|

Навъ ва давраҳои силсила: мавҷҳои дароз, кӯтоҳ ва миёна (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Тартибдиханда: Азизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-10-05

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ оиди силсила ва табақабандии он ақидаи ягона вуҷуд надорад. Новобаста ба ин ихтилофот чунин навъҳои мавҷҳо ё худ давраи силсилаҳоро фарқ мекунанд: мавҷҳои дарози (тӯлонии) Кондратҳев, Ҷугляр, Китчин, Кузнетс, Шумпетер, Форрестер, Тоффлер ва ғайра.
Ҳар яке аз ин намудҳои силсила дар асоси ба худ хос шароит, сабаб ва меъёру омилҳо тафриқабандӣ карда мешаванд. Тибқи дархости барзе аз муҳаққиқон мӯҳлати (давомнокии) мавҷҳо аз 2-4 сол (Китчин), 7-12 сол (Ҷугляр), 16-25 (Кузнетс), 40-60 сол (Кондратйев), 200 сол (Тоффлер)-ро ташкил медиҳад.
Мояи асосии назарияи калобишҳои дарозмӯҳлат ё худ силсилаҳои калони конъюнктурӣ (мавҷҳои дарозмӯҳлат) дар ибтидои асри XX аз ҷониби иқтисодчии рус Н.Д.Кондратев (с.1926) гузошта шудааст.
Мувофиқи назарияи Н.Д.Кондратев тараққиёти капитализм дар асоси ба ҳам ивазшавии давраҳои инкишоф ва пастравӣ, ки мӯҳлати давоми онҳо ду-се даҳсоларо фаро мегиранд. Эҳё ва таҷдиди давраи калобишҳои дарозмуҳлат аз характери амал ва мӯҳлати хизмати гирдгардиши капитали асосӣ, андӯхти озоди капитали пулӣ ва прогресси илму техника вобастагӣ дорад. Охирон ҳамчун омили асосии дохилии бавуҷудоварандаи силсилаи дарозмӯҳлати иқтисод қадр карда мешавад.
Хизмати шоёни Н.Д.Кондратев дар илми иқтисод дар он аст, ки вай:
* методологияи пешбинии дарозмӯҳлати тамоили тараққиёти ҷаҳони капиталистиро пешниҳод намуд, ки он аз қудрат ва тавоногии капитализм гувоҳӣ медиҳад;
* якумин шуда идеяи (ғояи) нақшаи дурбиниро, ки кунун таҳти тарҳре-зии индикативӣ, яъне нақшаи пешбинӣ (планпрогноз) маъмул гаштааст, пешбарӣ намудааст;
* ба қатори нишондиҳандаҳои моддию натуралии ҷойдошта, нишон-диҳандаҳои арзиширо низ пешниҳод намудааст, ки дар ягонагӣ имкон медиҳанд дурбинии молиявӣ пешгӯӣ  карда шавад;
* барои ҳисобу китоби маҳсулоти ҷамъиятӣ ӯ статистикаи нарх, яъне дефлятори маҳсулоти умумиии миллиро пешниҳод намуд;
* ба илми иқтисод усули таҳлили ҷории конъюнктурӣ, яъне баҳодиҳии ҷории тағйирёбии нархҳо ва сабати истеъмолиро ҷорӣ кард;
* назарияи таносуби иқтисодию иҷтимоии рушди иқтисодиро, ки тӯли даҳсолаҳо эътироф карда нашуда буданд, пешниҳод намуд.
Назарияи Н.Д.Кондратев ҳамчун ақидаи воқеӣ ва инсондӯстию умуми-башарӣ аз ҷониби давлати шӯравӣ дастгирӣ наёфт ва он ба зудӣ фаромӯш гардид.
Дар ибтидои солҳои 40-ум он аз ҷониби И.Шумпетер ва солҳои 50-ум иқтисоддони олмонӣ Г.Менше дастгирӣ ва давом дода шудааст. Ҷавҳари асосии ин назарияро тағйиротҳои пешрафти илмию техникӣ ва навоварӣ ташкил медиҳанд.
Мавҷҳои дароз, асосан ба давраҳои инқилоби саноат вобаста карда мешаванд:
1.Мавҷҳои солҳои 1787-1842 – давраи дар истеҳсолот истифода карда шудани двигателҳои буғӣ, ташаккули саноати бофандагӣ ва металлургӣ;
2. Мавҷҳои солҳои 1842-1897- густариши соҳаҳои роҳи оҳан, кишти-гардии навъи буғӣ;
3.1897-1930 - тараққиёти мошинсозӣ, саноати химия, ҷорӣ кардани электроэнергия.
Мавҷуд будани мавҷҳои дароз аксар вақт бо хусусиятҳои бӯҳронҳои иқтисодӣ мусоидат менамояд. Инро дар мисоли зерин мушоҳида кардан мумкин аст: мавҷҳои солҳои 1825-1873; 1873-1929; 1929-1975; 1975-1982; 1982-2000;
Бояд тазаккур дод, ки дар доираи ҳар як мавҷҳои дароз (давраҳои калони силсила аз 40 то 60 сол) чандин бӯҳронҳои иқтисодӣ ва мавҷҳои хурду миёна ҷой дошта метавонанд. Охирон ҳамчун манобеи таккон ва суръатбахши давраҳои силсилаи калон хизмат мекунад.
Мавҷҳои хурд (мавҷҳои кӯтоҳ, силсилаҳои хурд) давраи мустақили силсилаҳои дарозмӯҳлат буда, дар асоси шароит, сабаб ва қонуниятҳои хосаи иқтисоди миллӣ, дар як давраи муайян (одатан 3-4 сол) эҳё ва ташаккул меёбад. Масалан, ба он давраи силсилаи Китчин дохил шуда метавонад.
Силсилаҳои хурд (кӯтоҳмӯҳлат) бештар барои масоили барқарор карда-ни мувозинатии иқтисодӣ дар бозори истеъмолӣ алоқаманд мебошанд. Дар ҳолати ба вуҷуд омадан ва мустаҳкам гардидани ҷараёни истиқрори камбуд (дефисит), тавлидот самт ва равиши худро тағйир дода, таносуби дигар, сохтори навро дар хоҷагии халқ ба вуҷуд оварда, дараҷа ва сатҳи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунандаро муайян месозад. Он аксар вақт ҳамчун бӯҳрон-ҳои изофатавлид бо давраҳои: бӯҳрон, рукуд, ҷунбиш, равнақ сурат мегирад.
Силсилаҳои миёна (мавҷҳои миёна, миёнамӯҳлат) силсилаҳое мебошад, ки дар доираи мавҷҳои дарозмӯҳлат ҷой гирифта, тамоюли рушди иқтисодро дар давраи 8-10 сол муайян менамояд.
Бузурги (параметр) - ҳои силсилавӣ нишондиҳандаҳое мебошанд, ки дар давраи равнақ (фавқ, авҷ) ҳаҷман афзуда дар давраи силсила кам мешаванд. Ба он мисол шуда метавонад: пурра истифода кардани иқтидорҳои истеҳсо-лӣ, унсурҳои ҳаҷми пулӣ, дараҷаи умумии нархҳо, фоидаи ширкатҳо ва ғайра.
Ба сифати бузургиҳои зиддисилсилавӣ нишондиҳандаҳое интихоб карда мешаванд, ки аҳамияти онҳо дар раванди давраи пастравӣ (бӯҳрон) ва рукуд (депрессия) баланд ва ҳангоми давраи равнақ паст мегардад. Масалан, дара-ҷаи бекорӣ, теъдоди муфлисшавии корхонаҳо, захираҳои тайёр ва ғайра.
Бузургиҳои ғайрисилсилавӣ бузургиҳое дониста мешаванд, ки ҳаҷми онҳо бо динамикаи силсила мувофиқат дошта бошад. Масалан, ҳаҷми содирот.
Мавҷҳои дарози Н.Д.Кондратев, агар баъди солҳои 20-ум фаромӯш шуда бошад ҳам, он баъд аз солҳои 70-ум аз нав эҳё гардида, дар маркази диққати тадқиқотчиён қарор дорад. Кунун муаяйн карда шудааст, ки «Мавҷҳои дароз» (мавҷҳои калон ё худ доманадор) воқеан сирати лаппиш, ё майлгароӣ надоранд. Бӯҳронҳое, ки дар доираи он ба вуқӯъ мепайванданд, на ҳама вақт маънои мутлақо пастравии сатҳи тавлидотро инъикос менамо-янд. Бӯҳронҳо ҳамчун тимсоли акскунандаи тағйиротҳои суръати афзоиш дар атрофи тамоюли дарозмӯҳлат сурат мегиранд. Аз ин нигоҳ, дар адабиёти иқтисодӣ ба ҷои мафҳуми «сикл, силсила» бештар «мавҷ» истифода карда мешавад. Аз он ҷумла, давраҳои он низ: барқароршавӣ, давраи доманадори равнақ, бӯҳрон сирати фасеҳ (фарох, паҳновар) қабул менамояд.
Баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ силсилаи саноатӣ шаклан дигаргун гашт. Давраҳои бӯҳрон ва рукуд дар ҳолати ба вуҷуд омадани таваррум анҷом меёбад. Таваррум ва силсила дар якҷоягӣ механизми силсила ва омилҳои нархиро муайян мекунанд. Давраи рукуд ва ҷунбиш қариб, ки дида наме-шавад. Силсилаи иқтисодӣ на ҳамчун ягонагии чаҳор давра (бӯҳрон, рукуд, ҷунбиш, равнақ), балки ду давра (бӯҳрон ва равнақ) сурат мегирад. Дар ин ҷода нақш ва мақоми давлат калон мешавад

Дидан карданд: 356

Мавзӯъҳои монанд:

Бекорӣ: шаклҳо ва сабабҳои пайдоиши он. Мафҳуми шуғли пурра

Сиёсати зиддитаваррумии давлат (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Оқибатҳои иқтисодию иҷтимоии таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Хусусият ва омилҳои муайянкунандаи таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Шакл ва намудҳои таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Таваррум, моҳият ва сабабҳои пайдоиши он (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Сиёсати хазинадории давлат ва хусусиятҳои он дар шароити бозор (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Андоз, вазифа, шакл ва хусусиятҳои ташаккули он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Буҷети давлатӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои ташкили он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Молия, вазифа ва низоми он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: