|

Нақш ва мақоми давлат дар иқтисоди бозорӣ (ДАВЛАТ ВА БОЗОР: МАСОИЛИ ТАНЗИМИ ИҚТИСОД)

Тартибдиханда: Азизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-10-30

Нақш ва мақоми давлат дар иқтисоди бозорӣ. Тарз ва услубҳои иқтисоди бозор. Дахолати давлат ба иқтисодиёти бозор. Вазифаҳои иқтисодии давлат дар адабиёти мамлакатҳои Ғарб. Вазифаҳои муайянкунандаи иқтисо-дии давлат: ҳифзи рақобат ва рақобати нокомил. Азнавтақсимкунии даромад ва захираҳои иқтисодӣ. Шуғли аҳолӣ. Танзими бозори меҳнат. Шакл ва усулҳои танзими давлатии иқтисоди ҳуқуқӣ, маъмурӣ, пулию қарзӣ, Андоз, буҷет ва хазинадорӣ. Фишанг ва нишондиҳандаҳои танзими иқтисод. Вазифаи давлат дар шароити низоми амрӣ ва бозорӣ. Таъмин намудани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ. Сиёсати иқтисодии давлат, шакл ва мақсади он дар шароити бозор. Сиёсати иқтисодӣ. Фишангҳои пулию қарзӣ. Танзими нарх. Сиёсати бурунмарзии иқтисодии давлат. Озодии иқтисодӣ. Ислоҳоти иқтисодӣ.

Аз фасли микроиқтисод бармеояд, ки иқтисоди бозорӣ бениҳоят меха-низми мураккаб буда, дар асоси тарз ва услубҳои ба худ хос мустақилият, худкифоӣ, худбасоӣ, худидора, худтанзим ва худинкишофёби рушду нумӯъ меёбад.
Субъектҳои асосии бозор (истеҳсолкунанда, истеъмолкунанда, харидор, фурӯшанда) перомуни манфиатҳои шахсии худ амал карда, дар интиҳо барои амалӣ гардондани мақсади асосии истеҳсолоти ҷамъиятӣ - истифодаи захи-раҳои маҳдуд ва қонеъ гардондани тақозои беинтиҳои ҷомеа шароит фаро-ҳам меоранд.
Маҳз, дар шароити бозор ҳаракати беинтиҳои анбӯҳи молу маҳсулот ва захира бо анбӯҳи пул, қоғазҳои қимматнок, мубодилаи муҳимтарини воси-таҳои технологӣ, донишу маҳорат, иттилоот ба ҳам пайваст гардида, манфи-ати шахсӣ бо манфиати ҷамъият тибқи қонун ва механизмҳои он пайваст шуда, дар асоси он муозинию чандирӣ ва рушди иқтисодиёт таъмин карда мешавад.
Бозор фишанги универсалии ҳамаро фарогиранда нест. Баробари равнақ ёфтан харҷи бештар норасогӣ ва камбудиҳои он айёнтар мегарданд. Бозор барои инсон кафолати иҷтимоӣ дода наметавонад. Вай танҳо дар асоси ҳисоби тиҷорат фаъолият бурда, бурду бохтро дар асоси манфиати шахсӣ, ангеза ва ҳавасмандӣ ба натиҷаи ниҳоии кор, ба даст овардани даромад ва афзун гардондани сарват андоза менамояд.
Он тақсимоти одилонаро тибқи услубӣ саҳми баробар ба даромади баробар (хаққи баробар ба меҳнати баробар)-ро таъмин намояд ҳам, мас-рафи соҳаҳои иҷтимоиро ба ӯҳдаи худ гирифта наметавонад. Аз ин нигоҳ, хоҳ - нохоҳ, масрафи подоши пиронсолон, мактабиён, нафақахӯрон, ҳифз-кунандагони соҳаи саломатӣ, мудофиа, адлия, илм, фарҳанг, маданият, идораи мамлакат ва ғайра ба ӯҳдаи давлат (ҳукумат) гузошта мешавад.
Бо ибораи дигар, бозор худ аз худ, мустақилона тавлиди молҳои ҷамъ-иятиро таъмин карда наметавонад. Охирон, аз ҷониби давлат, бидуни назар-дошти масрифот ва дараҷаи даромаднокию зарарнокӣ, барои қонеъ гардо-ндани талаботи ҳамаи аъзоёни ҷамъият тавлид карда мешавад. Хусусияти молҳои ҷамъиятй (мудофиа, ҳифзи табиат, ҳифзи тартиби умум, идораи дав-латӣ, низоми энергетика...) дар он аст, ки онҳо ба ҳама аъзоёни ҷамъият як хел аз рӯи меъёри баробар тақсим карда мешаванд.
Бозор барои нигоҳ доштани захираҳои таҷдиднашаванда шароит муҳайё намекунад. Он барои истифодаи захираҳое, ки ба ҷомеаи инсонӣ тааллуқ доранд, кафолат ба танзим низ намедиҳад (масалан, захираҳои об, ҳаво, нуриҳои минералӣ, табиат...). Муносибаҳои бозорӣ масоили такрористеҳсоли васеи қувваи коргариро пурра ҳаллу фасл карда наметавонанд. Фақат дар асоси механизми бозорӣ таъмин намудани дигаргунсозиҳои сохтории истеҳсолот, ҷахишҳои стратегӣ дар соҳаи илму техника, ташкили муомилоти пул, ҳаллу фасли масоили миллӣ, байналхалқӣ ва ғайра имконнопазир мебошад.
Аз ин лиҳоз хулоса бармеояд, ки бозор ва иқтисоди бозорӣ фишанг ё худ механизми мутлақу комиле намебошанд, ки пурра ва ҳамаҷониба фаъолияти бисёрҷанбаи ҷомеаро ба тартиб дарорад. Барои бартараф кардани ин камбудӣ ва ноқисиҳо дахолати давлат ба равандҳои иқтисодию иҷтимоӣ зарур мебошад.
Қудратнопазирии бозор ҳангоми ҳаллу фасли масоили рақобат ва рақо-батпазирӣ низ чашмрас мебошад. Дар ин ҷода тадбирҳои зиддиинҳисорӣ, дастгирии корчаллонони хурд ва миёна, нигоҳ, доштани сатҳи баланд ва собити рақобат, ташкил кардани шаклҳои моликият ва хоҷагидорӣ афзалият ва самараи беназири дахолати давлатро нишон медиҳад.
Умуман, худи низоми бозориро бидуни дахолати давлат тасаввур карда намешавад. Маълум аст, ки давлат бори гарони танзими хоҷагиҳои бозориро ба зиммаи худ мегирад, бо воситаи ҳуҷҷатгузорӣ ва қонуну қонунбандиҳо нақшу мақом, мақсаду вазифа ва тарзу услуби хоҷагидориро дар ҷомеа муайян мекунад.
Дахолати давлат ба раванди такрористеҳсол дар ҳамаи зинаҳои инки-шофи иқтисоди бозорӣ ба назар мерасад. Дар марҳалаи аввал дахолати давлат ба бозор на чандон намоён ва баръало мебошад, Аслан он ҳамчун назорати молиявӣ оид ба муайян кардани ҳаҷм ва андозаи даро-мади давлатӣ, масрафи воситаҳои буҷавӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини шуғл, кор карда баромадани меъёрҳои истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ, аз ҷумла меъёрҳои воридотию содиротӣ бо дигар давлатҳо, ташкили мудофиаи миллӣ ва ғайpa зуҳур меёбад.
Дахолати давлат (ҳукумат) ба иқтисодиёти бозорӣ, асосан, бо воситаи сиёсати иқтисодӣ ба роҳ монда мешавад. Давлат яроқи пайвасткунандаи кулли фишангҳои иқтисодӣ буда, усул ва услубҳои ташкили ҳаёти иқтисодӣ ва таркиби онро муайян мекунад. Он ҳимоятгари моликият, манфиати субъект ва агентҳои иқтисодӣ буда, имконият медиҳад, ки мақсади онҳо дар амал татбиқ карда шавад. Давлат бо воситаи «дастҳои ноаён» (ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, яъне ҳукумат) раванди механизми бозор - «дастҳои ноаён» (қонунҳои иқтисодӣ)-ро дар амал татбиқ менамояд.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки меъёри ягонаи тақсими идораи иқтисодиёт байни бозор ва давлат вуҷуд надорад. Дар яке аз давлатҳо танзими иқтисодии бозор ва дар дигари он танзими давлатӣ афзалият дошта метавонад. Ташкили оқилонаи раванди онҳо ҳамчун идораи мухталати иқти-сод ба роҳ монда мешавад. Ҳадди низоми идораи мухталат тибқи ду нишон-диҳанда: бозори худтанзимкунанда ва идораи мутамаркази давлатӣ муайян карда шуда, вобаста ба дараҷа ва амалиёти бозору давлат, вазифаҳои иқтисодии давлат, шакл ва усулҳои дахолати давлат ба иқтисодиёт ҳархела ташкил карда мешавад.

Дидан карданд: 7

Мавзӯъҳои монанд:

Бекорӣ: шаклҳо ва сабабҳои пайдоиши он. Мафҳуми шуғли пурра

Сиёсати зиддитаваррумии давлат (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Оқибатҳои иқтисодию иҷтимоии таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Хусусият ва омилҳои муайянкунандаи таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Шакл ва намудҳои таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Таваррум, моҳият ва сабабҳои пайдоиши он (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Сиёсати хазинадории давлат ва хусусиятҳои он дар шароити бозор (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Андоз, вазифа, шакл ва хусусиятҳои ташаккули он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Буҷети давлатӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои ташкили он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Молия, вазифа ва низоми он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: