|

Навъ ва омилҳои рушди иқтисод (РУШДИ ИҚТИСОД, ОМИЛ ВА ТАМСИЛАҲОИ ОН)

Тартибдиханда: Азизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-10-28

Рушд ба амсоли оинаест, ки акси иқтисоди миллӣ дар он ниҳон мегардад. Маҳз аз дараҷа ва суръати афзоиши он давраҳои рушди низомҳои иқтисодӣ байни худ аз ҳам ҷудо карда шуда, мамлакатҳо, минтақаю ноҳияҳо чун тараққикарда, инкишофёбанда, қафомонда, дар ҳолати касодию рукуд боқимонда ва ғайра пазируфта мешаванд.
Ин музаффарият ё худ мағлубият ба туфайли омилҳои рушд ба даст оварда мешавад. Барои дар амал татбиқ намудани он тамоми қудрат ва нерӯи андӯхташуда ва мавҷудаи мамлакат сафарбар карда мешавад.
Ин ҷозиба ва сеҳри рушд кайҳо боз диққати муҳаққиқонро ба худ ҷалб намудааст. Аз ин сабаб чи дар адабиёти пасгузашта ва чи ҳозира, назарияи кулл ва ягонаи мутлақ оиди рушд ва омилҳои он, ки қодир бошад ҳамаҷониба «параметрҳои» онро тавсия намояд, вучуд надорад.
Дар адабиёти иқтисодӣ меъёрҳои гуногуни муайянкунандаи навъ ва омилҳои рушд ба назар мерасанд.
Онҳоро чунин тафриқабандӣ кардан мумкин аст:
- омилҳои тақозо;
- омилҳои арза;
- омилҳои истеҳсолот;
- омилҳои мунбасит (экстенсивӣ);
- омилҳои шиддат (ташдид, интенсивӣ);
- омилҳои мустақим;
- омилҳои ғайримустақим;
- омилхои миқдорӣ, сифати ва ғайpa.
Омилҳои тақозо  омилҳое мебошанд, ки ҳамчун сарчашмаи ғизодиҳандаи рушди иқтисод хизмат мекунанд. Онҳо, асосан, бо қобилияти ҷисмии иқти-сод бештар алоқаманд мебошанд.
Омилҳои арза омилҳое мебошанд, ки мустақиман на ба қобилияти таъмин кардани худи рушд, балки бештар ташкилу такмил ва таъмин кардани рушди воқеӣ алоқаманд мебошанд. Онҳо, асосан, барои таъмин намудани инки-шофи иқтисод, ҳавзаҳои гуногуни он, баланд бардоштани нерӯи (иқтидор-ҳои) истеҳсолӣ, пурра ва ҳамаҷониба истифода кардани захираҳои иқтисодӣ мусоидат менамоянд.
Омилҳои мустақим омилҳое мебошанд, ки бевосита қобилияти ҷисмии ҳодиса ва равандҳои иқтисодиро оиди таъмин кар­дани рушди иқтисод тасвир менамоянд. Онҳо қобилият ва қудратеро доро мебошанд, ки дар як давра ва мӯҳлати муайян доираи амали рушдро васеъ ё худ маҳдуд гардонанд.
Омилҳои ғайримустақим омилҳое мебошанд, ки имконияти дар амал татбиқшавии қобилияти ҷисмӣ ё худ шакли табдилёбии ин қобилиятро ба қобилияти ҳақиқӣ тасвир менамояд. Аксар вақт ба онунсурҳои тақозо (паст кардани дараҷаи инҳисороти бозор, паст гаштани нарх ба захираҳои истеҳсолӣ, паст кардани андоз аз фоида, имконияти истифодаи қарз) ва унсурҳои арза (ниг. омилҳои арза) ҳамроҳ карда мешавад.
Омилҳои истеҳсолот. Намояндагони ҷанбаҳои гуногуни мактабҳои иқтисодӣ ақида ба он доранд, ки омилҳои истеҳсолот яке аз фишангҳои муҳимтарини рушди иқтисод мебошанд.
Агар дар ибтидо К.Маркс ду омили асосии истеҳсолоти капиталистӣ - сармоя ва меҳнатро дар таъмини рушди иқтисод тавсия карда бошад, пас дар шароити ҳозира ба он замин, қо­билияти соҳибкорӣ, иттилоот, инқилоби илму техника ва ғайра ҳамроҳ карда мешавад.
Инқилоби илму техника имконияти ба вуҷуд овардани намудҳои навта-рини техникаю технология ва истифодаи онро дар истеҳсолот, баланд бардоштани сифати маҳсулот ва истифодаи навоварию ихтироотҳоро васеъ мегардонанд. Маҳз, дараҷа ва сатҳи пешрафти илму техника нерӯ ва қудрати рушди иқтисодии ин ё он мамлакатро дар давраҳои алоҳида нишон медиҳад.
Мувофиқи тадиқоти олими америкоӣ Р.Солоу зиёда аз 80% баланд бар-доштани ҳосилнокии меҳнат аз ҳисоби пешрафти илму техника ба даст оварда мешавад.
Бояд иқрор шуд, ки ягон давраи рушди низоми иқтисодӣ бо таври муозин истиқрор ва босубот ривоҷу равнақ наёфтааст. Раванди рушд, яъне тавлиди маҳсулоти ҷамъиятӣ ва даромади миллӣ зери таъсири омилҳои гуногун қарор гирифта пеш мераванд. Вале ин пешравӣ устувор набуда, баъзан иқтисодро рӯ ба пастравӣ мебарад.
Аз ин ҷиҳат дар адабиёти иқтисодӣ омилҳоеро, ки ба ин тамоил, яъне суръати афзоиши маҳсулоти миллӣ, даромади миллӣ, ҳосилнокию шиддат-нокии меҳнат, даромаднокию самаранокӣ, пасандозу андӯхт ва ғайра таъ-сир расонда, онро халалдор мегардонанд, низ диққати махсус дода меша-вад. Ба ҷумлаи омилҳои боздорандаи раванди рушди иқтисодӣ инҳоро ном-бар мекунанд:
- қонунгузориҳои давлатӣ оиди танзими фаъолияти соҳибкорию тиҷорат, муносибатҳои меҳнатӣ, ҳифзи муҳити тиҷоратию зист, ки татбиқгардо-нии онҳо аз ҷониби бахши хусусӣ, бизнес, масрафи иловаро тақозо мена-мояд;
- ҳимояи хаққу ҳуқуқи моликият, тавлидгарон, фурӯшандагон, истеъ-молгарон;
- баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат аз ҳисоби пешрафти илму техника, баланд бардоштани фондталабии маҳсулот, беҳтар кардани сифати қувваи коргарӣ, саялон (мигратсия)-и захираи қувваи коргарӣ аз соҳаҳои каммаҳсул ба соҳаҳои баландмаҳсул;
- таъмин кардани ҳавасмандӣ ба навоварӣ, ихтироъкорӣ, шуғл варзидан ба фаъолияти соҳибкорию корчаллонӣ;
- вазъи ноором ва носолими сиёсӣ - корпартоиҳо, задухӯрдҳо, таваррум, бӯҳронҳои иқтисодӣ, амиқ гаштани иқтисоди ниҳоӣ (соявӣ, мавқуф);
- нокофӣ будани ҳаҷми сармоягузорӣ ба соҳаҳои асосии хоҷагии халқ, алалхусус соҳаҳои пешрафти илму техникаталаб ва соҳаҳои илму маориф ва ғайра;
- бо ном маҳфуз будани захираҳои зиёди иқтисодӣ (захираҳои табиӣ, иқтисодӣ, замин) ва дар амал истифода карда натавонистани онҳо ва ғайpa.
Вазъи имрӯзаи тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, ки ҳамчун нати-ҷаи сифатан нави рушди иқтисод сурат гирифтааст, имкон медиҳад, ки тақозои ҷамъиятӣ пурра бо неъматҳои иқтисодӣ ва ҳадамот қонеъ гардонда шавад.

Дидан карданд: 46

Мавзӯъҳои монанд:

Бекорӣ: шаклҳо ва сабабҳои пайдоиши он. Мафҳуми шуғли пурра

Сиёсати зиддитаваррумии давлат (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Оқибатҳои иқтисодию иҷтимоии таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Хусусият ва омилҳои муайянкунандаи таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Шакл ва намудҳои таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Таваррум, моҳият ва сабабҳои пайдоиши он (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Сиёсати хазинадории давлат ва хусусиятҳои он дар шароити бозор (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Андоз, вазифа, шакл ва хусусиятҳои ташаккули он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Буҷети давлатӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои ташкили он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Молия, вазифа ва низоми он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: