|

Назарияи силсила: нигоҳ аз диди таърих ва хусусиятҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Тартибдиханда: Азизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-10-05

Чи тавре ки аз таҳлил ва таҳқиқи тамсилаҳои мувозинии макроиқтисодӣ бармеояд, тайи 1-2 садсолаи охир (давраи ташаккул ва таҳаввули капитализм) дар сатҳи иқтисоди миллии аксарияти давлатҳои олами бозорӣ мувозинии воқеъ ва мувозинии кулл яке аз ҳодисаҳои нодир ё худ фавқулодда дониста мешавад.
Муайян гардидааст, ки ҳар як ҷараёни таърихнопазири илму техника, такмили технология, навоварию ихтироъҳо, дигаргунсозиҳои иҷтимоию иқтисодии дар ин давра ба вуқӯъ пайваста, ногузир ба раванди истеҳсолоти ҷомеавӣ таъсир расонида, сабаби истиқрору мувозинӣ, тағйироти самту инкишоф, ривоҷу равнақ, яъне рушди иқтисод, ё худ касодию муфлисӣ ва рукудии он, яъне инкишофи номувозинӣ мегардад.
Аз ин нигоҳ, баъзе аз гурӯҳи иқтисоддонон ақида ба он доранд, ки бозор раванди мувозинии иқтисодро ҳаргиз таъмин карда наметавонанд. Чунки таърих аз он дарак медиҳад, ки пас ҳар як давраи муттасили ривоҷу равнақи саноат, иқтисод ҳатман ба давраи пастравӣ, яъне ба камшавии ҳаҷми маҳсулот ва бекорӣ дучор мегардад.
Ин раванди ғайримувозинӣ, ботадриҷ, амиқ густариш ёфта, иқтисодиёти аксари мамлакатҳоро фаро мегирад. Номувозинӣ, сароғоз сирати фавқу-лодда дошта, сониян ҳамчун тамоюл ва минбаъд қонуну қонунияти умуми-иқтисодӣ суръат мегирад. Ин раванди доимию устувор ва дар як давраи муайян, пайиҳам такроршавандаи номувозинӣ қонунияти хоси иқтисоди бозорӣ буда, дар илми макроиқтисод таҳти инкишофи силсилавии иқтисод бештар маъмул мебошад.
Инкишофи силсилави (давраги) – и иқтисод маҷмӯи майл ва калобиш-ҳои иқтисоди бозорие мебошанд, ки дар ҷараёни он афзоиши истеҳсолот ва ривоҷу кордонии фаъолият ба пастию касодӣ дучор мегардад. Силсила ҳамчун давраи равнақи муваққатӣ ва таназзули вазъи харидории бозорӣ сурат мегирад.
Таҳлил ва таҳқиқи ин масъала ба қадри имкон аз ҷониби намояндагони гуногуни ҳавзаи иқтисод - классикону неоклассикон, кейнсгароиёну равия-ҳои мухталифи мактабҳои муосири иқтисодӣ таҳти назар қарор гирифтааст. Дар ҳаллу фасли ин масоилҳо, нақш ва мақоми К.Ҷигляр, К.Маркс, Ҷ.Кейнс, Л.Самуэлъсон, Ч.Хикс, Ф.Хайек, Й.Шумпетер, Я.Хансен ва дига-рон калон мебошад.
Гарчанде ҳамдигарфаҳмӣ дар байни муҳаққиқон вуҷуд надошта бошад ҳам, онҳоро як масъала – сабаб ва шароитҳои калобишҳои фаъолгардонии иқтисодӣ ба ҳам муттаҳид менамояд.
Аз ин нигоҳ, ба баъзе аз ин назариёт ва тақсимбандие, ки дар адабиёти муосир ҷой дорад ва он нисбатан аз ҷониби умум эътироф карда мешавад, бештар диққат додан мумкин аст. Баъзе аз намояндагони мактабҳои иқтисодӣ (классикони ҷадид, пулгароӣ, монетарӣ), умуман мавҷуд будани силсилаҳоро эътироф намекунад. Агар таҳти силсила (аз калимаи лотинии yklos-давра) муносибатҳои доимию такроршаванда, яъне даврагии доимию ба шакли аввала баргаштани ҳодиса фаҳмида шавад, пас онҳо на силсилаи воқеӣ, балки раванди ғайрисилсилавиеро, ки дар он ҷунбишҳо таҳти кулли омилҳои ихтиёрии иқтисодӣ ба вуқӯъ мепайванданд , меписанданд.
Аз ин ҷиҳат онҳо омилҳои таъсири нури офтоб ва таркишҳову доғҳои офтобӣ, ки ба ҳисоби миёна ҳар як 11 сол ба миён меоянд ва ба ҳосилно-кии зироат таъсир расонида, тақозо ва арзаи маҳсулотро дар бозор тағйир дода, мувозинии байни соҳаи кишоварзӣ ва саноатро вайрон мекунанд.
Баъзе аз намояндагони он (У.Ҷевонс, В.Парето) ақида ба он доранд, ки ангезаҳои эҳтикорие (қаллобӣ, спекулятивӣ), ки аз ҷониби соҳибкорон ҳангоми амалиётҳо дар бозор ва бирҷаҳои фондӣ, яъне ангезаҳо оиди интизории баландшавии нарх ва қурби қоғазҳои қимматнок истифода карда мешавад, барои ба вуҷуд омадани номувозинӣ, яъне силсила замина тайёр мекунанд. Ангезаҳои эҳтикорӣ дар шакли хабар ё худ иттилоотҳои қаллобӣ сурат гирифта, ба зудӣ ҳамаи давраҳои тавлидот ва молия (бонк, кредит, асъор) - ро фаро мегирад ва бесабаб андозаи истеҳсолотро зиёд карда, мувозинии иқтисодиро вайрон мегардонад.
Яке аз назарияҳое, ки аз ҷониби аксарият эътироф карда мешавад, назарияи механизми ҳамгироии акселератор ва мултипликатор мебошад.
Мултипликатор (multiplier-анг) - дар мазмуни маҳдуд ҳамчун “зарбку-нанда, зариб” фаҳмида мешавад. Мултипликатор ба сифати нишондиҳандае, ки ҳар як узви масрафи он қодир аст ҳаҷми даромади миллиро на фақат нисбат ба дараҷаи аввал таъмин, балки афзунтар гардонад, қабул карда мешавад.

Сармоягузорӣ ба самараи мултипликатории худ яке аз воситаҳои маъмул-гардидаи ёрирасон ҳангоми вазнин шудани вазъи ҳолати иқтисод шинохта мешавад. Вобаста ба андозаи мултипликатор сармоягузорӣ ва тақозои кулл на бо ҳаҷми воқеии худ, балки ҳаҷми 2-3 -карата зиёд гардида ворид мегардад. Аз ин нигоҳ, он ҳамчун “малҳами солимгардони”-и иқтисод мебоист хизмат кунад.

Дидан карданд: 229

Мавзӯъҳои монанд:

Бекорӣ: шаклҳо ва сабабҳои пайдоиши он. Мафҳуми шуғли пурра

Сиёсати зиддитаваррумии давлат (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Оқибатҳои иқтисодию иҷтимоии таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Хусусият ва омилҳои муайянкунандаи таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Шакл ва намудҳои таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Таваррум, моҳият ва сабабҳои пайдоиши он (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Сиёсати хазинадории давлат ва хусусиятҳои он дар шароити бозор (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Андоз, вазифа, шакл ва хусусиятҳои ташаккули он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Буҷети давлатӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои ташкили он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Молия, вазифа ва низоми он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: