|

Силсилаи саноатӣ ва давраҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Тартибдиханда: Азизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-10-05

Аввалин маротиба бо таври амиқ таҳлили доманадору ҳамаҷонибаи силсилаи иқтисодӣ аз ҷониби К.Маркс (дар китоби “Капитал”) ҳамчун ҷараёни силсилаи саноатӣ сурат гирифт. Тибқи ақидаи К.Маркс силсилаи саноатӣ аз чаҳор давра (фаза): бӯҳрон, рукуд (депрессия), ҷунбиш (ҷоннокшавӣ) ва равнақ иборат мебошад.
Дар омади гап бояд эътироф намуд, ки ин тақсимоти К.Маркс то кунун қиммати худро гум накардааст ва аз ҷониби умум дастгирӣ меёбад. Вале аз ҷиҳати тағйиротҳои куллии таркибӣ дар иқтисод ва танзими давлатии иқтисод ин чаҳор давра дар шакли соф амал намекунанд. Аз ин нигоҳ, дар адабиёти муосири иқтисодӣ, асосан ду давра: депрессия (ягонагии бӯҳрон ва рукуд) ва равнақ (ягонагии ҷунбиш ва равнақ) ба эътибор гирифта мешавад.
Бӯҳрон (кризис), асосан, аз ҳавзаи муомилот оғоз меёбад. Аломатҳои муҳимтарини он дар: ба фурӯш нарафтани ҳаҷми зиёди маҳсулот, кам шуда-ни ҳаҷми қарз (кредит), баланд шудани фоизи қарз, кам шудани дивиденд ҳамчун натиҷаи кам шудани фоидаи корхонаҳо, арзон шудани сармоя, боздории фаъолияти соҳибкорӣ, кам шудани даромади корхона ва пардохта натавонистани фоизи қарзи бонк ва адои қарз бо дигар корхонаҳо ва ғайра зуҳур мегардад.
Ин аломатҳо бо навбат ҳамаи ҳалқаҳои хоҷагии халқро фаро гирифта, бӯҳрони умумииқтисодиро на фақат дар доираи корхонаҳо, балки соҳа, ноҳия, мамлакат ва ҷаҳони иқтисодиро ба вуҷуд меоварад. Зинаҳои ҳара-кати ба бӯҳрони такрористеҳсол ворид гаштани мамлакатро чунин тасвир кардан мумкин аст:

  1. бӯҳрони фурӯши неъматҳо ва хадамот;
  2. кам шудани фоидаи соҳибкорон;
  3. кам гаштани фоидаи бонкҳо;
  4. қиммат шудани кредит (қарз);
  5. қобилияти қарзадокунӣ надоштани субъектҳои иқтисодӣ;
  6. ба таври умумӣ муфлис гардидани корхонаҳо.

Рукуд – нуқтаи ниҳоии бӯҳрон буда, қатъ гардидану пастравии тавли-дот, дар як сатҳ ва дараҷа қарор гирифтан ва дар давраю мӯҳлати муайян бетағйир мондани онро тасвир мекунад.
Дар ин зина: тамоили пастравии истеҳсолоти ҷамъиятӣ боздошта меша-вад, вале имконияти қудрати боло рафтан надорад; ҳамаи чизҳои нисбат ба тақозои кулл барзиёд буда, аз бозор гирифта мешаванд; молҳои ба фурӯш нарафта ва дар шакли захира боқӣ мондаи пештара фурӯхта шудаанд; аз боиси набудани тақозо ба сармоягузорӣ ва кам гаштани даромад, тақозои истеъмолӣ низ қатъ мегарданд; арзаи неъматҳо ва хадамот қариб, ки вуҷуд надорад; низоми молия аз набудани тақозо ба “маҳсулоти”он фаъолият пеша намекунад.
Хуллас, иқтисодиёт ба ҳолати ҷонфарсо (ҳалокатовар, шахшавӣ) дучор гардида, дар як давраи муайян дар ҳамин ҳолат боқӣ мемонад.
Вале ба ҳама маълум аст, ки ҷомеа бо ҳамин вазъ ва ҳолат дурудароз амал карда наметавонад. Аз ин сабаб ҷомеа ногузир тадбирҳои зидди бӯҳронию рукудӣ андешида, бояд аз он ба зудӣ барояд.
Ҷунбиш - даврае мебошад, ки дар давоми он иқтисод аз ҳолати касодӣ ба давраи ҷунбиш даромада, бозори миллиро бо намудҳои молу хадамоти нав пурра намуда, барои гузаштан ба давраи нав - равнақ замина тайёр мекунад.
Новобаста ба вазъи рукудӣ, дар яке аз нуқтаҳои иқтисод имконияти рушд пайдо мешавад. Охирон, ҳамчун афзоиши молу хадамоти нав, яъне сармоя ё худ маҳсулоте, ки амсолаш дар фурӯш набошад, ё ба он талабот ҳанӯз қонеъ гардонда нашуда бошад, сурат мегирад.
Равнақ – давраи ниҳоии силсилаи иқтисодӣ буда, вазъи иқтисодии пас аз давраи рукуд ва эҳё бунёд гашта, то ба қудрат ва иқтидори пеш аз давраи бӯҳрон ҷой дошта расондан, рушди минбаъдаи онро таъмин намудан хизмат мекунад.
Хусусияти ин давра дар: ҳамаҷониба ва бо суръати баланд навсозии сармояи асосӣ аз ҷониби соҳибкорон, афзунгардонии иқтидорҳои истеҳ-солӣ, баланд шудани тақозо ба сармоягузорӣ, боло рафтани тақозои истеъ-молӣ, зиёд гаштани миқдори молҳову хадамот, ҳаҷми МУД, даромади миллӣ, ба ҳадди ақал расондани бекорӣ, баланд шудани нархҳо ва воҳидҳои қарзи бонкҳо, қурби қоғазҳои қимматнок, густаришёбии фаъолияти бурун-марзӣ, ҳаҷми даромад, фоида ва ғайра зоҳир мегардад.
Иқтисоди бозорӣ, гарчанде дар асоси услубҳои худтанзимкунӣ, худтаъ-минкунӣ, худмаблағгузорӣ, ҳавасмандӣ.. амал кунад ҳам, иқтисоди миллиро дар ҳолати пурҷӯшу хурӯш ва авҷи камолоти давраи равнақ, дурудароз нигоҳ дошта наметавонад ва аломатҳои бӯҳронҳои иқтисодӣ дар шакли ниҳоӣ ва сониян аз нав эҳё гардида, иқтисодро ба доми худ мекашад ва бо ҳамин давраи ҷадиди силсилавии иқтисод барқарор мегирад.
Аз ин нигоҳ, метавон қайд намуд, ки асоси силсилаи иқтисодиро бӯҳ-ронҳои иқтисодии такроршаванда ташкил менамоянд.
Бӯҳронҳои иқтисодӣ на танҳо меъёри захираҳову изофатавлиди омилҳо, балки ҳадду ҳудуд ва қуввати барангезандаи пешрафти иқтисодиро ошкор ва муайян намуда, ҳамчун воситаи ангезишдиҳанда ё худ тавсия (софкунанда)-и он хизмат мекунад. Қудратпазирии фишанг ва механизмҳои иқтисоди бозорӣ, махсусан, дар шароити бӯҳронҳо пазируфта мешавад. Охирон, имкон медиҳад, ки субъектҳои бозор бори дигар рақобатпазирии фаъолияти хешро дар гирдоби пурпечутоб ва гилолуди силсилаи иқтисодӣ санҷида ва аз он натиҷагирию баҳрабардорӣ намоянд. Ин дар чорчӯбаи паст кардани хароҷот, зиёд гардонидани фоида, пурзӯргардонии рақобат ва дар заминаи он таъмин намудани мувозинии муваққатии иқтисод имконпазир мегардад.
Дар ҳаёти воқеӣ калобишҳои силсилавӣ сирати қонунӣ гирифта, ҳам-чун тамоюл сурат мегирад.
Дар адабиёти иқтисодӣ аксар вақт байни силсила ва тренд (тамоюл) фарқ гузошта мешавад. Аз таҷрибаи аксарияти давлатҳои инкишофёфтаи бозорӣ (хусусан ИМА) хулоса бармеояд, ки иқтисод пас аз ҳар як давраи муайян ба зинаи рушд ё худ рукуд дучор меояд. Тараққиёти иқтисод новобаста ба паст ва баландравӣ дар як сатҳи муайян боқӣ монда, ҳамчун тамоюл, яъне ҳисоби миёнаи инкишоф ё худ нуқтаҳои миёнаи буриши хатҳои силсила – бӯҳрон ва равнақ сурат мегирад.
Тибқи назардошти иқтисодчии америкоӣ Эдвард Денисон рушди иқти-содии ИМА (дар зарфи солҳои 1929-1982) аз ҳисоби: ба кор ҷалб намудани қувваи коргарии илова –32%, сатҳи маълумотнокӣ -14%, пешрафти дониш, малака ва маҳорат–28%, истифодаи сармоягузориҳои нав –18%, беҳтар кардани сохтори тавлидот – 9%, беҳтар кардани шароити меҳнат – 9% ба роҳ монда шудааст.

Дидан карданд: 248

Мавзӯъҳои монанд:

Бекорӣ: шаклҳо ва сабабҳои пайдоиши он. Мафҳуми шуғли пурра

Сиёсати зиддитаваррумии давлат (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Оқибатҳои иқтисодию иҷтимоии таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Хусусият ва омилҳои муайянкунандаи таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Шакл ва намудҳои таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Таваррум, моҳият ва сабабҳои пайдоиши он (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Сиёсати хазинадории давлат ва хусусиятҳои он дар шароити бозор (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Андоз, вазифа, шакл ва хусусиятҳои ташаккули он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Буҷети давлатӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои ташкили он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Молия, вазифа ва низоми он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: