|

Ҳаҷм (масса)-и пул. Бозори пул ва эътидоли он (СИЁСАТИ ПУЛӢ ВА ҚАРЗИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Тартибдиханда: Азизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-10-30

Анбӯҳи беинтиҳои гардиши пул дар доираи мамлакат дар алоқамандӣ бо муносибатҳои пулии бурунмарзӣ дар шакли нақд ва ғайринақдӣ, раванди харидуфурӯши неъматҳою хадамот – муомилоти пулиро ташкил медиҳад.
Муомилоти пул ба мақсади истиқрори гардиши фондҳои хоҷагӣ (фирма), таъмини раванди хоҷагидорӣ, тақозою арза дар бозори молӣ, пешгирии бӯҳронҳои иқтисодӣ ва касодии иқтисодиёт, бартараф кардани каср (камбуд, дефисит)-и молӣ, ба эътидол даровардани ҳаҷми пул, нарх, таваррум, пардохти музди кор, сармоягузорӣ, пасандозу андӯхт нигаронида мешавад.
Муомилоти пул мустақиман аз миқдори пули барои муомилот зарур буда, суммаи нархи молҳо ва суръати гардиши воҳидҳои пулӣ вобаста мебошад.
Тибқи назарияи К.Маркс миқдори пули барои муомилот зарур чунин муайян карда мешавад:
К=(МН-Кр+П-Пҳ)
Дар ин ҷо: К- миқдори пули барои муомилот зарур буда; М- миқ-дор(сумма)-и молҳо; Н- нархи молҳо; Кр- молҳои ба қарз фурӯхташуда; П-пардохтҳо; Пҳ- пардохтҳои ҳамдигарро баробаркунанда.
Ҳаҷми пул мустақиман аз ҳаҷм ва суръати афзоиши маҳсулоти умуми миллӣ (МУМ) ва тағйирёбии нархҳо вобаста мебошад. Таҷрибаи давлатҳои фавқулинкишофёфтаи бозорӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳар як 5-10 сол ҳаҷми пул нисбат ба ҳаҷми ҷисмонии истеҳсолот ва нархи истеъмоли молҳо тезтар меафзояд. Тибқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ дар давраи солҳои 1992-1996 ҳаҷми пул (дар ин давлатҳо) ба ҳисоби миёна ба 3,5 фоиз ва афзоиши МУД (маҳсулоти умумии дохилӣ)-и воқеӣ 1,9 фоиз, яъне ҳаҷми пул нисбат ба МУД – 1,8 маротиба тезтар афзудааст.  Ин  нишондиҳанда  дар  соли 1997 – 3 ва соли 1999 - 2 маротиба боло рафтааст.
Дар таҷрибаи молияи макроиқтисодӣ ба қатори тафриқабандии пулҳо ба пулҳои қоғазӣ, молӣ, қарзӣ, нақдӣ, ғайринақдӣ пулҳоро аз нигоҳи қобилияти бозоргириашон ба пулҳои бозоргир ва бозорногир ҷудо меку-нанд. Воситаҳои пулие, ки ба осонӣ, бе мушкилию муаммоҳои зиёд ба мақсади пардохт (қарз) истифода карда мешавад, пулҳои бозоргир (ликвидний-р.) меноманд. Одатан, ба сифати онҳо пулҳои нақдӣ дар намуди аслӣ (ибтидоӣ) бидуни табдилпазирӣ ба шакли дигар истифода карда мешаванд. Пул ва воситаҳои пулие, ки бо мушкилӣ ва бидуни озодӣ ба воситаҳои пардохт табдил меёбанд, онҳоро пулҳои бозорногир (носара, неликвиднқй-р.) меноманд. Ба ҷумлаи онҳо пулҳои нақдии хеле ҳам кӯҳна (фарсудаю фалаҷ) - шуда, ки дар муомилот эътироф карда намешаванд, дохил карда мешаванд. Одатан, онҳо аз ҷониби бонкҳо ба пулҳои нави бозоргир бояд иваз карда шаванд.
Тақозо ба пул ҳамчун ҳаҷми умумии пулҳои дар ихтиёр доштаи субъектҳои бозор (хонавода, тиxорат, давлат), ки вобаста ба дараҷаи даромад ва воҳиди фоизи қарз ташкил мешаванд, сурат мегирад.
Тақозои умумии пул ба ду қисм: 1) тақозо ба пул барои ба роҳ мондани амалиётҳои харидуфурӯш аз ҷониби субъектҳои иқтисодӣ ва 2) тақозо ба пул ҳамчун воситаи пасандоз (андӯхт) ё худ солим (эмин) нигоҳ доштани сарват ҷудо карда мешавад.
Тақозои пул барои иҷрои амалиётҳои харидуфурӯш талаб ба пулҳое мебошанд, ки аз ҷониби субъектҳои хонавода, соҳибкорон, ҳукумат ва дигар воҳидҳои иқтисодӣ барои ба даст овардану фурӯхтани молу маҳсулот ва хадамот зарур мебошанд.
Тақозои пул мустақиман аз ҷониби бонкҳои марказӣ (миллӣ, тиҷоратӣ) назорат ва танзим карда мешавад. Таҳлил ва тадқиқи тақозои пул дар бозо-ри пул ҳамчун ягонагии воҳиди фоиз ва миқдори  пули  барои  муомилот  зарур буда қарор гирифта, бо воситаи каҷхатта тасвир карда мешавад
Арзаи пул – кулли пули нақд ё ғайринақдие, ки дар ихтиёри хонавода, тиxорат ва давлат буда, ба мақсади тавлидот ё хадамот истифода карда мешавад. Он, асосан, ба ҳаҷми як вақтаи пуле, ки аз ҷониби бонкҳо ба муомилот ба бозор бароварда мешавад, баробар мебошанд.
Одатан, ду намуди арзаи пул: 1) арзаи худи пул (пули воқеӣ) ва 2) арзаи тамғаҳои пул (воситаҳои пулро ивазкунанда) аз ҳамдигар фарқ карда мешаванд.
Баланд шудани арзаи пул  муваққатан барзиёдатии онро ба вуҷуд оварда имкон медиҳад, ки талабот ба облигатсия зиёд гардад ва бо ҳамин нархи онҳо низ баланд шавад. Дар ин ҳолат воҳиди фоиз  паст шуда, дар бозори пулҳо дараҷаи муозинӣ аз нав барқарор карда мешавад.
Азбаски ин гуна ҳолатҳои идеалӣ дар шароити гузариш ба иқтисоди бозорӣ вуҷуд надорад, бинобар ин мувозинӣ ва эътидолии бозори пул дар якҷоягӣ бо масоилҳои таъмини эътидолии буҷет, стратегияи молиявию қарзӣ  ва мустаҳкам кардани нақш ва мақоми асъори миллӣ дар низоми асъори байналхалқӣ бояд таъмин карда шавад.

Дидан карданд: 32

Мавзӯъҳои монанд:

Бекорӣ: шаклҳо ва сабабҳои пайдоиши он. Мафҳуми шуғли пурра

Сиёсати зиддитаваррумии давлат (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Оқибатҳои иқтисодию иҷтимоии таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Хусусият ва омилҳои муайянкунандаи таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Шакл ва намудҳои таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Таваррум, моҳият ва сабабҳои пайдоиши он (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Сиёсати хазинадории давлат ва хусусиятҳои он дар шароити бозор (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Андоз, вазифа, шакл ва хусусиятҳои ташаккули он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Буҷети давлатӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои ташкили он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Молия, вазифа ва низоми он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: