|

Самт ва равияҳои танзими давлатии иқтисод (ДАВЛАТ ВА БОЗОР: МАСОИЛИ ТАНЗИМИ ИҚТИСОД)

Тартибдиханда: Азизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-10-30

Тарзу услуб ва механизми танзими иқтисод ягонаю ҳамаро фарогиранда ва шахшудамонда намебошанд. Онҳо вобаста ба шароитҳои таърихӣ, сирати низомҳои иқтисодӣ, шаклҳои моликият, рушди иқтисод, дараҷа ва сатҳи пешрафти илму техника, технология, сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ, қувваҳои сиёсӣ, ташаккули муносибатҳои бозорӣ ва ғайра хархела ташкил карда мешаванд.
Дар шароити низоми амрӣ (сотсиалистӣ) давлат на фақат ба иқтисод таъсир мерасонад, балки ташкилкунанда ва роҳбалади ҳаёти хоҷагӣ ва сиёсии мамлакат мебошад. Давлат саросар ҳамаи раванди иқтисодро ба тартиб медарорад. Масъалаҳои умдаи иқтисод: чӣ қадар истеҳсол кард?, ба куҷо?, ба кӣ?, ба кадом миқдор фурӯхт? аз куҷо?, чӣ қадар гирифт? ва ғайраро ба таври марказонидашуда ҳал менамояд. Вай на фақат масъалаҳои
Фишанг ва нишондиҳандаҳои танзими иқтисод низ дар алоҳидагӣ методи ҳамаро фарогиранда нестанд. Агар дар яке аз бахш ё худ риштаи  иқтисод  манфиати онҳо бештар бошад, шояд дар дигар нуқтаи он судбахшиашон нисбатан кам бошад. Аз ин нигоҳ, давлат ҳангоми муайян кардани сиёсати пулию қарзӣ, бонкӣ, хазинадорӣ, асъор, иҷтимоӣ, бурунмарзӣ имкониятҳои беҳтарин ва мусоидтарини онҳоро дарёфт намуда, тибқи захираҳои иқтисодӣ ва ҳаллу фасли вазифаҳои иқтисодию иҷтимоӣ онҳоро истифода мебарад.

Тарзу услуб ва механизми танзими иқтисод ягонаю ҳамаро фарогиранда ва шахшудамонда намебошанд. Онҳо вобаста ба шароитҳои таърихӣ, сирати низомҳои иқтисодӣ, шаклҳои моликият, рушди иқтисод, дараҷа ва сатҳи пешрафти илму техника, технология, сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ, қувваҳои сиёсӣ, ташаккули муносибатҳои бозорӣ ва ғайра хархела ташкил карда мешаванд.
Дар шароити низоми амрӣ (сотсиалистӣ) давлат на фақат ба иқтисод таъсир мерасонад, балки ташкилкунанда ва роҳбалади ҳаёти хоҷагӣ ва сиёсии мамлакат мебошад. Давлат саросар ҳамаи раванди иқтисодро ба тартиб медарорад. Масъалаҳои умдаи иқтисод: чӣ қадар истеҳсол кард?, ба куҷо?, ба кӣ?, ба кадом миқдор фурӯхт? аз куҷо?, чӣ қадар гирифт? ва ғайраро ба таври марказонидашуда ҳал менамояд. Вай на фақат масъалаҳои макро, балки микроиқтисодӣ ва мегаиқтисодро бо тарзи салоҳдиди худ низ ҳал мекунад.
Дар шароити низоми бозорӣ бошад, танзими иқтисод ҳамчун ҷузъи муҳимтарини низоми иқтисодӣ, аввало аз ҷониби механизми рақобати озод (комил, тақозо, арза, рақобат, нарх) ва сониян, рақобати нокомил (моно-полия, олигополия, монопсония) ва қисман давлат идора ва танзим карда мешавад. Аз ин нуқтаи назар, чи тавре ки пештар қайд карда гузаштем, тарз, услуб, усул ва нишондиҳандаҳои он хархела ба роҳ монда мешавад. Ба ҳар ҳол, нақш ва мақоми давлат дар иқтисод дар баланд бардоштани баҳраю самаранокии он, натиҷаи ниҳоии соҳибкорию корчаллонӣ набояд кам бошад.
Таҷрибаи давлатҳои фавқулинкишофи бозорӣ ва ҷаҳонӣ рӯ ба бозор оварда аз он гувоҳӣ медиҳад, ки механизми боэътимод ва самараноки танзим дар бахши иқтисод ба вуҷуд оварда шуда, самт ва равияҳои гуногуни он истифода карда мешавад. Аз ҷумла метавон инҳоро номбар кард:
1. Таъмин намудани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ. Он дар мояи баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти ҷамъиятӣ, технологияи пешқа-дам, омилҳои истеҳсолот - сармоя, меҳнат, замин, фаъолияти соҳибкорӣ, иттилоот ва такмилу рушду нумӯи механизмҳои институтсионалӣ, ки имкони-яти беҳтарини роҳ ва услубҳо, ба даст овардан ва таъмин кардани онро муҳайё месозанд, сурат мегирад.
2. Ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳалли масъалаҳои ҳукуматӣ ва барномаҳои давлатӣ. Вазни қиёсии молиияти давлатӣ дар аксарияти давлатҳои фавқулинкиофёфтаи бозорӣ ночиз буда, (10-30%) ба таври пурра раванди такрористеҳсоли васеи ҷамъиятиро таъмин карда наметавонад.
3. Фаъолгардонии амалиётҳои давлат перомуни афзалити рақобат-пазирии иқтисоди миллӣ дар бозори ҷахонӣ. Ин мақсади давлат дар натиҷаи таъмин кардани шароитҳои кулли фаъолияти соҳибкории миллӣ, ҳавасманд-гардонӣ ва дастгирии тиҷорати хурди ғайридавлатӣ, рақобатпазирии фирма-ҳо дар он соҳаҳое, ки сармоягузории хусусӣ имкон медиҳад вазифаҳои бузурги иҷтимоию иқтисодӣ ҳаллу фасл гарданд ё худ фаъолияте, ки бештар бо таваккалӣ алоқаманд буда, фоидаи заруриро таъмин карда наметавонад, ба роҳ монда мешавад.
4. Баҳаммутобиқгардонии равандҳои иқтисодӣ ва ҳавасмандардонии инкишофи иқтисодӣ тибқи нишондод ва қарорҳои ҳукумат. Дар ин ҷода коркард ва пешниҳоди стратегияи дарозмӯҳлати иқтисодии сиёсати саноатӣ бо воси-таи низоми сохтори тарҳрезию пешбинии институтсионалӣ, ки дар мамлакат-ҳои Франсия, Япония, давлати Чин бо таври васеъ истифода карда мешавад, аҳамияти беназир дорад.
5. Ба мақсади ноил гаштан ба дараҷаи баланди вазъи (конюнктураи) бозор, аз ҷониби давлат афзалиятан истифода кардани динамикаи тақозои шахсӣ. Дар ин шароит давлат бо воситаи фишангҳои тақсимоти даромад, андоз, қарз имконияти васеъ ё маҳдудгардонии рақобатро нисбатан доро буда, бахши (сектори) давлатиро густариш медиҳад.
6. Барои дар амал татбиқ намудани стратегия ва сиёсати иҷтимоӣ, харҷи бештар ба ҳавзаи танзим қалб карда шудани фишангҳои иқтисодӣ: даромад, нарх, шуғл, ҳифзи меҳнат, сифати молу хадамот, муносибатҳои меҳнатӣ (музди кор, қарордодҳо). Анҷом ёфтани ин амалиётҳо ба давлат (ҳукумат) имкон медиҳад, ки ба як андоза нобаробариҳои иҷтимоиро дар ҷомеа бартараф, тароз (баланс)-и манфиатҳо ва ҳавасмандгардонии фаъолияти табақаҳои гуногунро таъмин намояд.
7. Ҳарчӣ бештар амиқ гаштани бӯҳрони танзими давлатии иқтисод тибқи дигаргунсозиҳои шакл ва шароитҳои хоҷагидорӣ. Сохтори иқтисоди бозори муосир тақозо менамояд, ки сиёсати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҳарчи бештар паҳноиш ёбад. Ба ин мақсад адабиёти кунунии мамлакатҳои Ғарб мафҳуми policydiversiby(диверсификатсия) истифода карда мешавад. Баробари ин дар мамлакатҳои фавқулинкишофёфтаи низоми бозорӣ раван-ди ғайримарказонӣ ва аз раванди танзим ботадриҷ даст кашидан бештар ҳис карда мешавад.

Дидан карданд: 6

Мавзӯъҳои монанд:

Бекорӣ: шаклҳо ва сабабҳои пайдоиши он. Мафҳуми шуғли пурра

Сиёсати зиддитаваррумии давлат (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Оқибатҳои иқтисодию иҷтимоии таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Хусусият ва омилҳои муайянкунандаи таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Шакл ва намудҳои таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Таваррум, моҳият ва сабабҳои пайдоиши он (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Сиёсати хазинадории давлат ва хусусиятҳои он дар шароити бозор (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Андоз, вазифа, шакл ва хусусиятҳои ташаккули он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Буҷети давлатӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои ташкили он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Молия, вазифа ва низоми он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: