|

Самаранокии андӯхт ва хусусиятҳои ташаккули он (САРМОЯГУЗОРӢ ВА АНДӮХТ)

Тартибдиханда: Азизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-10-28

Яке аз масъалаҳои умдаи макроиқтисод - баланд бардоштани самараи андӯхт мебошад. Самаранокии андӯхт (Са) вобаста ба нақш ва мақоми он дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ ҳархела муайян карда мешавад. Одатан, чунин тарзи ҳисобу китоби самаранокии андӯхт дар таҷрибаи хоҷагидорӣ бештар истифода карда мешавад:
1. Са =  МУМ (МУД)/ ФА
2. Са = ДМ/ФА
3. Са = ДС/ФА
дар ин ҷо:
Са- самаранокии андӯхт,
МУМ- афзоиши маҳсулоти умумии миллӣ,
МУД-  афзоиши маҳсулоти умумии дохилӣ,
ДМ- афзоиши даромади миллӣ,
ДС- афзоиши даромади соф,
ФА- фонди андӯхт.

Бо мурури ботадриҷ афзун гаштани самаранокии андӯхт, ҳаҷми мутлақи он бидуни халалдорсозии ҳаҷми маҳсулоти тавлидгардида метавонад рӯ ба фуруд ниҳад.
Бояд тазаккур дод, ки самаранокии андӯхт аз нишондиҳанда ва омилҳои зиёде вобастагӣ дорад ва таҳти таъсири онҳо тағйир ёфта метавонад. Ново-баста аз он, ки меъёрҳои зиёде дар муайянкунии он ҷой дорад метавонем чанде аз онҳоро номбар намоем:
1.Ҳосилнокии меҳнат. Баланд шудани ҳосилнокии меҳнат дар ҳар як ҳалқаи алоҳидаи хоҷагии халқ (коргари алоҳида, сех, участка, бригада, корхона, хоҷагиҳои алоҳида, соҳа, ҷамъият..) ба афзун гаштани арзишҳои истеъмолӣ - молу хадамот дар шакли маҳсулот (маҳсулоти саноатӣ, кишо-варзӣ, сохтмон..) даромади соф, даромади миллӣ, маҳсулоти умумии дохилӣ, маҳсулоти умумии миллӣ.. оварда мерасонад. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳаҷми андӯхти воқеӣ, новобаста аз ҳаҷми пулии фонди андӯхт торафт рӯ ба болоравӣ пайдо мекунад, яъне самаранокии андӯхт баланд мегардад.
2. Шиддатнокии меҳнат, баланд бардоштани сифати сармоя (воситаҳои истеҳсолот) ва беҳтар истифода бурдани онҳо. Пештар илму техника андӯхти воқеиро ба ҳар воҳиди арзиши маблағгузориҳои иловагӣ ва самаранокии онҳо баланд мебардорад. Дар ин ҷараён нақш ва мақоми беҳтар кардани лоиҳакашӣ, кам кардани мӯҳлати сохтмон ва саривақт анҷом додани онҳо аҳамияти беназир низ дорад.

3. Такмил додани таркиби фонди андӯхт. Ба самаранокии андӯхт, пеш аз ҳама, тағйиротҳои соҳавӣ таъсир мерасонанд. Тафриқабандии байнисоҳавии фонди андӯхт ва тақсими он ба манфиати ин ё он соҳа (саноат, хоҷагии қишлоқ..) яке аз роҳҳои баланд бардоштани самаранокии андӯхт дониста мешавад.

Азбаски дараҷаи ташаккули фонди андӯхт дар доираи ҳар як соҳа ҳархела сурат мегирад, бинобар ин тақсими байни соҳавии он ба дараҷа ва сатҳи ин ё он соҳа низ ҳархела таъсир расонда, самаранокии онро ҳархела ба роҳ мемонад. Дар ин ҷода тақсими худи фонди андӯхт ба мақсади азнавсозӣ, азнавтаҷҳизонӣ, навоварӣ ва ғайра аҳамияти калон пайдо мекунад. Ин раванд аксар вақт ҳамчун сармоягузориҳои байнисоҳавӣ, дохилисоҳавӣ ё худ сармоя-гузории давлатӣ анҷом меёбад.
Андӯхт мустақиман таҳти таъсири илму техника, навоварию ихтироотҳои ҷаҳони муосир қарор мегирад. Охирон, на фақат таркиб ва сифат, балки қувваи коргарҳо низ дигаргун месозад. Ин ҳамбастӣ ва ваҳдати омилҳои истеҳсолот (сармоя ва меҳнат) дар адабиёти иқтисодӣ таҳти сохти техникии сармоя бештар маълум мебошад.
Агар то солҳои 90-ум андӯхт, асосан, ба мақсади васеъ гардонидани раванди истеҳсолот, харидани сармоя (воситаҳои истеҳсолот, қувваи кор-гарӣ) масраф карда мешуд, пас дар шароити ҳозира ба он масрафи коркар-ди илмию технологӣ ва ҷорӣ кардани онҳо низ зам карда мешавад.
Ба вуҷуд овардани техника ва технологияи нав, кунун на фақат имконият ва дастраси корхонаҳои бузург, балки корхонаҳои хурду миёна низ мебошад. Масалан, корхонаҳои хурд ва миёна дар ИМА якумин шуда зарбаи техника ва технологияи навро ҳис мекунанд. Онҳо бо ҳар як доллари масрифот 17 маротиба зиёдтар навовариҳоро нисбат ба ширкатҳои калонтар истифода бурданашон муайян карда шудааст, ки корхонаҳои хурд ва миёна зиёда аз 90% технологияи навтаринро ба вуҷуд оварда,онро барои истифода пешниҳод менамоянд.
Албатта, ин навоварӣ ва ихтироотҳо бидуни масрафи сармояи илова ва сармоягузории мустақим имконнопазир мегардад. Пайи ҳам ва муозин исти-фода намудани сармоягузорӣ ҳамчун қисми таркибии андӯхти истеҳсолӣ ба мақсади навоварӣ ва навсозии раванди истеҳсолот ногузир ба баланд будани сатҳ ва дараҷаи самараи на танҳо андӯхт, балки самаранокии маблағгузорӣ (сармоягузорӣ) низ оварда мерасонад.

Дидан карданд: 16

Мавзӯъҳои монанд:

Бекорӣ: шаклҳо ва сабабҳои пайдоиши он. Мафҳуми шуғли пурра

Сиёсати зиддитаваррумии давлат (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Оқибатҳои иқтисодию иҷтимоии таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Хусусият ва омилҳои муайянкунандаи таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Шакл ва намудҳои таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Таваррум, моҳият ва сабабҳои пайдоиши он (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Сиёсати хазинадории давлат ва хусусиятҳои он дар шароити бозор (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Андоз, вазифа, шакл ва хусусиятҳои ташаккули он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Буҷети давлатӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои ташкили он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Молия, вазифа ва низоми он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: