|

Шакл ва намудҳои андӯхт (САРМОЯГУЗОРӢ ВА АНДӮХТ)

Тартибдиханда: Азизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-10-28

Дар амалияи хоҷагидорӣ андӯхт дар шаклҳои гуногун: андӯхти истеҳсолӣ, ғайриистеҳсолӣ, заҳираҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ, андӯхти исмӣ (номиналӣ), воқеӣ (реалӣ), андӯхти марказонида ва ғайри марказонидашуда, андӯхти инфиродӣ, ҷамъиятӣ ва ғайра баромад мекунад.
1. Андӯхти истеҳсолӣ - қисми даромад ё худ пасандози субъектҳои иқтисодие мебошад, ки мустақиман барои васеъ гардонидан ва такмил додани раванди тавлидот истифода карда мешавад.
Одатан, раванд ва фонди андӯхти истеҳсолиро фарқ мекунанд. Раванди андӯхти истеҳсолӣ, ҳамчун раванди доимию устуворӣ пайиҳам пайваст гарди-дани омилҳои истеҳсолот ва дар ин асос ба вуҷуд овардани маҳсулоти изофа (даромад, пасандоз, фоида), ки қодир бошад аз нав раванди тавлидро барқарор намояд, тасаввур карда мешавад.
Таҳти фонди андӯхти истеҳсолӣ, он қисми даромади субъектҳои иқтисодӣ (хоҷагиҳои инфиродӣ, корхона, давлат..), ки дар шакли сармоягузорӣ ба мақсади афзун гардонидани фондҳои асосӣ ва гардон истифода карда мешавад, фаҳмида мешавад. Маблағгузорӣ аз ҳисоби фоидаи корхона, фонди истеҳлок, қарзи бонкҳо ба мақсади навсозӣ, навоварӣ, азнавтаҷҳизонӣ, сохтмони нав ё худ васеъгардонии корхона (сех, участка..) автоматикунонию компутери-кунонӣ ва ғайра истифода карда мешавад.
Асосан, ду шакли андӯхти истеҳсолӣ: экстенсивӣ (мунбасит) ва интен-сивӣ (ташдид)-ро фарқ мекунанд. Агар захираҳои моддӣ ва молиявии мавҷудаи субъект ва намояндаҳои иқтисодӣ, ҷараёни тавлиди неъмат ва хадамотро дар асоси ҳаҷми пештара таъмин намояд ва он ба мақсади сохтмони нав барои ба итеҳсолот ҷалб кардани сармоя ва қувваи коргаррии илова масраф гардад, дар ин ҳолат андӯхти истеҳсолии экстенсивӣ арзи вуҷуд дорад.
Дар амалӣ гаштани ин мақсад нақш ва мақоми меъёри андӯхти истеҳсолӣ (меъёри андӯхт) калон мебошад. Одатан, мувофиқи қоидаҳои қабулшудаи ҷаҳони муосир вазни қиёсии фонди андӯхт дар даромади миллӣ 25-30 фоизро ташкил медиҳад. Дар шароити мувозинии макроиқтисодӣ ё худ тараққиёти экстенсивии иқтисодиёти он зиёдтар ва дар ҳолатҳои ғайри мувозинӣ (бӯҳрон-ҳои иқтисодӣ, ҷангҳо..) ё худ бартарӣ доштани омилҳои интенсивӣ метавонад пасттар бошад.
Аз иттилоотҳои мавҷуда бармеояд, ки дар адабиётҳои мамлакатҳои Ғарб тафриқабандии андӯхт ба андӯхти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ чандон маълум нест. Он сармоягузориҳое, ки аз ҷониби тиxорат, давлат ва хоҷагиҳои шахсӣ ба мақсади ривоҷу равнақ додани истеҳсолот истифода карда мешавад на ҳамчун фонди андӯхти истеҳсолӣ, балки андӯхт ё худ пасандоз тасаввур карда мешавад.
Аз ин нигоҳ метавон қайд намуд, ки меъёри андӯхт дар аксарияти корхона ва ширкатҳои бузургтарини давлатҳои капиталистӣ аз 8 то 12 фоизи даромадро ташкил медиҳад. Дар миқёси макроиқтисод бошад, он то 20 фоизи даромади миллӣ ё худ маҳсулоти умумии дохилиро дар бар гирифта метавонад. Мисоли онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дида метавонем. Масалан, дар соли 1996 вазни қиёсии андӯхти умумӣ дар маҳсулоти умумии миллӣ – 22,3, дар соли 2004-180 фоизро ташкил менамуд.
2. Андӯхти ғайриистеҳсолӣ, ҳамчун маблағгузориҳои хусусӣ ё худ марка-зонидашудае, ки ба мақсади инкишоф ва таҳаввули соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ ва иҷтимоӣ (илм, маориф, тансиҳатӣ, мудофиа, идора, иҷтимоиёт..) истифода карда мешавад, баромад мекунад.
Азбаски бозор ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа сару кор надорад ва бидуни манфиати он амал мекунад, бинобар ин нигоҳ доштан ва тараққӣ додани ин гурӯҳи соҳаҳои иқтисод, асосан, аз ҳисоби буҷаи субъектҳои иқтисодӣ (шахс, корхона, ноҳия, вилоят..), алалхусус, буҷети давлат ба роҳ монда мешавад.
Сиёсати иқтисодии давлат ба он равона карда мешавад, ки ба қадри имкон андӯхти ғайриистеҳсолӣ аз ҳисоби бахши хусусӣ анҷом дода шавад. Аз ин нигоҳ, ҳар як корхона ва ширкат водор карда мешавад, ки онҳо барои инкишоф ва ташаккули ин шакли андӯхт (андӯхти молу амлоки истеъмолии аҳолӣ, захираҳои суғуртавӣ, сохтмони манзил, хӯроки умумӣ, нақлиёт, нуқта-ҳои маданию равшаннамоӣ..) як қисми даромади худро сарф намояд.
Ин ташаббуси корхонаҳо аз ҷониби давлат дастгирӣ ёфта, барои ҳавас-мандгардонии онҳо, гузашткуниҳо (кам кардани воҳиди андоз), имтиёзу ёрдампулиҳо сарф карда мешавад. Асосан ба ин мақсад аз 5 то 10 фоизи даромади умумӣ истифода карда мешавад.
3. Андӯхти исмӣ ва воқеӣ. Вобаста ба сифати ташаккули раванди андӯхт ва фонди андӯхт, он ба ду гурӯҳи мустақил: андӯхти исмӣ (пулӣ, арзишӣ) ва андӯхти воқеӣ (маҳсулдеҳ ё худ истеҳсолӣ) ҷудо карда мешавад.
Андӯхти исмӣ (номиналӣ) ҳамчун фонди пулии андӯхти корхона, давлат ва дигар субъектҳои иқтисодие мебошад, ки бевосита барои васеъ кардани истеҳсолот истифода карда мешавад. Бо ибораи дигар, он ҳамчун қисми даромад (фоида) ё худ пасандози субъектҳои иқтисодӣ, ки дар шакли маблағгузорӣ (сармоягузорӣ) барои навоварию навсозӣ, азнавтаҷҳизонию модернизатсияи истеҳсолот ҷудо карда мешавад, сурат мегирад. Андӯхти исмӣ дар ҳамон лаҳза (асно)-е ба андӯхти воқеӣ табдил меёбад, ки агар унсурҳои зарурии моддию чизии тавлидот (станокҳо, таҷҳизот, мошину трактор, тухмӣ, нуриҳои минералӣ ва ғайра) пешакӣ тавлид гардида бошанд.
Андӯхти воқеӣ - раванди аслии афзоиши моддию натуралии шакли воситаҳои истеҳсолот ва чизҳои истеъмолиро ифода мекунад. Андозаи он таҳти таъсири чунин омилҳо қарор дошта метавонад:
* ҳаҷм ва таркиби андӯхти исмӣ (ҳаҷми даромад, пасандоз, сармоягузорӣ, фоида, рента ва ғайра);
* сатҳ ва дараҷаи нарх ба воситаҳои истеҳсолот;
* сифат, иқтидор ва бақонокии воситаҳои истеҳсолот, дараҷаи истифо-даи натиҷаҳои пешрафти илму техника, ташкили истеҳсолот ва ғайра;
* шароитҳои табиӣ: иқлим, таркиб ва ҳосилхезии замин, ҷойгиршавии замин ва сарватҳои табиат ва ғайра дар доираи сохаҳои ғайрисаноатӣ;
* (хоҷагии қишлоқ, истихроҷ, коркардабароӣ..).
4. Андӯхти марказонида ва ғайримаказонидашуда. Аз нигоҳи манобеи сармоягузорӣ аз ҷониби субъектҳои иқтисодӣ, андӯхтро ба андӯхти марказони-дашуда ва марка-зониданашуда ҷудо мекунанд. Шакли якуми андӯхт бештар хислати хоси низоми амрӣ (сотсиалистӣ) мебошад. Бори гарони рушду нумӯъ ва боло бурдани сатҳи иқтисоди миллӣ ба зиммаи давлат гузошта мешавад. Дар ин асно давлат бо таври марказонидашуда қисми даромад ( арзиши изофа, ё худ пасандоз) - ро ба мақсади андӯхт ҷудо мекунад. Андӯхти марказони-дашуда, асосан, аз ҷониби вазоратҳо, бонкҳо, ноҳияҳо ва таносубан буҷетҳои ҷумҳуриявӣ, ноҳиявӣ, минтақавӣ, вилояту губернияҳо, штатҳо, буҷети маҳаллӣ ва ғайра ба роҳ монда мешавад.

Он сарчашмаи асоситарини такрористеҳсоли инфиродӣ, яъне корхонаву ширкатҳо ба шумор меравад. Дар шароити бозор вазни қиёсии он торафт афзун мегардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вазни қиёсии моликияти давлатӣ нисбат ба моликияти хусусӣ бартарӣ дорад ва он ҳам бошад дар ҳолати муфлисию касодӣ қарор дорад, нақш ва мақоми андӯхти ғайримар-казонидашуда торафт аҳамияти махсус пайдо мекунад

Дидан карданд: 23

Мавзӯъҳои монанд:

Бекорӣ: шаклҳо ва сабабҳои пайдоиши он. Мафҳуми шуғли пурра

Сиёсати зиддитаваррумии давлат (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Оқибатҳои иқтисодию иҷтимоии таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Хусусият ва омилҳои муайянкунандаи таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Шакл ва намудҳои таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Таваррум, моҳият ва сабабҳои пайдоиши он (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Сиёсати хазинадории давлат ва хусусиятҳои он дар шароити бозор (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Андоз, вазифа, шакл ва хусусиятҳои ташаккули он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Буҷети давлатӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои ташкили он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Молия, вазифа ва низоми он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: