|

Сармоягузорӣ ва андӯхт, шакл ва самараи онҳо дар шароити бозор (САРМОЯГУЗОРӢ ВА АНДӮХТ)

Тартибдиханда: Азизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-10-28

Дар шароити бозор ҳар як раванди тавлидот ҳамчун ҷараёни доимии истифода ва табдилдиҳии захираҳои иқтисодӣ ба маҳсулоти иқтисодӣ, тибқи нақшаи захираҳо – омилҳои истеҳсолот – маҳсули фаъолияти иқтисодӣ сурат мегирад.
Раванди табдилёбии онҳо - истифодаи захираҳо ва тавлиди маҳсулоти ниҳоӣ, ногузир, вақт ва масрафи муайянро талаб мекунад. Охирон, ба мақсади масрафи ҳозира ва ба даст овардани самараи муайян (фоида) барои давраи оянда ба амал бароварда мешавад. Аз ин нигоҳ, воситаҳое, ки ба иқтисод, ба лоиҳаю объектҳои иқтисодӣ ва мақсади таъмин кардани ҷараёни истеҳсолот, барои давраи ояндаи наздик истифода карда мешавад, маблағгузорӣ ё худ сармоягузорӣ номида мешавад.
Амалиётҳои молию пулӣ ва молиявӣ, байни мафҳуми маблағгузорӣ ва сармоягузорӣ фарқ гузошта мешавад.
Маблағгузорӣ, асосан, дар адабиётӣ давраи сотсиалистӣ ба таври васеъ истифода шуда, он ҳамчун хароҷотҳое, ки барои барқарор ва подош кардани фондҳои асосии истеҳсолӣ истифода карда мешаванд, фаҳмида мешавад.
Ба маблағгузорӣ – ҳамаи намудҳои масрафе, ки ба мақсади истифодаи захираҳо ва минбаъд табдил додани он ба омилҳои истеҳсолот истифода карда мешавад, дохил карда мешавад.
Маблағгузорӣ ҳамчун унсур ё худ қисми сармоягузорӣ нисбатан маҳдуд буда, ба мақсади аниқ ва мушаххас истифода карда мешавад. Он ҳамчун сармоягузорӣ барои барқарор намудани сармояи (фондҳои) асосии истеҳсолӣ – захираҳои моддию меҳнатӣ хароҷотҳои дигари молиявӣ истифода карда мешавад.
Он мақсади:

  • сохтмони нав, васеъгардонии доираи истеҳсолот, азнавтаҷҳизонӣ, азнавсозӣ, бо техникаю технологияи нав таъмингардонӣ;
  • таъмин намудан бо мошин, таҷҳизот, асбобу анҷомҳои электронию компютерӣ;
  • анҷом додани лоиҳавию тадқиқотӣ ва кофтуковӣ;
  • дигар масрифотҳои ҷорию ояндаи корхона истифода карда мешавад.

Маблағгузорӣ (сармоягузории воқеӣ), асосан, аз ҳисоби ширкат (ҷамъият) - ҳои саҳҳомӣ, буҷет, сармоягузорони худию хориҷӣ, сарчашмаҳои дохилӣ (воситаҳои худӣ) ва кредитӣ (қарзӣ) бонкҳо ташкил карда мешавад. Дар адабиёти муосири иқтисодӣ сармоягузорӣ тибқи меъёрҳои гуногун: баҳодиҳии молиявӣ, самаранокии бозор, мафҳуми иқтисодӣ ва ғайра муайян карда мешавад.
Аз нигоҳи бозор сармоягузорӣ ҳамчун кулли масрифотҳое, ки барои гузориши сармоя ва ба даст овардани даромад (фоида) ё худ ягон самараи мусоид нигаронида шуда бошад, қадр карда мешавад. Сармоягузорӣ дар ин асно аз ду нуқтаи назар: якум - сарфият (масраф ё худ хароҷот)–и захира ва дуввум самара (натиҷа) мавриди таҳлил қарор дода мешавад.
Ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ сармоягузорӣ кулли муносибатҳо оиди ташкил ва истифодаи масрифотҳои пулию моддӣ ба мақсади эҳё ва густариши истеҳсолӣ, аз навсозию азнавтаҷҳизонии сармояи асосӣ ва дигаргунсозии таркиби сармояи гардон тасаввур карда мешавад.
Дар шакли умум сармоягузорӣ ҳамчун маблағгузориҳои хусусӣ ё худ давлатӣ барои соҳаҳои гуногуни иқтисод дар сатҳи корхона, иқтисоди миллӣ ва иқтисоди ҷаҳон ба мақсади ба даст овардани фоида сурат мегирад.
Аз ин нуқтаи назар шакл ва намудҳои гуногуни онро фарқ мекунанд:
- сармоягузории молиявӣ - маблағгузориҳо дар шакли қоғазҳои қим-матнок;
- сармоягузориҳои воқеӣ - маблағгузориҳои мустақим ба воситаҳои истеҳсолот (фондҳои асосии истеҳсолӣ), яъне сармоягузориҳо ба активҳои воқеӣ;
- сармоягузории давлатӣ - сармоягузориҳое, ки бевосита аз ҳисоби буҷети давлатӣ (маҳаллӣ, федералӣ, мунисипиалӣ..) ташкил карда мешавад;
- сармоягузории хусусӣ - аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилии фирмаҳо ва ширкатҳо ташкил меёбад;
- сармоягузории хориҷӣ - маблағгузориҳое, ки бевосита аз ҷониби сармоягузорони хориҷӣ (бонкҳо, корхонаҳо, давлат, ашхосони алоҳида..) ба сомон расонида мешавад;
- сармоягузорони истеҳсолӣ – сарфиятҳое, ки аз ҷониби субектҳои иқти-содӣ бо мақсади ташкил ва ривоҷу равнақ додани истеҳсолот, сохтмон, ва ғайра истифода карда мешавад;
- сармоягузорони ақлонӣ (интелектуалӣ, зеҳнӣ) – хароҷотҳои соҳиб-корон ва давлат ба мақсади ба вуҷуд овардани маҳсулоти ақлонӣ (харидани патентҳо, литсензияҳо, ташкили Ноу-Хау ва ғайра) истифода мешавад.

  • Азбаски бозор бидуни дахолати давлат амал карда, ба подоши соҳаҳои иҷтимоӣ сару кор надорад, аз ин ҷиҳат ба давлат зарур меояд ,ки ташкил, инкишоф ва минбаъда рушду нумӯи ин соҳаҳоро ба зиммаи худ гирад.

Аз ин ҷиҳат сармоягузорӣ барои давлат, пеш аз ҳама, барои нигоҳ доштан, ташкилу такмил додани соҳаҳои иҷтимоию маданӣ, илм, маориф, мудофиа, объектҳои зерсохт (зербино) - и истеҳсолию иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зистӣ, рушд ва инкишофи робитаҳои бурунмарзии мамлакат, подоши объект-ҳои сохтмон (манзил), ҳифзи бехатарии дохилӣ, ташкилотҳои ҳуқуқӣ, дастгирии соҳаҳои камдаромад, илму техника, дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳои умумибашарӣ ва ғайра зарур мебошад.
Барои амалӣ гаштани мақсади худ давлат ҳам аз сарчашмаи дохилӣ ва ҳам берунӣ ба таври васеъ истифода мебарад.
Яке аз манбаъҳои муҳимтарини дохилии сармоягузорӣ – даромад, маблағ-ҳои буҷети маҳаллӣ ноҳия, вилоятӣ, шаҳр ва ҷумҳурӣ, ки бо воситаи андозси-тониҳо аз субъектҳои иқтисодӣ (фирма, аҳолӣ, соҳибкорон..) ҷамъ оварда шудаанд, ба ҳисоб меравад.
Давлат ба ғайр аз ҷамъоварии андозҳо аз истифодаи дигар маблағу пардохтҳо (пардохтҳои ҳатмӣ (маҷбурӣ), ҷамъовариҳои мақсаднок), фоида аз фаъолияти бурунмарзии корхона ва ғайра низ даст намекашад.
Давлат баъзан воситаҳои сармоягузории худро аз ҳисоби фурӯхтани облигатсияҳо (зайёмҳо)-и давлатӣ лоторея, лото, спринт ғанӣ мегардонад. Он аз ҳисоби истифодаи кредитҳо (қарзҳо)-и дохилии бонкҳои миллӣ (марказӣ, тиҷоратӣ…) пурра мегардонад.

  • Табиист, ки давлат на ҳама маблағҳои аз ҳисоби омилҳои дар боло ба вуҷуд омадаро ба мақсади сармоягузорӣ истифода мекунад. Як ҳисса (қисм)-и он ба мақсади истеъмоли ҷорӣ низ истифода карда мешавад. Вазни қиёсии ҳар яке аз ин унсурҳо (сармоягузории молӣ ва истеъмоли ҷории давлат) аз вазъ ва ҳолати ташкилу ташаккули ҳаҷми даромад ва зарурияти истеъмол вобастагии зич дорад.

Бояд тазаккур дод, ки на ҳама вақт фоида пурра ба мақсади густариш ва инкишофи истеҳсолот истифода карда мешавад. Қисми он барои ташкил кардани фонди захира, фонди ҳавасмандгардонии моддӣ (мукофотӣ) ва фонди инкишофи иҷтимоӣ низ ҷудо карда мешавад. Сармоягузории истеҳсолӣ маҳз ба мақсади ташкил кардани фонди инкишофи истеҳсолот истифода бурда мешавад.
Ба сифати сарчашмаи дохилӣ ҳиссаҷудокуниҳои амортизатсионӣ (истеҳ-лок) истифода карда мешавад. Он дар шакли ҳатмӣ, тибқи меъёрҳои муайян карда шуда ба ҳар як намуди дар истеҳсолот истифодашавандаи воситаҳои асосӣ муайян карда шуда, ба хароҷоти истеҳсолот (арзиши аслии маҳсулот) ҳамроҳ карда мешавад.
Маблағҳои аз он ҷамъшуда фақат ба мақсади подошт (барқарор) кардани қисми хӯрдашудаи сармояи асосӣ (фондҳои асосии истеҳсолӣ) истифода карда мешаванд ва аз ин сабаб табиати сармоягузорӣ доранд. Ҳар як корхона дар шароити тезу тунд гардидани рақобатпазирии тавлидгарон имкон дорад, ки меъёри амортизатсиониро барои давраи муайян карда шуда як хел ё худ дар шароити барзиёд муайян кунад.
Яке аз сарчашмаҳои берунии сармоягузории корхона кредит (қарз)-и бонкӣ мебошад. Он ҳамчун шакли пулӣ ба давраи кӯтоҳ, миёна ва дароз-мӯҳлат аз 5 сол ва аз он зидтар дар асоси фоизи муайян ва бозгашт ҷудо карда мешавад. Ба сифати қарз маблағҳои бонкҳо, муассиса ва ташкилотҳои суғур-тавӣ, холдингӣ ва дигар ташкилотҳои молиявӣ истифода шуда метавонанд.
Дар шароити ҳозира қисми зиёди корхонаҳо, (фирмаҳо, ширкатҳо...) сарчашмаи дохилии сармоягузории худро надоранд. Аз ин ҷиҳат онҳо, афзалиятан, аз мақоми ҳисобкуниҳои илман асоснок карда шуда, яъне баҳоди-ҳиҳои самараи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва интихоби онҳо бо воситаҳои муайяни молиявӣ бо таври васеъ истифода мебаранд.
Ҳангоми истифодаи лоиҳаҳои сармоягузорӣ чунин шаклҳои сармоягузорӣ истифода карда мешаванд:
1.Воситаҳои пулӣ ва муодули (эквиваленти) онҳо (пулгузориҳои мақсад-нок, воситаҳои гардон, коғазҳои қимматнок…);
2.Бино, таҷҳизот, мошинҳо, иншоотҳо, асбобу анҷоми ченкунанда, инструментҳо ва дигар чизҳои бозоргир;
3.Ҳуқуқи амлокӣ, ки дар шакли пулӣ ҳамчун эквиваленти пулӣ (сиру асрори корхона, литсензия, сертификатҳо, патентҳо барои ихтироот, намуна, тамғаи молӣ) сурат мегирад.

Саволҳо барои мустаҳкамкунӣ:

  • Андӯхт чист?
  • Сарчашмаҳои андӯхтро номбар кунед.
  • Роҳҳои ташаккули андӯхт кадомҳоянд?
  • Ақидаҳои классикони иқтисоди сиёсӣ оид ба андӯхт.
  • Фонди андӯхт чист?
  • Шаклҳои андӯхт.
  • Андӯхти ғайриистеҳсолӣ чист?
  • Андӯхти исмӣ ва воқеӣ чист?
  • Самаранокии андӯхт бо кадом омилҳо вобастааст?
  • Намудҳои сармоягузориро номбар кунед.

Дидан карданд: 64

Мавзӯъҳои монанд:

Бекорӣ: шаклҳо ва сабабҳои пайдоиши он. Мафҳуми шуғли пурра

Сиёсати зиддитаваррумии давлат (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Оқибатҳои иқтисодию иҷтимоии таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Хусусият ва омилҳои муайянкунандаи таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Шакл ва намудҳои таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Таваррум, моҳият ва сабабҳои пайдоиши он (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Сиёсати хазинадории давлат ва хусусиятҳои он дар шароити бозор (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Андоз, вазифа, шакл ва хусусиятҳои ташаккули он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Буҷети давлатӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои ташкили он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Молия, вазифа ва низоми он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: