|

Сиёсати иҷтимоии давлат: моҳият, тамоюл ва хусусиятҳои он (ҲАВЗАИ ИҶТИМОИИ ИҚТИСОДИЁТ ВА СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ)

Тартибдиханда: Азизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-10-30

Сиёсати иҷтимоии давлат яке аз воситаҳои дар амал татбиқ намудани сиёсати иқтисодии давлат – ноил гаштан ба дараҷаи баланди беҳбудии некӯаҳволии ҷомеа мебошад.
Зарурияти мавҷуд будани сиёсати иҷтимоӣ мустақиман аз хусусиятҳои бозор (сару кор надоштан ба ҳаёти иҷтимоии ҷомеа), рафъ кардани оқибатҳои бӯҳронҳои иқтисодӣ, бекорӣ, таваррум, нигоҳ доштани ҳавзаи иҷтимоӣ ва ғайра вобаста мебошад. Ба он ихтилофҳои иҷтимоӣ, тафқиқи (дискриминатсияи-р.) миллӣ ҳамчун натиҷаи беҳаду канор инкишоф ёфтани соҳаҳои атом, химия, омодасозии яроқҳои қатли ом ва ба ин мақсад истифода кардани нерӯи ҷисмонӣ ва зеҳнии инсон ҳамчун омили истеҳсолот бетаъсир монда наметавонад.
Вобаста ба гуногуншаклию мақсад, имкониятҳои дар амал татбиқгар-донӣ ва хусусиятҳои миллӣ чунин вазифа (функсия) - ҳои сиёсати иҷтимо-иро фарқ мекунанд:
таъмин намудани ҳифзи иҷтимоии инсон ва дар амал татбиқ намудани ҳуқуқи иқтисодию иҷтимоии вай;
ба вуҷуд овардани шароит оид ба баланд бардоштани дараҷаи беҳбу-дии субъектҳои иқтисодӣ (шахс, оила, ҷамъият);
дар як вазъ ва ҳолати муайян нигоҳ доштани муносибатҳои синфӣ, таъмин намудани оромию осоишии байни онҳо;
ташаккул ва таҷдиди мусоидтарини сохтори иҷтимоӣ дар мамлакат;
ба вуҷуд овардани базаи ҳуқуқӣ ва дар ин асос таъмин намудани ҳа-васмандии иқтисодӣ ва баланд бардоштани самараи истеҳсолоти ҷамъиятӣ;
барои ҳамаҷониба рушд ва ташаккул ёфтани инсон, низоми тақозои он ва имкониятҳои худро дар фаъолияти меҳнатӣ нишон додан, шароитҳои муфид ва мусоидтарин фароҳам овардан;
ҳамаҷониба дастгирӣ ва инкишоф додани ҳавзаи зербино (инфра-структура)-и иҷтимоӣ (хадамоти манзилию коммуналӣ, нақлиёт ва алоқа, маориф, тандурустӣ, иттилоот), ҳаҷм, сифат ва сирати маҳсулотҳои онҳо, ки қодир бошад, шароити мӯътадил ва такрористеҳсоли аҳолиро таъмин карда тавонад;
ташаккули ҳифзи самарабахши низоми ҳифзи иҷтимоӣ.
Сиёсати иҷтимоӣ бо риштаҳои гуногун бо сиёсати иқтисодӣ пайваста буда, дар асоси принсип (услуб)–ҳои ягона сатҳ ва дараҷаи инкишофу таҳаввули иқтисоди миллиро муайян мекунанд:
Мақсади сиёсати иҷтимоӣ дар ҳар як зинаи рушди иқтисод ва марҳа-лаҳои инкишофи он ҳархела сурат мегирад. Одатан, дар шароити бозор чунин мақсади сиёсати иҷтимоии давлат бештар тавсиф карда мешавад:
1.Таъмин кардани ҳар як аъзои ҷамъият бо ҳуқуқ ва додани озодӣ дар интихоби фаъолият: фаъолияти меҳнатӣ, иҷтимоӣ, тавлидотӣ, истеъмолӣ;
2.Таъмин намудани низоми чандири таълим, баланд бардоштани сифат ва самаранокии он бо воситаи риштаҳои кунунии маориф (мактабҳои ҳамагонӣ, коллеҷ, гимназия, техникум, мактабҳои олӣ) ва омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ, яъне минбаъд густариш додани сармоягузорӣ ба инсон;
3. Таъмин кардани кафолати ҳифзи иҷтимоии табақаҳое, ки мустақи-лан аз ӯҳдаи таҷдид кардани қобилияти меҳнатӣ намебароянд ва кафолат ба зиндагӣ надоранд;
4. Таъмин кардани дараҷаи ҳадди ақалли зист ва шароит ба ашхо-соне,ки қобилияти худтаъминкунӣ бештар доранд.
Бояд тазаккур дод, ки дар шароити гузариш аз низоми амрӣ ба низоми бозорӣ ва хусусан давраи муттавасит, яъне давраи гузариш, мақсад ва мароми сиёсати иҷтимоӣ тағйир меёбад. Масалан, принсипи барои сотсиа-лизм бештар маъмули тақсимот мувофиқи меҳнат (ҳаққи баробар ба меҳна-ти баробар) дар шароити бозор ҳамчун тақсимоти одилонаи захира, неъмату хадамот ва дигар омилҳои иқтисодӣ шуда наметавонанд. Дар шароити бозор адолати иҷтимоӣ ҳамчун натиҷаи арзиши қувваи коргарӣ, ҳаққи меҳнати коргари кироя ё худ фурӯши қобилияти ҷисмонӣ ва зеҳнии коргар сурат мегирад.
Дар давраи бозор шиори пурра ба ҷои кор таъмин кардани аъзоёни ҷамъият имконнопазир мебошад. Мавҷуд будани қисми аҳолии бекор (5-8%) ҳамчун меъёри асосӣ ва муҳаррики бозор қадр карда мешавад.
Дар шароити бозор нобаробарии иҷтимоии аҳолӣ ва тафриқаи синфию иҷтимоӣ торафт амиқ мегардад. Бинобар ин мақсади иҷтимоӣ низ масъалаи ба ҳам баробар кардани даромад ва баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳ-волии оммаи халқро ба ӯҳда гирифта наметавонад. Дар ин ҳолат давлат фақат ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, амният ва бехатарии онро ба ӯҳда гирифта метавонад.
Бо назардошти ин масъала дар Барномаи дигаргунсозиҳои иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005-2010 мақсади асосии иҷтимоӣ ҳамчун масъалаи ботадриҷ баланд бардоштани дараҷа ва сифати зиндагонии аҳолии мамлакат дар асосии ҳавасмандгардонии фаъолияти меҳнатӣ ва корӣ ба мадди аввал гузошта мешавад. Мақсади сиёсати иҷти-моии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин марҳила на дар асоси ба мо мерос-мондаи сиёсати сотсиалистӣ, балки услубҳои ба бозор хос ташкил карда мешаванд, ки муҳимтаринашон инҳоянд:
таъмин кардани ҳуқуқи нокостаи (пурраи) коргар нисбат ба қувваи кории худ, яъне нисбат ба қувваи коргарӣ ҳуқуқи озодона доштан; интихоби озодонаи касбу ҳунар, дар ҷой ва вазифаҳои дилхоҳ шуғл варзидан, киро кардани қувваи коргарӣ ва ғайра;
ташкил кардани музди меҳнат на дар асоси принсипи мутамаркази давлат – «ҳаққи баробар ба меҳнати баробар» (давраи сотсиализм), балки нархи бозории қувваи коргарӣ;
таъмин кардани кафолати беинтиҳои (дар асоси тақозои қонунҳо ва меъёрҳои ҳуқуқӣ) ба даст овардани даромад, яъне озодона, бемаҳдудият гирифтан ва истифода бурдани даромад ба мақсади беҳдошти ҳаёти шахсӣ;
дастгирии ташаббус, ангеза ва ҳавасмандии субъект ва агентҳо (воҳидҳо, намояндаҳо)-и иқтисодӣ перомуни оқилона истифода бурдани сиёсати андоз, пасандоз ва андӯхт ба мақсади сармоягузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва дар ин асос таъмин кардани дараҷаи некӯаҳволии оммаи халқ;
пешниҳод кардани неъматҳои бепул ва хизматрасонӣ фақат ба шаҳр-вандони камбизоат.

Дидан карданд: 32

Мавзӯъҳои монанд:

Бекорӣ: шаклҳо ва сабабҳои пайдоиши он. Мафҳуми шуғли пурра

Сиёсати зиддитаваррумии давлат (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Оқибатҳои иқтисодию иҷтимоии таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Хусусият ва омилҳои муайянкунандаи таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Шакл ва намудҳои таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Таваррум, моҳият ва сабабҳои пайдоиши он (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Сиёсати хазинадории давлат ва хусусиятҳои он дар шароити бозор (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Андоз, вазифа, шакл ва хусусиятҳои ташаккули он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Буҷети давлатӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои ташкили он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Молия, вазифа ва низоми он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: