|

Истеъмол - унсури асосӣ ва давраи ниҳоии истеҳсолоти ҷамъиятӣ (ИСТЕЪМОЛ ВА ПАСАНДОЗ)

Тартибдиханда: Азизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-10-28

Истеъмол - унсури асосӣ ва давраи ниҳоии истеҳсолоти ҷамъиятӣ. Омилҳои истеҳсолот. Истеҳсолот вазъ ва ҳолати иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва тамоюли рушд. Шакл ва омилҳои муайянкунандаи истеъмол. Тақозои қонуни иқтисодии истеҳсол ва истеъмол. Истеъмоли субъективӣ ва объективӣ. Истеъмоли ғайриистеҳсолӣ, инфиродӣ ва ҷомеавӣ. Меъёри истеъмол. Истеъмоли аҳолӣ. Моҳият ва омилҳои муайянкунандаи пасандоз. Пасандоз, ҳамчун маҷмӯи даромадҳо. Пасандози субъектҳои иқтисодӣ. Пасандози аҳолӣ ва корхона. Пасандози давлатӣ (ҷамъиятӣ). Дараҷаи нарх, интизорӣ, қарздории истеъмолӣ ва андозситонӣ.

Истеҳсолоти ҷамъиятӣ раванди мураккабу бисёрҷанба буда, ҳамчун низо-ми ягонаи истеҳсол, тақсим, мубодила ва истеъмол сурат мегирад. Босуботу муозин табдил ёфтан ва аз як шакл ба шакли дигар баргаштани онҳо дар миқёси иқтисоди миллӣ ҳамчун такрористеҳсоли ҷамъиятӣ сурат мегирад. Дар ин раванд, яъне тавлид ва аз нав тавлид гардидани маҳсулоти умумии миллӣ ва даромади миллӣ ташаккули нақш ва мақоми истеҳсол (тавлид) ва истеъмол бениҳоят бузург мебошад.
Чи тавре ки маълум аст, истеҳсол нуқтаи ибтидоӣ ва истеъмол нуқтаи ниҳои (охирон)-и истеҳсолоти ҷамъиятӣ буда, тақсиму мубодила нақши миёна-рав (мутавассит)-ро дар ин ҳалқа иҷро мекунанд. Дар ҳаёти воқеӣ раванди тақсимот аз ҷониби ҷамъият бидуни хоҷагиҳои хусусӣ ва мубодила аз ҷониби субъект ва намояндаҳои иқтисодӣ ба амал бароварда мешавад.
Истеҳсол ҳамчун раванди ба ҳам пайвастшавии омилҳои истеҳсолот (сармоя, меҳнат, замин, қобилияти соҳибкорӣ, технология...) оид ба истифо-даи захираҳои маҳдуди ҷомеа ва дар ин асос тавлид намудани неъматҳою хадамот сурат мегирад.
Маҳз ба туфайли истеҳсол истеъмол ба вуқӯъ мепайвандад. Истеҳсол барои истеъмол ашъёву мавод (маҳсулот) пешниҳод намуда, тарзу услуби истеъмол, сират, шакл, доира ва мақсади истифодаи ниҳоии истеъмолро муайян мекунад.
Истеҳсол бо тавассути арзаи намудҳои нави маҳсулоту хадамот тақозои навбатии истеъмолгаронро ба онҳо пайдо намуда, нисбат ба истеҳсоли молҳои оянда ҳавасмандии истеъмолгаронро аз нав пайдо ва афзун мегардонад. Дар навбати худ истеъмоли онҳо (маҳсулот, хадамот)-ро қабул ва маъқул ё номаъ-қул дониста, чизҳои пешниҳоднамудаи истеҳсолотро барои минбаъд истеҳсол кардан ворид месозад.
Дараҷаи истеъмол тибқи сатҳ ва такомули афзоиши истеҳсолот муайян карда мешавад. Он на танҳо бо сатҳ ва дараҷаи пешрафти истеҳсолот, балки хусусиятҳои тақсимот, сиёсати иқтисодии давлат, меъёру қонунгузориҳои ҳуқуқӣ низ ба роҳ монда мешавад. Аз ин нигоҳ, таркиб ва дараҷаи истеъмол дар доираи хоҷагиҳои хонавода, хоҷагиҳои инфиродӣ, фирмаю ширкатҳо, соҳаю ноҳияҳо, давлатҳои алоҳидаю хоҷагии ҷаҳонӣ ҳархела ташкил меёбад.
Чунин тафриқасозии истеъмол, албатта, бидуни истеҳсолот ва хусуси-ятҳои ташкили он вобаста ба сатҳ ва дараҷаи истифодаи захираҳои иқтисодӣ ва самаранокии онҳо имконнопазир мебошад.
Вале иқтисод танҳо аз раванди истеҳсол кардани неъматҳову хадамот иборат нест. Он иҷро гардидани ягон кору амалиёт, хадамот, иттилоот, фаъолияти иҷтимоӣ, фарҳанг, маънавиёт ва ғайраро низ ифода мекунад. Аз ин лиҳоз, таҳти раванди истеҳсолот муносибатҳои меҳнатиро оиди дигаргун ва истифодаи захираҳои иқтисодӣ ба мақсади эҳёи неъматҳо ва маҳсулотҳои нав, кору хадамот, иттилоот, арзишҳои маънавӣ тасаввур мекунанд. Вобаста ба ин талабот (истеъмол) ва шаклу намудҳои гуногуни он низ пайдо ва ташаккул меёбад.
Дар шароити иқтисоди бозорӣ бошад, муносибати байни истеҳсол ва истеъмол ранг ва сифати дигар мегирад. Бозор пур аз неъматҳо буда, нархҳои бозорӣ тақозо ва арзаро ба ҳам баробар мегардонанд ва аз ин ҷиҳат тавлид-кунандаю истеъмолкунанда ба субъектҳои баробарқудрат ва бо ҳам тобеъ табдил меёбанд. Охирон ҳамчун натиҷаи рақобат сурат гирифта, тавлидкунан-даро ба он водор месозад, ки он эҳтиёҷ ва дархости истеъмолкунандаро пурра қонеъ гардонад, вагарна он бо тавлидгари дигар муроҷиат менамояд ва бо ҳамин аз истеъмолкунанда маҳрум мегардад. Аз ин ҷиҳат дар шароити бозор ҳукм ва амри истеъмол бар тавлидот бештар ҳис карда мешавад.
Аз ин нигоҳ, тавлидкунандагон низ бо роҳи ташкил намудани иттиҳо-дияҳо, ширкатҳои рафиқонаю холдингӣ, конгломератҳо ва ғаӣра кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бештар молҳои хушсифат ва каммасрифро барои истеъмол-кунандагон, пешниҳод намуда, бозорро аз они худ кунанд ва яккаҳукмронии худро дар он ҷо нигоҳ доранд. Аз ин нигоҳ (ниг. мавзӯи рақобат) онҳо нарҳу наво ва арзаи молҳоро зери назорати худ қарор медиҳанд ва нисбат ба истеъмолот амру ҳукми худро афзун мегардонанд. Охирон, дурудароз давом карда наметавонад ва аз ин ҷиҳат бартарии мутлақ надорад ва ногузирии амри истеъмолро низ аз байн бардошта ҳам наметавонад.
Тавлидоти муосир дигар имкони бо таври пештара аз рӯи стандарти мавҷуда, кӯркӯрона тавлид намудани неъматҳою хадамотро надорад. Вобаста ба сатҳ ва дараҷаи афзоиши тақозо, истеҳсолот имконияти тафриқасозӣ ва то ҳатто бо таври инфиродӣ қонеъ гардондани онҳоро ба ӯҳда дорад. Тақозои аҳолӣ бо воситаи телефон, худхизматрасонӣ, пешакӣ қабул кардани фармо-ишҳо, бештар ҷалб кардани мизоҷон ва ғайра ба роҳ монда мешавад.
Масалан, дар ширкатҳои «Тойота» ва «Нисан»-и Япония, фармоишҳои пешакӣ оиди истеҳсоли мошинҳои хусусӣ бо воситаи интихоби вариантҳои компютерии дилхоҳи харидорон (ранг, намуд, иқтидори двигател, ҷои нишаст, ҷойгиронии рул, суръат ва ғайра) қабул ва иҷро карда мешаванд. Ин шакли фурӯши молҳо на фақат шумори харидорон, балки ҳавасмандӣ ва ҳамбастагии устувору собити байни тавлидоту истеъмолро таъмин менамояд. Бо ҳамин васила харидору фурӯшанда ва истеҳсолу истеъмолкунанда бо риштаҳои мустаҳкам ба ҳам пайваст карда мешаванд.

Дидан карданд: 32

Мавзӯъҳои монанд:

Бекорӣ: шаклҳо ва сабабҳои пайдоиши он. Мафҳуми шуғли пурра

Сиёсати зиддитаваррумии давлат (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Оқибатҳои иқтисодию иҷтимоии таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Хусусият ва омилҳои муайянкунандаи таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Шакл ва намудҳои таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Таваррум, моҳият ва сабабҳои пайдоиши он (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Сиёсати хазинадории давлат ва хусусиятҳои он дар шароити бозор (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Андоз, вазифа, шакл ва хусусиятҳои ташаккули он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Буҷети давлатӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои ташкили он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Молия, вазифа ва низоми он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: