|

Шакл ва усулҳои танзими давлатии иқтисод (ДАВЛАТ ВА БОЗОР: МАСОИЛИ ТАНЗИМИ ИҚТИСОД)

Тартибдиханда: Азизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-10-30

Иқтисодиёт таърихан тибқи ду усул: усули танзими ғайридавлатӣ (бозорӣ) ва давлатӣ сурат мегирад. Танзими ғайридавлатӣ аз ҷониби субъект ва агентҳои алоҳидаи иқтисодӣ - ширкат ва фирмаҳо перомуни тақсими бозори фурӯш ва ташаккули нархҳо, ҳавзаи тиҷорат, савдои яклухту чакана, бирҷа-ҳои молию пулӣ, музояда, намоишгоҳҳо, низоми иттилоотӣ, асъор ба роҳ монда мешавад.
Ин тарз ва усули танзим ҳамаҷониба иқтисоди миллиро фаро гирифта наметавонад. Бинобар ин танзими комили иқтисодиёт аз ҷониби давлат ба роҳ монда мешавад.
Танзими давлатии иқтисод – маҷмӯи тадбир ва меъёрҳои муайяни қонунгузорӣ, иҷроия ва назоратие мебошад, ки ба мақсади истиқрори иқтисод ва баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволӣ нигаронида шудааст. Он ҳамчун ҷузъи муҳимтарини макроиқтисод, алалхусус, такрористеҳсоли ҷамъ-иятӣ сурат гирифта, ба мақсади ҳавасмандгардонии рушди иқтисод, танзими шуғл, дастгирии афзоиш, пешгирии таназзули иқтисод ва бартараф намудани нобаробариҳои иқтисодӣ истифода карда мешавад.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки танзими давлатии иқтисод вобаста аз шароитҳои таърихӣ, захираҳои иқтисодӣ, захираҳои молию пулӣ, ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, таҷрибаи хоҷагидорӣ ҳархела сурат мегирад.
Таҳлили ақоидоти иқтисодчиёни Ғapб ва таҷрибаи хоҷа­гидорӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки танзими иқтисод ҳамчун тамсилаи иқтисоди миллӣ ва танзим тибқи шакл ва методҳои маъмули стандартӣ ба амал бароварда мешавад.
Дар олами муосир чунин методҳои танзими давлатии иқтисод бештар истифода карда мешавад: ҳуқуқӣ, маъмурӣ, иқтисодӣ, мустақим ва ғайри-мустақим.
Танзими ҳуқуқӣ аз ҷониби давлат ҳамчун қоидаи «бозиҳои иқти-содӣ» барои фирмаҳои тавлидгар ва истеъмолгарон пешбарӣ карда меша-вад. Он дар шакли низоми қонун ва қонунгузориҳо, қоида ва меъёрҳо перомуни ҳуқуқи моликият, соҳибкорӣ, қарордодҳо, ташкили муносибатҳои меҳнатӣ ва ғайра сурат мегирад.
Танзими маъмурӣ - ҳамчун кулли чорабиниҳо оиди таъсири зӯроварии маъмурӣ ба натиҷаи фаъолияти хоҷагидории субъектҳои иқтисодӣ ташкил карда мешавад.
Танзими иқтисодӣ, асосан, хислати хоси иқтисоди бозорӣ буда, ҷанба-ҳои гуногун ва мураккаби онро инъикос менамояд. Доираи таъсири он бо воситаи густариши фазои бозор – тақозо, арза, рақобат, дараҷаи тамар-кази мол, хадамоту сармоя ба роҳ монда мешавад.
Дар шароити бозор вазни қиёсии танзими иқтисодӣ нисбат ба усули маъмурӣ афзалият дорад. Усулҳо (методҳо)-и танзими иқтисодӣ чунин лаҳза-ҳоро дар бар мегиранд:

  • танзими молиявӣ;
  • танзими пулию қарзӣ;
  • танзими андоз;
  • танзими буҷавӣ;
  • танзими хазинадорӣ (фискалӣ);
  • танзими иҷтимоӣ;
  • соҳибкории давлатӣ;
  • тарҳрезӣ, барномарезӣ ва пешбинии давлатӣ ва ғайра.

Танзими пулию қарзӣ яке аз муҳимтарин методҳои танзими давлатии иқтисод буда, он бо воситаи фишангҳои ба меъёрдарории захираҳои бонкӣ, танзими воҳиди фоизи бонк, гузаронидани амалиётҳои пулӣ дар бозори асъор, назорат ба ҳаҷм ва суръати гардиши пул ба амал бароварда мешавад.
Танзими андоз - фишанги эътимодноки баланд бардоштани дараҷаи самаранокии рушди иқтисод мебошад. Он имкон медиҳад, ки дигаргунсозиҳои иҷтимоию иқтисодӣ, таркиби истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва таносуби оқилонаи тақозо ва арзаи кулл таъмин карда шуда, ғайримуозинии макроиқтисодӣ, алал-хусус ғайританосубии байни захираҳои маҳдуди ҷамъият ва тақозои беинти-ҳои инсон, бӯхронҳои иқтисодӣ, дараҷаи баланди таваррум, бекорӣ ва ғайра бояд аз байн бурда шавад.
Танзими буҷавии давлат, асосан, бо роҳи батартибдарории харо-ҷотҳои давлатӣ, интишори заёмҳои давлатӣ (облигатсияҳо), харидкунии давлатӣ, дастгирии соҳибкории давлатӣ ва ғайра ба амал бароварда мешавад.
Танзими хазинадории давлат бошад, тибқи танзими низоми андозбандии даромади корхонаҳои давлатӣ ва мунитсипиалӣ, молу амлоки аҳолӣ ва ғай-ра сурат мегирад. Тарз, усул ва фишангҳои танзими давлатии зерсохти бозор гуногунҷабҳа буда, унсурҳои зиёдеро дар бар мегирад (ниг. ба нақшаи 14.1).
Фишанг ва нишондиҳандаҳои танзими иқтисод низ дар алоҳидагӣ методи ҳамаро фарогиранда нестанд. Агар дар яке аз бахш ё худ риштаи  иқтисод  манфиати онҳо бештар бошад, шояд дар дигар нуқтаи он судбахшиашон нисбатан кам бошад. Аз ин нигоҳ, давлат ҳангоми муайян кардани сиёсати пулию қарзӣ, бонкӣ, хазинадорӣ, асъор, иҷтимоӣ, бурунмарзӣ имкониятҳои беҳтарин ва мусоидтарини онҳоро дарёфт намуда, тибқи захираҳои иқтисодӣ ва ҳаллу фасли вазифаҳои иқтисодию иҷтимоӣ онҳоро истифода мебарад.

Дидан карданд: 7

Мавзӯъҳои монанд:

Бекорӣ: шаклҳо ва сабабҳои пайдоиши он. Мафҳуми шуғли пурра

Сиёсати зиддитаваррумии давлат (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Оқибатҳои иқтисодию иҷтимоии таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Хусусият ва омилҳои муайянкунандаи таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Шакл ва намудҳои таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Таваррум, моҳият ва сабабҳои пайдоиши он (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Сиёсати хазинадории давлат ва хусусиятҳои он дар шароити бозор (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Андоз, вазифа, шакл ва хусусиятҳои ташаккули он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Буҷети давлатӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои ташкили он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Молия, вазифа ва низоми он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: