|

Сиёсати зиддисилсилавии давлат (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Тартибдиханда: Азизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-10-05

Силсила қонунияти умумии бозор буда, ҷанбаҳои асосии ҳаёти ҷомеа: иқтисод, иҷтимоиёт, сиёсат, маданият, фарҳанг, муносибатҳои бурунмарзӣ ва ғайраро фаро мегирад. Ин ҳалқабандии муносибатҳо бидуни сиёсати иқтисодии давлат имконнопазир мебошад.
Ҳаёти воқеии хоҷагидорӣ аз он воқиф аст, ки сиёсати иқтисодии давлат ҳамчун сиёсати зиддибӯҳронӣ ва зиддисилсилавӣ сурат гирифта меояд. Охирон зери тазъиқи чандин давраи силсилаҳои дарозмӯҳлат қарор гирифта, густариш ва таҳаввул меёбад.
Фишангҳои зиёде маълуманд, ки давлат бо воситаи онҳо раванди мавҷҳои хурд ва миёнаро ба тартиб медароранд. Таҷриба нишон медиҳад, ки сиёсати зиддибӯҳронӣ ва зиддисилсилавӣ давлат бо воситаи тадбирҳои гуногун: сиёсати пулгароӣ (монетарӣ), сиёсати молиявию қарзӣ, хазинадорӣ (фискалӣ), иҷтимоӣ, зиддиинҳисорӣ, танзими мустақими равандҳои такрористеҳсол – тарҳрезию барномасозии ҷорӣ ва дурнамои иқтисоди миллӣ, тақсими захираҳои иқтисодӣ, сиёсати сармоягузорӣ ва баланд бардоштани самараи он ба роҳ монда мешавад.
Яке аз воситаҳои мусоид ва қулайтарини таъсири давлат ба давраҳои силсила харидкуни давлатӣ мебошад. Охирон восита ва тадбири сиёсати хазинадории давлат буда, имкон медиҳад, ки неъмат ва хадамотҳои барзиёде, ки дар доираи ширкат ва фирмаҳо ба вуҷуд омада, мубодила шуда метавонанд ва қодиранд раванди истеҳсолотро катъ гардонанд ва бо ҳамин ба саршавии силсила замина гузоранд, харида гирифта шаванд ва бо ҳамин ҷараёни мӯътадили мувозинии тавлидот таъмин гардонда шавад.
Аксар вақт сиёсати зиддибӯҳронӣ ва зиддисиклии давлат ҳамчун ягона-гии сиёсати хазинадорӣ ва пулгароӣ сурат мегирад. Вале таҷрибаи давлатҳои капиталистӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки на сиёсати хазинадорӣ ва на сиёсати пулгароӣ иқтисоди бозориро аз бӯҳрони иқтисодӣ эмин нигоҳ дошта наметавонанд. Онҳо фақат самт ва руҷӯи бӯҳрон ё ҳуд силсиларо тағйир дода метавонанд.
Барои таъмин намудани таносубии такрористеҳсол баъзан моликияти давлатӣ дар ҳавзаи истеҳсолот ва зерсохти (зербиноӣ) бозорӣ истифода карда мешавад. Вале он дар ягон ҷой бартарӣ надорад, бинобар ин барои таъмин кардани таносубиҳои такрористеҳсол дигар нишондиҳандаҳо низ ба эътибор гирифта мешаванд.
Дар баъзе давлатҳои навинкишофёфтаи олами бозорӣ (Япония, Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур) барои таъмин намудани рушди иқтисодӣ, то ҳатто корхонаҳо ва соҳаҳои амалкунанда нест ё худ такмилу аз нав таҷҳизонида мешаванд. Бо ҳамин восита маблағҳои моддию пулӣ (захираҳо) аз як соҳаи рақобатнопазир гирифта шуда, ба соҳаи дигари прогресси илму техника талабу рақобатпазир партофта мешаванд.
Дигаргунсозиҳои сохторӣ тамоми ҳалқаҳои (соҳаҳои) асосии хоҷагии халқро фаро гирифта, тараққиёти онҳо дар асоси меъёрҳои умумибашарӣ ба роҳ монда мешавад. Аз ин нигоҳ, он давлатҳо ба ҷараёнҳои ашаддии бӯҳрон-ҳову силсилаҳо камтар дучор гардида, ба қатори мамлакатҳои инкишофёфтаи ҷаҳон, хусусан ИМА доҳил шуда, имконияти бештари рақибпазирӣ пайдо мекунанд.
Дар шароити ҳозира, ҳар сари қадам оиди бӯҳронҳои иқтисодӣ дар мамлакатҳои собиқ Шӯравӣ, алалхусус Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф мезананд. Вале бояд дар назар дошт, ки сабаб ва шароити ба вуҷуд омадани ин бӯҳронҳо нисбат ба бӯҳронҳои иқтисодӣ ва давраҳои силсилавие, ки то кунун мавриди таҳлил қарор дода шудаанд, фарқ мекунад. Сабабҳои ба вуҷудоварандаи бӯҳрон ва силсилаҳои иқтисодӣ (моликияти хусусӣ, зиддияти асосии капита-лизм, барзиёдистеҳсолкунӣ, навоварӣ, пешрафти техникӣ..) ва оқибати ноху-шии онҳо – қатъ гардидани фаъолияти корхонаҳо, соҳа, ҷамъият; афзоиши бекорӣ, таварруми шадид; гуруснагию қашшоқӣ, камбудии озуқа дар иқтисоди сотсиалистӣ вуҷуд надошт.
Барои дар амал татбиқ намудани сиёсати иқтисодии давлат дар давраи гузариш ба муносибатҳои бозорӣ ва баромадан аз вартаи бӯҳрони иқтисодӣ, қонун ва қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тайи даҳсоли охир аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва тасдиқ гардидааст, калон мебошад.
Тибқи маълумотҳо, дар давоми солҳои 1999-2005 зиёда аз 70 қонун оиди дигаргунсозии ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат; қонунҳо дар бораи моли-кият, корхона, коллективҳои меҳнатӣ, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, фаъолияти иқти-содии хориҷӣ ва муфлисшавии корхонаҳо, сармоягузории хориҷӣ, асъор, андоз, бонкҳо, қарз, суғурта ва ғайра қабул карда шудаанд.
Сиёсати иқтисодии давлати Тоҷикистон дар чорчӯбаи фармони Прези-денти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми декабри соли 1994, №8 «Дар бораи тадбирҳои аввалиндараҷаи таъмини ислоҳоти иқтисодӣ ва тезондани гузариш ба муносибатҳои бозоргонӣ» ва «Барномаи ислоҳоти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1995-2000 ва 2000-2005» дар амал татбиқ гардонда мешавад.
Дар ин ҳуҷҷатҳо роҳҳои амиқ ва мушаххаси стратегия ва тактикаи сиёсати иқтисодии давлат бо таври зерин муайян карда шудааст:
* эҳё ва ташаккули низоми муосир ва самарабахши танзими давлатии иқтисод;
* ташкил намудани иқтисоди бисёртарз ва муҳити рақобат дар асоси ғайридавлатӣ ва хусусигардонии моликият, шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ, соҳибкорию корчаллонӣ;
* таъмин намудани низоми самарабахши молиявию қарзӣ; низоми молия, қарз, пулӣ, бонкӣ, суғурта, асъор ва ғайра;
* таъмин намудани шароитҳои мусоидтарин оиди ҷалб намудани сармояи хориҷӣ, ташкили низоми танзими воридот, тақвияти ҷараёнҳои ҳамгироӣ ва инкишофи робитаҳои иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва ғайра.

АДАБИЁТ: 15,19,22,23,25,48,63,64,65,66,67
Саволҳо барои мустаҳкамкунӣ:
1.Мувозинии макроиқтисодӣ чист?
2.Моҳияти мувозинии макроиқтисодиро шарҳ диҳед.
3.Шаклҳои мувозинии макроиқтисодиро номбар кунед.
4.Арзаи кулл чист?
5.Қонуни Сэй чиро талаб мекунад?
6.Оиди назарияи Й. Шумпетер маълумот диҳед.
7.Омилҳои тақозои муайянкунандаи куллро номбар кунед.
8.Оиди назарияи кейнсгароии мувозинии макроиқтисод
маълумот диҳед.
9.Оиди инкишофи силсилавии иқтисод маълумот диҳед.
10.Рушди экстенсивӣ ва интенсивӣ чист?
11.Силсилаи иқтисодиро тибқи ақидаи  К. Маркс шарҳ диҳед.
12.Бӯҳрон чист?
13.Зинаҳои харакати бӯҳронро номбар кунед.
14.Рукуд – нуқтаи ниҳоии бӯҳронро шарҳ диҳед.
15.Равнақ – давраи ниҳоии силсилаи иқтисодро шарҳ диҳед.
16.Хизмати шоёни иқтисодчии рус Н.Д. Кондратйев кадом аст?
17.Оиди мавҷҳои дарозмӯҳлат, миёна ва кӯтоҳ маълумот диҳед.
18.Роҳҳои бартараф намудани бӯҳронҳои иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дидан карданд: 731

Мавзӯъҳои монанд:

Бекорӣ: шаклҳо ва сабабҳои пайдоиши он. Мафҳуми шуғли пурра

Сиёсати зиддитаваррумии давлат (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Оқибатҳои иқтисодию иҷтимоии таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Хусусият ва омилҳои муайянкунандаи таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Шакл ва намудҳои таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Таваррум, моҳият ва сабабҳои пайдоиши он (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Сиёсати хазинадории давлат ва хусусиятҳои он дар шароити бозор (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Андоз, вазифа, шакл ва хусусиятҳои ташаккули он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Буҷети давлатӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои ташкили он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Молия, вазифа ва низоми он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: