|

Ҳавзаи иҷтимоии иқтисод ва унсурҳои таркибии он (ҲАВЗАИ ИҶТИМОИИ ИҚТИСОДИЁТ ВА СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ)

Тартибдиханда: Азизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-10-30

Ҳавзаи иҷтимоии иқтисод ва унсурҳои таркибии он. Ҳодиса ва равандҳои иқтисодӣ. Соҳаи кишоварзӣ (КАС). Нақлиёт. Соҳаи хизматрасонӣ (хадамот). Соҳаҳои ғайримоддӣ (ғайриистеҳсолӣ). Моҳият, тамоюл ва хусусиятҳои кунунии сиёсати иҷтимоии давлат. Принсипҳои сиёсати иҷтимоӣ. Самтҳои инкишофи сиёсати иҷтимоӣ. Мақсади сиёсати иҷтимоӣ. Пуштибонии иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ. Зиддияти асосии иқтисодӣ. Пуштибониҳои давлат дар шаклҳои гуногун. Индексатсияи даромади аҳолӣ. Сабади истеъмолӣ. Таъмини иҷтимоӣ ва ёрии иҷтимоӣ. Соҳаи таъминоти иҷтимоӣ. Таъминот бо нафақа, ёрипулиҳои яквақта ва ғайра. Сарчашмаи фонди нафақа. Иттифоқҳо ва ҳаракати касаба, нақш ва мақоми онҳо дар ҳалли масоили иҷтимоӣ. Шартномаҳои коллективӣ. Шартномаҳои меҳнатӣ. Иқтисод сарчашмаи муҳимтарини таъмин намудани инсон ва ҷомеа бо неъматҳо буда, тарзу сифат ва дараҷаи пешрафту беҳбудии онро вобаста бо хусусиятҳои давраҳои рушди иқтисод муайян мекунад. Иқтисод ба мақсади ботадриҷ беҳтар намудан ва боло бурдани сатҳи зиндагии воҳидҳои иқти-содӣ (субъект ва агентҳои иқтисод - шахс, оила, коллектив, гурӯҳ, соҳиб-корон, менеҷерон, корхона, ҷамъият, ноҳия, вилоят...), алалхусус, ҳаёти иҷтимоии онҳо нигаронида шудааст.
Ҳодиса ва равандҳои иқтисодӣ ҳамеша сирати иҷтимоӣ дошта, ҳамчун ягонагии сабаб ва натиҷа сурат мегиранд. Аз ин лиҳоз, дар адабиётҳои иқтисодӣ бештар мафҳумҳои «раванди иҷтимоию иқтисодӣ», «тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ», «масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ», «сиёсати иҷти-моию иқтисоӣ», «дигаргунсозиҳои иҷтимоию иқтисодӣ» ва ғайра ба таври васеъ истифода карда мешаванд. Шояд аз ҳамин нигоҳ ё худ сабабҳои дигар бошад, ки таҳти фаҳмиши худи иҷтимоиёт маъноҳои гуногун мегузоранд.
Ҳавзаи иҷтимоӣ яке аз унсури муҳимтарини иқтисод (объект, ҳодиса ва равандҳои иқтисодӣ) буда, кулли алоқа ва муносибатҳоро оиди эҳёву ташаккули ҳаёти инсон, эҳтиёҷу дархости онҳо ба молу маҳсулот, неъмат-ҳову хадамот, неъматҳои моддию маънавӣ, даромаду тақсими он, қонеъ гардондани тақозои беинтиҳо ва ниҳоии аъзоёни ҷамъиятро ифода мена-мояд. Тавҳид (ягонагӣ) ва анбӯҳи гирдгардиши раванд ва ҳодисаҳои иқтисо-дию иҷтимоӣ таҳти иқтисоди иҷтимоӣ муттаҳид карда мешавад.
Ҳавзаи иҷтимоии иқтисод қариб ба ҳамаи он соҳаҳои иқтисодие, ки ба ҳаёти иҷтимоии одамон алоқаманд мебошад, ё худ талаботи онҳоро қонеъ мегардонад, вобастагӣ дорад. Ба ин мақсад фаъолияти тавлидотии соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ, саноат, кишоварз, сохтмон, алоқа, нақлиёт, савдо, хӯроки умумӣ ва соҳаҳои ғайримоддию хадамот равона карда мешаванд.
Аз соҳаҳои саноат маълум мегардад, ки он талаботи рӯзафзуни инсонро бо чизҳои пӯшиданӣ, озуқа ва озуқаворӣ, асбобу анҷоми рӯзғор, воситаҳои хурди коркарди хоҷагӣ, яхдону телевизор, радио, мебел, манзил ва ғайра таъмин менамояд. Маҳз аз сатҳ ва дараҷаи тараққиёти соҳаҳои саноат ва таъмин будан бо маҳсулоти саноатӣ давлатҳоро ба зинаҳои гуногун (ақиб-монда, инкишофёбанда, фавқулинкишоф...) тафриқа месозанд.
Соҳаи кишоварз ҳамчун узви асосии комплекси аграрию саноатӣ (КАС) талаботи ҷомеаро бо маҳсулоти хӯрока – гӯшту равған, сабзавот ва саноатро бо ашёи хом қонеъ мегардонад. Аз дараҷа ва сатҳи индустронии он рушду нумӯи дигар ҳавзаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ вобаста мебошад. Аз ин нигоҳ баъзе аз ноҳия, вилоят, губерния, штат ва давлатҳоро ҳамчун ақибмондаи аграрӣ, соф аграрӣ ё худ аграрию саноатӣ тавсиф мекунанд.
Бемуболиға метавон гуфт, ки маҳз дараҷаи тараққиёти соҳаи саноат ва хоҷагии қишлоқ - нишондиҳандаи муҳимтарини дараҷаи некӯаҳволи (иҷти-мои)-и мамлакат қадр карда мешавад.
Ҳавзаи иҷтимоӣ бо экология ё худ экологияи иҷтимоӣ равобити мута-қобила дорад, ҳаёти инсону ҷомеа ва умуман, олами зинда (инсон, наботот, ҳайвонот..) бе обу ҳаво, омилҳои муайянкунандаи муҳити зист, ҳифзи обу ҳавои тоза умр ба сар бурда наметавонад. Аз дигар тараф бо сурати мислаш диданашаванда пеш рафтани соҳаҳои саноат, химия, илм, техникаю техно-логия, аз худ кардани коинот, атом, ракетаю самолётсозӣ ва ғайра ба ҳаёти ҷамъият таъсир нарасонда наметавонад.
Ба ғайр аз ин ба ҳаёти инсон ва ҷомеа ҷудошавии моддаҳои зарарнок ва паҳн гаштани онҳо ба атмосфера, заминҷунбӣ, обхезӣ, сел, касалиҳои сирояткунанда ва ғайра таъсир расонда саломатии онро касод мегардонад. Аз ин нуқтаи назар масрафи онҳо ҳамчун сармоягузориҳои хусусӣ, давлатӣ, ҷаҳонию умумибашарӣ сирати муайяни иқтисодию иҷтимоӣ қабулкарда, ба мақсади подоши зарар ва баланд бардоштани дараҷаи ҳаёти одамон истифода карда мешавад.
Нақш ва мақоми соҳаҳои ғайримоддӣ ба монанди маданият, маориф, тандурустӣ, илм дар ҳавзаи иқтисод беназир аст.
Соҳаи маданият (кино, театр, музей, китобхона, намоишгоҳҳо, толорҳои консертӣ, қасрҳои маданият, клубҳо ва ғайра) яке аз сарчашмаҳои густариш-диҳандаи маънавиёти ҷомеа мебошад. Он анъана ва ёдгориҳои таърихиро солим нигоҳ дошта, дастраси миллат ва ҷаҳониён мегардонад, маънавиёт, фарҳанг, санъат, мусиқа ва санъати тасвириро ғанӣ гардонда, дараҷа ва сатҳи мадании аъзоёни ҷамъиятро боз ҳам болотар мебардорад.
Соҳаи маориф мактабҳои ҳамагонӣ, коллеҷҳо, гимназия, омӯзишгоҳҳо, мактабҳои олӣ, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ..) яке аз умдатарин соҳаҳои иҷтимоиёт мебошад, ки ба мақсади баланд  бардоштани сатҳ ва дараҷаи дониш, тайёр кардани мутахассисони ҷанбаҳои гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқ, баланд бардоштани дараҷаи илм, тадқиқоту ихтироотҳо, навовариҳо ва ғайра хизмат мекунад.
Соҳаи маориф ҷанбаҳои гуногуни таълимро бо воситаи мактабҳои равияҳои гуногун дар бар мегирад. Он ягонагии ду ҷанба: 1)қонеъ гардо-ндани талаботи маънавии одамон бо дониш ва 2)тайёру аз нав тайёр кардани онҳо ба мақсади омодасозӣ ба кор, ба даст овардани ихтисос ва таҳсис ёфтан ҳамчун мутахассисро дар худ таҷассум мекунад. Ба ғайр аз ин нақш ва мақоми маориф дар тарбияи ҷавонон ва умуман аҳолӣ нисбатан калон мебошад.
Дар замони ҳозира ҳама нисбатан хуб дарк мекунанд, ки бе маълумот, бе илму дониш баланд бардоштани дараҷаи маълумотнокии одамон, тайёрии ҳамаҷонибаи қувваи коргарии баландихтисос дар сатҳҳои гуногун ғайри-имкон аст. Қувваи коргарӣ торафт ба яке аз омилҳои самарабахштарини тавлидот табдил меёбад. Аз ин ҷиҳат олимон онро ҳамчун сармояи инсонӣ бештар истифода мекунанд.
Охирон, нисбат ба омилҳои дигари тавлидот (замин, ашё, сармояи молиявию саноатӣ..), ки сирати маҳдуд доранд, беҳудуд мебошад. Беҳудудии сармояи инсонӣ  на фақат аз нуқтаи назари афзоиши аҳолӣ, балки баланд рафтани сатҳи малакаю дониш ва инкишофи сарвати маънавии инсон дар назар дошта мешавад.
Сармояи инсонӣ – омили таҳриқдиҳандаи иқтисоди пасазиндустриалии асри XXI, сарчашмаи табаддулоти илму техника, ихтирооту навовариҳо, кашфи қаҳри замину сирру асрори осмону ситораҳо, рақибию афзалият-пазироии давлатҳо мебошад.
Соҳаи тандурустӣ ба мақсади ҳифзи саломатии инсон, пешгирии каса-лиҳо, муайян ва муолиҷа кардани онҳо, расондани ёрии таъҷилӣ, таъмин кардан бо дорую дорувориҳо, барқарор кардани саломатӣ ва ғайра нигаронида шудааст. Он бо воситаи риштаҳои гуногун беморхона, дармонгоҳ, табобатхона, марказҳои тахассус ва муолиҷа, амбулатория, дорухона, дис-пансер, таваллудхонаҳо ва ғайра дар доираи шаклҳои гуногуни моликият ташкил карда мешавад.
Барои дар амал татбиқ гардондани мақсад ва вазифаи соҳаи тансиҳатӣ нақши ҳавзаҳои спорт, тарбияи ҷисмонӣ низ бузург мебошад. Дар шароити бозор қисме аз маҳсули ин соҳаҳо сирати молу хадамот гирифта мубодила карда мешавад. Махсусан, нақшу мақоми суғуртаи тиббӣ дар барқарор кардани саломатии инсон беназир мебошад.
Бори гарони иҷтимоӣ дар ин ҷода ба зиммаи ҳавзаи илм гузошта мешавад. Илм қариб ҳамаи ҳавзаҳои иҷтимоии иқтисодро бо дастовардҳои навтарини техникаю технология, навоварӣ, ихтироотҳо, дастгоҳҳову меха-низмҳо таъмин менамояд. Он мустақиман аз ҷониби субъектҳои иқтисодӣ, махсусан давлат, сармоягузорӣ карда мешавад.

Дидан карданд: 13

Мавзӯъҳои монанд:

Бекорӣ: шаклҳо ва сабабҳои пайдоиши он. Мафҳуми шуғли пурра

Сиёсати зиддитаваррумии давлат (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Оқибатҳои иқтисодию иҷтимоии таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Хусусият ва омилҳои муайянкунандаи таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Шакл ва намудҳои таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Таваррум, моҳият ва сабабҳои пайдоиши он (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Сиёсати хазинадории давлат ва хусусиятҳои он дар шароити бозор (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Андоз, вазифа, шакл ва хусусиятҳои ташаккули он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Буҷети давлатӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои ташкили он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Молия, вазифа ва низоми он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: