошад ҳам, аз ин равия бархурдор буданд ва нисбати ин масъала ба рушди сармоядорӣ дар Британияро намояндагӣ мекарданд ва сотсиалистҳои баъдина бо онҳо наздик шуда, ба ҳар гунае, ки метавонистанд кӯмакҳои аввалини худро мерасониданд Яъне, дифоъ ё иброз, ё баҳс дар бораи ақидаҳо ва пиндорҳое мепардохтанд, ки маркази сотсилизм аст. Назари таърихӣ ба таълимоти сотсиалистӣ ва таҳлили амиқи паҳлӯҳои гуношгуни он имконият медиҳанд, ки моҳият ва мазмуну хусусиятҳои таълимот дар ҷараёнимазкур дар раванди инкишофи таърихӣ мавриди маърифати сиёсӣ қарор бигиранд.
Дар баробари вазифаҳои мазкур эволютсияи таълимот ва махсусияти он дар инкишофи таълимоти иҷтимоию сиёсӣ аҳамияти хосаро пайдо карда метавонад. Таълимот дар бораи сохти одилонаи ҷомеа дар шакли асотирҳо ва ривоятоо халқӣ ҳанӯз дар давраҳои қадим пайдо шуда замони баъдинаи инкишофи инсониятро низ ҳамроҳӣ намудаанд. Одатан онҳо парокандаю номураттиб буданд. Яке аз навҳои зуҳури таълимот дар бораи ҷомеаи сотсиалистӣва навъи нисбатан комилтари назарияи сотсиалистӣ таълимоти сотсиализми утопиявӣ ба ҳисоб мераванд. Аввалин асрҳои калони сотсиализми употиявӣ ба асрҳои 16 – 18 ба давраи ташаккул в инкишофи ҷомеаи сармоядорӣ рост меоянд. Онҳо бар зидди капитализм, бар зидди ҳирси зиёди сарватғунодории сармоядорон ва шакклҳои бераҳмонаи истисморону ғорати одамони оддӣ, ба муқобили ҳуқуқу манфиатҳои аксарияти аҳолиро дағалона поймол кардани бурҷуазия як навъ эътироз баён кардаанд.
Сотсиалистони употист дар бориа аз он, ки идоракунии одамон ба олоти роҳбарии истеҳсолоти эҷамъиятҳӣ табдил додани давлат изҳори ақида намудаанд. Баъзе употистон бошанд, нишон доданд, ки оқибат давлат барҳам мехӯрад.
Сотсиализми употивӣ хусусиятҳои гуманизми воқеиро дар бар мегирифт. Он назарияҳои аз асорат озод намудани меҳнат, ба баробарии одамон муваффақ гардиданро ба миён гузоштааст.
Шароити асосии ташаккулу инкишофи сотсиализми употиявӣ ба сатҳ ва дараҷаи тараққиёти иқтисодии ҷомеа, шиддат гирифтани зиддиятҳо ва муқовиматҳои иҷтимоӣ ва тадриҷан авҷ гирифтани муборизаҳои синфӣ алоқаманд мебошад. Шароити ташаккул ва инкишофи минбаъдаи капитализм рушди идеяҳои сотсиалистиро ба пояи баланд баровард.
3. Барномаи иделоогияи сотсиалистӣ дар Тоҷикистон.
Дар баробари дигар собиқ давлатҳои иттиҳодияҳои шуравӣ дар Тоҷикистон низ идеологияи сотсиалистӣ барнома ва мақсаду вазифаҳои худро дар муддати муайяни таърихӣ амалӣ гардонидааст. Марҳилаи навбатӣ дар раванди инкишофи таълимоти сотсиалистӣ ташаккули таълимоти марксизм мебошад. Он низ нигоҳи сохти ҷамъиятиест, ки баҳри комил гардонидани баробарии иҷтимоӣ аслиҳаи асосиро дар афзун намудани моликияти ҷамъиятӣ ва воситаҳои истеҳсолот медонад. Ду шакли асосии сотсиализм давлатӣ ва сотсиалзми яке аз қисмҳои таркибии таълимоти марксизм – ленинизм давраи гузариш ба сохти иқтисодӣ, таркиби синфӣ ва ташкилти сиёсии худ фарқ менамрянд. Дар давраи сотсиализми иқтисодиёт яке аз укладҳои хоҷагӣ набуда, тамоми хоҷагии халқро дар баор мегиранд. Синфҳои истисмосгар вуҷуд надоранд. Давлат ҳамчун ташкилти сиёсии умумихалқӣ мебошад. Демократия на танҳо барои тамоми аъзоёни ҷомеа, ки ҳама меҳнаткашонанд, таъмин карда мешавад.
Сотсиалимз аз он хотир зинаи аввали ҷомеаи коммуниятӣ дониста мешавад,ки он бисёр хусусиятҳои форматсияи коммунистиро дар худ ифода менамояд. Дар давраи сотсиализм принсипи «Аз ҳар касс-мувофиқи қобилияташ, ба ҳар касс-мувофиқи меҳнаташ» амал менамояд. Ин принсипи асосииташкили ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Он ягонагии ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандон ҷомеаи сотсиалистӣ, робитаи узвии вазифаи ба ҷомеа мувофиқи қудрату қобилияти меҳант кардан ва ҳуқуқ аз ҷамъият мувофиқи мувофиқи сифату миқдори меҳнат ҳақ гирифтани онҳоро ифода менамояд. Принсипи мазкур ҳамчунин андозаи ба амал баровардани баробарии иҷитимоиро дар давраи аввали коммунизм ифода менамояд. Он муносибатҳои нави истеҳсолии сотсиалистиро инъикос намудааст. Хосияти хоси сотсиализмро ягонагии иҷтимои сиёсӣ идеявии он ташкил медиҳад. Дар дохили он синфҳои антоганистӣ нестанд ва муносибатҳои синфҳо, гурӯҳҳо ва умумиятҳои дигари иҷтимоӣ муносибати ҳамкории дӯстонанд. Сотсиализм дар Тоҷикистон дар навъҳо, шаклҳо ва сатҳи гуногун ташаккул меёбад. Асосҳои мухталиф таълимоти мазкурро ҳамроҳӣ менамоянд. Дар ибтидо, яъне замони ташаккулёбӣ мақоми хосаро асосҳои идеологии он касб менамоянд.
Аз ин рӯ, таълимоти сотсиалистӣ ва амалӣ гаштани барномаҳои сотсиалистӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар собиқ Ҷумҳуриҳои Иттиҳодияҳои Шӯравӣ ба пуррагӣ инъикос гардидааст.

Дидан карданд: 1098

Мавзӯъҳои монанд:

Таърихии инкишофи идеологӣ дар ҷомеаи муосир

Идеологияи радикалӣ ё радкализм.

Идеологияи утопистон.

Идеологияи дини масеҳӣ.

Буддизм ҳамчун ҷараёни идеологияи динӣ.

Ҷараёнҳои асосии идеологияҳои динии замони муосир.

Идеологияи миллии замонри муосир.

Фашизм ҳамчун ҷараёни идеологӣ. Неофашизм.

Моҳияти идеологияи коммунистӣ.

Сотсиалимз ҳамчун ҷараёни идеологияи сиёсӣ.

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: