|

Вазифаҳои иқтисодии давлат дар шароити бозор (ДАВЛАТ ВА БОЗОР: МАСОИЛИ ТАНЗИМИ ИҚТИСОД)

Тартибдиханда: Азизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-10-30

Нақш ва мақоми давлат, асосан, бо воситаи иҷрои вазифаҳои иқтисодии вай зуҳур мегардад. Охирон, барои ба эътидол даровардани фаъолияти соҳибкорӣ, механизми бозор - рақобат, нарх, тақозо, арза, ташкили шаклҳои моликият ва хоҷагидорӣ бештар истифода карда мешавад.
Аз диди таърих вазифаи иқтисодии давлат ҳамчун раванди бо таври мӯътадил нигоҳ, доштан ва таъмин кардани рушди муозини бозор, пурзӯр-гардонӣ ва табдилпазирии низоми бозорӣ тибқи тағйиротҳо ва шароитҳои рушди иқтисод ба вуқӯъ пайвастааст.
Барои давлатҳои ҳозира вазифаҳои мураккаб ва бисёрҷанба хос мебо-шад. Дар яке аз онҳо нақш ва мақоми хоса дошта, ба мақсад ва иҷрои вазифаҳои мушаххас нигаронида шудаанд. Онҳо мувофиқи инкишофи страте-гияи иҷтимоию иқтисодӣ, мақсади интиҳоӣ ва марҳалаҳои инкишофи мамлакат бештар мусоидат мекунанд.
Дар адабиётҳои иқтисодии мамлакатҳои Ғарб бештар ба чунин вазифа-ҳои иқтисодии давлат диққат дода мешавад:

  • ташкилию хоҷагӣ;
  • иҷтимоию маданӣ;
  • таъмини базаи ҳуқуқӣ ва муҳити ҷомеавӣ;
  • истиқрори иқтисодиёт;
  • ҳавасмангардонии рушди иқтисод;
  • ҳифзи рақобату муҳити зист;
  • тақсим ва аз нав тақсимкунии даромад ва сарват;
  • ба ҳадди муносиб (оқилона) расондани таркиби маҳсулоти миллӣ;
  • танзими намудҳои гуногуни фаъолияти иқтисодӣ;
  • таъмини шуғли аҳолӣ ва бехатарии иқтисодиёт;
  • танзими нарх, бозори сармоя, меҳнат, замин, молия ва раванди иҷтимоиёт;
  • таъмини ҳамкорӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ;
  • раванди боэътимод нигоҳ доштани механизм ва пурзӯргардонию тадвини (модификатсия-р.) иқтисоди бозорӣ ва ғайра.

Одатан, ба чунин вазифаҳои иқтисодии давлат (ҳукумат) бештар аҳамият дода мешавад.
Яке аз вазифаҳои асосии давлат - вазифаи таъмин намудани базаи (таҳкурсии) ҳуқуқии субъектҳои хоҷагидор ва муҳити ҷамъиятӣ мебошад. Давлат дар чеҳра (шахсият)-ҳои ҳуқуқӣ (ҳукумат, вазорат, кумитаю ташки-лотҳо) ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ (қонун, қонунгузориҳо...)-е, ки фаъолияти субъект-ҳои иқтисодиро танзим медиҳанд, кор карда мебарорад.
Дар қонунҳову кодексҳои қабулгардида нақшу мақом, мақсаду вазифа, шаклу намуд, принсип ва методҳои фаъолият, шаклу намуди моликият ва тарзу услуби хоҷагидорӣ, соҳибкорию корчаллонӣ, идораю тарҳрезӣ, ташкили фоидаю тақсими он, андозу андозбандӣ, ташкили муносибатҳои меҳнатӣ (музди кор, шартномаю қарордодҳо), муносибати иттифоқи касаба ва кор-фармоён, ҳифзи истеъмолгару тавлидгар ва ғайра инъикос меёбанд. Иҷроиши қонунҳо аз ҷониби ташкилотҳои махсуси давлатӣ таҳти назорат қарор дода мешаванд.
Вазифаи давлат ҳамчун раванди боэътимод нигоҳ доштани механизми бозор, яъне ҷараёни таъмин намудани базаи ҳуқуқии иқтисод (ҳифзи ҳуқуқи моликият, соҳибкорӣ, андозбандӣ, қарз, молия...) ва амонат нигоҳ доштан аз таъсир ва нуфузи рақобат (фаъолияти зиддиинҳисорӣ, ҳифзи ҳуқуқи истеъ-молкунанда...) зуҳур мегардад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гарчанде рақобат дар шакл ва мазмуни аслиаш вуҷуд надошта бошад ҳам, дар асоси омӯзиши таҷрибаи давлатҳои Ғapб ва ИДМ асосҳои ҳуқуқии танзими зиддиинҳисорӣ, ки дар «Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон дар бораи маҳдудгардонии фаъолияти инҳисорӣ ва инкишофи рақобат» инъикос ёфтааст, кор карда баромада шудаанд.
Тибқи ин қонун фаъолияти истеҳсолӣ ва тиҷоратие, ки садди роҳи инкишофи иқтисодиёт гардида, ба раванди солими рақобат монеъ мешавад (яккаҳукмронӣ дар тавлидоту бозор, маҳдудгардонии чизу мол, худсарона баланд бардоштани нархҳо, дуздии тамғаҳои ширкатҳо ва аз номи онҳо баровардани молу ҳадамот, созиш бастан ва якҷоя амал кардани соҳиб-корон оиди истиқлолияти бозор, манъ кардани фурӯши озоди мол ва ғайра) манъ карда шуда, вайронкунандагони он ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Шубҳае нест, ки механизми бозор, аз нуқтаи назари манфиатнокии ҷамъиятӣ тақсими оқилона ва мусоидтарини захираҳои иқтисодиро таъмин карда наметавонад. Дар ин шароит давлат вазифаи маҳдудгардонии маъмурӣ ва ҷорӣ намудани стандартҳо, андозҳои махсус, ёрдаму гузашткуниҳо (дотат-сияҳо-р.), сармоягузорӣ барои тавлиди неъматҳои иқтисодӣ ва ғайраро мустақиман истифода менамояд. Бо воситаи танзими сармоягузорӣ давлат имкон дорад, ки бештар ба суръат ва таносуби истеҳсолоти чамъияти ҳамчун истифодаи механизми молия ва қарз таъсир расонад ва рушду нумӯи иқтисодӣ миллиро таъмин намояд.
Яке аз вазифаҳои навтарин ва муҳимтарини ҳукумат истиқрори иқтисод мебошад. Охирон ба мақсади дастгирии бахши (сектори-р.) хусусӣ оид ба ҳамаҷониба таъмин ва истифода кардани захираҳо ва истиқрори дараҷаи нарх бештар истифода карда мешавад.
Давлат ба қадри имкон кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ки бо воситаи фишангҳои  маъмурию иқтисодӣ, алалхусус, низоми молию пулӣ, буҷет, андоз, қарз, раёсати хазинадорӣ ба раванди тавлидоту муомилот таъсир расонда, холатҳои бӯхронӣ, пастравию касодии истеҳсолот, болоравии сатҳи нарх, таваррум ва ғайраро ба эътидол оварад.
Ба ин мақсад раванди сармоягузорӣ, шуғл ва тақозои куллро нисбат ба молҳову ҳадамот бештар ҳавасманд гардонда, воҳиди фоизи бонк ва андоз-ро ба тартиб медарорад. Хуллас, давлат дар давраи рӯ ба ниҳон овардани иқтисод ва чандир сохтани майлонҳои силсилавӣ сиёсати фаъолсозии ҳамаи равандҳои хоҷагидорӣ ва дар давраи рушду нумӯи он - сиёсати боздории ин фаъолиятро афзалиятан истифода мекунад.

Дидан карданд: 8

Мавзӯъҳои монанд:

Бекорӣ: шаклҳо ва сабабҳои пайдоиши он. Мафҳуми шуғли пурра

Сиёсати зиддитаваррумии давлат (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Оқибатҳои иқтисодию иҷтимоии таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Хусусият ва омилҳои муайянкунандаи таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Шакл ва намудҳои таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Таваррум, моҳият ва сабабҳои пайдоиши он (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Сиёсати хазинадории давлат ва хусусиятҳои он дар шароити бозор (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Андоз, вазифа, шакл ва хусусиятҳои ташаккули он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Буҷети давлатӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои ташкили он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Молия, вазифа ва низоми он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: