|

Андӯхт, моҳият ва сарчашмаҳои ташаккули он (САРМОЯГУЗОРӢ ВА АНДӮХТ)

Тартибдиханда: Азизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-10-28

Моҳият ва сарчашмаҳои ташаккули андӯхт. Классикони иқтисоди сиёсӣ (А.Смит, Д.Рикардо, К.Маркс) оид ба андӯхт, ҳамчун сарчашмаи таҳрикдиҳандаи истеҳсолоти ҷамъиятӣ. Андӯхт. Сарчашмаҳои андӯхт дар сатҳи микроиқтисод. Шакл ва намудҳои андӯхт. Андӯхти истеҳсолӣ, ғайриистеҳсолӣ, исмӣ ва воқеӣ. Фонди андӯхти истеҳсолӣ. Меъёри андӯхти истеҳсолӣ. Самаранокии андӯхт, сарчашма ва хусусиятҳои ташаккули он. Ҳосилнокии меҳнат. Такмил додани таркиби фонди андӯхт. Нишондиҳандаҳои самаранокии истеҳсолот. Сармоягузорӣ ва андӯхт, шакл ва самараи онҳо дар шароити бозор. Субъект ва объекти сармоягузорӣ. Лоиҳаи сармоягузорӣ. Интизории боздеҳи сармоягузорӣ.

Қонеъ гардондани тақозои беинтиҳои ҷомеа (шахс, оила, гурӯҳ, корхона, ноҳия, давлат) бидуни инкишоф ва ҳамаҷониба густариш ёфтани ҳаҷми тавлидоти ҷамъиятӣ имконнопазир мебошад. Охирон, худ аз худ бидуни таъсири омилхои таҳрик ва ривоҷу равнақдиҳандае, ки қодир бо-шанд, тақози доимоафзояндаи ҷомеаро дар сатҳи иқтисоди миллӣ (макро-иқтисод) таъмин намоянд, ба амал бароварда намешавад. Аз ин нигоҳ, бо таври айнӣ зарурият ба инкишофу таҳаввул ва густариши истеҳсолот, яъне таъмин намудани раванди такрористеҳсоли неъматҳову хадамот ва қонеъ гардондани тақозои бисёрҷонибаю беинтиҳои ҷомеа ба миён меояд.
Дар адабиёти иқтисодӣ, гарчанде назария ва ақоидҳои гуногуну мухта-лиф оиди манобеъ ва меъёри муайянкунандаи такрористеҳсол вуҷуд дошта бошанд ҳам, аксарият ақида ба он доранд, ки фишанг ва ҷавҳари онро андӯхт ташкил медиҳад.
Классикони иқтисоди сиёсӣ (А.Смит, Д.Рикардо, К.Маркс) муайян кардаанд, ки андӯхт ҳамчун сарчашмаи таҳрикдиҳандаи истеҳсолоти ҷамъи-ятӣ, хислати хоси ҳамаи давраҳои рушди иқтисод мебошад. Маҳз ба туфай-ли ҳаҷм, меъёр ва суръати ташаккули он, сират ва пешрафти низомҳои иқтисодӣ, алалхусус низоми бозорӣ муайян карда мешавад.
Тибқи назардошти К.Маркс, мафҳуми такрористеҳсол ва андӯхт хис-лати хоси ҳамаи форматсияҳои ҷамъиятию иқтисодӣ мебошад. Андӯхт – ҷузъи таркибии раванди такрористеҳсол буда, ҳамчун ягонагии диалектикии тавлид (истеҳсол), тақсим, мубодила ва истеъмоли маҳсулоти ҷамъиятӣ сурат мегирад. Дар андӯхт кулли муносибатҳои иқтисодӣ: субъект ва намояндаҳои иқтисодӣ – муносибати байни коргару коллектив, корхона, корхонаю ҷамъият, яъне муносибатҳои байни хоҷагиҳою хонавода, фирма, тиxорат, давлат ва ғайра дар ҳалқаи ягона ба ҳам муттаҳид карда мешавад.
Дар адабиёти мамлакатҳои Ғарб аксар вақт таҳти андӯхт пасандоз дар назар дошта шуда, он ба ду қисм: пасандоз ва андӯхт ҷудо карда мешавад. Он қисми даромад (пасандоз) ё ки дар шакли моддию чизӣ ё худ пулӣ (дивидент, саҳмия, фоиз...) бо мақсади сармоягузорӣ ба раванди тавлид ва минбаъд ривоҷу равнақ додани он истифода карда мешавад, андӯхт номида мешавад.

Новобаста аз гуногуншаклию гуногунмазмунии андӯхт хулоса бармеояд, ки он ҳамчун чорчӯбаи раванди истеҳсолот, яъне натиҷа ва оқибати маҳсулоти изофа ва таъминкунандаи раванди устувору истиқрори такрористеҳсоли инфиродӣ ва ҷамъиятӣ боқӣ мемонад. Аз нигоҳи методологӣ раванди андӯхт ва фонди андӯхтро аз ҳам ҷудо мекунанд.

Таҳти раванди андӯхт (раванди фаъолияти меҳнатӣ) - сарҷамъи муносибат ва равобитҳои амиқи байни унсурҳои таркибии раванди меҳнат (меҳнат, воситаи меҳнат, ашёи меҳнат) ва шароитҳои айнии ба ҳам пайваст гардидани омилҳои истеҳсолот (сармоя, меҳнат, замин, соҳибкорӣ, идтилоот, техника..) ва дар ин асос ба вуҷуд овардани даромади изофа (дар шакли воситаҳои истеҳсолоти илова ва ашёҳои истеъмолии илова) ва минбаъд истифода карда шудани онҳо барои дигаргунсозиҳои сифатӣ ва васеъгардонии иқтисоди миллӣ фаҳмида мешавад.
Таҳти фонди андӯхт (шакли моддии меҳнат) ҳаҷми муайяни воситаҳои истеҳсолот ва ашёҳои истеъмолӣ ё худ даромаде, ки ба мақсади васеъ гардо-нидани доираи истеҳсолоти моддӣ, ғайримоддӣ ба вуҷуд оварда мешавад, фаҳмида мешавад.
Фонди андӯхт сарчашмаи ташаккули такрористеҳсоли ҷамъиятӣ мебо-шад. Одатан, ду шакли такрористеҳсол: оддӣ ва васеъро фарқ мекунад. Агар раванди андӯхт танҳо барои барқарор кардан ва аз нав таҷдид гардонидани тавлидот истифода шавад дар ин ҳолат такрористеҳсоли оддӣ ё худ инфиродӣ ҷой дорад. Дар он даромад (ё худ пасандоз) танҳо ба мақсади барқарор ва дар як сатҳ нигоҳ доштани раванди истеҳсолот равона карда мешавад.

Бо ибораи дигар, пасандоз (маҳсулоти изофа) ба мақсади истеъмол истифода карда мешавад. Вале ин ҳолат ба таври назариявӣ имконпазир аст. Дар амалия, дар шароити рақобатпазирии байни тавлидгарону истеъмолгарон бидуни инкишоф ва пешрафт, ягон субъекти иқтисодӣ амал карда намета-вонад. Аз ин нуқтаи назар, қисми пасандоз (даромад ё худ андӯхт) ба мақсади васеъ гардонидани истеҳсолот истифода карда мешавад. Раванди пайи ҳам дар шакли афзоянда ривоҷу равнақёбии истеҳсолотро, ки аз ҳисоби даромади иловагӣ дар амал татбиқ карда мешавад, такрористеҳсоли васеъ меноманд.

Охирон, вобаста ба сирати низомҳои иқтисодӣ, сатҳи истифода (микро, макро, мезо, мегаиқтисод) ҳархела сурат мегирад ва сатҳу дараҷаи пешрафти онҳоро муайян менамояд. Динамика ва суръати пешрафти онҳо аз ҳаҷм ва меъёри манбаи ташаккули андӯхт вобаста мебошад.

Дидан карданд: 30

Мавзӯъҳои монанд:

Бекорӣ: шаклҳо ва сабабҳои пайдоиши он. Мафҳуми шуғли пурра

Сиёсати зиддитаваррумии давлат (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Оқибатҳои иқтисодию иҷтимоии таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Хусусият ва омилҳои муайянкунандаи таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Шакл ва намудҳои таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Таваррум, моҳият ва сабабҳои пайдоиши он (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Сиёсати хазинадории давлат ва хусусиятҳои он дар шароити бозор (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Андоз, вазифа, шакл ва хусусиятҳои ташаккули он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Буҷети давлатӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои ташкили он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Молия, вазифа ва низоми он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: