|

Вазифа, услуб, шакл ва намудҳои қарз (СИЁСАТИ ПУЛӢ ВА ҚАРЗИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Тартибдиханда: Азизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-10-30

Мазмуни иҷтимоию иқтисодии қарз мустақиман бо воситаи иҷрои вазифаҳои он зуҳур ва амалӣ мегардад. Дар адабиёти муосири иқтисодӣ бештар чунин вазифа (функсия) - ҳои қарз номбар карда мешаванд:
Сарҷамъ ва андӯхтани сармояи пулӣ;
Азнавтақсимкунии сармояи пулӣ;
Танзим ва истиқрори иқтисодиёт;
Кам кардани масрафи тавлидот ва муомилот;
Таъмин кардани назорати молиявӣ ба гардиш ва гирдгардиши сармоя;
Сарфаи пули нақд;
Ҷудо кардани фоиз;
Ба вуҷуд овардани аслиҳаи бузурги назорат дар ҳавзаи муомилот;
Тезонидани суръати тамарказ, таҳсис ва кооперативонии истеҳсолот;
Таъмин кардани навоварию ихтироотҳо ва тезондани пешрафти илму техника.
Низоми қарзӣ дар чорчӯбаи методҳои муайян қарор мегирад. Таҳти усули қарзадокунӣ тарзу услуби пешниҳоду подош кардани қарз, танзими шаклу намуд, тартиби назорат, мақсади истифода ва сари вақт пасгардонии воситаҳои қарзию пулӣ фаҳмида мешавад.
Усули қарзадокунӣ вобаста ба хусусиятҳои низоми иқтисодӣ, хусусан низоми бозорӣ ва низоми амрӣ (сотсиалистӣ) ҳархела ташкил ва танзим карда мешавад.
Низоми қарзӣ дар меҳвари услубҳои махсуси қарзадокунӣ сурат меги-рад. Услубҳои қарзадокунӣ, ҷузъи таркибӣ ва тарзи худзуҳуршавии унсурҳои низоми қарзӣ буда, бо воситаи амали қонунҳои иқтисодӣ (арзиш, нарх, тақозо, арза, муомилоти пул..) ва ангезаи воҳидҳои иқтисодӣ татбиқ карда мешаванд.
Қарзи тиҷоратӣ қарзе мебошад, ки байни корхонаҳои амалкунанада дар шакли натура (молу маҳсулот) ва хадамот тақдим карда мешавад. Он барои хизматрасонӣ ба раванди гирдгардиши сармояи саноатӣ, тезондани ҳаракати тавлиди молу маҳсулот ва интиқоли онҳо аз доираи истеҳсол (тавлид)-от ба доираи муомилот, тезтар фурӯхтани молҳо ва табдил додани пул ба сармоя нақш ва мақоми беназир дорад.
Қарзи бонкӣ қарзе мебошад, ки аз ҷониби бонкҳо ё худ институтҳои молиявию қарзӣ ба субъектҳо (воҳидҳо)-и ҳуқуқӣ (ширкатҳои саноатӣ, савдо, нақлиёт, аҳолӣ, давлат ва ғайра) дар шакли пул пешниҳод карда мешавад. Доираи амалиётҳои қарзи бонкӣ нисбат ба қарзи тиҷоратӣ васеътар мебошад.
Доираи он ба ғайр аз ҳавзаи муомилот, ки қарзи тиҷоратӣ, асосан, хизматрасонии онро ба ӯҳда дорад, ҳавзаҳои тавлидот ва андӯхти сармояро дар бар мегирад. Ба ғайр аз ин, иваз намудани векселҳои тиҷоратӣ ба векселҳои бонкӣ фаъолияти онро нисбатан чандиру муозин месозад ва миқёси истифодаю дараҷаи бо фоиз таъмин буданашро густариш медиҳад.
Қарзи гаравӣ(кафолатнок) аз ҷониби бонкҳо дар шакли кафолат барои харидани воситаҳои ғайриманқул (беҳаракат) – замин, биноҳои истиқоматӣ, ҳавлию иншоотҳои дигари сохтмонӣ ба мӯҳлати аз 15 то 30 сол ҷудо карда мешавад.
Қарзи давлатӣ қарзе мебошад, ки аз тарафи бонкҳои давлатӣ (ё худ дигар муассисаҳои молиявию қарзии давлатӣ) барои ташкилу такмил, рушду таҳаввули корхонаҳои давлатӣ (корхонаҳои соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ ва ғайримоддӣ) ва подош кардани касри буҷет ва қарзи давлатӣ (ба мӯҳлатҳои гуногун) пешниҳод карда мешавад.
Қарзи давлатӣ аз ҳисоби ҷалб кардани воситаҳои пулии муваққатан холи (озод)-и аҳолӣ ва фирмаю ташкилотҳо дар бонкҳо, ситондани андозу пардохтҳои ҳатмӣ аз воҳидҳои ҳуқуқию ҷисмонӣ сурат мегирад. Он, одатан, дар шакли интишори заёмҳо, векселҳои кӯтоҳмӯҳлати хазинавӣ, фаъолияти амонатгузорӣ, пешниҳоди бозиҳои гуногун (лотерея, спринт, лото..) ба роҳ монда мешавад.
Қарзи кишоварзӣ барои инкишоф ва пешрафти соҳаҳои КАС (ком-плекси аграрию саноатӣ, алалхусус хоҷагии қишлоқ) ба ҳайси қарзи кӯтоҳмӯҳлат (то 1 сол), қарзи миёнамӯҳлат (то 3 сол) ва қарзи дарозмӯҳлат (аз 3 то 10 сол) ҷудо карда мешавад.
Қарзи байналхалқӣ қарзе мебошад, ки аз ҷониби бонкҳои марказию тиҷоратии давлатҳо, ташкилотҳо (хазина, сандуқҳо)-и байналхалқӣ, ширкат-ҳои хусусию байналмиллалӣ дар шакли асъор, захираҳои пулӣ ва молӣ ба мӯҳлати муайян, дар асоси услуби бозгашт, бамузд, мақсаднок пешниҳод карда мешавад.
Тайи даҳсолаҳои охир дар аксарияти давлатҳои фавқулинкишофёфтаи бозорӣ, шакл ва намудҳои нисбатан мусоидтарини қарз истифода бурда мешавад. Яке аз намудҳои он қарзи боваринок мебошад, ки ин намуди қарз манобеи таъминот надорад. Он ба гурӯҳи махсуси мизоҷони бовариноки дараҷаи аввал (ҳамаҷониба санҷидашуда, қавиирода, дорои масъулият ва интизоми баланд ва саривақт иҷрокунандаи ӯҳдадориҳо)  ба мақсади подош намудани масраф (хароҷот)-и истеҳсолӣ ба мӯҳлати аз 1 то 3 моҳ ҷудо карда мешавад.

Дидан карданд: 16

Мавзӯъҳои монанд:

Бекорӣ: шаклҳо ва сабабҳои пайдоиши он. Мафҳуми шуғли пурра

Сиёсати зиддитаваррумии давлат (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Оқибатҳои иқтисодию иҷтимоии таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Хусусият ва омилҳои муайянкунандаи таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Шакл ва намудҳои таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Таваррум, моҳият ва сабабҳои пайдоиши он (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Сиёсати хазинадории давлат ва хусусиятҳои он дар шароити бозор (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Андоз, вазифа, шакл ва хусусиятҳои ташаккули он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Буҷети давлатӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои ташкили он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Молия, вазифа ва низоми он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: