|

Истеъмол, шакл ва омилҳои муаӣянкунандаи он (ИСТЕЪМОЛ ВА ПАСАНДОЗ)

Тартибдиханда: Азизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-10-28

Аз нигоҳи сирати истифодаи неъматҳо истеъмол ҳамчун истеъмоли неъматҳои моддӣ ва истеъмоли хадамот сурат мегирад.
Аз нуқтаи назари тарзи истифода (тарзи қонеъ гардонидани талабот) он ҳамчун истеъмоли фардӣ ва коллективӣ (гурӯҳӣ) баромад мекунад. Ба истеъ-моли фардӣ (инфиродӣ) ҳамаи он чизҳое, ки дар ихтиёри шахс, оила ё худ аъзоёни ҷамъият мавҷуданд ва онҳо барои қонеъ гардондани талаботи худи онҳо (ҷисман барқарор кардани тану дӯши онҳо) истифода мешавад, дохил карда мешаванд. Истеъмоли коллективӣ гуфта равандеро меноманд, ки дар доираи он истеъмоли неъматҳои моддӣ ва ҳадамот аз ҷониби гурӯҳ, коллектив ё ҳуди аъзоёни ҷомеа сурат мегирад.
Аз ин нигоҳ хулоса бармеояд, ки истеҳсол ва истеъмол ҳамчун раванди ягонаи ба ҳам мутақобил ташкил карда мешавад. Истеъмол бошад, барои он шахсият (субъект)-и истеъмолро тайёр мекунад. Бидуни истеҳсолот истеъмол ҷой надорад, вале бе истеъмол низ истеҳсолот ба вуқӯъ пайваста наметавонад, чунки истеҳсолот дар ин маврид бе мақсад мебошад. Он чи ки истеҳсол пешниҳод менамояд, фақат он истеъмол карда мешавад. Аз ҳаҷми неъматҳои пешниҳодкардаи истеҳсолот зиёдтар истеъмол кардан мумкин нест. Ба он чизҳое, ки истеҳсолот пешниҳод накардааст, ба он талабот низ пайдо наме-шавад, ва онҳо истеъмол ҳам карда намешаванд. Ин тақозои қонуни иқтисо-дии истеҳсол ва истеъмол мебошад.
Истеъмол, ҳамчун раванди истифодаи неъматҳою хадамот оиди ба қонеъ гардондани талабот ба роҳ монда мешавад.
Дар ҷараёни истеҳсолот ду навъи истеъмоли истеҳсолӣ: истеъмоли субъективӣ - масрафи қувваи коргарӣ, яъне истифодаи қувваи ҷисмонию фик-рии он дар раванди тавлиди неъматҳо ва истеъмоли объективӣ – истеъмоли воситаҳои истеҳсолот, ки дар ҷараёни истеҳсолот хӯрда шуда нобуд мегарданд, зуҳур мегардад. Ин ду навъи истеъмол ҳамчун истеъмоли омилҳои истеҳсолот баромад мекунад.
Бо ибораи дигар, воситаҳои истеҳсолот ва ашёҳо (чизҳо)-и истеъмолӣ дар раванди истеъмоли истеҳсолӣ тавлид гардида, онҳо дар ҷараёни истеъмоли ғайриистеҳсолӣ истеъмол карда мешавад. Охирон, ҳамчун истеъмоли инфи-родӣ (шахсӣ, қонеъ гардондани талаботи одамон бо хӯрока, сарулибос, пойафзол, хонаю ҷой, таълим, илм, истироҳат, тансиҳатӣ...) ва истеъмоли ҷомеавӣ (талабот ба идора, маориф, илм...) ташкил мегардад.
Дар ҷараёни истеъмоли инфиродӣ ва ҷомеавӣ неъматҳои иқтисодию ғайрииқтисодӣ, неъматҳои моддию ғайримоддӣ, неъматҳои маънавию хадамот-ҳои беинтиҳое истифода карда мешаванд, ки мустақиман ба тавлид ва таҷдиди ҳаёти инсон сабаб мегарданд (ниг. мавзӯи «Асосҳои хоҷагиҳои бозорӣ»).
Аз ин нигоҳ, ноҳия, минтақа ва давлатҳои камдаромад, сердаромад, инки-шофёфта, ақибмонда ва ғайраро аз ҳам фарқ мекунанд.
Дар он ҷое, ки пешрафти техникӣ баланд, соҳаҳои хоҷагии халқ ба дараҷаи тақозои замони ҳозира ташкил ёфта бошанд, дар он ҷо дараҷаи истеҳсол ба ҳар нафар баланд, сабати молҳои истеъмолӣ фаровон ва дараҷаи некӯаҳволӣ баланд мебошад ва баръакс.
Аз ҷониби ҳамагон эътироф карда шудааст, ки воситаи муҳимтарини танзим ва маҳдудгардонии истеъмол ва таркиби он истеҳсолот мебошад. Агар майл ва хоҳиш ба истеъмол зиёд бошад, он на бо воситаи аз хориҷа овардан, нархҳоро паст кардан, сеҳру ҷода кардан, илтимоси зиёд намудан, корпар-тоиҳо ва доду фиғон бардоштан, балки бо роҳи ҳаҷм ва миқёси истеҳсолотро афзун гардондан имконпазир мебошад.
Баъзеҳо раванди айнӣ ва қонунияти байни истеҳсол ва истеъмолро инкор намуда, исбот карданианд, ки ҳаҷми истеъмолро бо воситаи баланд бардош-тани даромад, музди кор, паст кардани нархҳо афзун гардандан мумкин аст. Вале ҳаёти воқеӣ нишон медиҳад, ки ин ақида асоси илмӣ надорад. Кор накардан ё худ қисман аз кор мондани истеҳсолот, хоҳ нохоҳ сабаби паст гардидани самт ва дараҷаи талабот, яъне истеъмоли аҳолӣ мегардад.
Инро дар мисоли сифру маводҳои даҳсолаи охир дар Ҷумҳурии Тоҷи-кистон баръало мушоҳида кардан мумкин аст. Истеҳсоли гӯшт ба ҳар нафар аҳолӣ дар соли 1990 - 11,5 кг-ро ташкил менамуд. Минбаъд аз сабабҳои ба ҳам маълум он дар соли 2004 то ба 0,2 кг паст фуромад. Ин чизро нисбат ба равғани чорво(1,1 ва 0,003 кг), маҳсулоти шири холис (28,3 ва 0,4 кг), макарон (4,1 ва 0,1 кг), консерва (58,2 ва13 кг) равғани наботот (15,0 ва3,6 кг) ва ғайра низ қайд кардан мумкин аст.
Мувофиқи ҳисобу китобҳо ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 700-800 ҳазор тонна ғалла истеҳсол карда мешавад. Барои пурра қонеъ гардондани талаботи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон камаш то 1,5 - 1,8 миллион тонна ғалла бояд истеҳсол карда шавад,
Доираи истеҳсолоти худро ривоҷу равнақ надода, фақат аз ҳисоби қарз ва молҳои аз хориҷи мамлакат оварда шуда истеъмоли аҳолии мамлакатро пурра қонеъ гардондан номумкин аст. Он, эҳтимол, барои як давраи кӯтоҳи таърихӣ мавриди қабул бошад, вале ояндаи иқтисод бидуни соҳаи инкишофёфтаи тавлидот ривоҷу равнақ ёфта наметавонад.

Дидан карданд: 15

Мавзӯъҳои монанд:

Бекорӣ: шаклҳо ва сабабҳои пайдоиши он. Мафҳуми шуғли пурра

Сиёсати зиддитаваррумии давлат (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Оқибатҳои иқтисодию иҷтимоии таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Хусусият ва омилҳои муайянкунандаи таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Шакл ва намудҳои таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Таваррум, моҳият ва сабабҳои пайдоиши он (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Сиёсати хазинадории давлат ва хусусиятҳои он дар шароити бозор (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Андоз, вазифа, шакл ва хусусиятҳои ташаккули он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Буҷети давлатӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои ташкили он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Молия, вазифа ва низоми он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: