|

Иттифоқҳо ва ҳаракати касаба, нақш ва мақоми онҳо (ҲАВЗАИ ИҶТИМОИИ ИҚТИСОДИЁТ ВА СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ)

Тартибдиханда: Азизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-10-30

Пайдоиш ва густариши итттифоқ ва ҳаракатҳои касаба, асосан, аз давраи капитализми тосаноатӣ (индустриалӣ) оғоз ёфта, зина ва давраҳои гуногуни пурпечутоб ва пур аз муборизаро паси сар кардааст.
Он вобаста ба хусусиятҳои низомҳои иқтисоди бозорӣ (капитализм), амрӣ (сотсиализм) ва дараҷаи ташаккули соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ, хусусан саноат, ташаккули қувваи коргарӣ, дараҷаи пешрафти илму техника ҳархела ташкил ёфта, дар рушду нумӯи иқтисод ва ҳаёти иҷтимоии ҷамъият нақш ва мақоми гуногун мебозад.
Аз оғози пайдоиш то кунун иттифоқи касаба ҳамчун воҳиди ҳимоят-гари манфиати коргару хизматчӣ оиди ташкили меҳнат, шароити кор, вақт ва давомнокии кор, муҳити кор, низоми музди кор, таъмин кардани беха-тари (амният)-и кор (меҳнат), таъмини иҷтимоӣ (махсусан таъин намудани нафақа), дастгирии ёрии иқтисодӣ, беҳтар кардани шароити манзил (хонаю ҷой), танзими дараҷаи ҳосилнокӣ, шиддатнокӣ ва самаранокии истеҳсолот, ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ (зиддиятҳои байни маъмурият ва коргарону хизматчиён, задухӯрдҳо), ҳифзи манфиати шахсӣ бо роҳи ташкил кардани митингу гирдиҳамоию корпартоиҳо ва ғайра баромад мекунад.
Ин ва дигар масоили иқтисодию иҷтимоӣ водор месозад, ки ҳалли онҳоро иттифоқи касабаи корхонаю ташкилот, муассиса, вазорату кумита-ҳои ноҳия, вилоят, штат, губерния ва кишвару мамлакатҳои алоҳида (дар шахсиятҳои ташкилотҳою созмонҳои байналхалқии иттифоқҳои касаба) ба зиммаи худ гиранд.
Бояд тазаккур дод, ки фаъолияти иттифоқҳои касаба дар аксарияти давлатҳои капиталистӣ то ибтидои солҳои 1930-ум сирати худсарона дошта, аз ҷониби ҳукумат ва ташкилотҳои ҳуқуқию маъмурӣ эътироф нашуда буданд.
Муҳокима ва қабули қарорҳо оиди шартномаҳои коллективӣ, қарор-додҳо, бевосита таҳти назорати аъзоёни иттифоқи касаба қарор мегирад. Муайян карда шудааст, ки зиёда аз 95% шартномаҳо бидуни корпартоиҳо ва қатъ гардонидани ҷараёни истеҳсолот қабул карда мешаванд. Дар ҳолати мубоҳисаҳои сахт ва ҷой надоштани ҳамдигарфаҳмӣ аз ҷониби иттифоқҳои касаба фишангҳои корпартоӣ, гирдиҳамоӣ, митингу ҷамъомадҳои махсус низ истифода карда мешавад.
Шартномаҳои меҳнатӣ (қарордодҳо) азбаски маҳсули инфиродии ҳар як корхонаи алоҳида мебошад, бинобар ин он шакл ва намудҳои гуногун дошта, ҳаҷми вай аз 2 то 3 ва баъзан (барои корхонаҳои бузург) аз 20 то 30 саҳифаро дар бар мегирад. Новобаста аз мазмун ва гуногуншаклӣ онро ба чунин шаклҳо тақсимбандӣ мекунанд:
1. Дараҷаи эътироф ва шинохта гирифтани иттифоқи касаба аз ҷониби маъмурият ва муносибати охирон нисбат ба иттифоқи касаба.
2. Ҳаҷми музди кор ва давомнокии рӯзи кор.
3. Стаҷи меҳнатӣ ва кафолати бо кор банд будан.
4. Тарзу услуби батартибдарории баҳсҳои меҳнатӣ.
Эътироф карда шудани Иттифоқи касаба аз ҷониби маъмурият, асосан оиди ба кор қабул кардани мутахассисон зуҳур меёбад. Тибқи тақозои иттифоқи касаба ашхосони ба кор қабул карда шуда бояд аъзои иттифоқи касаба бошанд. Дар акси ҳол онҳо баъди мӯҳлати муайян кор кардан бояд ба аъзогии иттифоқи касаба қабул карда шаванд.
Дар шароити ҳозира соҳибкорон ба ҳам забон як карда ба қарор омадаанд, ки бидуни хоҳиши иттифоқи касаба амал карда, шахсони ба он аъзо набударо низ ба кор қабул намоянд. Ин тарзи амал имкон медиҳад, ки маъмурият бидуни дахолати иттифоқи касаба масъалаҳои хоҷагидорию маъмуриро мустақилона ҳал намояд.
Дар ин ҳолат ҳалли масъалаҳои асосӣ ба монанди бастани қарордодҳо, муайян кардани ҳаҷм ва ҷойгиронии корхона, номгӯи молу маҳсулот, таҷҳизот ва асбобу анҷом, қабули коргарони кироя, аз як ҷо ба ҷои дигар гузаронидан ё худ аз кор озод намудан ба зиммаи худи маъмурият гузошта мешавад.

Саволҳо барои мустаҳкамкунӣ:
Ҳавзаи иҷтимоӣ чист?
Соҳаҳои ғайримоддӣ.
Сармояи инсонӣ чист?
Оиди сиёсати иҷтимоии давлат маълумот диҳед.
Вазифа ва мақсади сиёсати иҷтимоии давлат.
Пуштибонии иҷтимоӣ чист?
Роҳҳои зоҳиршавии пуштибонии давлат.
Индексатсияи даромади аҳолӣ.
Шахсони ғайриқобилияти меҳнатӣ.

Дидан карданд: 33

Мавзӯъҳои монанд:

Бекорӣ: шаклҳо ва сабабҳои пайдоиши он. Мафҳуми шуғли пурра

Сиёсати зиддитаваррумии давлат (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Оқибатҳои иқтисодию иҷтимоии таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Хусусият ва омилҳои муайянкунандаи таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Шакл ва намудҳои таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Таваррум, моҳият ва сабабҳои пайдоиши он (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Сиёсати хазинадории давлат ва хусусиятҳои он дар шароити бозор (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Андоз, вазифа, шакл ва хусусиятҳои ташаккули он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Буҷети давлатӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои ташкили он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Молия, вазифа ва низоми он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: