|

Ҳадди майл ба истеъмол ва пасандоз (ИСТЕЪМОЛ ВА ПАСАНДОЗ)

Тартибдиханда: Азизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-10-28

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ ду навъи миёнаи майл: майли миёнаи пасандоз ва майли миёнаи истеъмолро фарқ мекунанд. Вазни қиёсии хар як шакл ва намуди даромаде, ки ба мақсади истеъмол нигаронида мешавад, майли миёнаи истеъмол (APS) ва агар ба максади пасандоз истифода гардад, майли миёнаи пасандоз (АРС) номида мешавад. Онро чунин тасвир мекунанд:

                  Истеъмол                       ..              Пасандоз
1).АРС = ––––––––– х 100%         2). АРS = –––––––––х 100
                  Даромад                                          Даромад

 

 

Равобити байни даромади дар ихтиёр дошта ва истеъмол функсияи истеъмол ном дорад.
Вобастагии пасандоз аз даромади дар ихтиёр дошта функсияи пасандоз ном дорад.
Даромади субъектҳои иқтисодӣ таҳти таъсири омил ва шароитҳои гуногун метавонад хархела ташкил гардад (баланд, паст ё худ мӯътадил дар як сатҳу дараҷа боқӣ монад). Аз ин нигоҳ, зарурият барои муайян кардани вазни қиёсии ҳар яке аз онҳо, хусусан истеъмол ва пасандоз дар ҳаҷми умумии даромад ба миён меояд.
Он ҳиссаи афзудаи даромад, ки ба мақсади истеъмол сарф карда мешавад ва афзалиятан ба тарафи он майл дорад, ҳадди майл ба истеъмол (МРС) ном дорад. Ба ифодаи дигар, МРС ҳамчун таносубии тағйиротҳо оид ба истеъмол ва тағйиротҳое, ки таҳти даромад ба вуҷуд меоянд ва хаҷму меъёри онро дигаргун месозанд, сурат мегирад. Инро чунин тасвир мекунанд:

Тағйиротҳо дар истеъмол ӯ DS
MPС = ––––––––––––––––––––––––––––
Тағйитротҳо дар даромад  DY

Ҳиссаи ҳамон афзоиш (ё худ пастравӣ)-и даромад, ки ба максади пасандоз ҷудо карда мешавад, ҳадди майл ба пасандозро ташкил медиҳад (MPS). Бо ибораи дигар, MPS - муносибати ҳама гуна тағйиротҳои дар доираи пасандоз чой доштаро нисбат ба тағйиротхое, ки он қисми даромад онро ба вуҷуд овардааст, баробар мебошад, яъне:

                 Тағйиротҳо дар пасандоз        DS
         MPS=  ––––––––––––––––––––      =    –––
. Тағйиротҳо дар даромад          DY

Чи қадаре ки даромад афзудан гирад, ҳамон кадар ҳаҷми истеъмол ва ҳаҷми пасандози ахолӣ зиёд мегардад. Дар ҳолати рушди мувозини иқтисодиёт МРС майл ба поён ва MPS ба боло дорад. Дар шароити ҷой доштани таваррум бошад, баръакс, МРС майл ба болоравӣ дошта, МРС рӯ ба пастӣ мегузорад. Агар иқтисодиёт дар ҳолати ғайримуозинӣ ва гайриис-тиқрор ҷой дошта бошад ва пасандози аҳолии аз беқурбшавии пул ҳифз ва ҳимоя карда нашавад, он гоҳ ҳаҷми истеъмол афзун шудан мегирад.
Дар ин шароит махсусан истеъмоли чизҳои дуру дароз хизматкунанда (мошин, хонаю ҷой, телевизор, ҷавоҳирот, бостонсаройҳо ва ғайра) афзун мегардад. Ба ғайр аз он ба ҳаҷми истеъмол ва пасандоз таъсири омилҳои зерин низ калон мебошад:

  • болоравии сатҳ ва дараҷаи андозҳо;
  • баланд шудани нархҳо ба воситаҳои истеҳсолот, чизҳои истеъмолӣ ва хадамот;
  • афзун гаштани ҳиссаҷудокуниҳо ба сандуқҳои хайрия, суғурта, аъзоҳаққиҳо ва ғайра;
  • фавқултақозо ба чизҳои нодир ё худ нав ҷорикунанда (масалан, хусусигардонии корхона, замин...);
  •  бештар пешниҳод кардани молу хадамот;
  •  баланд гардидани даромад, пасандоз ва гайра.

Қайд кардан зарур аст, ки ба ҳамбастагии истеъмол ва пасандоз на  танҳо ҳаҷм ва меъёри даромад  (пас аз пардохти андозҳо), балки омилҳои дигар низ, ба монанди сарват, дараҷаи нарх, интизорӣ, қарзи истеъмолӣ, андозбандӣ ва ғайра таъсир мерасонанд.
1. Сарват (боигарӣ) сарчашмаи муҳимтарини ташаккули даромад (истеъмол, пасандоз, андӯхт...) буда, ҳамчун кулли восита ва ашёҳои меҳнат (бино, иншоот, мошин, таҷҳизот...), яъне молу амлоқи беҳаракат ва дурудароз хизматкунанда, воситаҳои пулию молиявӣ (пули нақд, пасандоз дар бонкҳо, саҳмия, дивиденд, облигатсияҳо, нафақа, суғуртаи иҷтимоӣ...) ва ғайра андӯхта мешавад.
2. Дараҷаи нарх. Муайян карда шудааст, ки болоравии дараҷаи нарх ботадриҷ графикаи истеъмолро рӯ ба фуруд (поён) ва пастравии нарх рӯ ба боло бурда мерасонад.
3. Интизорӣ. Интизории субъектҳои иқтисодӣ перомуни ворид гаштани воситаҳои пулӣ, молҳои фармудашуда, ташаккули нархҳо дар ояндаи наздик ва ғайра зуҳур гашта, ба ҷараёни масрифот (истеъмол)-и ҷорӣ ва пасандоз таъсир мерасонад. Интизории зиёд гаштани афзоиши пулҳо дар оянда, дар навбати худ, ба он оварда мерасонад, ки хар як истеъмолкунанда ба таври дилхоҳ нисбат ба маблағҳои ҷории худ рафтор мекунад.
4.Қарздории истеъмолӣ (матлуботӣ). Дараҷаи қарздории субъектҳои иқти-содӣ низ ба ҳам ва меъёри истеъмолу пасандоз, тамоюли майл ва инкишофи онҳо таъсир мерасонад. Агар дараҷаи қарздорӣ аз нақд ва меъёри муайяни даромад зиёдтар бошад (фарз кардем 20 ё 25%-и даромади ҷорӣ), онгоҳ субъектҳои иқтисодӣ маҷбур мешаванд, ки вазни қиёсии истеъмолро кам намоянд, то ки аз ҳисоби он қарздорӣ хаддулимкон адо карда шавад. Ва баръакс, агар қарзи истеъмолӣ нисбатан камтар бошад, он гоҳ дараҷаи пасандоз имконияти баландравӣ пайдо мекунад ва дар ин асно афзун гаштани қарз мушоҳида мешавад. Дар ин ҷо алоқаи мутақобилаи диалектикии байни даромад, қарз, пасандоз, истеъмол бештар ҳис карда мешавад.
5. Андозситонӣ. Андоз, асосан, аз даромади субъектҳои иқтисодӣ ситонда мешавад. Он қисман аз ҳисоби пасандоз ва ҳам истеъмол пардохта мешавад. Аз ин ҷиҳат афзоиши андоз графикаи ҳам истеъмол ва ҳам пасандозро рӯ ба поён мебарад. Ва баръакс, ҳиссаи даромаде, ки аз ҳисоби кам кардани андоз ба даст оварда мешавад, қисман ба истеъмол ва қисман ба пасандоз табдил дода мешавад. Ҳамин тавр, паст кардани андозҳо ба ҷойивазкунии графикаи ҳам истеъмол ва ҳам пасандоз, яъне болоравии он оварда мера-сонад. Пасандоз дар кадом шакле, ки зуҳур наёбад, он ҳамчун раванди иқтисодии ташаккули даромад ва сармоягузорӣ боқӣ мемонад. Пасандоз ва сармоягузорӣ мустақилона, новобаста аз субъектҳои иҷрокунанда ташкил карда мешаванд.
Саволҳо барои мустаҳкамкунӣ:
1.Шаклҳои муайянкунандаи истеъмолро номбар кунед.
2.Омилҳои истеҳсолот кадомҳоянд?
3.Истеъмол чист?
4.Пасандоз чист?
5.Шаклҳои пасандози субъектҳои иқтисодиро ном бар намоед.
6.Пасандозҳои аҳолиро номбар кунед.
7.Ба пасандози корхонаҳо чӣ дохил мешавад?
8.Пасандози ҷамъиятӣ (давлатӣ) чист?
9.Майли миёнаи пасандоз чист?
10.Омилҳои ба ҳаҷми истеъмол ва пасандоз таъсиркунанда.
11.Сарват (боигарӣ) чист?

Дидан карданд: 20

Мавзӯъҳои монанд:

Бекорӣ: шаклҳо ва сабабҳои пайдоиши он. Мафҳуми шуғли пурра

Сиёсати зиддитаваррумии давлат (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Оқибатҳои иқтисодию иҷтимоии таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Хусусият ва омилҳои муайянкунандаи таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Шакл ва намудҳои таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Таваррум, моҳият ва сабабҳои пайдоиши он (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Сиёсати хазинадории давлат ва хусусиятҳои он дар шароити бозор (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Андоз, вазифа, шакл ва хусусиятҳои ташаккули он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Буҷети давлатӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои ташкили он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Молия, вазифа ва низоми он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: